Перейти к содержимому

Тромп ҳамчунон мунтазири тамоси мақомоти эронӣ пойи телефон нишастааст

Яке аз мақомоти давлати Иёлоти Муттаҳидаи Омрико аз интизори сардамдорони ин кишвар барои дарёфти тамос аз сӯи Эрон хабар дод.

Баъд аз гузашти рӯзҳо аз изҳороти мақомоти Кохи сафед дар хусуси ин ки Вошингтун шумораи телефонҳое барои тамоси Эрон дар ихтиёри Суис (Швейтсария) гузоштааст, яке аз мақомоти Омрико гуфт, ки раҳбарони ин кишвар ҳамчунон дар интизори ин тамос ҳастанд.

Хабаргузории Reuters шомгоҳи ҷумъа (17 май) ба нақл аз як мақоми масъул дар давлати Дунолд Тромп гузориш дод, ки ҳанӯз эрониҳо тамосе бо омрикоиҳо надоштаанд.

Ин мақом гуфт: “Мо канори телефон нишастаем, вале ҳеч посухе (тамосе) аз сӯи Эрон дар иртибот бо гуфтугӯҳои рӯ дар рӯ дарёфт накардаем.”

Ин мақоми омрикоӣ ҳамчунин гуфт: “Ба эътиқоди мо, Теҳрон бояд аз таниш (бо Омрико) халос шавад ва ба самти музокира биравад.”

Шабакаи CNN-и Омрико шанбеи гузашта ба нақл аз манобеъе огоҳ гузориш дод, ки давлати Тромп ба умеди ин ки Эрон бо вай барои музокираи муҷаддад тамос бигирад, шумораи тамосе ба Суис (Швейтсария), ба унвони ҳофизи манофеъи Теҳрон дар Омрико, додааст.

Тромп баъд аз интишори ин хабар, гуфт, ки мутмаин аст, ки эрониҳо ба зудӣ бо ӯ тамос хоҳанд гирифт ва музокира хоҳанд кард.

Ва ин дар ҳоле аст, ки мақомоти аршади Эрон борҳо эълом кардаанд, ки қасди музокира бо давлати аҳдшикани Омрикоро надоранд. Оятуллоҳ Хоманаӣ ду рӯз пеш дар суханоне гуфт: “Музокира бо Омрико то вақте, ки — ба таъбири ҳазрати Имом Хумайнӣ — одам нашудааст, самм (заҳр) аст, зимни ин ки музокира бо давлати феълии ин кишвар самми музоъаф аст.”

Вай афзуд: “Маънои ҳақиқии музокира, муомила ва бидеҳ-бистон аст ва онҳо дақиқан дар ин муомила, дунболи нуқоти қуввати Эрон ҳастанд. Мегӯянд, биёед дар бораи мушак музокира кунем. Маънои ҳақиқии ин ҳарф ин аст, ки шумо бояд бурд ва диққати мушакҳоятонро кам кунед, то агар рӯзе шуморо ҳадаф қарор додем, натавонед ҷавоб бидиҳед. Бадеҳӣ аст, ки касе дар Эрон ин ҳарфро намепазирад, бинобар ин ҳамин сару садоҳо идома хоҳад ёфт. Ин масъалаи баҳси дину инқилоб нест, балки ҳеч эронии ғайратманду бошуъуре ҳозир нест бо тарафе, ки мехоҳад нуқоти қуввати кишварро аз дасти ӯ дароварад, муомила кунад.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ афзуд: “Умқи роҳбурдии сиёсӣ ва амниятӣ барои ҳар кишваре масъалае ҳаётӣ аст, барои мо низ умқи роҳбурдӣ дар минтақа хеле муҳим аст, онҳо (омрикоиҳо) аз ин масъала нороҳатанд ва мехоҳанд бар сари умқи роҳбурдии бисёр хуби Эрон бо онҳо муомила кунем; оё касе мепазирад? Бар асоси ин воқеиёт асли музокира бо Омрико ҳатто бо касе, ки одамҳисобӣ бошад ғалат аст ва музокира бо инҳо, ки ба ҳеч чиз аз ҷумла ахлоқу қонуну урфи байналмилалӣ пойбанд нестанд, масхара аст ва мутлақан маъно надорад.”

Раҳбари Эрон бо ишора ба ин ки Омрико маҷбур ба ақибнишинӣ дар муқобили муқовимати миллати Эрон хоҳад шуд афзуд: “Баҳси муқовимат, баҳси бархӯрди низомӣ нест ва ин ки бархе дар рӯзнома ё фазои маҷозӣ масъалаи ҷангро матраҳ мекунанд, ҳарфи бехуду ғалате аст. Бино нест ҷанге анҷом бигирад ва анҷом ҳам нахоҳад гирифт, чаро ки мо ибтидо ба сокин ҳеч гоҳ дунболи ҷанг нестем ва онҳо ҳам медонанд, ки ҷанг ба сарфаашон нест. Рӯёрӯии кунунӣ, бархӯрди иродаҳост ва чун мо иродае қавитар дорем ва ба Худо таваккул мекунем, иншоаллоҳ ояндаи хубе дар интизори миллат аст.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: