Перейти к содержимому

Туфайлӣ набошед!

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Туфайлӣ дар асл ба касе гӯянд, ки “нохонда ҳамроҳи як меҳмони даъватшуда ба меҳмонӣ меравад, яъне меҳмони нохонда”, вале ин вожа сипас тавсиъа ёфта ва ба ҳар “нохондае” итлоқ мешавад, аз ҷумла ба афроде, ки агар бихоҳанд номе аз онҳо дар таърих боқӣ бимонад ва ё аз онҳо ёд шавад ва ё мавриди таваҷҷӯҳ қарор бигиранд, ба душманӣ бо шахсияте номдору маъруф мепардозанд; зеро бо бақои номи он шахсият ва ё мавриди таваҷҷӯҳ будани ӯ, ногузир аз душманон ва мухолифони ӯ низ ёд мешавад. Вагарна, агар ӯ намебуд, аз онҳо низ номе боқӣ намемонд ва мавриди таваҷҷӯҳ ҳам набуданд. Ба сухани дигар, туфайлӣ, ҳар чи дорад, аз “душманонаш” аст.

Дар таърих, ҳамвора ду гурӯҳ ҳастанд, ки аз онҳо номе боқӣ монда: яке, гурӯҳе, ки муфид будаанд ва коре анҷом додаанд ва асаре мусбат аз худ дар ҷомеа бар ҷой гузоштаанд. Ва дигар, гурӯҳе, ки бо гурӯҳи аввал ба душманӣ бархостаанд.

Агар номе аз гурӯҳи аввал боқӣ мондааст, ин табиист, зеро бақои номи онҳо, ба хотири ҳамон асари мусбати онҳо будааст. Аммо аз дуввумӣ агар номе боқӣ монда ва мавриди таваҷҷӯҳ ҳастанд, на ба хотири ин аст, ки коре муфид анҷом дода ва асаре мусбат аз худ бар ҷой гузошта бошанд, балки ба ҷиҳати ин аст, ки бо гурӯҳи аввал ба мухолифат бархоста ва ҳамвора барои онҳо монеъа эҷод кардаанд.

Агар аз Иброҳими Халил (а) номе боқӣ монда ва номаш зинда аст, ба ин хотир аст, ки дар ҷомеа ва таърих, тағйиру таҳаввуле эҷод карда, аммо мебинем дар канори Иброҳим (а), аз Намруд ҳам ёд мешавад ва номаш боқӣ аст, чаро? Оё Намруд мисли Иброҳим (а) буд? Хайр. Балки Намруд, ба хотири душманиҳояш бо Иброҳим (а) будааст, ки аз ӯ ёд мешавад. Вагарна, агар Иброҳиме набуд, ному нишоне аз Намруд набуд.

Агар аз Фиръавн ёд мешавад, ба хотири Мӯсо (а) аст. Он чи боқӣ аст, ин Мӯсо (а) аст, аммо чун душмане дошт ба номи Фиръавн, аз ин рӯ, ба хотири Мӯсо (а), аз душмани ӯ ҳам ёде мешавад.

Агар ҳазрати Муҳаммад (с) набуд, номе аз Абӯҷаҳлу Абӯлаҳаб боқӣ намемонд. Асосан, ин афрод ададе набуданд, ки аз онҳо номе боқӣ бимонад. Абӯҷаҳлу Абӯлаҳабҳо, дар бақои номашон ва мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифтанашон, мадюни ҳазрати Муҳаммад (с) ҳастанд, ки ҷомеа ва таърихро зеру рӯ кардааст.

Ба ин тип одамҳо — яъне ба одамоне мисли Намруду Фиравну Абӯҷаҳлҳо – “туфайлиҳои таърих” гуфта мешавад, ки ба хотири душманиҳояшон ва ба хотири мавзеъ гирифтанҳояшон алайҳи чеҳраҳои мусбат ва муфиди таърих, номе аз худ боқӣ гузоштаанд.

* * *

Одам набояд туфайлӣ бошад. Яъне, агар мехоҳӣ номе аз худ бар ҷой бигузорӣ, бояд ба хотири нақши мусбати ту дар ҷомеа бошад, ба хотири муфид будани ту бошад, ба хотири асаре бошад, ки дар ҷомеа мегузорӣ, на ба хотири садди роҳи мусбатҳо ва муфидҳо шуданат ва на ба хотири ин ки дар баробари афроде, ки кору фаъолият мекунанд, монеъа эҷод бикунӣ.

Афроде ҳастанд, ки шумо ҳаргиз аз онҳо як кори муфид мушоҳида намекунед, ҳаргиз фаъолияте аз онҳо намебинед, ҳаргиз асаре мусбат, ки дар ҷомеа аз худ боқӣ гузошта бошанд намебинед, аммо чун мехоҳанд мавриди таваҷҷӯҳ бошанд, ба душманӣ ва мухолифат бо афроде, ки кору фаъолият мекунанд бармехезанд.

Дар Қуръони Карим ояте ҳаст, ки ин маъноро хуб баён намуда; мефармояд:

أَنْزَلَ مِنَ السَّمَاءِ مَاءً فَسَالَتْ أَوْدِيَةٌ بِقَدَرِهَا فَاحْتَمَلَ السَّيْلُ زَبَدًا رَابِيًا وَمِمَّا يُوقِدُونَ عَلَيْهِ فِي النَّارِ ابْتِغَاءَ حِلْيَةٍ أَوْ مَتَاعٍ زَبَدٌ مِثْلُهُ كَذَلِكَ يَضْرِبُ اللَّهُ الْحَقَّ وَالْبَاطِلَ فَأَمَّا الزَّبَدُ فَيَذْهَبُ جُفَاءً وَأَمَّا مَا يَنْفَعُ النَّاسَ فَيَمْكُثُ فِي الْأَرْضِ كَذَلِكَ يَضْرِبُ اللَّهُ الْأَمْثَالَ

Худованд аз осмон обе фурӯ фиристод ва рӯдҳо ҳар кадом ба андозаи гунҷоиши худ об баргирифта ва ҷорӣ шудаанд, он гоҳ сел каферо бар рӯйи худ бардошт… Худованд ҳаққу ботилро ин гуна масал мезанад. Ва аммо каф, ба каноре меравад ва нобуд мешавад, вале он чи ба мардум суд мерасонад, дар замин боқӣ хоҳад монд. Худованд масалҳоро ин гуна баён медорад”. (Сураи Раъд, ояти 17)

Дар ин ояти шарифа, ҳақ, ба об (“он чи ба мардум суд мерасонад”) ташбеҳ шудааст, ва каф, ба ботил. Яъне, каф рӯи обро мегирад ва мепӯшонад ба тавре ки агар як одам нигоҳ кунад, танҳо каферо мебинад, ки дар ҳаракат аст ва таваҷҷӯҳе ба об, ки зери ин кафҳост намекунад. Қуръон мегӯяд, ботил ба туфайли ҳақ пайдо мешавад ва бо нерӯи ҳақ ҳаракат мекунад. Яъне нерӯ азони худаш нест, нерӯ асолатан аз они ҳақ аст ва ботил бо нерӯи ҳақ ҳаракат мекунад, ва ба қавли Мавлоно:

Кай дурӯғе қимат орад бе зи рост?

Дар ду олам ҳар дурӯғ аз рост хост.

Ростро дид ӯ ривоҷеву фурӯғ,

Бар умеди он равон кард ӯ дурӯғ.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: