Перейти к содержимому

Ноумедии Тромп аз сиёсатҳои Болтон ва Помпео дар бораи Венезуэло

Шабакаи CNN дар гузорише навишт, Тромп дар ҷамъи гурӯҳе аз мушовиронаш, аз сиёсатҳои Болтон ва Помпео дар бораи Венезуэло ибрози ноумедӣ карда ва гуфтааст, ки Болтон давлати ӯро ба тарафи чанд ҷанг дар нуқоти мухталифи дунё мекашад.

Дунолд Тромп гуфтааст, бо сиёсатҳои Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллии ӯ, давлаташ дар чанд нуқта аз дунё вориди даргирии низомӣ хоҳад шуд.

CNN, аз ноумедӣ ва эҳтиёти Дунолд Тромп дар пайи таҳаввулоти ҳафтаи ахир дар Венезуэло гузориш дод. Бар асоси ин гузориш, бархе манобеъ ба CNN гуфтаанд, ки Тромп пас аз гуфтугӯи телефонии як соату нимаи ахираш бо Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, мавозеъи худро дар қиболи таҳаввулоти Венезуэло мӯътадил карда ва ҷониби эҳтиётро дар пеш гирифтааст.

Пештар Мойк Помпео, вазири хориҷа ва Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллии Тромп, дар изҳороте, давлати Русияро ба дахолат дар умури дохилии Венезуэло ва ҳимоят аз Никулос Модуру, раисиҷумҳури Венезуэло муттаҳам карда буданд.

Аммо бар асоси гузориши CNN, Тромп пас аз гуфтугӯи телефонӣ бо Путин, лаҳни худро каме тағйир дода ва ҷониби эҳтиётро дар пеш гирифта ва дар мусоҳибаи рӯзи ҷумъаи худ бо шабакаи “Фокс Бизнес”, бар хилофи Болтон ва Помпео, дахолати Русия дар таҳаввулоти дохилии Венезуэлоро инкор кард.

Ҳамчунин бино бар ин гузориш, таҳаввулоти ҳафтаи гузашта дар Венезуэло ва нотавонии мухолифони таҳти ҳимояти Омрико дар ба зер кашидани Модуру аз қудрат бо ҳимоятҳои ошкору ҳамаҷонибаи давлати Омрико, Тромпро аз раванди таҳаввулоти дохилии Венезуэло ба нафъи Омрико ноумед кардааст.

Бар асоси ин гузориш, ӯ нисбат ба сиёсатҳои Помпео ва Болтон дар Венезуэло бо дидаи шакку тардид нигоҳ мекунад ва дар ҷамъи гурӯҳе аз дӯстону мушовирони худ гуфтааст: “Бо дасти Болтон мо бояд дар чанд нуқта аз ҷаҳон вориди ҷанг шавем.”

Гуфтанист, ки ин ҳушдоре аст, ки ахиран дар мусоҳибаи Муҳаммадҷавод Зариф, вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо шабакаи “Фокс нюз”, аз сӯи ин диплумоти эронӣ ба Тромп дода шудааст.

Ва ин дар ҳоле аст, ки Горет Моркуис, сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Омрико, сиёсатҳои Болтон дар қиболи Венезуэлоро мутобиқ бар истротежии (стратегияи) давлати Тромп дар ворид кардани фишори ҳаддиаксарӣ ба давлати Корокос дониста ва гуфтааст: “Болтон истротежии раисиҷумҳурро барои ҳаддиаксари фишор барои дастёбӣ ба як интиқоли сулҳомез ба демукросӣ дар Венезуэлоро иҷро мекунад ва ҳамон тавр, ки раисиҷумҳур Тромп ба равшанӣ тасреҳ кард, дар ин масир тамоми гузинаҳо – барои давлати Иёлоти Муттаҳидаи Омрико — бар рӯйи миз қарор доранд.”

Давлати Венезуэло ва ҳомиёни минтақаӣ ва ҷаҳонии Корокос, Иёлоти Муттаҳидаи Омрикоро ба талош барои кудето ва барандозии давлати қонунии Венезуэло муттаҳам мекунанд.

Гуфтанӣ аст бархе нозирони дохилии сиёсатҳои Иёлоти Муттаҳидаи Омрико бар ин боваранд, ки давлати Тромп бо ҳимояти ҳамаҷониба аз мухолифони ҳукумати Венезуэло ва талош барои сарнагунии Модуру аз қудрат, илова бар манофеъи хосси ҳосил аз ба даст гирифтани контроли захоири нафтии Венезуэло ба унвони “бузургтарин дорандаи манобеи нафти ҷаҳон», нимнигоҳе низ ба раванди интихоботи риёсати ҷумҳурии 2020-и Омрико ва орои пуршумори кубоиҳо ва венезуэлоиҳои муҳоҷир дар Фулуридоро дорад ва бар ин бовар аст, ки дар сурати сарнагунии ҳукумати Модуру корзори интихоботии Тромп хоҳад тавонист барои интихоботи 2020, орои кубоиҳо ва венезуэлоиҳои муҳоҷир ва фирорӣ ба Омрикоро, ки ғолибан дар иёлати Флуридо ҳастанд, ба даст хоҳад овард.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: