Перейти к содержимому

Саргузашти босмачиҳо (12)

(Ёддоштҳо ва хотираҳои Аҳмад Закӣ Валидӣ Туғон аз қиёми миллӣ-исломии босмачиён дар баробари болшевикҳо дар Осиёи Марказӣ)

“Иттиҳоди миллии Туркиистон” ва “Ҷамъиятҳои инқилобии исломӣ”

Аз он ҷойе, ки аз 2 августи 1921, дар раъси Иттиҳоди миллии Туркистон, ва қабл аз он, узви Кумитаи марказӣ будам, аз аҳдофи “Ҷамъият” (-и Иттиҳоди миллии Туркистон) дар он таърих, бохабарам. Ва барои тавзеҳи он, ночорам аз робитаи мавҷуд байни “Ҷамъиятҳои инқилобии исломӣ” ва “Ҷамъият”-и иттиҳоди миллии Туркистон сухан ба миён оварам.

Ҷамъияҳои инқилобии исломӣ дар он рӯзгор, ҳадаферо дунбол мекарданд, ки Анварпошшо ва Ҷамолпошшо дар назар доштанд: ҳамкорӣ бо болшевикҳо ба қасди наҷот додани ҷаҳони ислом аз чанголи империёлизми Урупо.

Ҷамолпошшо

Ибтидо Халилпошшо ва Ҷамолпошшо ва сипас Анварпошшо ба Маскав омаданд ва ба намояндагии ҷамъиятҳои исломӣ, шурӯъ ба таблиғот карданд. Бо Халилпошшо ва Ҷамолпошшо қаблан дар 1920 дар Маскав мулоқот карда будем. Ҷамолпошшо аз назариёти худ сухан мегуфт ва тавсия мекард, ки бо болшевикҳо ҳамкорӣ кунем. Вале мо, ба рағми тавсияи ӯ, аз Маскав фирор кардем. Ҷамолпошшо дар 20 август ба Тошканд омад. Мехост ноҳияи Панҷоб (қисматҳое аз Покистони кунунӣ)-ро тасарруф ва дар онҷо ҳукумати исломӣ барпо кунад. Ва ба ин манзур, машғули тадоруки муқаддамоти он дар Афғонистон буд. Бо 15-20 тан афсари турки зери фармонаш, аз роҳи Бухоро ба Афғонистон рафт. Русҳо Бухороро тоза ишғол карда буданд. Ҷамолпошшо дар 2 сентябр аз ин ноҳия гузашт. Дар он ҳангом, Халилпошшо ва Ҳоҷӣ Сомӣ низ, ки дар Тошканд буданд, бо русҳо ба тафоҳум расида буданд ва қасд доштанд бо убур аз Етисой ва Норин, ба Туркистони шарқӣ бираванд. Аммо чун на русҳо ба онон эътимод доштанд ва на онҳо ба русҳо, ногузир, ба Маскав бозгаштанд.

Ҷамолпошшо – ҳамон тавр ки гуфтем – дар Бухоро ва Хева иддае аз афсарони асири туркро озод сохта буд ва қарор буд, ки онҳо мусалмонони Туркистонро барои ҳамла ба Ҳиндустон ва барандохтани империёлизми Ангилистон дар он сомон, омода созанд. Ҷамолпошшо ба болшевикҳо гуфта буд, ки метавонад босмачиҳои Туркистонро низ дар ҳамин масир ба кор гирад. Аммо болшевикҳо заррае ба Ҷамолпошшо эътимод надоштанд. Он идда аз дӯстони мо, ки дар Кумитаҳои марказии ҳизби кумунисти Маскав ва Тошканд фаъолият мекарданд, моро аз аҳдофи аслии русҳо бохабар карда буданд. Русҳо ақида доштанд, ки Ҷамолпошшо ба баҳонаи Ҳиндустон, мехоҳад дар Туркистон ташкилоте дуруст кунад ва он ноҳияро тасарруф намояд, ва тасмим доштанд аз вуҷуди ӯ, мудддатзамони бисёр кӯтоҳе, барои рафъи заруритарин ҳоҷатҳои худ дар атрофи Афғонистон ва Ҳиндустон суд ҷӯянд. Афсароне, ки Пошшо дар Туркистон озод карда буд, таҳти муроқибати шадид буданд. Вале чун дар ҳамин замон ин афсарҳо ба суди Шӯравӣ ва зиёни Ангилистон таблиғ мекарданд, русҳо бо онҳо ба мулойимат рафтор менамуданд.

Қарор буд, ки Ҷамолпошшо ба висотати Ҷамъияти миллӣ, бо босмачиҳо робита барқарор кунад. Дар оғози 1921, аз афсарони зердасти Ҷамолпошшо: Роғибек, Тошмуҳаммадбек – бародари Кӯршермат (Шемуҳаммадбек) – Асруддин Махдум – намояндаи Холхоҷа – ва Қорӣ Комил, ба таври расмӣ ва ба унвони намояндагони Ҷамолпошшо, аз Кобул ба Тошканд омаданд, то бо босмачиҳо музокира кунанд. Ин музокирот таблиғи бузурге ба суди болшевикҳо ба шумор мерафт. Ин афрод, ба иҷозаи русҳо, бо Шермуҳаммад ва соири босмачиҳои Фарғона тамос гирифтанд, аммо русҳо ба ин намояндагон эътимод надоштанд. Пас аз бозгашти ин ҳайъат ба Тошканд, Роғиб ва Қорӣ Комилро – ки шахси ахир дар ҳоли ҳозир дар Миср ба сар мебарад – дар ҳутели Рижно тавқиф карданд. Ва чун ин ду тан, лаҳзае қабл аз дастгирӣ, номаҳои Шермуҳаммад ва соири бекҳоро аз байн бурда буданд, сарриштаи ҳеч гуна мукотибае ба дасти русҳо наяфтод. Андаке баъд, ин ду тан ба Кобул фиристода шуданд. Ва ин, зарбаи бузурге бар Ҷамолпошшо буд ва ба босмачиҳо нишон дод, ки ӯ назди русҳо эътиборе надорад.

Пешниҳоди Пошшо ба босмачиҳо аҷиб буд: “бидуни таҳвили силоҳоямон ва бо ҳифзи ташкилоти худ, сулҳ кунед!” Дар ҳоле, ки русҳо бо озмуни мукаррари чунин асле, ҳаргиз пазирои он набуданд. Ба ҳамин муносибат, қисматҳое аз номаеро, ки Кумитаи марказии Иттиҳоди миллӣ, дар январи 1921, бо муқаддимаи хоссе, ба Кобул барои Ҷамолпошшо фиристод, нақл мекунам:

Ҳадафи мо… ёфтани роҳҳое аст, ки русҳоро ба пазируфтани хостаҳоямон водор созад; ва додани кайфияти сиёсии муносиб ба ташкилоти махфӣ ва ташкилоти муҷоҳидин, нуфуз дар миёни русҳо ва нишондани афроди содиқ ба “Ҷамъият” ва муфид, ба ҷойи онҳост, то битавонем ташкилоти худро ба сурати нерӯи низомии ҷавон ва истиқлолталаб ва нерӯҳои чарикии муназзам дарбиёварем.

Агар русҳо ҳозир шаванд дар Қазоқистон ва Бошқиристон умури низомӣ ва иқтисодиро ба мусалмонони маҳаллӣ вогузоранд ва истиқлоли комили Бухоро ва Хеваро бипазиранд, омодаем бо онҳо сулҳ ва равобити расмӣ барқарор кунем. Дар ғайри ин сурат, ба маҳзи ин ки ҳукумати Шӯравӣ аз дохилу хориҷ мавриди ҳамла қарор гирад, ба унвони як нерӯи низомӣ ва сиёсӣ, омодаи вуруд ба майдони набард бо русҳо хоҳем шуд.

Туркистонро ба се қисмати шарқӣ, ҷанубӣ ва ғарбӣ тақсим, ва Тошкандро маркази ҳукумати худ хоҳем кард. Вале дар ҳоли ҳозир, он чи аз назари мо аҳаммият дорад, ташкили ҳукумати миллӣ ва таъсиси артиши расмӣ, бар асоси ҳукумати Шӯравӣ дар Бухорои шарқӣ ва барқарории равобити самимона бо сарзаминҳои ҳамсоя аст.

Тақозои мо аз шумо ин аст, ки Туркистони куҳансолро фидои нақшаҳое, ки барои наҷоти ҷаҳони ислом кашида шудааст, накунед! Манофеъи омма иқтизо мекунад, ки ҳар гуна иқдом дар мавриди Туркистон, фақат ба таъйиди Кумитаи марказӣ анҷом гирад ва бидуни савобдиди “Ҷамъият”, бо босмачиҳо ва дигарон робита барқарор нашавад.

Лозим аст аз амири Бухоро, ки феълан дар Бухорост, ҳеч гуна пуштибонӣ сурат нагирад. Ҳар гуна ҳимоят аз ӯ, душманӣ бо “Ҷамъият” талаққӣ хоҳад шуд.

Як бори дигар, хотирнишон мекунем, ки агар фаразан барои як дақиқа бипазирем, ки русҳо воқеан мехоҳанд мустамлакотро аз чанги давлатҳои сармоядори урупоӣ бираҳонанд, боз наметавонем муқаддароти Туркистонро бо сарнавишти набарди копитолизму сусиёлизм – ки оқибати он маълум нест – пайванд бизанем. Сиёсати Туркистон, бо таваҷҷӯҳ ба чунин усуле, бояд таъйин шавад.”

Ва бо ин матлаб, аз Ҷамолпошшо хоста мешуд, ки масъалаи Туркистонро бо мавзӯи раҳонидани Ҳиндустон аз асорати Ангилистон, бо истифода аз нерӯҳои сиёсӣ ва низомии Туркистон, дарҳам наёмезад.

Тардиде нест, ки хушаш наёмад, вале “Ҷамъият” бо вуҷуди камбуди афроди обдидаи сиёсӣ, дар роҳе, ки пеш гирифта буд, ба таври мураттаб, ба кӯшиши худ идома дод.

* * *

Идома дорад

Қисматҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: