Перейти к содержимому

Паёмбар (с) ва хушунат

Пешгуфторе аз Меҳмоншоҳ Шарифзода бар рисолаи ҷадиди “Муҳаммад (с) ва терроризм”, таълифи Далер Шарифов

Ба номи Худованди ҷону хирад

Бешак шикасти низоми ҷаҳонӣ дар охири асри гузашта боиси шаклгирии фазои ҷанг, хунрезӣ ва хушунат гардид, ки бештари мардуми бо ном “ҷаҳони сеюм” ин фазо ва ин воқеиятро ҳанӯз ҳам рӯ ба рӯянд. Дар ин раванд, ки низоми нави ҷаҳонӣ дорад шакл мегирад, бозингарони сиёсӣ аз арзишҳои динӣ – фарҳангии мардум барои манфиатҳои сиёсии худ хуб истифода кардаанд ва доранд истифода мекунанд. Инқилоби Исломии Ирон, пош хӯрдани Шӯравӣ ва воқеъаи 11/09/2001 аз ҷумлаи воқеоте ҳастанд, ки дар шикасти ин низоми ҷаҳонӣ, ва ба хусус муқобилгузории муносибатҳои дунёи нав (модернитӣ) ва ҷомеаҳои суннатӣ, Ислом ва демукросӣ нақши калидӣ доштаанд.

Ба хусус ҳуҷум ба маркази савдо дар шаҳри Ню-Йорки Амрико дар 11 сентябри 2001 боз масъалаи ҳузур доштан ва надоштани арзишҳои леберолӣ ва демукросиро дар фарҳанги Ислом ва мувофиқ наомадани арзишҳои Исломро бо демокросӣ ба миён овард. Ҳарчанд, ки бисёрии мутафаккирони огоҳи шарқ ва ғарб тамаддуни Исломиро, бо гуфти Умберто Эко, ҳамчун “сарчашмаи алтернативии тамаддунсозӣ” мешинохтанд ва мешиносанд боз буданд ва ҳастанд олимон, шарқшиносон ва хабарнигороне мисли Ҷ. Миллер, С. Ҳантингтон, Мартин Крамер, Бернард Левис, Даниел Пайпс ва дигарон, ки афсонаи “таҳдиди Исломро” (The Islamic Threat) бофта Исломро дар чашми мардум бо террор, истибдод ва хушунат сиёҳ кардани мешаванд ё мисли Кардинал Валтер Каспер, ки бо илҳом аз баромадхои поп Бенедикти XVI ва осори С. Ҳантингтон, Исломро “фарҳанги дигар” меҳисобанд. Аслан ин фикри С. Ҳантингтон аст ва беҳуда воқеаи 11/9 –ро ҷомеашинос ва рӯзноманигор Стенли Куртз “лаҳзаи Самуел П. Ҳантингтон” наномида буд. Агар фармонравоёни Ғарбӣ мисли сарвазири онвақтаи Британия Тони Блойер ва президент Буш дар рӯйдоди воқеаи 11/09 бунёдгароёни исломиро гунахгор дониста бошанд Ҳантингтон бо илҳом аз Бернорд Левис, яке аз муаллифони назарияи “бархӯрди таммадунҳо” ва тарроҳони ҷанги Ироқ, бар ин фикр буд, ки мушкили Ғарб танҳо бо бунёдгароёни Исломӣ нест, балки худи Ислом “фарҳанги дигар” аст ва арзишҳои он бо фарҳанги Ғарбӣ созгор нестанд.

Чунон ки шоҳидем ин воқеаҳо дар таърих ва зиндагии мардуми Тоҷикистон ҳам таъсири сахт ва ҳалкунанда доштанд. То ҷое мардуми дар фарҳанги Шӯравӣ манқуртшудаи мо ҳам то ҳол чунин мавқеъи кардиналҳои масеҳӣ ва Ҳантингтонро доштанд ва доранд. Сиёсат(бе)мадорони мо ҳам аз шиори “хатари исломӣ” зиёд истифода карданд ва ҳатто баъзеҳо кӯшидаанд ва ҳануз ҳам кӯшиш доранд ин намоиши сиёсии “бархурди тамаддунҳо” – и Ҳантингтонро ба микроструктураи худии Тоҷикон дохил кардан ва то ҷое муваффақ ҳам шудаанд. Шӯрбахтона, дар ин раванд шахсияти паёмбари акрам (С), ки дар ҳама давру замон сарчашмаи тақлид ва улгуи мардуми мусалмон буда, мавриди ҳамлаи муғризон қарор гирифт. Агар аз як сӯ паёмбари Исломро (С) бо Суқрот муқоиса карда бошанд аз сӯи дигар ӯро бо Чингизхону Ҳитлер муқоиса кардаанд.

Воқеан, Тоҷикон дар таърихи фарҳанг ва таффакури худ тавонистанд одамияти олишон ва технологияҳои сохтмони худиро инкишоф диҳанд, ки имрӯз ҳам барои мо ва дигарон сахт омӯзанда ҳастанд.

Бешак яке аз бунёдҳои мустаҳками ин роҳҳои худшиносӣ, фарҳанг ва ҷаҳонсозии мардуми ин минтақа шинохти шахсият ва гуфтаҳои Паёмбари акрам (С) буд ва мемонад. Ин роҳҳои худшиносӣ, худсозӣ ё технологияи худӣ (бо истилоҳи Foucault), ки дар мактабҳои фикрии Тоҷикон инкишоф дода шуда буданд аз якчанд унсур ё хусусиятҳо иборат буд, ки дар як раванд бо хам сахт бофтаанд:

1) Аввалин унсуре, ки раванди ташаккулёбии шахс, худогоҳии шахс, раванди сохтмони худӣ аз он оғоз мешавад, дониш (мавзуъи бунёдии фалсафа) аст. Ин ҷо инсон роҳҳои шинохти воқеъияти худ, худии худ ва дунёро хамчун ғайри худ (other) ёд мегирад ва ба гуфти баъзе аз мутафаккирон “ба бозии ҳақиқатҷӯи ва адолатҷӯи” (Socrates, Foucault) дохил мешавад;

2) Унсури дуюм озодӣ аст, ки бо дигар унсурҳо якҷоя инкишоф меёбад ва ин ҷо баъзе тарафҳои ( ё унсурҳои) дигари сохтмони инсон, мисли ирода, ақл, ҳиссиёт ва хаёлот зери фишор, тағирёбӣ ва тарбия қарор меёбанд;

3) Унсур ё хусусияти сеюм ин аст, ки худӣ дар як раванди таҳаввулёбанда ва динамики карор дорад ва вобаста ба тағирёбии таҷриба ва донишҳои шахс аз як зина ба зинаи дигар мегузарад;

4) Хусусият ё унсури чоруми раванди ташаккули худӣ иртиботу муносибат (communication) бо дигарон аст;

5) Хусусияти дигари ин раванд бо воқеъияти худ рӯ ба рӯ шудан, мардонагии ақлӣ доштан ва тавоноии дидану гуфтани ҳақиқат аст, ки ин санъатро дар Юнони кадим парҳесия (натарсида сухан гуфтан дар баробари золим ҳам) мегуфтанд ва дар тамаддуни исломи – тоҷики ба он арзиши баланд қоил буданд…

Ин таҷриба ва дониш имрӯз ҳам сахт омӯзанда аст ва танҳо онҳое, ки аз ин раванд гузаштаанд, метавонанд ба истилоҳи мутафаккирони тоҷик «озодмард», «зиндадил» , «марди тамом» бошанд…Метавон гуфт, ки агар инсон ин равандро аз сар нагузашта бошад душвор аст дар хусуси огоҳӣ,мустақилият, одамият, озодӣ, интерпретация (фахмидан ва тафсир), фарҳанг ва еҷоди ӯ сухан гуфтан…

Бо имон ва боварӣ метавон гуфтан, ки шинохти дурусти шахсият, зиндагӣ ва гуфтаҳои паёмбари худо (С) метавонанд мушкилиҳои фарҳангӣ ва сиёсии дар ҷомеаи мо ва ҷомеаи ҷаҳони шакл гирифтаро аз байн бибаранд.

Далер Шарифов

Ва яке аз ҳадафҳои рисолаи мазкур, ки бо қалами олими ҷавон ва умедбахш Далер Шарифов навишта шуда, ҳамин аст, ки муносибати паёмбари акрамро (С) бо хушунат ва шаклҳои гуногуни он муаян карда бошад то пардаи саробро дар бори ин ки Ислом дини хушунат аст аз байн бурда бошад. Маъниҳои дар рисола зикр шуда метавонанд таркибҳои хароби фарҳанг ва ҷомеаро солим намудан ва пеши имкони сарзадани фитна, хушунат ва кушторро гирифтан.

Дигар ин ки шинохти шахсияти паёмбари акрам (С) ва гуфтаҳои мубораки ӯ дар ин муҳит иммунитети худмуҳофизатии мардумро (Деррида), ки реша дар сохтмони субъектҳо (худӣ, шахсият), фарҳанг ва таркибҳои ҷомеа дорад метавонанд мустаҳкам намудан. Дар навбати худ ин боиси инкишофи одамият, ахлоқ ва барқарор шудани фазои раҳмати иллоҳи (Ибн ул Арабӣ) дар ин қаламрав ва минтақа мегардад.

Дарёфти рисолаи Муҳаммад (с) ва терроризм

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: