Перейти к содержимому

Фасод ва касод

Ба қалами Зафари Сӯфӣ

Тасмим доштам дар моҳи шарифи Рамазон аслан коре ба онҳо надошта бошам ва ором дунболи адои фарзи бандагӣ шавам. Аммо он шоуи масхара дар ҷаласаи ҳукумат ва вокуниши ҳамтаборонам дар шабакаи иҷтимоӣ ба ин комедӣ нороҳатам мекунад. Барои ёдрас шудани он шоу ва қаҳрамони он ҳеч зарурате намебинам. Чунки ин як муҳраи хеле кучак ва комилан бетаъсир дар як низоми фосид буд. Ҳоло ӯро ҷазо ҳам диҳанд ҳеч чизе тағйир нахоҳад кард. Пас, дар мавриди як падидаи ночизу бетаъсир суҳбат кардан беҳуда сарф кардани вақту энержӣ аст. Аммо инак ин хабарро, ки идомаи он масхарабозӣ хоҳад буд, хондаму дигар ихтиёр аз даст додам. Бояд навишт ва мавзеъи худро баён кард. Ҳарчанд медонам чи вокунише хоҳанд дошт. Ҳарчанд медонам, ки дар он қасру кушкҳо ва кохҳо, ки аз ҳисоби ғорати мардум ва фасоду дуздӣ бунёд шуда, мафҳуме ба номи ИНСОФ дигар вуҷуд надорад ва гӯше шунаво ба фарёди ҳақталабона нест, боз менависам. Ҳадди ақалл рисолати инсониямро адо мекунам. Кишвар ва миллатамро як хонавода ва хидматгузорони он як гурӯҳ бозичаи нафси амораи худ кардаанд. Ҳар коре дилашон хост анҷом медиҳанд. Агар касе ҳарфе аз ин беадолатӣ гуфт гурӯҳе мубаллиғони ғуломхӯ мешӯранд, ки ту бар зидди давлату миллатӣ ва хоинӣ. Ин кавданҳо як гурӯҳ мансабдорро, ки амалашон зидди миллату давлат аст, айни миллату давлат мешуморанд. Вале бояд навишт…

“Ҳукумати Тоҷикистон ба санҷиши донишу дороии мансабдорони андоз, гумрук ва молия моҳи июн оғоз хоҳад кард… “Тамоми ҳамин сохторҳоро аз элак бехтан даркор аст. Комиссияи давлатӣ барои аттестатсия таъсис дода шавад. Декларатсия, даромадашро хонаю дарашро муайян кунад. Хусуру хушдоманашро аз он ҷумла ва фарзандонаш қатӣ, чӣ моликият ва дар куҷо доранд”, — дастур дод Эмомалӣ Раҳмон.”

Ин матни ҳамон хабаре, ки гуфтам. Ҳоло ба назар мерасад санҷиши саросарӣ ба роҳ хоҳанд андохт. Аммо оё натиҷае хоҳад дод? Фикр намекунам. Ин як навъ бозӣ ва хокпошии дигар ба чашми мардум асту бас! Дар остонаи интихоботи соли 2020 Эмомалӣ Раҳмон мехоҳад аз худ мӯсичаи бегуноҳ вонамуд созад ва бо сохтани чунин фазо ҳар барномаеро, ки барои идомаи қудрати хонаводагияш дорад, ба осонӣ амалӣ гардонад . Ҳоло маддоҳон ва имиҷмейкерҳояш таърифу тамҷидро сар мекунанд, ки Раҳмон пок асту ин мансабдорони фосид гунаҳкор. Онҳо аз эътимоди Раҳмон ба худашон сӯистифода карданд.

Дар ин миён шояд нафароне ҳам пайдо шаванд, ки ба ин афсона бовар кунанд.

Бояд пазируфт, ки асли мушкил дар системаи сохтаи Эмомалӣ Раҳмон аст. Ӯ наметавонад бар системаи фосид ва фасоди систематикии сохтаи худаш пирӯз шавад. Ҳоло барои тақвияти ҷойгоҳи худаш дахҳо ва шояд садҳо тан аз мансабдори атрофашро метавонад дар камоли бепарвоӣ қурбон кунад. Ҳатто онҳое, ки барои Эмомалӣ Раҳмон ва оилааш ҳозиранд ҷон диҳанд, дар ин тӯфони фитнаи роҳ уфтода шояд қурбон мешаванд.Албатта ин аввалин бор нест ва таи 27 сол дар ҳолати зарурат ва тақозои манфиати худу хонаводааш борҳо чунин атрофиёнашро қурбон кардани Э. Раҳмонро шоҳид будаем. Ӯ ба ин гуна қурбониҳо парвое нахоҳад дошт. Зеро барояш муҳим ва авлавият ҳадафи худаш аст, ки бо ин тарҳ мехоҳад ба он расад.

Аз сӯи дигар зоҳиран таи ин 27 сол аз таҷрибаи худ ба ин натиҷа расида, ки садоқати мансабдорон фақат ба хотири мансаб аст ва чоплусу хушомадгӯро пайдо кардан мушкиле надорад, мансабаке медиҳӣ ва бо таваҷҷӯҳ ба системаи фосид ин тоза ба мансабрасида ҳам то замони лозим дуздиву ғоратгарӣ мекунад ва бо саркӯбӣ дигарон ё фитна алайҳи дигарон садоқаташро нишон доданӣ мешавад ва ҳар гоҳ зарурат пеш омад дар ҷаласаи ҳукумат додгоҳи саҳроӣ ташкил мекунӣ ва он ҳамаро барои мардум аз тариқи телевизион намоиш медиҳӣ. Натиҷаи ин кор албатта маълум аст. Ҳам мардум хушҳол, ҳам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳадафаш расида, яъне гунаҳкор дигаронанд. Ин мансабдорони беинсоф, дузду фосиду ғоратгар муқассиранд, аммо ӯву хонаводааш фариштаҳои бегуноҳанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки решаи ҳамаи ин фасод ба худи онҳо бармегардад.

Ҳар гоҳ вожаи ФАСОДро ҷое мехонам ё мешунавам, ғайриихтиёр вожаи КАСОД ба зеҳнам хутур мекунад. Ба назарам ин ду мафҳум танҳо бо ҳам ҳамқофия нестанд, балки ҳамдигарро такмил мекунанд, моҳияти ҳамдигарро бештар нишон медиҳанд. Агар дар ҳама зинаҳои ҳукумати як кишвар фасод бедод кунад, ҳатман иқтисоди он кишвар касод хоҳад шуд. Яъне фасод ҳамеша заминасози касод аст ва ин ду мафҳум бо ҳам тавъаманд.

Барои донистани ин қоида ҳатман саводи олии иқтисодӣ доштан зарур нест. Мисли рӯз рушан аст, ки то замоне сояи заҳрогини фасод аз рӯи ҳама риштаҳо барчида нашавад, иқтисоди кишвар дар ҳоли касод боқӣ хоҳад монд. Аммо оё як ҳукумате, ки фасодро рукни аслии системаи идорааш карда, метавонад бар алайҳи фасод муборизаи муваффақ анҷом диҳад? Ба ҳеч ваҷҳ наметавонад. Зеро мавҷудияташро ба ин система ё низоми идораи фосид вобаста медонад. Бешак бар зидди ин ангал наметавонад давое ёбад, зеро худ ин ангалро парваридааст.

Ҳоло иҷмолан ба чанд зуҳури омилҳои фасодзо ишора мекунам, то ҳарфам бедалел набошад.
Инҳисори иқтисод ва тамоми риштаҳои даромадзо дар кишвар аз сӯи афроди наздик ба хонаводаи президенти кишвар.

Ягона шоҳроҳе, ки шимоли кишварро бо пойтахт мепайвандад, солҳост пулакӣ шуда ва соҳиби ширкате, ки ин пулҳоро муфт соҳиб мешавад, кист, маълум нест. Ҳарчанд тахминҳо ва овозаҳое вуҷуд дорад. Бархе мегӯянд, ки моли хонаводаи шахси аввал аст ва IRS дар асл Эмомалӣ, Рустам, Сомон мебошад. Дигарон мегӯянд, ки ба домодаш Ҷамолиддин Нуралиев тааллуқ дорад. Ҳоло аз ҳар касе ҳам бошад ин ширкат аз ҳамаи имтиёзҳо бархӯрдор аст, ҳарчанд ҳеч манфиате барои мардуми Тоҷикистон надорад ва фақат онҳоро ғорат мекунад.

Фаъолияти ширкати маъруфи “Фароз” як намуди дигари авҷи фасод ва заминасозии низоми фасод дар кишвар аст. Азбас тасмим дорам муфассал дар мавриди ин ширкат, ки молики он яке аз домодҳои Эмомалӣ Раҳмон аст, матлаб бинвисам, ҳоло бо ҳамин ишора кифоят мекунам. Воридоти сӯзишворӣ, дорухонаҳо, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, шираи камол ва ғ. фаъолияти инҳисорӣ ва фасодзои ин ширкат аст.

Набудани шоистасолорӣ ва таъини кадрҳо ба вазифаҳои калидӣ бар асоси хешу таборӣ ва маҳалгароӣ. Ҳар сари чанд дар ҷаласаҳо ба мансабдорон миннат кардани Э. Раҳмонро телевизион борҳо нишон дода ва ҳама мардуми кишвар аз он огоҳанд. Ӯ таъкид мекунад, ки шумо ҳеч чи набудед, фаромӯш накунед кӣ шуморо оварду мансабатон дод. Ғайримустақим таъкид мекунад, ки ба қавли худаш “ман одаматон кардам. Расмҳои чанд соли пешатонро бинед, хонаву даратонро бинед. Он вақт ранги рӯятон чи хел буд, ҳоло чи? Он вақт чи хел хона доштед, ҳоло чи? Як хелат чандто қасру чандин квартира ва чандтои зан доред. Ман ҳамаашро медонам!”

Борҳо ин гуна ва ба хамин мазмун гапхоро гуфтааст. Ростӣ, агар ин дар як кишвари демократӣ мебуд ва ҳукумати Тоҷикистон як мухолифи қавӣ медошт, Эмомалӣ Раҳмонро дар додгоҳ фақат ба хотири ҳамин гуна ҳарфҳояш мешуд ба муҳокима кашад ва истеъфояшро талаб намояд. Охир худи ҳамин гуна изҳорот эътирофи ошкори фасод аст. Бар пояи фасод бунёд шудани низоми ҳоким бар кишварро нишон медиҳад. Албатта бо ин гуна ҳарфҳо раисҷумҳур Раҳмон ин мансабдорони фасодкору нолоиқашро миннат мекунад ва аз худаш бештар итоат кардани онҳоро мехоҳад. Вале он дар зоти худ зидди қонун асту ҷиноят ва эътирофи ғайримустақими фасодзада будани низом.

Мансабҳои калидиро соҳиб шудани аъзои хонавода ва афроди наздик ба он. Агар Раҳмон воқеан мухолифи фасод мебуд магар мешуд, ки тамоми духтару домодҳояш, хусурзодаҳо, хешу табор, ҳамсинфу ҳамқишлоқӣ, хуллас наздиконаш соҳиби мансабҳо бошанд ва иқтисоди кишварро дар инҳисори худ дароранд? Ҳоло барои мисол; Рустам чи бартарӣ ба ҷуз фарзанди Эмомалӣ Раҳмон буданаш дорад, ки дар 27 солагӣ генерал шуд? Вокеан ин амал арзиши рутбаи генералиро масхара кардан нест? Як навҷавоне, ки ҳатто як рӯз хидмати низомӣ накарда, як рӯз тамрини низомӣ надида генерал мешавад. Раиси кумитаи гумрук ва баъдтар раҳбари агентии зиддифасод ва инак раиси шаҳри Душанбе таъин шуданаш худ як намунаи бориз аз амали фасодкорӣ нест?

Фарзандҳои Эмомалӣ Раҳмон нисбати садҳову ҳазорон фарзанди шаҳрвандони кишвар чи бартарӣ дар дониш ва шоистагӣ доранд? Ҳеч чи! Садҳову ҳазорон ҷавони лоиқу шоиста бекор ва дар муҳоҷиратанд, зеро пушту паноҳе надоранд ва дар низоми фосиди хонаводагӣ ҷои онҳоро фарзандони Эмомалӣ Раҳмон, фарзандони хешу қудоҳову ҳамқишлоқиҳояш гирифтаанд. Ин фарзандҳо боз дӯстон доранд ва он дӯстон боз дӯстҳо. Як занҷири беохир ва як силсилаи мушкилзо.

Ҳоло ба қавли мардуми тоҷик ту донӣ Худо, агар Эмомалӣ Раҳмон сари ҳукумат намеомад оё бародарзанаш Ҳасан Асадуллозода яке аз пулдортарин шахс буду бародарҳои ӯ раису соҳиби молу маноли ҳангуфт мешуданд? Шояд муъҷизае рух медод, аммо эҳтимолаш баробар ба 0000001, яъне аз миллион як буд ва шояд камтар. Ҳоло ин магар нишони фасод нест?

Муоф будан аз молиёт як роҳи дигар ва заминасози фасод будаву ҳаст. Яъне хонавода ва афроди наздик ба раҳбари давлат расман фасодкорӣ мекунанд ва мутаассифона порлумони балегӯяки кишвар ҳам онро машрӯъият мебахшад. Хиёнати намояндаҳои балегӯяки порлумон, ки ин гуна созишномаҳои ҳукумати хонаводагиро барои додани имтиёз ба ширкатҳои инҳисорталаби хонавода ва афроди наздики президент Раҳмон ба тасвиб (ратификатсия) расондаанд, камтар аз хиёнати соҳибони ин ширкатҳо нест. Ин амалашон машруъият бахшидан бар фасодкорӣ ном дорад ва ҷиноят аст!

Яке аз дӯстон дар шабакаи иҷтимоӣ пешниҳоде матраҳ кард, ки бояд муфтии кишвар фатвое дар мавриди ҳаром будани ришва гирифтан содир кунад. Шояд корсоз бошад. Аммо ба назари ман амри ношуданист. Зеро, аввалан кишвари мо исломӣ нест, ки амали ҷиноятро бо судури фатво пешгирӣ кунанд. Дуввум бо фатвои ҳаром эълон кардани ришва ҳеч имкон надорад, ки фасод решакан шавад. Охир, ҳаромхӯрҳо коре ба ин гуна фатвоҳо надоранд ва ришва гирифтанро идома медиҳанд. Онхо агар фарқи ҳарому ҳалолро медонистанд, албатта ба фасод даст намезаданд.

Дар кишварҳои авторитарӣ як роҳи решакан кардани фасод вуҷуд дорад. Шахси аввал ба фасод даст намезанад, дигар хама зердастҳояш аз тарси ӯ ҳам ки шуда фасодкорӣ нахоҳанд кард. Дигар ҳамаи роҳҳо ё иштибоҳ аст ва ё ба мақсад намерасонад. Аммо оё шахси аввал ҳозир аст амалан ба манфиати худу хонаводаву қудову домоду наздикони бешумораш чашм пӯшад ва манфиати миллату давлатро дар авлавият қарор диҳаду алайҳи фасод амалан ҷанг эълом кунад? Албатта ин амр як шонси торихӣ барои ҳамеша дар торихи кишвар ба ҳайси ислоҳотгар номи ҷовидон ёфтани Эмомалӣ Раҳмон аст. Вале, бо таваҷҷӯҳ ба таҷрибаи 27 сол ман хеле хушбин нестам. Шумо чи?

Фейсбук

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: