Перейти к содержимому

Кабирӣ: “Сабаби аслии гаронии нархҳо ришваситонии мансабдорон, баландии андозҳо ва пардохти гумрукӣ аст”

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, зимни табрики фаро расидани моҳи мубораки Рамазон ба тоҷикистониён, ба болоравии нархҳо дар арафаи идҳо ишора кард ва гуфт: “Ҷои таассуф аст, ки мақомот, расонаҳо ва бархе аз мардум болоравии нархҳоро дар арафаи идҳо бар дӯши соҳибкорон гузошта, онҳоро ба “киматфурӯшӣ” ва “беинсофӣ” муттаҳам мекунанд ва дар чашми мардум соҳибкорони ватаниро “фурсатталаб” ва “беинсоф” ҷилва дода, худро ғамхору дилсӯзи миллат метарошанд.” Дар ҳоле, ки – ба гуфтаи Кабирӣ – “нархи бозорро танҳо қоидаи маъруфи “пешниҳод ва талабот” муайян мекунад, на супориш ва танзими мақомот ё даъват ба инсофу арзонфурушӣ. Таносуби табиии “пешниҳоди мол” ва “талаботи харидор”, ки мувофиқ ба қудрати молии мардум бошад, натиҷаи сиёсатҳои иқтисодии ҳукумат аст.” Кабирӣ хотирнишон кард: “Пас маълум мешавад, ки ҳукумат натавонистааст заминаҳои рушди иқтисоди бозаргонии устувор ва бозори озод дар кишварро фароҳам созад ва маҷбур аст сиёсатҳои авомфиребона (популистӣ)-ро дар ин самт пеш бигирад. Вазифаи ҳар ҳукумат пеш аз ҳама эҷоди фазои солими иқтисодӣ, рақобатпазирии соҳибкорӣ ва таъмини бозор бо маводди ниёзи аввалияи мардум мебошад, на ҳар сол даъват кардан ба “сарфакорӣ” ва “инсоф”. Мардуми шарифи тоҷик бояд бидонад, ки сабаби аслии гаронии нархҳо на соҳибкорон ё истеҳсолкунандагон, балки ришваситонии мансабдорон, баландии андозҳо ва пардохти гумрукӣ, инчунин, номуносиб будани нархи об, барқ ва роҳҳо мебошад, ки дар ниҳоят болои нархи маҳсулоти бозор таъсир мерасонад.”

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии ҲНИТ, машрӯҳи паёми Муҳиддин Кабирӣ ба шарҳи зерин аст:

Ҳамватанони гиромӣ!

Фарорасии моҳи шарифи Рамазонро ба якояки Шумо табрик гуфта, аз Худованди Маннон таманнои пазируфтани ибодатҳо ва омурзиши хатову гуноҳҳои ҳамаамонро дорам.

Парвардигор дар ҳадиси Қудсӣ ибодати рӯза доштанро хос барои Худ дониста, подоши онро ҳам сирре байни Худ ва бандаи рӯзадор медонад

الصوم لي و أني أجزي به

Миқдори савоби рӯзаи холис доштан ба касе маълум нест, фақат он маълум аст, ки Парвардигор Сахӣ, Раҳим, Ғафур ва Раҳмон асту ин сифатҳои Ӯ беканор ва ҳатман подоши бандагони рӯзадораш ба ҳадде бузург хоҳад буд, ки зебандаи сифот ва шаъни худи Ӯст, на тасаввур ва гунҷоиши маҳдуди зеҳни башарии мо.

Албатта, шарти рӯзаи холис барои Худо доштан ин танҳо худдорӣ аз хӯрдану ошомидан ва лаззоти дунё дар ин моҳ нест, балки дур нигаҳ доштани забон ва фикр аз ҳама чизи нораво аз лавозими он мебошад. Паёмбари Акрам дар ҳадиси шариф мефармояд:

Ҳар касе суханони дурӯғ (нописанд) ва амал ба онҳоро тарк нанамояд, Худованд ҳеч ниёзе ба тарки хӯрдану нӯшидани ӯ (яъне, рӯзаи ӯ) надорад.”

Пас, ҳикмат ва фалсафаи рӯза, талош барои инсони беҳтар шудан дар давоми як моҳ ва баъди он мебошад, ки худдорӣ аз хурдану ошомидан дар соатҳои муайян чузъи ин раванди худсозӣ мебошад.

Ҳар инсон бояд аз худ бипурсад, ки давоми ин моҳ ва баъди он чӣ тағйири мусбате дар гуфтор, пиндор ва кирдори ӯ сурат гирифт ва танҳо худи ӯ ва Парвардигор медонанд, ки оё гирифтани рӯза барои банда ҷуз худдорӣ аз хурдану ошомидан боз натиҷае доштааст ё на.

Дар баробари парҳез аз дурӯғ, тӯҳмат ва кинатузӣ, лозим аст, ки инсон дар ин моҳ ба сухани ҳақ, адолатхоҳӣ ва кӯмак ба мардуми ниёзманд наздиктар бошад. Садақа кардан, эҳсонкорӣ ва баровардани ниёзи эхтиёҷмандон дар ин моҳ назди Парвардигор подоши худро дорад.

Мутаъассифона, бархе садақа кардан, эҳсонкорӣ ва кӯмак ба мардумро танҳо дар додани мол ва либосу ғизо ба мӯҳтоҷон медонанд ва рӯзадоронро ҳам бештар ба ҳамин кор ташвиқ мекунанд. Даъвати мансабдорон ва уламо аз рӯзадорон барои кӯмаки молӣ ба ятимон, пиронсолон ва эҳтиёҷмандон дар ҳама сӯҳбату паёмҳо дар арафаи моҳи Рамазон ва дигар идҳои мазҳабӣ бештар мегардад. Ҳамчуноне, ки рӯза доштан ба нахӯрдану наёшомидан дар ин моҳ маҳдуд намешавад, садақа ва кӯмак ба мардум ҳам танҳо додани чанд маблағ ва ё молу ғизо ба камбизоатон нест. Тибқи фармудаи Паёмабари Акрам (с):

Гуфтани сухани ҳақ дар баробари подшоҳи золим бузургтарин садақа аст.”

Ҳамон тавре, ки як ракъат намоз ва ё як кори хайри мо дар моҳи Рамазон подоши чандбаробар дар муқоиса бо рӯзҳои дигар дорад, подоши як сухани ҳақ дар баробари зулм имрӯзҳо на танҳо садақа аст, балки бештарин подошро дорад. Ба хусус, барои касоне, ки аз лиҳози молӣ тавони кӯмак ба ниёзмандонро надоранд, фурсати хубест, ки инро аз ҳисоби кӯмаки маънавӣ ба онҳо ҷуброн кунанд. Агар аз кӯмаки молии мо танҳо як нафар ё як оила истифода кунад, аз сухани ҳақ ва мубориза барои адолат, ҳамаи миллат истифода хоҳад кард.

Имрӯзҳо ҳазорҳо зиндонӣ паси панҷара мунтазири кӯмаки маънавӣ ва ҳуқуқии мо нишастаанд. Садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик ниёз ба адолат ва будан дар паҳлӯи наздикони худ доранд. Ҳазорҳо соҳибкори тоҷик аз фишори андозу ришвархорҳои ҳукумат азият мешаванд. Магар садақае беҳтар ва бештар дар моҳи Рамазон хоҳад буд агар ба пуштибонӣ аз ин гурӯҳҳои маҳрум ва мазлум садо баланд шавад? Оё эҳсоне бештар аз он хоҳад буд, ки дар ин моҳ пуштибонии саросарии миллӣ аз ду бонуи шуҷоъи тоҷик карда шавад, ки барои дифоъ аз ҳуқуқи миллионҳо мусалмони ҳамватани худ мавриди тӯҳмат ва таҳқири мақомот қарор гирифтаанд? Оё даҳҳо шаҳрванде, ки барои талаби ҳақи қонунии худ аз ширкати “Фароз” таҳти фишор қарор доранд, ниёз ба кӯмаки мову шумо надоранд? Оё кӯмак ба ин ҳама ҳамватанон ва гуфтани сухани ҳақ дар баробари зулм садақа нест? Агар ҳаст, пас беҳтар аз моҳи шарифи рамазон чи вақте хоҳад буд?

Яке аз мушкилоте, ки ҳамасола миллати моро дар арафаи идҳо домангир аст, ин болоравии нархҳост. Дар сурате, ки тибқи арзишҳои мазҳабӣ ва меъёрҳои иқтисодӣ ҳама чиз бояд баръакс бошад. Дар тамоми олам, ғайр аз Тоҷикистон дар рӯзҳои иду ҷашнвораҳо нархҳо поинтар мераванд. Ҷои таассуф аст, ки мақомот, расонаҳо ва бархе аз мардум болоравии нархҳоро дар арафаи идҳо бар дӯши соҳибкорон гузошта, онҳоро ба “киматфурӯшӣ” ва “беинсофӣ” муттаҳам мекунанд. Мақомот бо ташкили чанд ярмаркаи фурӯши маводди ғизоӣ ва фиристодаи нозирон ба бозорҳо, инчунин, даъвати соҳибкорон ба арзонфурӯшӣ, масъулияти худро анҷомшуда меҳисобанд. Дар чашми мардум соҳибкорони ватаниро “фурсатталаб” ва “беинсоф” ҷилва дода, худро ғамхору дилсӯзи миллат метарошанд. Соҳибкоре, ки илова бар пардохтани болотарин андоз дар сатҳи минтақа ва ришваи саросарӣ ба ҳама мақомоти кишвар, боз маҷбур аст, ки тибқи дастур маҳсулоташро поинтар аз нархи бозор фурӯшад. Барои зарар накардан маҷбур аст, ки ба тақаллуб дар сифат ва ҳаҷми моли фурӯшӣ бизанад, ки боз ҳам бар зарари мардум анҷом мешавад.

Барои ҳар иқтисодшинос маълум аст, ки нархи бозорро танҳо қоидаи маъруфи “пешниҳод ва талабот” муайян мекунад, на супориш ва танзими мақомот ё даъват ба инсофу арзонфурушӣ. Таносуби табиии “пешниҳоди мол” ва “талаботи харидор”, ки мувофиқ ба қудрати молии мардум бошад, натиҷаи сиёсатҳои иқтисодии ҳукумат аст.

Пас маълум мешавад, ки ҳукумат натавонистааст заминаҳои рушди иқтисоди бозаргонии устувор ва бозори озод дар кишварро фароҳам созад ва маҷбур аст сиёсатҳои авомфиребона (популистӣ)-ро дар ин самт пеш бигирад. Вазифаи ҳар ҳукумат пеш аз ҳама эҷоди фазои солими иқтисодӣ, рақобатпазирии соҳибкорӣ ва таъмини бозор бо маводди ниёзи аввалияи мардум мебошад, на ҳар сол даъват кардан ба “сарфакорӣ” ва “инсоф”.

Мардуми шарифи тоҷик бояд бидонад, ки сабаби аслии гаронии нархҳо на соҳибкорон ё истеҳсолкунандагон, балки ришваситонии мансабдорон, баландии андозҳо ва пардохти гумрукӣ, инчунин, номуносиб будани нархи об, барқ ва роҳҳо мебошад, ки дар ниҳоят болои нархи маҳсулоти бозор таъсир мерасонад.

Вақти он расидааст, ки миллат муборизаи воқеъиро алайҳи ришва, гаронии нархҳо ва андозҳои баланд оғоз кунад ва барои ин кор беҳтар аз моҳи Рамазон замоне нахоҳад буд. Чун ин беҳтарин Садақа ва Эҳсон ба худ ва миллионҳо ниёзманди миллат мебошад. Мо метавонем дар ин моҳ як бурда ноне ба камбизоате дароз кунем, ки ин ҳам хуб аст ва ҳамзамон метавонем коре кунем, ки миллионҳо нафари миллат аз садақапурсӣ наҷот биёбанд, балки худашон садақадиҳанда бишаванд.

Дар охир дуъо мекунам, ки Худованд дар қатори пазируфтани ибодатҳо, моҳи муборакро барои миллати мо оғози марҳалаи бедорӣ, рушд, фарохдастӣ ва озодӣ бигардонад.

Бародари Шумо,

Муҳиддин Кабирӣ

06/05/2019

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: