Перейти к содержимому

Саргузашти босмачиҳо (14)

(Ёддоштҳо ва хотираҳои Аҳмад Закӣ Валидӣ Туғон аз қиёми миллӣ-исломии босмачиён дар баробари болшевикҳо дар Осиёи Марказӣ)

Анварпошшо

Анварпошшо ҳамроҳ бо Ҳоҷӣ Сомӣ ва муовини худ, Муҳиддинбек, аз роҳи Боку-Ишқобод ба Бухоро омад. Дар он замон, ман ва Кумита дар атрофи Самарқанд будем. Пайки Пошшо омад ва даъватам кард. Дар 20 октябр ба Бухоро рафтам ва дар шаби ҳамон рӯз, барои нахустин бор, бо Анварпошшо дидор кардам ва ба хости ӯ, дар бораи Туркистон, махсусан дар бораи ташкилот, тавзеҳоти лозимро додам. Ва чун нисбат ба фаъолиятҳои Бухорои шарқӣ (Тоҷикистони кунунӣ) алоқаи зиёде дошт, нукта ба нукта баршумурдам, ки ба сабаби ҳокимияти руҳи ҳаводорӣ аз амир (-и Бухоро) дар он ноҳия, чӣ мушкилоте пеш омада ва чӣ гуна имкони ҳеч фаъолияте фароҳам наёмадааст.

Ва ӯ гуфт, ки аз ин воқеият бехабар нест ва медонад, ки замони тӯлоние мехоҳад, то нерӯҳои Бухоро, ба ҳиммати ташкилот, ҳамоҳанг шавад. Ва агар ин амр мавриди таваҷҷӯҳ қарор нагирад, фурсат аз даст хоҳад рафт. Ва боз гуфт, ки тасмим дорад шахсан ба Бухорои шарқӣ ва аз он ҷо ба Фарғона биравад ва назми ҷадиде ба ҷунбиши босмачиҳо бидиҳад. Нақшаҳои лозим барои ин корро тадорук дидааст ва бо чанд афсари зердаст, ба баҳонаи шикор, аз Бухоро берун хоҳад рафт. Аспу соири васоили лозимро фароҳам кардааст.

Омадани Анварпошшо ба Бухоро ва ба вежа ҳамин нақшаҳои ӯ, барои мо амре ғайримунтазира буд. Ин шахс, ки чанд моҳ қабл, ҳамроҳи Ҷамолпошшо ва соири дӯстонаш, бо ирсоли нашрияи “Ливои ислом” ва соири авроқ, дар бораи лузуми иттиҳоди мусалмонон бо болшевикҳо ва муборизаи муштарак бо империёлизм доди сухан медод, инак қадаме низ фаротар аз мухолифат ниҳода ва бо нақшаҳои мубориза бо худи болшевикҳо ба Бухоро омада буд.

Се моҳ пеш аз ин ҷараён, дар аввали август, ҳангоме ки шунидам Ҷамолпошшо мехоҳад ба Русия баргардад, номае ба ӯ навиштам ва гуфтам, ки назари болшевикҳо дар бораи ӯ мусоид нест ва онҳо мехоҳанд, дар сурати омаданаш, монеъи бозгашташ ба Афғонистон шаванд ва ҳамчунон нагузоранд, ки ба Туркистон биравад. Ӯ дар номае рамзӣ, барои ман навишт, ки дар моҳи октябр ҳатман бархоҳад гашт ва русҳо фармонравоии кулли артиши Туркистонро ба ӯ вогузор хоҳанд кард ва дар он ҳангом, вазъи Туркистон комилан иваз хоҳад шуд.

Аз назари мо, ваҷҳи муштараки Ҷамолпошшо ва Анварпошшо ҳамин гуна афкори аҷибу ғарибу соддалавҳона буд, ки ин дуро ҳамдостон месохт. Аммо инак вазъ комилан дигаргун шуда буд.

Чаҳор-панҷ рӯз қабл аз вуруди Анварпошшо ба Бухоро, Ҷамолпошшо аз Афғонистон роҳии Маскав мешавад ва дуктур Нозим то Чорҷӯй, ба истиқболи ӯ меравад. Қарор будааст, ки Ҷамолпошшо дар Бухоро ё Тошканд бо Анварпошшо мулоқот кунад, вале русҳо беш аз се соат мӯҳлати иқомат дар Бухоро ба ӯ намедиҳанд ва дар Тошканд низ ба баҳонаи ин ки барои музокира дар бораи масоили бисёр фаврӣ ба Маскав эҳзор шудааст, ӯро равонаи Маскав мекунанд.

Шарҳи ҷараёни ахирро дар Бухоро аз забони худи Анварпошшо шунидам. Пошшо мегуфт, бар асари як соли иқомат дар Русияи Шӯравӣ, ба ин натиҷа расидааст, ки болшевикҳо афроди бисёр пасте ҳастанд ва лозим аст мусалмононро қабл аз ҳар империёлизми дигар, аз чанголи империёлизми сурх наҷот бахшид. Ин масъала ба суди мо буд, аммо рафтани Пошшо ба миёни босмачиҳо, ба хусус дар Бухорои шарқӣ, аслан матлуб набуд. Дар аввалин ҷаласаи дидорамон, ин мавзӯъро ба тафсил барояш шарҳ додам.

Чун дар ин мавқеъ, дар Туркистон, махфиёна ба сар мебурдам ва Пошшо низ таҳти таъқиби маъмурони болшевик буд, ва аз ин рӯ, ҳар рӯз наметавонистам мулоқот кунам, номае навиштам ва дар он, 14 мавридро, ки эҷоб мекард Пошшо ба миёни босмачиҳо наравад, зикр кардам. Бархе аз он маворид, чунин буд:

Русия ташкилоти бурунмарзии худро ҳал мекунад ва омодагӣ дорад, то тамомии кӯшиши худро вақфи иқдомот дар Туркистон кунад. Ташкилоти мо дар муқобили чунин амри муҳимме, бас нотавон аст. Имсол Туркистон даст ба гиребони қаҳтӣ, давраи пурбӯҳронеро мегузаронад. Пас аз пайвастан ба босмачиҳо, ногузир бояд ҷангро оғоз кард; ва ҳол ин, ки дар ҳавзаҳои Туркистон, феълан наметавон беш 5 то 6 ҳазор нерӯ эҷод ва таҷҳиз кард. Танҳо чизе, ки имкон дорад, ҷанги портизонӣ аст.

Ва аммо дар мавриди босмачиҳои Бухорои шарқӣ, бояд гуфт, ки қабл аз канор омадан бо амири Бухоро ва амири Афғонистон, бо онҳо ҳеч коре наметавон кард; зеро ки аввалан, босмачиҳо бидуни муаррифии он ду амир, касеро ба расмият намешиносанд. Ва сониян, агар бипазиранд, шумо гирифтори тавтиаҳои амир хоҳед шуд. То имрӯз вуҷуди босмачиҳо ва ташкилоти махфӣ яке аз масоили дарунмарзии Русия аст.

Мо, дар сурати лузум, бо ҷамъиятҳои шӯришии мухолифи болшевикҳо, масалан СР-ҳо низ ҳамкорӣ мекунем; ва бо худи болшевикҳо ҳам – агар хостаҳои моро ба унвони як зарурат бипазиранд ва розӣ шаванд, ки ҳукумати Шӯравии муттакӣ ба артиши сурхи миллӣ ташкил диҳем – сулҳ мекунем.

Аммо пас аз дахолати шумо дар ин масъала, ҷунбиши Туркистон сурати ҷунбиши понисломистӣ ба худ мегирад ва сабаб мешавад, ки русҳои Туркистон, дар ростои аҳдофи миллии худ, канори болшевикҳо гирд оянд. Муносибтарин роҳ барои шумо ин аст, ки ба Афғонистон биравед ва аз он ҷо ба ҷунбишҳои Туркистон ёрӣ намоед.

Ҷамолпошшо қаблан як сол дар Афғонистон буд ва мо ҳар чи саъй кардем он чиро, ки шумо инак ба он пай бурдаед, ба ӯ тафҳим кунем, муваффақ нашудем. Бе шак, фаъолияти шумо дар Афғонистон бисёр муфид хоҳад буд.”

Пошшо дар бораи ин мавзӯъ бо иддае дигар низ машварат мекард ва баъзе аз ашхос пайвастани Пошшо ба босмачиҳоро салоҳ медиданд. Ва беш аз ҳар каси дигар, Ҳоҷӣ Сомӣ ӯро ба ин масир мекашонд. Ҳоҷӣ Сомӣ нақши худро дар шӯриши Етисой, ба соли 1916, бисёр бузург ҷилва медод ва мегуфт: “Бо ин ки ман як фарди оддии турк беш нестам, тавонистам Қирғизистон ба он бузургиро аз ҷой барангезам. Бо шӯҳрату эътибори шахсе чун шумо (Анварпошшо), дар Туркистон маҳшар барпо мекунам.”

Вале ман билофосила ҳарфи ӯро ислоҳ кардам ва гуфтам: “Қиёми 1916 на аз роҳи таблиғот, балки бо фармони 25 июни худи тезор ба вуҷуд омад. Ва зимнан, шунидаем, ки ҳазрати олӣ (Ҳоҷӣ Сомӣ) фақат дар охирҳои қиём, ҳангоме ки қирғизҳо дар ҳоли рафтан ба Чин буданд, дар қасабаи Қароқӯл ба писарони Шобдон Ботир мулҳақ шудед.” Ва ба ин тартиб, Пошшоро мутаваҷҷеҳи муболиғаҳое, ки Сомӣ дар гуфтори худ дошт кардам.

Дар ҷаласаи дуввум, пай бурдам, ки ҳарфи ман Ҳоҷӣ Сомиро чӣ қадр ранҷонда ва ӯ то чӣ ҳадд дар Пошшо нуфуз кардааст. Пошшо дар ин ҷаласа гуфт: “Закибек! Магар шумо мувофиқи фаъолияти ман дар Туркистон нестед?” Гуфтам: “Маъозаллоҳ! Дар Туркистон, барои ҳазорон нафар чун шумо, заминаи фаъолият фароҳам аст. Аммо чун назарамро мехоҳед, ночорам он чиро, ки медонам ва мефаҳмам, бароятон бигӯям.”

Андаке баъд, мутақоъид шуд, ки ба Афғонистон биравад. Дар ин маврид, ба русҳо руҷӯъ кард ва тасмим гирифт, ки агар иҷоза надиҳанд, раъсан иқдом кунад. Ман низ аз Вазорати ҷанг (Назорати ҳарбия) нақшаҳое фароҳам кардам ва аъзои туркмани “Ҷамъият” дар Чорҷӯйро овардам ва ба онҳо гуфтам, қоиқҳое тадорук бибинанд ва Пошшоро аз маҳалли Бурдалиқ ба Қароқум, дар канори Омударё, рад кунанд ва аз он ҷо аз тариқи Сақарқудуқ ва Андхӯй ба Афғонистон бибаранд ва ӯро ба босмачиҳои Афғонистон бишносонанд.

Анварпошшо

Чанд рӯзи баъд (ба назарам, 27 октябр), Анварпошшо бо Юренев, намояндаи русҳо дар Бухоро, мулоқот мекунад ва мепурсад, Ҷамолпошшо кай ба Афғонистон бархоҳад гашт, ва ҷавоб мешунавад: “Иҷоза додан ба Ҷамол, ки ҷойи худ дорад, мо дар ин ҷо аз корҳои худи шумо ҳам комилан бохабарем.” Пошшо ин ҷавобро таҳдиди бисёр ҷиддӣ талаққӣ мекунад ва хеле ҳам баҷо, бо худ меандешад, ки ӯ ва дӯстонаш дар Русия ба қатл хоҳанд расид.

То он рӯз Пошшо дар миёни чанд кор мураддад буд: оё пеш аз фаро расидани чунон рӯзе, ба босмачиҳо мулҳақ ва бо русҳо вориди ҷанг шавад? Ё ба русҳо тафҳим кунад, ки нияти баде дар ҳаққи онҳо надорад ва фақат ба манзури таҳқиқу баррасӣ ба миёни босмачиҳо меравад ва дар воқеъ, қасд дорад мавқеияти русҳоро таҳким бахшад ва як моҳи баъд, ба Русия бозгардад? Ва ё ин ки ҳамин алъон ба Маскав баргардад ва аз он ҷо ҳам ба Берлин назди хонаводааш биравад? Ё ба Афғонистон биравад? Ва дар бораи ин масоил меандешид ва бо ошноёни худ машварат мекард. Аммо эҳтимолан дар ҳамон рӯз тасмими худро гирифт. Шаби рӯзи баъд, маро пеши худ хонд ва гуфт, ки қасд дорад ба Бухорои шарқӣ (Тоҷикистони кунунӣ) биравад ва дар он ҷо аз босмачиҳо ва равшанфикрон Маҷмаъе (Кунгурае) ташкил диҳад, ва аз ман хост, ки пайкҳое ба Хева, Қазоқистон, Фарғона ва Туркманистон бифиристам ва тасмими ӯро ба номи “Ҷамъият” эълон кунам ва вакилоне низ ба Маҷмаъ фаро хонам.

Чун дубора эътироз кардам, ранҷидахотир шуд. Фаҳмидам, ки аз эътирози ман зиёд хушаш наомадааст. Ба ҳар ҳол, ӯ аз тасмиме, ки гирифта буд, барнамегашт. Шаби фардои он рӯз, дар хонаи як нафар, 7-8 тане гирд омаданд. Анварпошшо дар ин ҷаласа, тасмими худро бо ҷумалоти муҳтотонае баён дошт ва ашк рехт. Ҳозирон мутаассир шуданд. Ба ҳар ҳол, шабе, ки қарор буд он ҷоро тарк кунам, як бори дигар бо ӯ мулоқот кардам. Гуфт: “Фақат чанд рӯзи дигар мондааст. Дар бораи гуфтаҳои ту фикр мекунам. Беҳтар аст, ки тадорукоти масири Бурдалиқро аз даст надиҳем.” Танҳо Ҳоҷӣ Сомӣ бо ӯ буд. Пошшо рӯи фарше, ки бар замин паҳн карда буданд, нишаста буд, путини варзишии олмонӣ ба по дошт, одамро ёди варзишкоре меандохт, ки омодаи паридан ба майдони мубориза аст. Афкори худро бо самимияти тамом дар миён гузошт. Гуфт, ки женерол Халилов дар Қафқоз ҷузъи шабакаи ӯст; барои мубориза бо русҳо бояд ба ҳар василаи мумкин даст зад.

Он рӯз пай бурдам, ки ин мард фақат як ормонгарост ва роҷеъ ба зиндагӣ ва ҳаводис, мантиқӣ фикр намекунад ва аз нашриёти урупоӣ, ки дар бораи ҷуғрофиё ва омори Туркистон матолибе менавиштанд, ҳеч гуна иттилоъе надорад. Шакке набуд, ки ин шахс дар бораи тамомии корҳое, ки қарор буд дар Туркистон анҷом диҳад, фақат дар зарфи 23 рӯзи иқоматаш дар Бухоро, тасмимоти лозимро гирифта буд.

Ман дар 1 октябр савори асп шудам ва аз қасри “Ситораи моҳи хосса”-и амир, аз ҳудуди Нурото, озими Самарқанд шудам. Даҳ рӯзи баъд, Анварпошшо бо эъзоми пайки хоссе, шафоҳан паём дод: “Тасмим гирифтаам, ки ба Бухорои шарқӣ (Тоҷикистони кунунӣ) биравам. Агар баранда шудем, ғозӣ (муҷоҳид), ва агар бохтем, шаҳид хоҳем шуд. Дигар, туркманҳо мунтазири ман набошанд.” Муҳиддинбек, муовини Пошшо, ки хотироти худро дар рӯзномаи “Вақт” мунташир мекард, суханони Пошшоро ба ҳангоми азимат аз Бухоро, чунин овардааст:

Туркистон бояд мубориза кунад. Агар аз марге, ки дар тақдири мост, битарсем ва мисли саг зиндагӣ кунем, дар хӯри лаъну нафрини гузаштагону ояндагон хоҳем буд. Вале агар марг дар раҳоиро мадди назари худ қарор диҳем, ҳам саодати худ ва ҳам саодати ояндагонро таъмин хоҳем кард.”

Пошшо ва атрофиён, рӯзи ҷумъа, 8 ноябр, ба баҳонаи шикор, бар аспҳое, ки дар беруни шаҳр омода карда буданд нишастанд ва ба роҳ афтоданд ва Ҳоҷӣ Сомӣ, Муҳиддинбек, мулозими (сутвони) эҳтиёт, Халил, муовини раиси пулиси Бухоро, Нофеъ, Ҳасан, юзбошии дастаи савор ва иддае нерӯи шибҳинизомии маҳаллӣ, ҷамъан 25 тан, Пошшоро ҳамроҳӣ мекарданд. Пошшо Халилбекро аз Қаршӣ ба Душанбе, ки дар он замон Алиризобек — кумисери ҷанг ва вакили мухтори Усмон Хоҷа, фармондеҳи он ҷо буд, эъзом кард ва худ аз тариқи Тирмиз-Шӯробод ба атрофи Қубодиён, ки Улҷа Ҳасанбек то он рӯз он ҷоро маркази фармондеҳии худ сохта буд, омад. Ба дастури Улҷа, Усмон Човуш, раиси шибҳинизомиёни маҳаллӣ, бо 50 тан нерӯи худ, ва Собитхоҷаи Фарғонаӣ ва Мирзо Муҳиддини Намангонӣ – ки шахси ахир таҳсилкардаи Миср буд ва аз тариқи Афғонистон ба он ноҳия муроҷеат карда буд – ва иддае дигар, ба Пошшо мулҳақ шуданд. Ва ба ин тартиб, теъдоди атрофиёни Пошшо ба 75 тан расид.

Пошшо ба миёни туркманҳо ва ӯзбакҳои Ҷилликӯл рафт ва дар атрофи Қурғонтеппа бо Туғой Сорӣ, раҳбари босмачиҳо, ки се ҳазор тан зери фармон дошт, мулоқот кард. Ва он гоҳ қасди мулоқот бо Иброҳимбеки Лоқойро дошт, ки дар миёни ҳаводорони амир ва мутаъассибон, бадтарин ва девонтарин ба шумор мерафт; ба тавре, ки Муҳиддинбек дар хотироти худ менависад: “Туркманҳо ва ӯзбакҳои Ҷилликӯл ва ҳамчунин Туғой Сорӣ ба Пошшо ҳушдор доданд: назди Иброҳим наравед, феълан дар атрофи Балҷувон бимонед, аз Иброҳим озору ҷафо мебинед.”

Пошшо дар 28 ноябр, ба қаряи Қоромандӣ, яъне иқоматгоҳи Иброҳимбек омад, аммо Иброҳим, ки дар рустои Кӯктош буд, баъдан ба Қоромандӣ омад. Ӯ бовар накард, ки Анварпошшо Анварпошшо бошад, балки ӯро аз болшевикҳо пиндошт. Дар 1 сентябр ба атрофиёни Пошшо пешниҳоди халъи силоҳ кард ва Пошшо мутаассифона пешниҳоди ӯро пазируфт ва ба ин тартиб, дар дасти ҳаводорони амир асир шуд; ва тамоми бадбахтиҳо аз ҳамин ҷо оғоз шуд.

* * *

Идома дорад

Қисматҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: