Перейти к содержимому

Таҳлили Атвон аз ҷанги 2-рӯзаи Ғазза

Таҳлиле аз Абдулборӣ Атвон дар нашрияи Раъюл-явм

Навори Ғазза камтар аз 2 дарсад аз Фаластини таърихиро нишон медиҳад, аммо ин минтақа ва мардумаш, ба танҳоӣ, бинии ғоратгарони исроилӣ ва омрикоиро ба хок молиданд ва бо шуҷоату диловармардӣ, аз сарзамини 400 милюн араб ва муқаддасоти 1.5 милёрд мусалмон дифоъ карданд ва таваққӯъи тақдиру тамҷиде аз сӯи касеро ҳам надоранд.

Ин рокетҳои мубораке, ки аз минтақаи таҳти муҳосираи Ғазза партоб шуданд — дар ҳоле, ки ҳомили кулоҳакҳои инфиҷорӣ буда ва чандин худрави зиреҳии исроилиро бо сарнишинони низомии он мунҳадим кард — посухи дусӯя дошт. Нахуст, сӯи он ба “муомилаи қарн”-е буд, ки мехоҳад Исроили бузургро аз Нил то Фурот баст диҳад. Ва дуввум, ба арабҳое, ки пеш ба сӯи оддисозӣ бо Исроил гом бардошта ва Натонёҳуро раҳбару муҳофизи худ кардаанд.

Тайи ду рӯзи гузашта, аз замони оғози таҷовуз, ман дар тамоси доим бо наздиконам дар навори Ғазза будам ва ҳарфҳое, ки онҳо дар тамоми тамосҳояшон баён доштанд, иборат аст аз: “Нигарони мо набошед… Мо диламон ба ҳоли шумо месӯзад… Нигарони худатон бошед… Мо як хонаводаем ва инҷо касе тарсида ё ваҳшатзада нест; мо ба шумо итминон медиҳем, ки то поён, пойдору муқовим мемонем. Душман аст, ки хоҳони оташбас аст, на мо. Мо мехоҳем бо истодагӣ дар сарзаминамон ба шаҳодат бирасем. Ҳаёт дар истодагии шарофатмандона аст!

Фариҳ Абумидян, вазири додгустарии пешини Фаластин, ба ман гуфт: “Зиндагии табиӣ дар навори Ғазза ҷараён дорад, кӯдакон машғули дунбол кардани ҳавопаймоҳои ҷангии мутаҷовиз дар осмон, таъйини ҳувияти мушакҳои муқовимат ва шумурдани талафоти исроилиҳо ва “гунбадҳои оҳанин”-и шикастаи онҳо ҳастанд.”

* * *

Арабҳо ба хотири Исроил миёнҷигарӣ карданд

Мушкили мардуми Ғазза бо Исроил нест, балки бо Ташкилоти худгардон дар Ромаллоҳ аст, ки мисли фарангиҳо ҳарф мезанад; аз як сӯ, хоҳони кӯмаки байналмилалӣ мешавад, ва аз сӯе дигар, дар гурусна нигаҳ доштани мардуми Ғазза, бо ишғолгарон ё бо арабҳо ҳамкорӣ мекунад; арабҳое, ки барои таваққуфи даргирӣ миёнҷигарӣ мекунанд, он ҳам на барои ин ки дилашон ба ҳоли фаластиниҳо месӯзад ва намехоҳанд, ки хунашон рехта шавад, балки барои хотири Исроил ва амнияти шаҳракҳои саҳюнистнишин, ки ба хатар афтодааст.

Ин муҳим нест, ки чӣ касе оғозкунандаи ин ҷанг буд, аммо иттифоқи тоза дар он ин аст, ки гурӯҳҳои муқовимат ифтихор мекунанд, ки ба иқдомоти таҳрикомези Исроил, куштори мӯътаризони мусоламатҷӯ дар марзҳои Ғазза, адами пойбандӣ ба тавофуқоти оташбас, ташдиди муҳосира ва гуруснагӣ додан ба ду милюн араб ва мусалмон ва тирандозиҳои низомиёни саҳюнист, посухи қавӣ доданд.

Раҳбарони муқовимат дар навори Ғазза назири мардуми ин минтақа ба ин воқеият даст ёфтаанд, ки Исроил ҷуз забони зӯр намефаҳмад; онҳо устоди омӯзиши ин забон ва истилоҳоти он ҳастанд ва нахустин калима дар қомуси ин забон “ҷиҳод”, дуввум “растгорӣ”, севвум “шаҳодат” ва чаҳорум “шарофат” аст ва феҳристи иззату ғурурашон баланд аст.

Дастовардҳои бузурги ду рӯзи гузашта аз ҷанги Ғазза, дар чаҳор маврид хулоса мешавад:

1) Нахустин масъала ин ки: қудрати боздорандагии душман бисёр заъиф шуда агар нагӯем, ки фурӯ пошидааст, ва ин муқовамат аст, ки барномаҳои худро таҳмил карда ва қоидаҳои даргириро мушаххас кардааст;

2) Дуввум ин ки: садҳо ҳазор исроилӣ аз бими ҷонашон ва ваҳшате, ки онҳоро фаро гирифта буд, маҳалли иқомати худ дар ҷануби Фаластинро ба самти шимол раҳо карда ва гурехтанд ва партоби рокетҳои муқовимат агар ҳамчунон ба самти Телавив ва баъди он идома дошта бошад, ин омор болотар ҳам меравад;

3) Севвум ин ки: Исроил ду муносибат пеши рӯ дорад: аввал, мусобиқаи Eurovision-2019, ки дар Телавив баргузор мешавад ва ҳазорон нафар онро дунбол хоҳанд кард. Ва дуввумӣ, солгарди таъсиси режими саҳюнистӣ аст. Ва агар ҷанг то ду ҳафта идома пайдо мекард, ин барномаҳо лағв мешуд ва чеҳраи ҷаҳонии режими ишғолгар ба унвони режиме ноамну фошистӣ нишон дода мешуд, ки бо иртикоби ҷиноятҳои ҷангӣ мӯҷиби ташдиди танишу бесуботӣ дар минтақа ва ҷаҳон шудааст;

4) Чаҳорум ин ки: кишварҳои арабии ҳошияи халиҷи Форс ва кишварҳои арабие, ки бо режими ишғолгар равобити худро оддӣ карда ё мекунанд, дар баробари мардумонашон дар тангнои душворе қарор мегиранд, ба хусус агар заъфи Исроил дар муқобила бо пойдории гурӯҳҳои муқовимат бармало шавад, ҳамон гуна ки заъфи Омрико дар муқобила бо Эрон ба далели идомаи содироти нафти Эрон ва нокомии Тромп дар ба сифр расондани он бармало шуд; ҳоло барои режимҳои арабӣ, ки гумон мекарданд миллати араб ва фарҳанги муқовимат суст шудааст, кӯтаҳназарии сиёсӣ ва ахлоқии онҳо собит шуд.

* * *

Арабистон ва ниҳодҳои исломии онҳо куҷоянд?

Мо намедонем эҳсоси раиси Робитаи олами исломӣ ва режими саудии вай чӣ гуна хоҳад буд дар ҳоле, ки мебинад 600 рокет бар шаҳрҳо ва шаҳракҳои исроилӣ фурӯ мерезад ва дар ҳамалоти ҳавопаймоҳои ҷангии исроилӣ кӯдакони ширхор ё ҷанинҳо дар шиками модаронашон ба шаҳодат мерасанд — он ҳам фақат ду рӯз пас аз интишори хабари даъвати Арабистон аз як ҳайъати яҳудии исроилӣ барои ҳузур дар конфронсе, ки ин Анҷумани исломии саудӣ қарор аст аввалҳои соли оянда дар Маккаи Мукаррама баргузор кунад ба хусус, ки раиси Анҷуман ва бисёре аз мақомоти саудӣ ҳамвора таъкид мекунанд, ки кишварашон охирин кишвари арабӣ хоҳад буд, ки бо Исроил оддисозӣ хоҳад кард?!

Миллати Фаластин бо хуну шуҳадо ва мушакҳое, ки “гунбадҳои оҳанин”-ро таҳқир кардааст, посух медиҳанд ва аҳдофи низомии Исроилро ҳадаф мегиранд, ки тозатарини он инҳидоми як худрави ҳомили низомиён бо мушакҳои Курнет аст ва бад-ин тартиб ба куштори низомиёни исроилӣ идома медиҳанд, дар ҳоле, ки “исроилиҳои мутамаддин” занони бордор ва кӯдаконро ба қатл мерасонанд.

Худоро сипос, ки сарони араб, ки дӯстдори Натонёҳу ҳастанд, телегрофҳои таслият ба далели ҳалокати низомиёни саҳюнист нафиристоданд, ҳамон гуна, ки Худоро сипос мекунем, ки Маҳмуд Аббос, раиси Ташкилоти худгардон ҳам ба ҳамин манзур бо Натонёҳу тамоси телефонӣ нагирифта то аз саломати ӯ ва шаҳракнишинонаш итминони хотир пайдо кунад; коре, ки дафъаҳои қабл борҳо анҷом дода буд.

Аз ин ки Мисрро миёнҷигар дар ин ҷанг мебинам, дард мекашам ба ду далел: нахуст ин ки: Миср зарурате надорад чунин нақшеро ифо кунад вақте, ки масъули амниятии навори Ғазза аст ва Ғазза замоне, ки таҳти ҳукумати идории Миср буд, ба ишғоли Исроил даромад. Ва дуввум ин ки: вақте Исроил ба шартҳои тавофуқномаҳои оташбаси пешин пойбанд намонд, муҳосираи Ғаззаро ташдид кард ва даҳҳо нафарро дар роҳпаймоиҳои бозгашт ба шаҳодат расонд, яъне Миср навори Ғаззаро таҳқир кардааст.

* * *

Ғазза боз ҳамаро шигифтзада кард

Аз мардумамон дар навори Ғазза ҳам, ки нури умедро ба дилҳо мебахшанд, муташаккирем; онҳо гаҳ-гоҳ моро бо мӯъҷизаҳои худ дар муқовимат ва пойдорӣ ғофилгир мекунанд ва оғози моҳи мубораки Рамазонро бо ваҳдату ҷонфишонии худ дар баробари зулм ҷашн мегиранд. Оё ин ҳаққи мо нест, ки ба онҳо ифтихор кунем ва сарҳоямонро ба хотири шуҷоаташон боло бигирем, чаро, ки бинии режими ишғолгарро дар замоне ба хок молиданд, ки бисёреҳо бар поҳои Исроил бӯса мезананд ва хоҳони ҳифозат аз он буданд?!

Худованд ҳамаи шуҳадои Ғазза ба хусус шаҳидаи Фаластин, Бону Абуирор ва навзоди 14-моҳааш ва ҳамчунин Ҳомид Алхизрӣ, фармондеҳи Гурдонҳои Алқассом ва аъзои хонаводаи Алмадҳун ва Абуирмона ва дигар шуҳадои ҷанги ахирро раҳмату мағфират кунад! Бароямон муҳим нест, ки ин дунёи кӯр ҳамдасти ишғолгарон шудааст, аммо дар ниҳоят ё мушакҳои дақиқу ҷадиди муқовимат Телавивро дарҳам мекӯбад ё тавофуқи оташбас бо шартҳои муқовимат барқарор мешавад, ки имрӯз чунин ҳам шуд.

Raialyoum

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: