Перейти к содержимому

Ҳамлаи густурдаи “Исроил” ба Ғазза то кунун 17 шаҳид ва 120 захмӣ барҷой гузошт (видео)

Аз 24 соати гузашта то кунун, Фаластин шоҳиди таҳаввулоти хушунатборе буда ва ҳавопаймоҳои ҷангии саҳюнистӣ борҳо ҳамалоти густурдае алайҳи мардуми Ғазза роҳандозӣ карданд. Ҳамалоте, ки албатта аз сӯи гурӯҳҳои муқовимати фаластинӣ бидуни посух намонд ва беш аз 600 мушак ба самти сарзаминҳои ишғолӣ партоб шуд.

Дар ҳамин робита, шабакаи хабарии Sky News рӯзи якшанбе гузориш дод: “Исроил сохтмони амнияти дохилии Ҳамос дар минтақаи Ҳайурруммол дар навози Ғаззаро бомбборон кард.”

Ин шабака ҳамчунин эълом кард: “Дар пайи ҳамлаи ҳавопаймоҳои ҷангии исроилӣ ба урдугоҳи Албурайҷ дар маркази навори Ғазза, ду фаластинӣ кушта шуданд.”

Бар асоси ин гузориш, қоиқҳои исроилӣ ҳамчунин соҳили Ғаззаро бомбборон карданд.

Гузоришҳо аз навори Ғазза ҳокӣ аст, ки шумори фаластиниҳое, ки дар пайи ҳамалоти дирӯз (якшанбе)-и “Исроил” ба навори Ғазза шаҳид шуданд, ба 17 нафар афзоиш ёфтааст. Илова бар ин, шумори захмишудагон низ ба 120 нафар расидааст.

Видеои лаҳзаи ҳамлаи артиши саҳюнистӣ ба яке аз сохтмонҳо дар Ғазза:

Аз сӯи дигар, хабарҳо ҳокӣ аз кушта шудани 4 сарбози саҳюнист ҳикоят дорад.

Ба гузориши Алақсо, тӯпхонаҳои режими ишғолгари саҳюнистӣ яке аз нуқоти муроқибати нерӯҳои муқовимати фаластиниро дар шарқи Хонюнус гулӯлаборон карданд.

Расонаҳои фаластинӣ гузориш карданд, ки як дастгоҳ ҷипи артиши Исроил дар шарқи Байтҳонун дар шимоли навори Ғазза бо мушаки Курнет мунҳадим шуд.

Ва ин дар ҳоле аст, ки режими саҳюнистӣ аз шаҳракнишинон дархост карда дар ташйеъи ҷанозаи фарди саҳюнисте, ки дирӯз дар Асқалон кушта шуд, ширкат накунанд, то аз рокетҳои муқовимат дар амон бошанд.

Шабакаи телевизиюни Алманор (Ҳизбуллоҳ) низ гузориш дод, ки утоқи амалиёти муштараки муқовимати Фаластин шаҳраки саҳюнистнишини Уфокимро мушакборон кард.

Аз сӯи дигар, шабакаҳои расонаии исроилӣ гузориш доданд, ки як фармондеҳи баландпояи нерӯи ҳавоии Исроил эълом кардааст, то кунун беш аз 600 мушак аз навори Ғазза ба сӯи сарзаминҳои ишғолӣ партоб шуда.

Ин дар ҳоле аст, ки Вазорати хориҷаи Омрико, ҳамон гуна, ки интизор мерафт, бо судури баёнияе эълом кард: “Мо дар канори Исроил истодаем ва ҳамалоти рокетии Ҳамос ва Ҷиҳоди Исломиро маҳкум мекунем.”

Шабакаи телевизиюнии Алҳадас дар хабаре фаврӣ гузориш дод: “Як афсари иттилоотии Исроил дар ҳамлаи мушакӣ ба шаҳраки Асқалон кушта шуд ва ҳоли ду сарбози исроилӣ ҳам, ки дар ин ҳамла захмӣ шуданд, вахим гузориш шудааст.”

Ба гузориши хабаргузории Онотулӣ, Созмони ҳамкории исломӣ рӯзи якшанбе дар баёнияе, аз ҷомеаи байналмилалӣ хост, муҳофизат аз мардуми Фаластинро таъмин ва Исроилро ба поён додан ба таҳоҷуми худ ба Ғазза водор кунад.

Аз сӯи дигар, сухангӯи ҷунбиши Ҷиҳоди Исломии Фаластин дар Ғазза, таъкид кард: “Агар дар чанд соати оянда ҳамалоти режими саҳюнистӣ мутаваққиф нашавад, гурӯҳҳои муқовимат марҳилаи ҷадиде аз посух ба ин ҳамалотро оғоз хоҳанд кард.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: