Перейти к содержимому

Паёми табрикӣ ба муносибати фаро расидани моҳи мубораки Рамазон

Фардо (душанбе, 6 май) рӯзи аввали моҳи мубораки Рамазон аст. Худойро сипосгузорем, ки имсол низ тавфиқи дарки моҳи мубораки Рамазонро насибамон кард; моҳе, ки тибқи фармудаи Паёмбари азимушшаън: “аввалаш раҳмат аст, миёнааш мағфират ва поёнаш раҳоӣ аз оташи дӯзах”, яъне дар даҳ рӯзи аввали ин моҳи пурбаракат раҳмати худовандӣ шомили ҳоли бандаи рӯзадор хоҳад шуд, дар даҳаи дуввум, гуноҳонаш, ки дар тӯли сол аз ӯ сар зада мавриди бахшишу омурзиши Худованд қарор хоҳанд гирифт, ва дар даҳаи ахир, ӯро дар зумраи касоне хоҳанд навишт, ки аз оташи ҷаҳаннам раҳоӣ ёфтаанд.

Албатта, ҳамаи инҳо “ба шарту шуруташ” аст. Ва шарташ ин аст, ки мани гунаҳкор дар ин моҳ барои Худо холис бишавам ва барои ӯ ва ризояти ӯ даҳонамро аз хӯрдану ошомидан аз саҳар то шом нигаҳ бидорам, забонамро аз гуфтани суханони қабеҳу зишт бозбидорам, гӯшҳоямро аз шунидани ғайбату суханчиниву суханҳои беҳуда ҳифз бикунам ва бадӣ аз ноҳияи ман ба касе, ба хусус наздикону хонавода ва фарзандонам нарасад ва касе аз ман ҷуз хубӣ ва некӣ набинад ва илова бар намозҳои рӯзона ва воҷиб, намозҳои нофила бигузорам, ҳаддалмақдур ба қироату хондани Қуръони Карим ва тадаббур дар он бикӯшам, ба мустамандону ниёзмандон кӯмакам бирасад, ятимонро сер кунам ва… дар ин сурат аст, ки раҳмат шомили ҳолам шавад ва гуноҳонам бахшуда ва саранҷом – иншоаллоҳ – дар ҷумлаи касоне навишта бишавам, ки аз оташи дӯзах раҳоӣ пайдо кардаанд.

Ганҷинаи нуронии Қуръон Рамазон аст,

Оромиши дилҳои парешон Рамазон аст.

Маҷмӯаи гулҳост шабу рӯзи азизаш,

Яъне ба ҳақиқат, ки гулистон Рамазон аст.

Мусалмонон ва ба хусус азизони ҳамватанамро ба муносибати фаро расидани ин моҳи шариф ва пурбаракат табрик мегӯям. Тоъоту ибодоти ҳамаи шумо қабули даргоҳи худовандӣ бишавад!

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: