Перейти к содержимому

Раҳбари Эрон: “Ҷанге рух нахоҳад дод // Омрико маҷбур ба ақибнишинӣ хоҳад шуд” (филм)

Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Эрон, гуфт: “Ҷанге ба вуқӯъ намепайвандад ва гузинаи қатъии миллати Эрон муқовимат аст. Ва Омрико маҷбур ба ақибнишинӣ хоҳад шуд.”

Ба гузориши хабаргузории Форс, раҳбари Эрон асри дирӯз (14 май) дар дидори масъулони эронӣ, дар оғоз моҳи Рамазонро “моҳи тақво” ва замина ва бистаре барои ривоҷи парво аз Худованди Мутаъол хонд ва гуфт: “Қуръон ваъда додааст, ки тақво мӯҷиби басират, растгорӣ, ҷалби раҳмат ва ҳидоят ва эҷоди қудрати ташхиси ҳақ аз ботил хоҳад шуд ва бо вуҷуди тақво, ҳеч бунбасте вуҷуд нахоҳад дошт.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ, ҷанбаи дигари тақво аз манзари Қуръони Каримро “тақвои аз ғайри Худо” баршумурд ва афзуд: “Маънои тақвои аз ғайри Худо ин аст, ки аз ҳеч қудрате ғайр аз Худо натарсем ва зиндагӣ ва ояндаи худро вобаста ва ба дасти онҳо надонем.”

Раҳбари Эрон муҳимтарин масъалаи кишварашро дар шароити кунунӣ “масъалаи иқтисод ва мушкилоти маъишатӣ ва фишор бар мардум ба вежа табақоти заъиф ва мутавассит” донист ва афзуд: “Иқтисоди кишвар аз чанд бемории музмин ранҷ мебарад, ки агар дар шароити таҳрими феълӣ битавон ин бемориҳоро бартараф кард, иқтисоди Эрон ҳаракати ҷаҳишӣ хоҳад кард.”

Вай афзуд: “Иқтидор ва обрӯи кишвар дар “худкифоӣ” аст ва бояд ниёзҳои муҳимми кишварро худамон тавлид ва таъмин кунем.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ дар бахши дигаре аз суханонаш, ба мавзӯи талошҳо ва иқдомоти зидди эронии Омрико пардохт ва муқовимат дар арсаи иқтисодиро муҳим ва мутафовит аз муқовимат дар арсаи низомӣ донист ва афзуд: “Муқовимат дар арсаи иқтисодӣ ба маънои мустаҳкам кардани сохти иқтисодии кишвар аст, ки лозимаи он ҳам, бархӯрди ҷиддӣ бо масоил ва пайгирии умур аст.

Раҳбари Эрон бо таъкид бар ин ки барои ислоҳи умур набояд чашм ба хориҷ дӯхт, хотирнишон кард: “Чашм дӯхтан ба бегона мӯҷиби зарба ба кишвар мешавад, ки намунаи онро дар бархӯрди урупоиҳо дар қазияи Барҷом мебинем.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ афзуд: “Мо бо урупоиҳо мушкил ва даъвое надоштем, аммо онҳо ба ҳеч як аз таъаҳҳудоти худ амал накарданд ва намекунанд ва дар айни ҳол мудом иддао мекунанд, ки мо ба Барҷом пойбанд ҳастем.”

Вай бо таъкид бар ин ки илова бар давлат, мардум низ бояд барои ҳалли масоили иқтисодӣ нақшофаринӣ кунанд, гуфт: “Мардум бо хариди маҳсулоти дохилӣ ва истимрори ҳимоят аз колои эронӣ метавонанд ба равнақи тавлид кӯмак кунанд.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ, дар табйини тарроҳии омрикоиҳо дар шароити феълӣ гуфт: “Онҳо тамоми талоши худро ба кор гирифтаанд, то бо фишорҳои шадиди иқтисодӣ, аввалан масъулони мо маҷбур ба таслим шаванд, ва сониян мардумро дар муқобили низом қарор диҳанд.”

Вай бо таъкид бар ин ки тарроҳӣ ва муҳосибаи Омрико ҳамонанди муҳосиботи 40 соли гузашта ғалат аст ва ба натиҷа ҳам нахоҳанд расид, афзуд: “Омрикоиҳо ин бор низ қатъан шикаст хоҳанд хӯрд ва дар ин мавзӯъ тардиде нест.”

Раҳбари Эрон хотирнишон кард: “Сардамдорони Омрико ба далели буғзу кинае, ки ба Ҷумҳурии Исломии Эрон доранд, кӯр шудаанд ва наметавонанд дуруст муҳосиба кунанд.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба мухолифати бисёре аз соҳибназарон дар Омрико бо шеваи бархӯрд бо Эрон ва гурӯҳҳои муқовимат гуфт: “Масъулони кунунии Омрико воқеан дарки дурусте нисбат ба масоили гуногун ва ҳамчунин Ҷумҳурии Исломӣ надоранд.”

Вай, бо таъкид бар ин ки ҳеч кас набояд аз ҳайбати зоҳирӣ, ташарҳо ва ҳаёҳуҳои Омрико битарсад, афзуд: “Абарқудратҳо маъмулан кори худро бо ташару ҳаёҳу пеш мебаранд ва ҳар гуна ҷо задан дар муқобили ин таҳдидҳо хатост.”

Вай бо таъкид бар ин ки душмании Омрико бо Ҷумҳурии Исломӣ бештар нашуда балки нисбат ба 40 соли гузашта ошкортар ва сареҳтар шудааст афзуд: “Бояд бидонем, касе ки бо садои баланд таҳдид мекунад, қудрату тавоноии ӯ ба андозаи он садои баланд нест.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ афзуд: “Давлати феълии Омрико илова бар душмании сареҳтар бо низоми исломӣ, беш аз ҳар давлати дигари ин кишвар, дар хидмати масолеҳи режими саҳюнистӣ аст ва ба иборате бисёре аз сиёсатҳои Омрико дар дасти саҳюнистҳост.”

Раҳбари Эрон бо ишора ба ҳушдори бархе соҳибназарони омрикоӣ мабнӣ бар ин ки фишор бар Ҷумҳурии Исломӣ ба ҷаҳиши иқтисодии Эрон мунҷар хоҳад шуд, гуфт: “Омрико дар мувоҷеҳа бо миллати Эрон ва истеҳкоми рӯзафзуни низоми исломӣ, қатъан шикаст хоҳад хӯрд.”

Вай бо ишора ба бархе, ки мегӯянд музокира бо Омрико чӣ айбе дорад, таъкид кард: “Музокира бо Омрико то вақте, ки — ба таъбири ҳазрати Имом Хумайнӣ — одам нашудааст самм (заҳр) аст, зимни ин ки музокира бо давлати феълии ин кишвар самми музоъаф аст.”

Раҳбари Эрон афзуд: “Маънои ҳақиқии музокира, муомила ва бидеҳ-бистон аст ва онҳо дақиқан дар ин муомила, дунболи нуқоти қуввати Эрон ҳастанд. Мегӯянд, биёед дар бораи мушак музокира кунем. Маънои ҳақиқии ин ҳарф ин аст, ки шумо бояд бурд ва диққати мушакҳоятонро кам кунед, то агар рӯзе шуморо ҳадаф қарор додем, натавонед ҷавоб бидиҳед. Бадеҳӣ аст, ки касе дар Эрон ин ҳарфро намепазирад, бинобар ин ҳамин сару садоҳо идома хоҳад ёфт. Ин масъалаи баҳси дину инқилоб нест, балки ҳеч эронии ғайратманду бошуъуре ҳозир нест бо тарафе, ки мехоҳад нуқоти қуввати кишварро аз дасти ӯ дароварад, муомила кунад.

Оятуллоҳ Хоманаӣ афзуд: “Умқи роҳбурдии сиёсӣ ва амниятӣ барои ҳар кишваре масъалае ҳаётӣ аст, барои мо низ умқи роҳбурдӣ дар минтақа хеле муҳим аст, онҳо (омрикоиҳо) аз ин масъала нороҳатанд ва мехоҳанд бар сари умқи роҳбурдии бисёр хуби Эрон бо онҳо муомила кунем; оё касе мепазирад? Бар асоси ин воқеиёт асли музокира бо Омрико ҳатто бо касе, ки одамҳисобӣ бошад ғалат аст ва музокира бо инҳо, ки ба ҳеч чиз аз ҷумла ахлоқу қонуну урфи байналмилалӣ пойбанд нестанд, масхара аст ва мутлақан маъно надорад.”

Раҳбари Эрон бо ишора ба ин ки Омрико маҷбур ба ақибнишинӣ дар муқобили муқовимати миллати Эрон хоҳад шуд афзуд: “Баҳси муқовимат, баҳси бархӯрди низомӣ нест ва ин ки бархе дар рӯзнома ё фазои маҷозӣ масъалаи ҷангро матраҳ мекунанд, ҳарфи бехуду ғалате аст. Бино нест ҷанге анҷом бигирад ва анҷом ҳам нахоҳад гирифт, чаро ки мо ибтидо ба сокин ҳеч гоҳ дунболи ҷанг нестем ва онҳо ҳам медонанд, ки ҷанг ба сарфаашон нест. Рӯёрӯии кунунӣ, бархӯрди иродаҳост ва чун мо иродае қавитар дорем ва ба Худо таваккул мекунем, иншоаллоҳ ояндаи хубе дар интизори миллат аст.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: