Перейти к содержимому

ҲНИТ хостори талоши асҳоби расона барои озодии рӯзноманигорони зиндонӣ шуд

Бобоҷони Қаюмзод, сухангӯи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, бо интишори баёнияе дар Рӯзи ҷаҳонии озодии расона, бо ишора ба “вуҷуди чандин рӯзноманигор ва корманди соҳаи матбуот дар зиндон бо ангезаҳои сиёсӣ”, аз асҳоби расонаи кишвар тақозо намуд, ки нисбат ба тақдири ҳамкасбони зиндонии худ бетараф набошанд ва барои озодии онҳо талош кунанд.

Дар ин баёния омадааст:

3- юми май рӯзи ҷаҳонии матбуот аст ва ҳама сола ин рӯз дар Тоҷикистон низ таҷлил мегардад. Дар бораи вазъияти матбуоту матбуотчиён ҳарфҳои зиёд гуфта мешавад. Гоҳо ба кормандони пешқадами ин соҳа ҳам ҷоизаву мукофотҳое ҳам дода мешавад.

Аммо дар чанд соли ахир вазъияти матбуот дар кишвари мо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва Созмонҳои байналмилалии мудофеи озодии матбуотро нигарон кардааст. Ба хусус бо баҳонаҳои мухталиф аз саҳна хориҷ кардани аксари матбуоти мустақил баъд аз соли 2015 ва муҳоҷирати аксарияти кормандони мустақили ин соҳаи муҳим ба хориҷ аз кишвар, ҷои нигаронӣ ва андеша дорад.

Вуҷуди чандин рӯзноманигор ва корманди соҳаи матбуот дар зиндон бо ангезаҳои сиёсӣ ҳам масъалаест, ки таваҷҷӯҳи бештареро металабад.

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон зимни табрики ин рӯз ба матбуотчиёни кишвар, аз ҳамагон хоҳиш мекунад, ки нисбат ба тақдири ҳамкасбони зиндонии худ бетараф набошанд ва барои озодии онҳо талош кунанд. Зеро ҳимоят аз матбуотчиёни зиндонӣ ин ҳимоят аз озодии матбуот ва озодии баён аст!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: