Перейти к содержимому

Бояд аз инсонҳои таҳқиршуда тарсид

Тромп, раисиҷумҳури Омрико, дар мавриди музокира бо Эрон гуфт: “Оё медонед дар бораи Эрон чӣ иттифоқе мехоҳам биафтад? Дӯст дорам, ки (эрониҳо) ба ман занг бизананд…” Ҳамчунин CNN эълом кард, Дунолд Тромп шумораи телефонеро аз тариқи Суис (Швейтсария) ба унвони ҳофизи манофеи ин кишвар дар Теҳрон, барои иртибот, дар ихтиёри эрониҳо қарор додааст.

Тромп аз он даста одамҳое аст, ки дӯст дорад ҳамаи иттифоқоти дунёро ба номи худ тамом кунад. Ҳарфҳои Тромп содда аст: ҳамаи тавофуқҳо бад аст магар ин ки имзои ман пойи он бошад.

Ӯ, ба ҳамин далел аз Барҷом хориҷ шуд, ки нақше дар он надоштааст. Тромп дӯст надошт, яке аз муҳимтарин тавофуқҳои сиёсии қарни 21, ба номи Убомо навишта шавад. Ба хотири ҳамин тасмим гирифт масири дигареро тай кунад. Раисиҷумҳури Омрико бо худ гуфтааст, аз Барҷом хориҷ мешавам, Эронро таҳрим мекунам, то онҳо маҷбур шаванд, дубора барои барномаи ҳастаии худ ба пойи музокира биёянд. Музокира бо Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико.

Тромп аз замоне, ки ба қудрат расид, дар расонаҳои Омрико ва ҷаҳон таҳқир шуд. Бисёре ӯро раисиҷумҳуре номиданд, ки аз сиёсати байналмилал ҳеч намедонад ва беҳтар буд ба ҷойи риёсати Омрико, риёсати ҳутелҳояшро идома медод.

Тромпи таҳқиршуда мехоҳад худашро ба ҷаҳон ва муддаиёни сиёсати байналмилал собит кунад. Ба хотири ҳамин, ба суроғи Куреи шимолӣ рафт. Ба хотири ҳамин, ба Эрон шумора медиҳад. Ӯ тасаввур мекунад, бо ҳалли муноқишаҳои Омрико бо Эрон ва Куреи шимолӣ, номашро дар таърихи ҷаҳон сабт мекунад ва табдил ба меъмори ҷадиди Иёлоти Иуттаҳида мешавад.

Тромп ба масобаи баччае мемонад, ки солҳо аз сӯи падару модараш таҳқир шудааст ва муваффақияти баччаҳои дигар ба сараш кӯбида шудааст. Ин бачча барои ин ки худашро собит кунад, даст ба ҳар коре мезанад, то нишон диҳад аз ҳамсолони худ чизе кам надорад.

Тамоми касоне, ки ҷаҳонро ноором карданд, дар бахше аз зиндагии худ ҳисси таҳқиру саркӯбро доштаанд ва барои ҷуброни он, ҷаҳонро ба оташ кашиданд.

Бояд аз инсонҳои таҳқиршуда ва оташи зери хокистари вуҷуди онҳо тарсид.

Asriran

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: