Перейти к содержимому

Ҳушдори дабири кулли СММ нисбат ба густариши исломҳаросӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ҳангоми дидор аз Нюзеланд, аз афзоиши исломҳаросӣ ва нафратпароканӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар сатҳи ҷаҳон, интиқод кард.

Ба навиштаи пойгоҳи The New Arab, Онтуниу Гутриш (Antonio Guterres), дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, дар мулоқот бо бозмондагон ва хонаводаҳои қурбониёни масҷиди Кройстчерч, зимни ҳушдор нисбат ба ривоҷи бисёр сареъи нафратпароканӣ, аз талошҳои ин созмон дар рафъи ин мушкил хабар дод.

Бар асоси ин гузориш, Гутриш аз масҷиди Аннур — яке аз ду маркази мусалмонон дар Нюзеланд дидан кард; масҷиде, ки дар он, дар таърихи 15 марти соли ҷорӣ, як сафедпӯсти ифротӣ 51 нафарро дар ҷараёни тирандозӣ ва дар ҳоле ки ба таври зинда дар ҳоли пахш аз Фейсбук буд, кушт.

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, ки ҷиҳати таъсири тағйироти иқлимӣ ба ин кишвар сафар кардааст, гуфт, ки мехоҳад ҳимояти худро аз ҷомеаи мусалмони шаҳри Кройстчерч дар тӯли моҳи Рамазон нишон диҳад.

Ӯ дар ин замина гуфт: “Медонам, ки ҳеч калимае барои аз байн бурдани ғаму дарди ношӣ аз ин ҳодиса вуҷуд надорад, аммо ман шахсан барои интиқоли ишқ, ҳимоят ва таҳсини комил, ба инҷо омадаам.”

Вай, ба қурбониёни бадтарин тирандозӣ дар таърихи навини Нюзеланд гуфт: “Расонаҳои иҷтимоӣ мавриди суистифода дар заминаи пахши нафратпароканӣ қарор гирифтаанд. Нафратпароканӣ ҳамонанди оташсӯзӣ дар расонаҳои иҷтимоӣ густариш меёбад ва бояд онро хомӯш кунем.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: