Перейти к содержимому

Як таҷруба кунед, таҷрубааш маҷҷонист

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ман дар намозхонае нишаста будам ва дар ҳамон ҳин, ки аз лаззати дуо баҳраманд мешудам, баногаҳ дар андарунам гармое хушоянду аҷиб эҳсос мекардам. То муддатҳои мадид ҳайрон будам, ки ин гармо аз куҷо меояд, то ба таҷриба омӯхтам, ки аз ҷониби Холиқ аст, на махлуқ, ва аз он пас онро дилангезтару саршор аз ҳарорат ёфтам.”

(Ба нақл аз забони як обид дар китобиАқл ва эътиқодоти динӣ”, таълифи ҷамъе аз пажӯҳишгарони риштаи фалсафаи дин: Michael Peterson, William Hasker, Bruce Reichenbach, David Basinger, с.39)

* * *

Бештари диндорон чунин эҳсосу таҷрибаеро пушти сар гузарондаанд; таҷриба ва эҳсосе, ки албатта қобили баён ба забон нест; наметавон онро, чунон ки ҳаст, ба дигарӣ мунтақил кард магар ин ки он дигарӣ ҳам ба навъе онро таҷриба карда бошад.

Дар Ғарб номи якчунин эҳсосеро “таҷрибаи динӣ” меноманд. Албатта дар миёни мусалмонон сӯфиҳо ва орифон рӯйи он таъкиди фаровон кардаанд. Сӯфиҳо мегӯянд, агар ба дунболи Худо ҳастӣ, машғули пок кардани дарунат шав, худатро аз олудагиҳо ва гуноҳон дур кун ва ба ибодат бипардоз, ки Худоро хоҳӣ ёфт.

Дар Ғарб, дар қарнҳои 18 ва 19, вақте аз эътибори далелҳои ақлии Худошиносӣ коста шуд ва донишмандоне ҳамчун Ҳюм (Hume) ва Конт (Kant) он далелҳоро ба шиддат зери суол бурданд, Фредрик Шлойермохер (Friedrich Schleiermacher), файласуфи олмонӣ, ба дифоъ аз омӯзаҳои динӣ пардохт ва барои ҳифзи дин, “таҷрибаи динӣ”-ро ба унвони муҳкамтарин далели ҳаққонияти дин матраҳ кард. Ӯ гуфт, асосан дин бар бурҳони фалсафӣ мубтанӣ нест, балки эҳсосе, ки дар аъмоқи қалби диндорон аст, гавҳари аслии дин аст. Баъд аз Шлойермохер, донишмандони дигаре низ баҳси “таҷрибаи динӣ”-ро дунбол карданд, ки дар миёни онон, Вилём Ҷемз (William James), файласуфи шаҳири омрикоӣ, ин баҳсро бештар аз дигарон баст дод.

Ба ҳар ҳол, гузашта аз ин ки оё воқеан бароҳини фалсафии Худошиносӣ аз эътибор соқитанд ва ин ки эродҳои донишмандоне ҳамчун Ҳюм ва Конт ворид ҳастанд ё нестанд (ки дар ҷойи худаш собит шуда, ки эродҳои онон беҷо буда ва посухи онҳо аз сӯйи донишмандони исломӣ ва ҳатто бархе донишмандони масеҳӣ дода шудааст), аммо бо ин вуҷуд, бурҳони “таҷрибаи динӣ”, ки Шлойермохер ва дигарон матраҳ кардаанд, воқеан як дастовези муҳкам бар ҳаққонияти боварҳои динӣ аз ҷумла вуҷуди Худо, лоақал барои худи таҷрибакунанда, аст.

Ба унвони мисол, таҷрибаи як мусалмони рӯзадор дар моҳи мубораки Рамазон, метавонад беҳтарин мисдоқи як “таҷрибаи динӣ” бошад.

Як рӯзадор дар моҳи мубораки Рамазон, дар андарунаш ба қавли он обид, “гармое хушоянду аҷиберо эҳсос мекунад”, ки бо он, барояш кучактарин тардиде боқӣ намемонад, ки ин гармо аз ҷониби Холиқ аст, на махлуқ. Ин гармо ва ҳароратро фақат як рӯзадор эҳсос мекунад, ва қобили тавсиф барои касе, ки рӯза надоштааст ва ё дошта аммо аз рӯи риё ва нифоқ будааст, намебошад.

Шумо вақте дар ин моҳи пурбаракат Қуръон мехонед, эҳсос мекунед, ки таъсираш бештар аз он аст, ки дар моҳҳои дигар мехонед.

Вақте намоз мехонед, хусусан шабҳо ва ҳангоми саҳарӣ ва қабл аз намози бомдод, эҳсос мекунед, ки бештар аз он ки дар моҳҳои дигар мехонед, лаззат ва баҳраманд мешавед.

Ва пеш аз ифторӣ, чунон лаззате бароятон даст медиҳад, ки шумо онро дар ҳеч як аз моҳҳо вақте гурусна монда бошед, эҳсос намекунед. Дар ривоят аст, ки: “Рӯзадор ду шодӣ дорад, ки дигарон надоранд: яке, ба ҳангоми ифтор, ки бисёр шодмон аст, ва дигаре вақте ки Худои хешро мулоқот мекунад, ки аз натиҷаи рӯзааш шодмон аст.” (Ба ривояти Аҳмад, Муслим ва Насоӣ)

Дар ин моҳи муборак, вақте ба дуо ва муноҷот бо Худо машғул мешавед, чунон ҳолате бароятон даст медиҳад ва боло хоҳед рафт, ки ҳозир нестед он ҳолатро бо чизе дигар, ҳатто тамоми дунё ва мофиҳо, иваз кунед; ҳолат ва лаззате, ки пеши худатон мегӯед, ки кош касоне ки рӯза нестанд ва дар ин моҳ худро аз ин баракот маҳрум кардаанд, онро эҳсос мекарданд!

Хулоса, рӯза як таҷрибае аст, ки гузашта аз ин ки як фаризаи илоҳист, худаш метавонад як бурҳон ва як далели бисёр ошкор бар дурустӣ ва ҳаққонияти роҳу ойине бошад, ки рӯзадор баргузида. Албатта ин қобили интиқол ва баён барои дигарон нест. Яъне наметавон барои дигарон чунин истилол кард, ки далели дурустии дину ойини ман рӯза аст. Ин таҷриба фақат барои худатон ва барои афзуда шудан бар яқин ва итминони худатон судманд аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: