Перейти к содержимому

Омрико аз ҳамалоти саҳюнистҳо ба Ғазза дифоъ кард

Вазири хориҷаи Омрико, бо дифоъ аз ҳамалоти бевақфаи режими саҳюнистӣ ба навори Ғазза, гуфт, ки умедвор аст дар ин минтақа оташбас барқарор шавад.

Мойк Помпео, вазири хориҷаи Омрико, ки дар шабакаи Фокс-нюз сӯҳбат мекард, дар мавриди даргириҳое, ки аз рӯзи гузашта бо шаҳодати чанд ҷавони фаластинӣ оғоз шуд, гуфт: “Исроилиҳо комилан ҳақ доранд, ки аз худ дифоъ кунанд!

Ӯ, бо муттаҳам кардани муқовимати Фаластин афзуд: “Исроилиҳо комилан ҳақ доранд аз худ ва ҳокимияти худ дифоъ кунанд. Умедворам, оташбасе, ки барои ҳафтаҳо барқарор буда ва ба мизони қобили таваҷҷӯҳе риоят мешуд, бори дигар барқарор шавад.”

Лозим ба ёдоварист, рӯзи гузашта гурӯҳҳои муқовимати фаластинӣ дар посух ба шаҳодати чандин ҷавони фаластинӣ дар ҷараёни “Роҳпаймоии бозгашт”, манотиқе аз Фаластини ишғолиро ҳадаф қарор доданд. Режими саҳюнистӣ аз шаби гузашта беш аз 200 бор навори Ғаззаро ҳадаф қарор дода ва гурӯҳҳои муқовимати фаластинӣ ҳам беш аз 600 фарванд рокет ба сӯи шаҳракҳои саҳюнистнишин партоб кардаанд. То кунун дастикам 17 фаластинӣ, аз ҷумла як зани бордор ва як навзоди 14 моҳа, ба шаҳодат расидаанд. Дар муқобил, дастикам 4 саҳюнист ҳам дар ҳамалоти рокетии муқовимат кушта ва даҳҳо тан захмӣ шудаанд. Гузориши муфассали ин таҳаввулот дар ин гузориш омадааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: