Перейти к содержимому

Тромп дар ҳоли пойин омадан аз дарахти таҳдидҳо алайҳи Эрон

Таҳлиле аз Абдулборӣ Атвон, сардабири нашрияи Раъюл-явм

Барои дуввумин бор тайи ду рӯзи гузашта, Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, ба мақомҳои эронӣ илтимос ва онҳоро барои нишастан пойи мизи музокира даъват мекунад. Шабакаи телевизиюнии CNN фош кард, ки Кохи сафед шумораи телефони вежаашро ба Суис (Швейтсария), ки ҳофизи манофеи Эрон дар Омрикост, дода, то (эрониҳо) дар сурати тамоюл, бо он тамос бигиранд, вале мақомоти Суис то замоне ки эрониҳо дархост накунанд, ба ин маъмурият мубодират намеварзанд.

Рӯзи панҷшанбе, раисиҷумҳури Омрико, тайи як конфронси матбуотӣ эрониҳоро хитоб қарор дод ва аз онҳо хост барои дастёбӣ ба тавофуқи ҳастаии ҷадид пойи мизи музокира биншинанд. Тромп ваъда дод, ин тавофуқ одилона мешавад, вале он чи эрониҳо бояд анҷом диҳанд, тамоси телефонӣ бо ӯст.

Мо бар ин бовар нестем, ки мақомҳои эронӣ шумораи телефони вежаи раисиҷумҳурии Омрикоро ба манзури тамос бо ӯ, бихоҳанд ва агар тамоюле ба ин амр дошта бошанд, кофист, ки Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон ва ё вазири хориҷааш Муҳаммадҷавод Зариф дар конфронсе матбуотӣ зоҳир шаванд ва эълом кунанд, ки хостори таъомул бо даъвати Омрико барои гуфтугӯ ҳастанд. Вале ин кор ба як далели содда амалӣ намешавад, ва он, пойбандии онҳо (эрониҳо) ба шартҳои возеҳашон дар ин замина аст, ки метавон дар ду маврид хулоса кард: нахуст, лағви фаврии таҳримҳои таҳмилии Омрико алайҳи кишварашон, ва дуввум, бозгашти давлати Омрико ба тавофуқи ҳастаӣ, ки аз он хориҷ шудааст.

Ин илтимоси аланӣ ба эрониҳо чӣ басо баъд аз он сурат гирифт, ки Тромп ба ин бовар расидааст, ки равиши таҳдид ва эъзоми новҳои ҳавопаймобар ва бомбафканҳои ғулпайкари Б-52 ба минтақаи халиҷи Форс, эрониҳоро наметарсонад, аз ин рӯ, ба дунболи нардбоне барои пойин омадан аз болои дарахти баланди таҳдидҳояш аст.

* * *

Тромп ҳамин шеваи таҳдидро бо ҳамтои куреи шимолиаш Ким Ҷунг Ун низ истифода кард ва фиреби бузург ва таҳқиромезеро хӯрд замоне ки тарафи куреӣ барои анҷоми ду дидор бо ӯ мувофиқат кард: нахуст, дар Сингопур ва дуввумӣ дар Ҳонуӣ. Вале раҳбари Куреи шимолӣ дар ин ду нишаст ҳеч гуна имтиёзе надод ба тавре ки Тромп аз нишасти ахир ба сурати хашмгин хориҷ шуд ва ба суръат ба самти фурудгоҳ рафт ва бо ҳавопаймояш ба Вошингтун бозгашт. Ҷиддитар аз он, ин аст, ки раҳбари Куреи шимолӣ ба чолиш кашиданҳоро идома дод ва барномаҳои мушакиро аз сар гирифт ва рӯзи ҷумъа низ теъдоде мушаки кӯтоҳбурд дар дарёи Жопун шиллик кард ва ҳамчунин размоишҳои низомӣ бо мушакҳои болистики дурбурд баргузор кард, ки то Омрико мерасанд.

Ба ҷуз кишварҳои арабии ҳавзаи халиҷи Форс, ба вежа Арабистони Саудӣ, дигар касе таслими таҳдидҳои Тромп намешавад. Тромп рӯзи ҷумъа барои дуввумин бор тайи 10 рӯзи ахир, Арабистони Саудиро сарзаниш кард, ки кишвараш аз он ҳимоятҳои лозимро мекунад. Ӯ дар суханроние дар ҷамъи тарафдоронаш дар Флуридо гуфт: “Кишварҳое монанди Арабистони Саудӣ бисёр сарватманд ҳастанд ва ҷуз пул чизе надоранд ва бояд ҳазинаи ҳимоятамон аз онҳоро пардохт кунанд.

Раҳбари Эрон тамоми дарсҳо дар ин заминаро балад шудааст аз ҷумла дарси Либӣ, ки эътимод ба ваъдаҳои омрикоӣ ва дар пайи он, чашмпушӣ аз барномаҳои ҳастаӣ ва таҳвили анборҳои он ба давлати Омрико, буд; эътимоде, ки Либиро мутаҳаммили ҳазинаҳои газофе кард.

Тромп дар муомилаҳои тиҷорӣ коркушта аст ва талош мекунад маҳоратҳои худ дар ин заминаро ба арсаҳои сиёсӣ, ки дар он ноогоҳ аст, ва низ равобити байналмилалӣ мунтақил кунад ва аз як шикасте хориҷ мешавад дар ҳоле, ки вориди шикасти дигар мешавад. Ӯ, ба эътибори ин ки тоҷир аст, тарсутар аз он аст, ки вориди ҷанг алайҳи Эрон шавад, вале тарс ин аст, ки мусалласи саҳюнистӣ, яъне Натонёҳу, Кушнер ва Бултун, ӯро ба ин ҷанг савқ медиҳанд; чаро ки раисиҷумҳуре беҳтар аз Тромп барои иҷрои тарҳҳояшон ва вуруд ба ҷангҳояшон ва низ талош барои таҳмили раҳбариашон бар минтақа, суроғ надоранд.

Бозгашти Тромп ба масхара кардани дубораи Арабистони Саудӣ фақат як тафсир дорад, ва он, тамоюлаш барои боҷгирӣ аз он ва дигар кишварҳои арабии ҳавзаи халиҷи Форс ва низ маҷбур кардани онҳо ба пӯшиши ҳазинаҳои ҳузури низомии ҷадиди Омрико дар минтақаи халиҷи Форс, ва чӣ басо пуштибониашон аз ҳар гуна ҷанги эҳтимолӣ бо Эрон аст. Тасодуфӣ набуд, ки давлати Омрико, панҷшанбеи гузашта аз мувофиқаташ барои фурӯши 24 фарванд болгард ба маблағи 3 милёрд дулор ба Қатар хабар дод. Қатар чӣ ниёзе ба ин ҳавопаймоҳо дорад замоне, ки мизбони пойгоҳи ҳавоии “Алъадид”-и Омрикост?

* * *

Мо бар ин бовар нестем, ки Эрон таслими ин боҷхоҳиҳо ва таҳдидҳои Омрико хоҳад шуд ва балки ба тамоми шуруташ: лағви комили таҳримҳо, бозгашти давлати Тромп ба тавофуқи ҳастаӣ барои бозгашт ба ҳар гуна музокирае, мутаъаҳҳид хоҳад монд вагарна бозгашт ба ғанисозии урониюм бо болотарин миёнгин ва истифода аз он чи дар ҷаъбаи абзори қудрати худ барои муқобила бо ҳар таҷовузи омрикоӣ дорад аз ҷумла бомбборони пойгоҳҳо, новҳои ҳавопаймобар ва киштиҳои омрикоӣ ва низ мингузорӣ дар тангаи Ҳурмуз ва Бобулмандиб ва боз кардани зарродхонаҳои мушакиаш, ки барои чунин рӯзе омода кардааст.

Ҳудуди 6 ҳазор сарбози Омрико дар Ироқ ҳузур доранд, ки ҳамаи онҳо дар тирраси нерӯҳои Ҳашди шаъбӣ ҳастанд. Омрико ҳамчунин 2 ҳазор нерӯяшро дар шарқи Фурот мустақар кардааст, ки бо ҳамон сарнавишт мувоҷеҳ мешаванд, дар ҳоле ки мушакҳои Ҳизбуллоҳ ва Ҷиҳоди Исломии Фаластин алайҳи Исроил кофӣ аст.

Raialyoum

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: