Перейти к содержимому

Эрон ва Туркия хостори вокуниши ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳамалоти Телавив ба Ғазза шуданд

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон, ҳамлаи ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ ба навори Ғаззаро шадидан маҳкум кард ва хостори иқдоми фаврии созмонҳо ва маҷомеи минтақаӣ ва байналмилалӣ дар ҷилавгирӣ аз идомаи таҷовузоти ин режим алайҳи мардуми бедифоъ ва бегуноҳи Фаластин шуд. Давлати Туркия низ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, то ба ҳамалоти ахири режими саҳюнистӣ ба Ғазза вокуниш нишон диҳад.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Сайидаббоси Мӯсавӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҳамлаи ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ ба навори Ғазза дар Фаластини ишғолиро, ки мунҷар ба шаҳид ва маҷрӯҳ шудани даҳҳо нафар аз шаҳрвандони фаластинӣ, аз ҷумла занону кӯдакон шуд, шадидан маҳкум кард ва гуфт: “Дар партави ҳимояти номаҳдуди Омрико аз ин режим ва сукути шармовари бархе аз давлатҳои исломӣ, силсилаи ҷиноятҳои саҳюнистҳо дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин поёне надорад.”

Мӯсавӣ, зимни таҷлил аз муборизоти машрӯъ ва муқовимати сабуронаи мардуми мазлуми Фаластин дар баробари режими ишғолгари Қудс ва таъкид бар ҳаққи машрӯъи фаластиниҳо дар дифоъ аз худ дар баробари ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ, хостори иқдоми фаврии созмонҳо ва маҷомеи минтақаӣ ва байналмилалӣ дар ҷилавгирӣ аз идомаи таҷовузоти ин режим алайҳи мардуми бедифоъ ва бегуноҳи Фаластин шуд.

Ва ин дар ҳоле аст, ки давлати Туркия низ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, то ба ҳамалоти ахири режими саҳюнистӣ ба Ғазза вокуниш нишон диҳад.

Бино бар гузориши хабаргузории Спутник, Вазорати хориҷаи Туркия ҳамалоти номутаносиби режими саҳюнистӣ дар навори Ғаззаро маҳкум кард ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, то ба ин иқдомоти ғайриоддии Телавив вокуниш нишон диҳад.

* * *

“Муқовимат ба даврони ишғолгарӣ ва давлати саҳюнистӣ поён хоҳад дод”

Дабири кулли дабирхонаи доимии Конфронси байналмилалии ҳимоят аз Интифозаи Фаластин, ба режими саҳюнистӣ ҳушдор дод, ки ҳимояти давлати Омрико наметавонад сарнавишти режими саҳюнистиро тағйир диҳад ва муқовимати Фаластин бо қудрату салобат ба даврони ишғолгарӣ ва давлати манҳуси саҳюнистӣ поён хоҳад дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Ҳусайни Амирабдуллоҳиён, дабири кулли дабирхонаи доимии Конфронси байналмилалии ҳимоят аз Интифозаи Фаластин, зимни маҳкум кардани таҷовузи бераҳмонаи режими ишғолгари Қудс ба Ғазза, сукути маҷомеи байналмилалӣ ва мумошоти бархе кишварҳои арабиро иллати дигаре барои идомаи бомбборони кӯдакон, занон ва мардони Ғазза унвон кард ва аз маҷомеи байналмилалӣ ва маҷолиси кишварҳои исломӣ ва ҷаҳонӣ хост, ки бо маҳкум намудани ин ҳамалоти зиддиинсонӣ, дар ҳимоят аз миллати Фаластин иқдом кунанд.

Амирабдуллоҳиён, ба режими саҳюнистӣ ҳушдор дод, ки ҳимояти давлати Омрико наметавонад сарнавишти маҳтум ва ҳатмии вай ва режими саҳюнистиро тағйир диҳад ва муқовимати Фаластин бо қудрату салобат ба даврони ишғолгарӣ ва давлати манҳуси саҳюнистӣ поён хоҳад дод ва Қудс ва сарзаминҳои ишғолӣ ба ҳавлу қувваи илоҳӣ озод хоҳанд шуд.

Вай таъкид кард: “Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳеч гоҳ масъалаи Фаластинро фаромӯш нахоҳад кард ва иқдомоти ғайриқонунӣ ва якҷонибаи давлати Омрико заррае халал дар ирода ва азми миллатҳои исломӣ дар ҳимоят аз Фаластин ва кӯмак барои озодии Қудс ва сарзамини ишғолӣ эҷод накардааст.”

Лозим ба ёдоварист, рӯзи гузашта гурӯҳҳои муқовимати фаластинӣ дар посух ба шаҳодати чандин ҷавони фаластинӣ дар ҷараёни “Роҳпаймоии бозгашт”, манотиқе аз Фаластини ишғолиро ҳадаф қарор доданд. Режими саҳюнистӣ аз шаби гузашта беш аз 200 бор навори Ғаззаро ҳадаф қарор дода ва гурӯҳҳои муқовимати фаластинӣ ҳам беш аз 600 фарванд рокет ба сӯи шаҳракҳои саҳюнистнишин партоб кардаанд. То кунун дастикам 17 фаластинӣ, аз ҷумла як зани бордор ва як навзоди 14 моҳа, ба шаҳодат расидаанд. Дар муқобил, дастикам 4 саҳюнист ҳам дар ҳамалоти рокетии муқовимат кушта ва даҳҳо тан захмӣ шудаанд. Гузориши муфассали ин таҳаввулот дар ин гузориш омадааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: