Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (371)

Эътимод кардани Ҳорут ва Морут бар исмати хеш ва омезии аҳли дунё хостан ва дар фитна афтодан (1)

* * *

Ҳамчу Ҳоруту чу Морути шаҳир

Аз батар хӯрданд заҳролуд тир.

Монанди Ҳоруту Морут, ки овозае фаровон доранд ва ҳама ҷо машҳуранд. Ин ду нафар ба хотири он ки дучори ғурур шуданд, омоҷи тири заҳролуди қаҳри илоҳӣ воқеъ шуданд.

Шаҳир: машҳур, пуровоза. Батар: худбинӣ ва такаббур.

Нукта: Байти фавқ ишорат дорад ба яке аз қиссаҳое, ки дар бархе аз китобҳои тафсирӣ чун Табарӣ ва Абулфатуҳи Розӣ ва низ китобҳои қисас мисли “Қисасул-анбиё”-и Саълабӣ омадааст ва ба муносибати зикри Ҳорут ва Морут дар ояти 102 сураи Бақара овардаанд. Ва он ин ки: Ҳорут ва Морут ду фаришта буданд. Ба Худованд арз карданд, ки агар ба ҳукумати замин расанд, дод бигустаранд ва ҳамчун одамизод ба гуноҳ олуда нашаванд. Худованд ба он ду фармуд: шаҳвате, ки ба одамиён додаам, агар дар шумо ниҳам, хештан нигаҳ натавонед дошт ва роҳи исён хоҳед рафт. Он ду гуфтанд: на, мо ҳаргиз осӣ нашавем. Агар бар фарзи маҳол ба исён гаройидем, кайфарамон деҳ.

Пас Худованд бад-онон шаҳват дод ва ба сӯи заминашон фиристод. Вақте ба замин расиданд, зане зебо диданд ва аз ӯ ком талаб карданд. Зан гуфт: тақозои шуморо дар сурате пазирам, ки ба яке аз ин се кор иқдом кунед: шурби хамр, куштани хуни як бегуноҳ ва билохира саҷда овардан бар бут. Он ду пеши худ гуфтанд, ки шурби хамр аз ду кори дигар содатар аст. Пас чун бода нӯшиданд, ақлашон ба завол рафт ва ду ҷурми дигарро ҳам муртакиб шуданд. Сипас он зан гуфт: исми аъзамро низ ба ман ёд диҳед. Ёд доданд. Ва ӯ бо хондани он исм ба осмон рафт ва таслими онон нашуд. Ва Худованд ӯро ба сурати ситораи Зуҳра даровард. Он гоҳ Ҳорут ва Морутро ба кайфари аъмоли зишти худ дар сиёҳчоле дар Бобил ҳабс кард, зеро он ду кайфари дунёиро бар кайфари ухравӣ тарҷеҳ дода буданд.

Албатта ин гуна афсонаҳо аз синхи исроилиёт аст ва ҳеч гуна эътиборе надорад. Ва матни ояти сураи Бақара низ бар ҷанбаи покӣ ва ҳаққонияти он ду фаришта далолат дорад. Ва маълум нест, ки созандагони ин афсона аз кадом қисмати оят чунин афсонае барсохтаанд?

Аммо истишҳоди Мавлоно ба ин афсона, ба маънои саҳеҳ донистани он нест, зеро услуби Мавлоно дар Маснавӣ баёни мақосиди худ дар лобалои масалҳо ва ҳикоятҳост, хоҳ он ҳикоёт саҳеҳ бошанд ё сирфан афсона бошанд. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.203-204)

Эътимоде будашон бар қудси хеш,

Чист бар шер эътимоди говмеш?

Ҳоруту Морут бар покӣ ва қадосати хеш сахт эътимод доштанд. Эътимоди говмеш бар шер, чӣ арзише дорад? (Мақсуд аз говмеш махлуқот ҳастанд ва манзур аз шер қазои муқаддар. (Шарҳи Кабири Онқуравӣ, ҷ.3, с.1213))

Гарчи ӯ бо шох сад чора кунад,

Шох-шохаш шери нар пора кунад.

Гарчи говмеш бо шохаш бисёре аз ниёзҳояшро бароварда мекунад, вале шери нар он шохҳоро дарҳам мешиканад.

Нукта: Мардум агарчи монанди говмеш бо шохҳои ақлу тадбир барои рафъи шери қазо чораҷӯӣ кунанд ва то метавонанд аз худ муҳофизат кунанд, боз шери қазо ононро мағлуб созад. (Шарҳи Кабири Онқуравӣ, ҷ.3, с.1213)

Гар шавад пуршох ҳамчун хорпушт,

Шер хоҳад говро ночор кушт.

Агар говмеш масалан он қадр пуршох шавад, ки назири хорпушт дарояд, боз шер ӯро хоҳад кушт.

Гарчи сарсар бас дарахтон меканад,

Ҳар гиёҳеро муназзар мекунад.

Ба унвони мисол, агарчи тундбод бисёре аз дарахтонро аз реша бармеканад, вале гиёҳонро тару тоза месозад.

Муназзар: тару тоза, шодоб.

Нукта: Сарсар, аз моддаи “сарр” ба маънии муҳкам бастани чизе аст, аз ин рӯ, ҳамёни пулро, ки муҳкам мебанданд, “сурра” гӯянд. Сарсар ба маънии тундбод ва боди сарде аст, ки пурсару садо бошад. (Маҷмаъул-баён, ҷ.9, с.188)

Бар заъифии гиёҳ он боди тунд

Раҳм кард, эй дил, ту аз қувват малунд.

Он боди саркаш бар нотавонии гиёҳ раҳм кард, инак эй дил, ту аз қудрату нерӯмандӣ ин қадр лоф назан.

Қувват малунд: аз нерӯмандӣ лоф мазан.

Тешаро з-анбӯҳии шохи дарахт,

Кай ҳарос ояд? Бибуррад лахт-лахт.

Теша аз анбӯҳии шохаҳои дарахт чӣ биму ҳаросе дорад? Мусалламан ҳеч ҳаросе надорад, зеро шохаҳои дарахтро мебурад ва тикка-тикка мекунад.

Лахт-лахт: пора-пора, ҷузъ-ҷузъ, тикка-тикка.

Лек бар барге накӯбад хешро,

Ҷуз ки бар неше накӯбад нешро.

Вале теша ҳаргиз худро ба барге нотавон намекӯбад, зеро барои буридану кандани он сохта нашудааст. Теша нештару тезии худро бар чизҳое мекӯбад, ки нешдор бошанд.

Шӯъларо з-анбӯҳии ҳезум чӣ ғам?

Кай рамад қассоб з-анбӯҳе ғанам?

Ба унвони мисол, шӯълаи оташ аз анбӯҳӣ ва фаровонии ҳезум чӣ ғаме дорад? Яқинан ҳеч ғаме надорад. Ва қассоб аз галаи гӯспандон кай фирор мекунад?

Нукта: Шӯълаи қазо ва теғи қассоби тақдир низ аз анбӯҳӣ ва фаровонии халоиқ воҳимае надоранд. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.957)

Пеши маънӣ чист сурат? Бас забун,

Чархро маъниш медорад нигун.

Дар назди маънӣ сурат чӣ арзише дорад? Сурат ҳеч аст. Он маъное, ки бар чархи гардун қоҳир аст, суратро тадбир мекунад ва таҳти тасарруфи худ дармеоварад.

Нукта: Дар инҷо Мавлоно дар қолиби идеалисте зоҳир нашуда, ки воқеиятҳои хориҷ аз зарфи зеҳнро мункир шавад, балки бо ин баён, мерасонад, ки ин ҷаҳон бидуни вуҷуди маъно колбаде беҷону фоқиди ҳаракату нишот аст. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.957)

Ту қиёс аз чархи дулобӣ бигир,

Гардишаш аз кист? Аз ақли мушир.

Ту аз чархи чоҳ қиёс кун, ки бо ҳамаи ин азамату бузургӣ, ҳаркаташ аз кист? Мусалламан ақл ва мудаббире он чархро мегардонад. (То инҷо гуфта омад, ки ҳаракату нишоти ҷаҳони фарвардин мубтанӣ бар ҷаҳони барин аст.)

Чархи дулоб: чархи чоҳ, чархе чӯбин, ки бо ресмон об аз чоҳ мекашанд.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: