Перейти к содержимому

Оё баҳона барои ҳамла ба Эрон пайдо шуд?

Таҳлиле дар Асри Эрон

“Ҳамла ба киштиҳои нафткаш дар Фуҷейра” — муҳимтарин ва мубҳамтарин хабари ду рӯзи гузашта буд.

Фуҷейра бандари истротежики (стратегии) Аморот дар дарёи Уммон аст, ки 75 дарсади нафти Аморот аз онҷо содир мешавад. Аморотиҳо дар солҳои ахир бо тавсиъаи бандари Фуҷейра ва сохти анборҳои бузурги нафт ва эҷоди хатти лӯла дар ҷануби тангаи Ҳурмуз, тавонистанд ин тангаро давр бизананд ва роҳеро барои убури нафти халиҷи Форс бидуни ниёз ба убур аз тангаи Ҳурмуз биёбанд.

Ибтидо шабакаи лубнони Алмаёдин хабар дод, ки 7 то 10 киштии нафткаш дар бандари Фуҷейра мунфаҷир шуда ва ҳавопаймоҳои омрикоӣ ва фаронсавӣ дар осмони минтақа ба парвоз даромадаанд.

Баъд аз он ҳеч хабаре аз ҳеч расонаи мӯътабаре дар ин бора мунташир нашуд. Ҳатто дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ аксе аз киштиҳои мунфаҷиршуда ва оташгирифта пахш нашуд; ва ин дар ҳоле аст, ки агар иттифоқе ба ин бузургӣ рух медод, шаҳрвандоне, ки дуди киштиҳоро дар бандаргоҳ дидаанд, аксҳои мутаъаддиде аз он мунташир мекарданд.

Бо такзиби расмии давлати Аморот, гумон мерафт, ки моҷаро дар ҳадди як хабари бебунёд ва кизб буд ва тамом шудааст, аммо соатҳое баъд, Аморот ва Арабистон ҳамла ба чаҳор нафткаши худро таъйид карданд.

Бо ин васф, мушаххас шуд, ки хабари ибтидоии Алмаёдин, ҳам дуруст буда ва ҳам ғалат: зоҳиран асли ҳамла дуруст, вале маҳалли ҳамла ва теъдоди киштиҳо нодуруст будааст.

Он тавр, ки худи аморотиҳо ва саудиҳо гуфтаанд, ҳамалот дар бандар набуда, балки дар “обҳои маҳдудаи инҳсории иқтисодӣ” будаанд. Тибқи таъриф, “обҳои маҳдудаи инҳисории иқтисодӣ” аз 44 километр баъд аз соҳил оғоз мешавад. Бинобар ин, ин моҷаро дастикам 44 километр дуртар аз бандар рух додааст. Аз назари замонӣ ҳам, ҳодиса аввали субҳ то тулӯъи офтоб иттифоқ афтодааст.

Бинобар ин, мешавад тавзеҳ дод, ки чаро ҳеч бандарнишине ҳеч аксе аз моҷаро нагирифтааст.

Аммо абъоди моҷаро ҳанӯз мушаххас нест ва ибҳомот ва шигифтиҳои ҷиддӣ дар ин бора вуҷуд дорад:

1) Муҳоҷимон чӣ касоне буданд? Ҳамзамонии ҳамла ба 4 нафткаш, он ҳам дар васати дарё, хабар аз як амалиёти ҳамоҳанг медиҳад, аммо то кунун ҳеч гурӯҳ, шахс ё кишваре масъулияти ин ҳамалотро бар ӯҳда нагирифтааст. Ҳар чӣ ҳам, ки гуфта шуда, гумоназаниҳои фардӣ будааст.

2) Иттилооте, ки аморотиҳо ва саудиҳо додаанд, бисёр куллӣ аст. Онҳо фақат гуфтаанд ба киштиҳо осеби ҷиддӣ расида, вале касе кушта ё маҷрӯҳ нашуда ва мунҷар ба олудагии дарёӣ ҳам нашудааст. Ҳатто навъи ҳамалот низ мушаххас нест, ки оё масалан қоиқҳое ба самти киштиҳо шиллик кардаанд, бомбгузорӣ шуда, оташсӯзӣ аз дарун буда ё чизе дигар? Дар филме ҳам, ки шабакаи Sky News арабӣ — мутаъаллиқ ба Аморот — аз нафткаши “Алмарзуқа”-и саудӣ ба унвони киштии осебдида мунташир шуд, хасорате ба чашм намехӯрад.

Кормандони киштиҳо низ ҳеч аксе мунташир накардаанд, ки метавон ин гуна тавҷеҳ кард, ки ба лиҳози созмонӣ аз ин кор манъ шудаанд.

Суол ин аст, ки чаро Арабистон ва Аморот асли ҳамларо таъйид ва ҳатто аз осебҳои ҷиддӣ ба киштиҳояшон хабар медиҳанд, вале ҳатто як акс ё як видеои кӯтоҳ аз ин осебҳо мунташир накардаанд?!

3) Ҳарчанд хабари Алмаёдин дақиқ набуд, вале агар иддаои Арабистон ва Аморот мабнӣ бар ҳамла ба нафткашҳояшон дуруст бошад, суол ин аст, ки чаро ҳеч кадом аз хабаргузориҳо ва шабакаҳои байналмилалӣ — аз Алҷазираи Қатар то ВВС — хабаре ба ин муҳиммиро мунташир накарданд ва фақат ба баёнияи мухтасар ва мубҳами Вазорати хориҷаи Аморот дар хусуси таъйиди асли ҳамла иктифо карданд?

Агар ин ҳамалот сиҳҳат дошта бошад ва расонаҳои арабӣ ва ғарбӣ онро дар ин ҳаҷми васеъ сонсур кардаанд, онгоҳ метавон дар тавон ва ҳадафмандии мудирияти ҷараёни расонаии арабӣ ва ғарбӣ ба таври ҷиддӣ таъаммул кард, ки нагузоштаанд ин хабари фавқулъода муҳим, ки осори сиёсӣ ва иқтисодии ҷиддӣ дорад — аз ҷумла афзоиши қимати нафт — бозтоби густурда дошта бошад.

4) Агар ҳамла ба нафткашҳо, он ҳам на дар бандар, ки мойлҳо дур аз он, сиҳҳат дошта бошад, паёми ошкораш ин аст, ки амнияти минтақа бисёр шикананда аст ва агар иттифоқе биафтад, ин гуна нест, ки бахше аз минтақа дар оташи ҷанг бисӯзад ва қисмате аз он, гулистон бошад. Агар ҳокимони минтақа дарёбанд, ки “ё амният барои ҳама ё ноамнӣ барои ҳама” асли иҷтинобнопазири ҳамҷиворӣ аст, бисёре аз мушкилот ҳал мешавад.

Ҳамчунин муштариёни нафти минтақа низ ин гузораро дармеёбанд, ки ҳар гуна ноамнӣ дар халиҷи Форс, мустақиман бар энержӣ ва иқтисоди онҳо асаргузор аст, ҳарчанд ҳазорон мойл дуртар аз халиҷи Форс бошанд.

5) Баъд аз ин моҷаро, бархе фаъолони сиёсӣ ва расонаӣ дар дохили Эрон, аз ҳамла ба нафткашҳо истиқбол карданд. То бад-ин ҷои кор, назари шахсиашон аст ва аз ин рӯ ишколи хоссе надорад, вале бархе аз ҳамонҳо бо мунтасаб кардани ҳамалот ба “ҷараёни муқовимат”, Эронро ба таври ғайримустақим муттаҳам карданд.

Ин иттиҳомзании дохилӣ, ниҳояти нафаҳмидани мақулаи манофеъ ва амнияти миллӣ аст. Ҳатто агар кишваре чунин коре кунад, намеояд бигӯяд, ки кори ман будааст. Ба назар мерасад мо ҳамчунон бояд мувозиби харобкориҳои ғазанфарҳои дохилӣ бошем; ҳамонҳое, ки миллати Эрон ҳазинаи надонамкориҳояшонро медиҳад.

Asriran

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: