Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (370)

Дуо кардани Балъами Боур, ки Мӯсо ва қавмашро аз ин шаҳр, ки ҳисор додаанд, бемурод бозгардон ва мустаҷоб шудани дуъои ӯ (3)

* * *

Ҷумла ҳайвоноти ваҳшӣ з-одамӣ

Бошад аз ҳайвони инсӣ дар камӣ.

Ҳамаи ҳайвоноти ваҳшӣ, ки аз инсон мераманд, аз он ҳайвоноте, ки бо инсон маънус мешаванд пасттаранд. (Чаро пасттаранд? Ба хотири он ки ҳайвоноте, ки ба дасти инсон тарбият мешаванд, дар ҳаракоту рафторашон ҳушу фаҳми бештаре дида мешаванд. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.953)

Камӣ: нуқсон, костӣ.

Хуни онҳо халқро бошад сабил,

Чун нашуд аъмоли инсонро қабил.

Хуни ҳайвоноти ваҳшӣ барои мардум мубоҳ шуда, зеро кирдори одамиёнро напазируфтаанд ва бо онон маънус нашудаанд. (Дар чархаи ҳаёти моддӣ ва маънавӣ, мавҷудоти асфал қурбонии мавҷудоти олӣ мешаванд. (Ҳамон манбаъ)

Сабил: дар ин ҷо ба маънои мубоҳ аст. Қабил: пазиранда, қобил.

Иззати ваҳшӣ бад-ин соқит шудаст,

Ки мар инсонро мухолиф омадаст.

Паст будани ҳайвоноти ваҳшӣ аз ин рӯст, ки ҳамдами инсон нестанд ва бо одамӣ хӯ намегиранд.

Пас, чӣ иззат бошадат, эй нодира!

Чун шудӣ ту “ҳумурун мустанфира?”

Пас, эй инсони шигифтангез! Барои ту чӣ иззату фахре мемонад, ки ҳамчун харони ваҳшӣ, ки аз шерон мегурезанд, аз насиҳатҳо ва мавъизаҳои авлиёуллоҳ бигурезӣ?!

Нодира: ҳар чизи аҷибу шигифтангез.

Нукта: Дар мисроъи дуввум, иқбтибосе шуда аз ояти 50 ва 51 аз сураи Муддассир:

كَأَنَّهُمْ حُمُرٌ مُسْتَنْفِرَةٌ. فَرَّتْ مِنْ قَسْوَرَةٍ

Гӯӣ ки табоҳкорон ҳамонанди харон аз шерон мегурезанд.”

Тамоми байтҳои пешин муқаддима буд то ин матлаб баён шавад, ки агар инсон низ қадри мақоми худ надонад ва дар ҳаёти ғаризӣ таваққуф кунад, фарқе бо ҳайвонот надорад, балки фурӯтар аз онон аст. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.954)

Хар нашояд кушт аз баҳри салоҳ,

Чун шавад ваҳшӣ, шавад хунаш мубоҳ.

Ба унвони мисол, куштани хар раво ва шоиста нест, аз он рӯ, ки хар, дар хидмати одамӣ аст ва ба ӯ нафъ мерасонад. Пас, нашояд ӯро кушт, вале агар хар аз одамӣ бирамад ва ваҳшигарӣ кунад ва мӯҷиби озор шавад, рехтани хунаш раво ва мубоҳ аст.

Гарчи харро дониши зоҷир набуд,

Ҳеч маъзураш намедорад Вадуд.

Агарчи хар, илми муқобила бо таваҳҳушу ваҳшигарии худро надорад ва намедонад, ки чӣ сон бо ин хӯйи худ мубориза кунад ва онро аз худ дур созад, вале бо ин ҳол, Худованди меҳрубон ба хотири надонистан ва ҷаҳли ӯ, ӯро аз кушта шудан маъоф намедорад.

Зоҷир: барангезанда, манъкунанда. Вадуд: дӯстдор, бисёр меҳрубон, аз асмои илоҳӣ.

Пас чу ваҳшӣ шуд аз он дам одамӣ,

Кай бувад маъзур, эй ёри самӣ?

Эй дӯсти воломақом! Вақте ки хар, бо он ки нодон аст, аз қаҳру заҷр маъоф нест, мусалламан вақте ки инсон бо вуҷуди донишу маърифат, аз дами раҳмонии авлиё ва анбиё бигурезад, аз қаҳри илоҳӣ кай маъзуру маъоф хоҳад буд?

Самӣ: баланд, олӣ.

Лоҷарам куффорро шуд хун мубоҳ

Ҳамчу ваҳшӣ пеши нушшобу римоҳ.

Ногузир кофирон низ хунашон мубоҳ мешавад, яъне метавон бо тирҳову найзаҳо ононро кушт, зеро онҳо бо вуҷуди он ки ақлу фаҳм доранд, аз ҳақ рӯй барметобанд.

Нушшоб: ҷамъи нушшоба ба маънои тир. Римоҳ: ҷамъи румҳ ба маънои найза ва сарнайза.

Нукта: Тибқи муфоди китобҳои фиқҳӣ, кофирони ҳарбӣ бояд кушта шаванд, яъне кофироне, ки алайҳи мусалмонон даст ба набард биёзанд, вагарна рехтари хуни бегуноҳ, гарчи кофир, муҷоз намебошад ва балки гуноҳ аст.

Ҷуфту фарзандонашон ҷумла сабил,

З-он ки ваҳшианд аз ақли ҷалил.

Ҳамсарону фарзандони онон низ мамлук шаванд, зеро ки аз ақли бузургу волорух бартофтаанд.

Нукта: Сабил дар ин ҷо ба маънои мубоҳ аст. Ва мурод ин аст, ки ҳамсарону занони куффори ҳарбӣ мамлуки ғозиёни мусалмон ҳастанд. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.955)

Боз ақле, к-ӯ рамад аз ақли ақл,

Кард аз ақле ба ҳайвонот нақл.

Боз агар ақле аз мақоми ақли ақл (Худованд) бигурезад ва нафрат ҳосил намояд, дар воқеъ соҳиби ин ақли ноқис, аз мақоми ақлоният ба мартибаи дуни ҳайвонот суқут кардааст.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: