Перейти к содержимому

Намояндаи порлумони Утриш: “Ҳиҷоб монеъ аз пешрафт ва тараққӣ нашудааст.” (видео)

Морто Бисмон, намояндаи зани утришӣ, рӯзи ҷумъа (17 май), дар эътироз ба мамнӯияти ҳиҷоб дар мадориси Утриш, дар порлумони ин кишвар бо рӯсарӣ ба суханронӣ пардохт.

Порлумони Утриш қонуне тасвиб карда, ки бар асоси он, ҳиҷоби исломӣ дар мадориси ибтидоии ин кишвар мамнӯъ мешавад.

Видое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир шуд, тасвири Морто Бисмон (Martha Bissmann)-ро дар ҳоле нишон дода, ки пеш аз нутқаш дар маҷлис, рӯсарии қирмизранге бар сар карда ва ба мувофиқони тасвиби ин қонун мегӯяд: “Маро нигоҳ кунед, оё бо пӯшидани ҳиҷоб тағйире кардаам?

Вай, бо такрори суханони худ бори дигар тасреҳ мекунад: “Оё ман, Морто Бисмон, намояндаи порлумони Утриш нестам? Оре! Ман ҳамон хонуми озодихоҳ ва мухолифи фирқагароӣ ва мудофеи ҳуқуқи занон ҳастам.”

Бисмон идома дод: “Ман ҳамон фарде ҳастам, ки ба ин натиҷа расидаам, ки инсон озод мутаваллид шудааст.”

Вай гуфт: “Ифтихори инро доштам, ки дар моҳҳои гузашта, бо бисёре аз хонумҳои бузургвори мусалмон дар кишвар ошно шудам; афроде, ки ба унвони пизишк, физикдон, муаллим фаъолият доранд, аммо шумо мехоҳед бо ин қонун, ононро муҷозот кунед.”

Намояндаи порлумони Утриш дар дифоъ аз ҳиҷоби занони мусалмони кишвараш гуфт: “Тамомии ин афрод заноне муваффақ ва баландпарвоз ҳастанд ва риояти ҳиҷоб монеъ аз пешрафт, тараққӣ ва анҷоми вазифаашон нашудааст.”

Вай ба намояндагони утришие, ки қонуни зидди ҳиҷобро тасвиб кардаанд, тавсия кард: “Ба ҷойи он ки шумо аз занони мусалмон ҳарф бизанед, биёед бо онон мустақиман сухан бигӯед.”

Бисмон гуфт: “Мо метавонем арзишҳои зиёде чун гузашт, ҳисси кӯмак кардан, ҳамбастагӣ ва ишқ ба кор барои манофеи ҷамъиро аз занони мусалмон биёмӯзем.”

Гуфтанист, мамнӯияти ҳиҷоб дар мадориси Утриш, бо интиқодҳои зиёде дар расонаҳои иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шуда, аммо сиёсатмадорони ростӣ ва популисти урупоӣ аз он ҳимоят кардаанд.

Мутобиқи қонуни ҷадиди Утриш, донишомӯзони мадориси ибтидоӣ аз пӯшидани “либосҳои мутаассир аз идеулужӣ ё мазҳаб аз ҷумла пӯшондани сар” манъ мешаванд. Ин қонун ба таври хосс пӯшидани кулоҳҳои яҳудии “кипо” ва пӯшиши махсуси сикҳои ҳиндӣ (порко)-ро мустасно кардааст.

Ин қонун бо ҳимояти намояндагони узви эътилофи рости ҳоким шомили ҳизби муҳофизакори “Мардум” ва ҳизби “Озодӣ”, ки 60 дарсади курсиҳои порлумонро доранд ба тасвиб расид.

Аҳзоби мухолиф дар порлумони Утриш шомили сусиёл-демукротҳо ин қонунро иқдоме популистӣ алайҳи ақаллиятҳои мазҳабӣ донистанд ва ба он раъйи мухолиф доданд.

Гуфтанист, теъдоди мусалмонон дар Утриш дар соли 2017 наздик ба 700 ҳазор нафар тахмин зада шуд, ва ба иборате, мусалмонон 8 дарсад аз ҷамъияти Утришро шакл медиҳанд. Бештари ин мусалмонон турктабор ҳастанд ва дар даҳаҳои 60-70 барои кор ба ин кишвар муҳоҷират карданд ва дар он ҷо монданд.

Созмони мусалмонони Утриш, ки давлат онро ба расмият шинохтааст, дар баёнияе таъкид кард: “Мамнӯияти ҳиҷоб дар мадориси ибтидоӣ фақат мунҷар ба тафриқа ва табъиз алайҳи духтарони мусалмон мешавад ва лағви ин қонуни табъизомезро дар додгоҳи қонуни асосӣ матраҳ мекунем.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: