Перейти к содержимому

Дидгоҳҳои дуктур Муллоҷонов дар бораи забонҳои помирӣ ва яғнобӣ ва номи забони давлатӣ

(Тарҷумаи ёддоште аз дуктур Парвиз Муллоҷонов дар Фейсбук)

Дирӯз дар шабакаи иҷтимоӣ бо ҳамкоронам баҳсу гуфтугӯе доштем дар бораи забонҳои помирӣ ва яғнобӣ.

Ба назари ман, ин масъала барои ҷомеаи Тоҷикистон ва ояндаи кишвар, бисёр муҳим аст. Ба ҳамин ҷиҳат, лозим медонам чанд калима дар ин мавзӯъ бигӯям, аз дидгоҳи фарде бо таҳсилоти окодемик дар риштаи таърих ва адабиёт:

1) Аввалан, ба назари ман, сиёсати расмии мо дар робита бо забонҳои эронии шарқии мавҷуд дар Тоҷикистон, ҳаддиақал ғайримантиқӣ ва нодуруст аст. Агар мо дар сатҳи расмӣ, помириён ва яғнобиҳоро ҷузъе аз миллати тоҷик мешуморем, пас ногузир забони онҳо низ бахше ҷудоинопазир аз мироси фарҳангии муштараки мо ба шумор мераванд. Ба сухани дигар, ин забонҳо, ба ҳамон андоза бахше аз мироси фарҳангии муштараки мо маҳсуб мешавад, ки забони расмии тоҷикӣ-форсӣ бахше аз он аст.

Ва ин бад-он маъност, ки ҳукумат бояд барои рушди ин забонҳо ҳамон таваҷҷӯҳ ва ҳамон миқдор аз манобеъро мабзул бидорад, ки барои забони давлатӣ ба харҷ медиҳад. Ҳарчанд бояд гуфт, таваҷҷӯҳе ҳам, ки ба забони давлатӣ мешавад, қатъан кофӣ нест, ки ин, албатта баҳсаш ҷудост.

2) Дар сонӣ, тоҷикҳо аз назари реша ва фарҳанг, эрониёни шарқӣ ба шумор мераванд. Бар ин асос, забонҳои эронии шарқӣ низ, чӣ шакли кӯҳани он ва чӣ имрӯзиаш, бахше аз мироси таърихии мо маҳсуб мешавад. Пас, воҷиб аст таваҷҷӯҳе вежа ба ин мирос бишавад, аз ҷумла дар заминаи омӯзиши он.

Парвиз Муллоҷонов, соли 1960 дар шаҳри Душанбе дар як хонаводаи равшанфикр зода шуда, соли 1982 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дар риштаи «Шарқшиносӣ» хатм кардааст. Чанд сол ба унвони тарҷумон дар кишварҳои арабӣ фаъолият кардааст. Соли 2017 дар Донишгоҳи Базели Суис (Швейтсария) рисолаи дуктуриашро дар мавзӯи “Таърихи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон” дифоъ кардааст. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон Парвиз Муллоҷонов узви гурӯҳи ташаббускори дастрасӣ ба сулҳи тоҷикон буд. Солҳои ахир бештар дар бораи вазъ ва таърихи сиёсии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои пасошӯравӣ пажӯҳишҳое анҷом дода, матолиби илмӣ менависад. Ҳоло дар Омрико қарор дорад ва машғули пажӯҳиши илмӣ аст. (Родию Озодӣ)

Мутаассифона ин кор сурат намегирад. Ахиран яке аз ҳамкорони пажӯҳишгар аз ман хост, китобе дар бораи забони шуғнонӣ пайдо бикунам. Ба иттифоқи ҳам, кулли интернетро ҷустуҷӯ кардем, вале чизе наёфтем. Шабеҳи ҳамин достон, дар робита бо забони яғнобӣ низ бо ман иттифоқ афтод вақте барои як кори илмӣ ба он ниёз пайдо карда будам.

3) Солисан, воқеият ин аст, ки ин забонҳо, дигар ба унвони забонҳои холӣ аз навиштор шумурда намешаванд. Зеро ба ин забонҳо, на танҳо гуфтугӯ мекунанд, балки шеър менависанд, суруд эҷод мекунанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба онҳо менависанд. Бинобар ин, алорғами ҳама чиз, ин забонҳо дар ҳоли рушду тавсиъа ҳастанд, ва ин фароянди баргаштнопазир, аз сӯи худи мардум сурат мегирад, ҳарчанд аз вазоифи давлати Тоҷикистон аст.

4) Чаҳорум ин ки: ин масъала, як масъалаи марбут ба сиёсати давлат дар заминаи миллатсозӣ ҳам ҳаст. “Ваҳдати миллӣ”, на танҳо баргузории маросими рақсу суруд дар стадионҳо ва намоиши консертҳо дар телевизиюн аст. Ваҳдати миллӣ, доштани як барномаи сиёсӣ дар ноҳияи забон, ҷилавгирӣ аз падидаи маҳалгароӣ ва муҳайё кардани шароит ва фурсатҳои баробар ҷиҳати дастрасӣ ба манобеъ ва расондани имконоти лозим ба тамомии манотиқи кишвар ва гурӯҳҳои қавмӣ, ки ташкилдиҳандаи миллати тоҷик ҳастанд (аз ҷумла ӯзбекҳо ва русҳо) низ мебошад.

Намояндагони ҳамаи манотиқи кишвар бояд худро роҳат эҳсос кунанд, бояд ин итминонро дар худ дошта бошанд, ки давлат, аз манофеъи онҳо низ, бидуни ҳеч табъизе, муҳофизат мекунад.

5) Панҷум он ки: ваҳдат ба ин маъно нест, ки ҳама бояд дар қолабе воҳид дароварда шаванд. Танҳо гузинаи воқеӣ аз “Ваҳдати миллӣ” барои тоҷикҳо, дар пиёдсозии асли “ваҳдат дар танаввуъ” хулоса мешавад.

Бинобар ин, агар касе аз мақомот фикр кунад, ки таълиму омӯзиши ин забонҳо мунҷар ба ҷудоиталабӣ мешавад, ӯ иштибоҳ мекунад. Балки қазия дуруст баръакс аст.

Хуб, ҳоло ин пурсиш худнамоӣ мекунад, ки дар ин росто чӣ кор бояд сурат гирад?! Ман, мавориди зеринро ба ҳукумат пешниҳод мекунам:

1) Бояд низоми омӯзиши забонҳои эронии шарқӣ ё ба сурати муассисае тахассусӣ ва ё ба сурати риштае тахассусӣ дар Окодемии улум, дар донишгоҳҳо ва ғайра эҷод (ва дурусттараш, бозсозӣ) гардад. Дар маҷмӯъ, дар мо, пас аз фурӯпошии Шӯравӣ, мадрасаи мутолеоти Эрон (Эроншиносӣ) дар ҳоли фурӯпошӣ аст, ҳамаи марокизи таҳқиқотии забонҳои кӯҳани эронии шарқӣ дар хориҷ фаъолият мекунанд, насли ҷавони мутахассис ва коршинос дар ин ришта амалан вуҷуд надорад, ки ин, як мусибат аст.

Бо таваҷҷӯҳ ба мироси таърихӣ ва фарҳангиамон, Тоҷикистон бояд яке аз муҳимтарин марокизи илмӣ (дар ҷаҳон) дар заминаи таҳқиқу омӯзиши забонҳои эронии шарқӣ, ва куллан мутолеоти Эрон (Эроншиносӣ) бошад.

2) Дар сонӣ, ин марокизи илмӣ ҳамчунин ҷиҳати рушду тавсиъаи ин забонҳо, таҳия ва интишори китобҳо, луғатномаҳо, тавсиъаи вожаҳо ва истилоҳот, алифбо ва ғайра камар бибанданд. Бар ин асос, давлат бояд дарҳои худро боз ва имконоти лозимро барои тавсиъаи расонаҳо ва адабиёт ба забони яғнобӣ ва кулли забонҳои помирӣ, бидуни истисно, фароҳам созад. Тавсияи ман ин аст, ки бояд бахше дар Иттиҳодияи нависандагон ва Иттиҳодияи рӯзноманигорон, оҳангсозони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нависандаҳо ва шоироне, ки ба ин забон эҷод мекунанд, таъсис гардад.

3) Севвум – ва муҳимтар аз ҳама – ин аст, ки дигар, зарурати ворид кардани забонҳои эронии шарқӣ дар низоми омӯзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон пухта расидааст, ва дар дараҷаи аввал, дар манотиқи маҳалли зисти гӯяндагони ин забонҳо – Бадахшон, Душанбе, Варзоб (Такоб), водии Зарафшон ва ноҳияи Зафаробод. Дар ин манотиқ, низоми омӯзиши миёна бояд ду вазифаи асосиро анҷом диҳад: яке, фориғуттаҳсилон (донишомӯзон) баъд аз итмоми мадорис, бояд комилан ошно бо забони давлатӣ ба бор биёянд, то худро роҳат эҳсос кунанд ва дар бозори кор рақобатпазир бошанд. Аз сӯи дигар, ҳаққи онҳо барои омӯзиши забони модариашон (забони маҳаллӣ) муроъот, ва тамоми шароит барои ҳифз ва тавсиъаи маҳоратҳои лозим дар ба кор бурдани ин забонҳо, барояшон фароҳам гардад. Анҷоми ин муҳим, ба хусус дар робита бо забони яғнобӣ, ки дар маърази инқироз қарор дорад, зарурӣ ва фаврӣ аст. Таҷрибаи ворид кардани забонҳои давлатӣ ва маҳаллӣ дар низоми омӯзиш ва фарҳанг, дар бисёре аз кишварҳо вуҷуд дорад ва дар ҳама ҷо муваффақиятомез будааст.

* * *

Як саре масоиле ҳам ҳаст роҷеъ ба эҷоди “ҳувияти миллӣ”. Ҳол, дар ин ҷиҳат, мешавад тавсияҳои зеринро дод:

Ба назари ман, нахустин чизе, ки бояд бо он шурӯъ шавад, ин, тағйири номи забони давлатиамон ба “форсӣ-тоҷикӣ” аст; масъалае, ки хеле вақт аст дар забони равшанфикрони тоҷик ҷараён пайдо кардааст.

Вожаи “забони тоҷикӣ”, на ба лиҳози илмӣ дуруст аст, на аз назари таърихӣ саҳеҳ аст ва на ба эътибори нажодӣ дуруст, балки дар воқеъ, ҳомили навъе табъиз аст. Дар ҳоле, ки “форсӣ” аз даврони Сомониён ба унвони як забони давлатии муттаҳидкунанда барои ҳамаи эрониёни шарқӣ ба кор бурда мешуд; мардумоне, ки то замони ҳамлаи муғул, ба забонҳои эронии шарқӣ гуфтугӯ мекарданд, ва дар бештари манотиқи кӯҳистонӣ, то охирҳои қуруни вусто.

Усулан, вожаи “тоҷикҳо” барои ишора ба эрониёни шарқӣ (дар қарнҳои 12-16 барои ҳамаи эрониён), қатъи назар аз забон ва мазҳабашон, ба кор бурда мешуд, ва форсӣ танҳо яке аз “забонҳои тоҷикон” маҳсуб мегардид — ҳамон забонҳо ва гӯишҳое, ки эрониёни шарқӣ, ба унвони аслитарини гӯяндагонаш, на ҳамаи он албатта, ба онҳо гуфтугӯ мекарданд.

То солҳои 20-уми қарни 20, ба сурати расмӣ вожаи “форсӣ” (ба унвони номи забони мо) ба кор бурда мешуд, ва “тоҷикӣ” ё “сартӣ” (ё сортӣ) аз сӯи муғулҳо ва туркҳои пиромун — он ҳам фақат дар гуфтугӯҳои шафоҳӣ — мавриди истифода қарор мегирифт.

Ҳол, барои чӣ болшевикҳо ном (-и забони моро) тағйир доданд? Иллаташ ин аст, ки онҳо як миллати ҷадид ба номи “миллати сусиёлистӣ”, ва забоне ҷадид ба номи “забони сусиёлистӣ” эҷод карданд, ва форсӣ аз сӯи понтуркистҳо расман ба унвони мироси даврони феодалӣ шинохта шуд. Илова бар ин, болшевикҳо талош доштанд “миллати сусиёлистӣ”-ро аз зери нуфузи ҷаҳони эронӣ ва форсизабон ҷудо кунанд.

Дар натиҷа, ин фароянд амалан табдил ба як табъизи воқеӣ барои тоҷиконе гардид, ки ба забонҳои эронии шарқӣ гуфтугӯ мекарданд. Дар фаҳми оммаи бештари тоҷикони форсизабон ин пиндор шакл гирифт, ки танҳо касе тоҷик шумурда мешавад, ки ба “тоҷикӣ” гуфтугӯ мекунад, аммо бақияи вежагиҳо (-и як тоҷик), дар тасаввури мардумӣ, ба тадриҷ берун рехта шуд. Нахустин ва муҳимтарин қурбонии ин табъиз, забонҳои эронии шарқӣ гардиданд замоне, ки раҳбарияти Шӯравӣ дар солҳои 30-ум тамоми корҳо дар ҷиҳати рушду тавсиъаи онҳоро, дар ҳоле, ки бе навишторашон гузошт, мутаваққиф кард.

Имрӯз ин вазъият ҳамчунон идома дорад, дар ҳоле, ки бо тарҳи расмии эълоншудаи “Ваҳдати миллӣ” дар таноқузи томм қарор дорад. Дар авоили солҳои 2000-ум, саъй кардам масъалаи тағйири номи забонамонро дар сатҳи расмӣ – аз тариқи дӯстон ва ҳамкорон дар ҳукумат, матраҳ бикунам. Аммо бароям шигифтангез буд вақте бо вокунише тунду дарднок мувоҷеҳ шудам. Вожаи “форсӣ” дар назди бисёре аз онҳо, бо Эрон иртибот пайдо кардааст.

Ман воқеан намедонам, иллати ин эронситезӣ дар сатҳи расмӣ чист, аммо ин рӯйкард, ба назарам, на дурандешона аст ва на дар сатҳи манофеъи кишвар муфид.

Ман он замон ба ҳамсӯҳбатҳоям ин тавсияро кардам, ки агар дар дафъаҳои баъд, хостед мушкилоти марбут ба худогоҳии миллӣ ва сохтани як миллати воҳидро баррасӣ ва дар бораи онҳо баҳсу табодули назар кунед, кофист, ки назди оийна биравед ва як нигоҳи амиқтару дақиқтар ба сурати худ биандозед. Намедонам, аммо зоҳиран як ойинаи муносиб барои онҳо пайдо нашудааст, ки “худ”-ашонро дуруст барои эшон мунъакис бисозад.

Фейсбук

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: