Перейти к содержимому

Саргузашти босмачиҳо (13)

(Ёддоштҳо ва хотираҳои Аҳмад Закӣ Валидӣ Туғон аз қиёми миллӣ-исломии босмачиён дар баробари болшевикҳо дар Осиёи Марказӣ)

Ҳадафи “Ҷамъият” дар ин замон

“Ҷамъият” аъзои фаъоли кумунисти бархоста аз миёни мусалмононро ба фаъолият дар ростои хостаҳои худ водошт. Тамоми кунгураҳои шӯроии вилоятҳо, иҷтимоъоти аҳзоби кумунист, созмонҳои низомӣ ва дастгоҳҳои идорӣ ба хидмати Ҷамъияти махфӣ, ва ташкилоти коргарии Бухоро, Тошканд, Самарқанд ва Хӯқанд таҳти нуфузи аъзо даромаданд. Ин ҷараён барои аҳолии Туркистон, ки ҳаргиз дар созмонҳои сиёсӣ кор накарда буданд ва таҷрибае надоштанд, муваффақияти бузург ва барои ояндаи онон умедбахш буд. Масалан, бисёре аз касоне, ки дар дастгоҳҳои идорӣ ва ҳизбии Бухоро, Хева, Тошканд ва Уренбург буданд, бе он ки узви “Ҷамъият” бошанд, барои ҳифзи ваҳдат, ба хидмати Ҷамъият гирифта мешуданд ва худ низ намедонистанд, ки чӣ омиле онҳоро ба фаъолият водоштааст. Ин муваффақияти ташкилоти махфӣ, масъалае аст, ки масалан дар 1917 мумкин набуд, ки ҳатто тасаввурашро низ ба зеҳни худ роҳ дод.

Дар сентябри 1921, низомномаи умумии Иттиҳоди миллии Туркистон дар иҷтимоъоти Самарқанд пазируфта шуд ва интишор ёфт. Бар асоси ин низомнома, шӯъбаҳои Ҷамъият на бар пояи қавмият, балки бар асоси тақсимоти ҷуғрофиёӣ, ба эътибори вилоятҳо ва “округҳои” Бухоро, Қазоқистони шарқӣ, Қазоқистони ғарбӣ, Ӯзбекистон (ба истилоҳи он рӯз: Туркистон), Бошқиристон ва Туркманистон ташкил мешуд (моддаи 4). Бино ба муфоди низомнома: шӯъбаи ҳар вилоят ба тамоми ақвом, аъам аз турку тоҷик, ихтисос дошт ва аз аносури ғайри турк қалмиқҳо, яҳудиҳои маҳаллӣ, эрониён, афғонҳо, ҳиндиҳо ва укройниҳо ва ҳатто русҳо – онҳое, ки воқеан тарафдори истиқлоли Туркистон буданд – метавонистанд вориди “Ҷамъият” шаванд (моддаи 5). Маркази Иттиҳоди миллӣ, муассисае аст, ки мазҳари порлумони ояндаи Туркистон ба шумор меравад (моддаи 6). Аз аъзои мулҳақшуда ба Иттиҳоди миллӣ, касоне, ки муфиду матлуб ташхис дода шаванд ҷазб хоҳанд шуд. Ва дар муассисоти ҳизбии кумунистӣ ва ҳукуматии русҳо, ки аъзо ва маъмури туркистонӣ доранд, фроксиюнҳои Ҷамъияти махфӣ ташкил хоҳад шуд (моддаи 9), ва масоиле аз ин қабил.

Илова бар ин, Кумитаи марказӣ ҷузваҳои омӯзишӣ ба забонҳои ӯзбекӣ ва қазоқӣ дар бораи хатти машй ва роҳбурд ва ҳифзи шӯъбаҳои Иттиҳоди миллӣ ва фаъолияти муҷоҳидин, ва низомномаҳое дар бораи фаъолияти “чета”-ҳо (гурӯҳҳои чарикӣ ва портизонӣ) мунташир карда буд. (Масъалаи парчами миллӣ агарчи дар он замон дар ҷаласоти баргузоршуда дар Самарқанд мавриди баҳс қарор гирифта ва дар бораи он тасмимоте гирифта шуда буд, вале ба таври қатъӣ дар 1928 эълон ва мунташир шуд: ранги парчам сурх, норинҷӣ ва сафед буд, ки дар қисмати норинҷии он як ҳилол ва як ситораи панҷпар нақш баста буд).

Фаъолияти соли 1921 бисёр умедбахш буд. “Ҷамъият”-и Фарғона назди ҳар қӯрбошӣ як мураббӣ фиристода буд, ки иттилооти муназаме дар ихтиёри онон мегузоштанд ва аз қӯрбошиҳои Фарғона ва Самарқанд хоста шуда буд, ки ҳар кадом 10 сарбози мусаллаҳ ба маркази фармондеҳии Фарғона ва Самарқанд эъзом кунанд. Тадбири ахир озмоише буд барои ин ки маълум шавад оё метавон нерӯҳои атрофу акнофи Туркистонро таҳти идораи воҳид даровард ё на. Чунин иттилоияе ба ҳукумати ҷавонони Оқмавло – аз тавобеъи Қазоқистон – низ ирсол шуд ва билофосила мавриди иҷро қарор гирифт ва онҳо беш аз 20 тан қазоқи ҷавони мусаллаҳи савора роҳии Тошканд карданд. Ин афрод тамомии дастурҳои “Ҷамъият”-ро иҷро мекарданд. (Хеле аз онон баргардонда шуданд ва иддае низ дар мадориси низомӣ ҷой дода шуданд.)

Қиёме, ки дар Бошқиристон ба раҳбарии Мирзо Пӯлотов ва соирин даргирифта буд, бо дастури содиршуда аз Бухоро фурӯ нишаст, ва кашмакаш байни қабоили Тобуни қазоқ бо қабоили Явмут ва Одойи ғарби Хоразм ба кӯшиши намояндагони эъзомии “Ҷамъият” аз тариқи Уренбург барои қазоқҳо аз сӯе, ва аз роҳи Хева барои туркманҳо аз сӯи дигар, поён ёфт.

Дар ин замон, гурдонҳои қазоқи мавҷуд дар артиши сурхи рус дар Фарғона, ва гурдонҳои бошқири мавҷуд дар сарбозхонаи Тошканд ва атрофи Қаршии Бухоро ва ҳатто дастаҳои мусалмони мавҷуд дар қалъаи Кушкия дар атрофи Афғонистон ва дастаҳои низомии ташкилёфта дар Бухоро ва Хева, чунончи дастури пайвастан ба босмачиҳоро дарёфт мекарданд, итоат менамуданд ва ҳозир буданд аслиҳаву муҳиммот дар ихтиёри онон (босмачиҳо) қарор диҳанд. Овардани сар то сари Туркистони васеъ дар зери якчунин нуфузи миллӣ, амрест, ки аз қарни 16 ба ин сӯ собиқа надошт. Афсарони турк (Ҳусайн Субҳибек, афсари эҳтиёт дар Фарғона, сутвони дуввум Собир Аҳмадбек, Соришини Исмоил ва Ҳаққибек) ва тамомии афсарони муқими Тошканд, Бухоро, Хева, Қазоқистон омодаи ҳама навъ фидокорӣ буданд. Чунин иттифоқе аз қарни 16 аз замони Сулаймони Қонунӣ ва Абдуллоҳхони Шайбонӣ, то он рӯз, ба зуҳур напайваста буд. Аз сӯи дигар, бо русҳое низ, ки мухолифи болшевикҳо буданд, дар иртибот будем; то он ҷо, ки як нафар рус, ки муҳимтарин ва мавриди эътимодтарин маъмури болшевикҳо дар аркони ҳарб буд – ва чун зинда аст, аз зикри номаш худдорӣ мекунам – бо ман (Закӣ Валидӣ) ва Шермуҳаммадбек тамос дошт ва дар ҳассостарин дақоиқ, огоҳиҳои лозимро дар ихтиёрамон мениҳод. Ва ҳатто дар сахттарин лаҳазот, ҷони иддае аз босмачиҳоро наҷот дод.

Ба ёрии чунин афроде буд, ки ба бархе манотиқи муҳимми Туркистон миқдоре бомб барои тахриби анборҳои аслиҳа ва марокизи родиюи русҳо, ва маводди манфаҷира ва васоили родиюӣ барои мунфаҷир кардани пулҳои хутути роҳи оҳан ирсол шуд. Мавқеияте пеш омада буд, ки ба маҳзи ошуфта шудани авзоъи хориҷии болшевикҳо, Маркази Кумитаи миллии Туркистон қодир буд аз ҳар тараф вориди амал шавад; нерӯҳои низомиро дар ихтиёр гирад; дар як рӯз тамомии пулҳоро аз байн бибарад ва хутути телегрофиро қатъ кунад.

Аммо чун дар он сол, дар ҳама ҷо қаҳтӣ афтода буд, “Ҷамъият” амри наҷоти гуруснагонро виҷҳаи ҳиммати худ сохт ва дастгоҳе (шомили ҳайъатҳои фаъол дар амри кӯмакрасонӣ ба коргарони гуруснаи атрофи Етисой, Сибирӣ ва Бухоро) тартиб дода шуд, ки дар айни ҳол, таблиғи хубе низ барои ташкилоти “Ҷамъият” ба шумор мерафт. Ҳатто русҳои қаҳтизадаро, ки болшевикҳо оварда ва дар артиши сурх ба хидмат гумошт будаанд, русҳои бумии Туркистон метавонистанд онҳоро ба қиём алайҳи болшевикҳо водоранд.

Аммо дар ин миён, муртаҷеъони мусалмон (гурӯҳҳои сиёҳ), ҳаводорони амири Бухоро (амирчиҳо, салтанатталабон) ва иддае аз уламо, ки ҳанӯз эътибори худро ҳифз карда буданд, дар ҳар замина, омили музоҳимат ба шумор мерафтанд. Ва таҳти таъсири ҳамин афрод буд, ки дар Фарғона иддае аз қӯрбошиҳо монуври низомии Кумитаи марказиро ба ҷидд нагирифтанд.

Бо вуҷуди ин, интизор мерафт, ки тамомии ин нақоис дар зарфи яке ду сол бартараф шавад, аммо омадани Анварпошшо дар охирҳои сол ба Туркистон ва аксуламали ҳаводорони кӯҳнапарасти амир дар баробари ӯ, тамомии нақшаҳоро нақши бар об кард, ки дар қисмати баъдӣ ба тафсил дар ин бора менависам.

* * *

Идома дорад

Қисматҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: