Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (372)

Эътимод кардани Ҳорут ва Морут бар исмати хеш ва омезии аҳли дунё хостан ва дар фитна афтодан (2)

* * *

Гардиши ин қолаби ҳамчун сипар

Ҳаст аз руҳи мусаттар, эй писар!

Эй писари маънавӣ! Гардишу ҳаракати ҷисм, ки ҳамонанди сипар руҳро дар паси худ ниҳон медорад, ношӣ аз руҳи ниҳон аст.

Мусаттар: пӯшида ва дар ҳиҷоб.

Нукта: Руҳ басит аст, ва басоит (баситҳо) умури ақлианд. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.958)

Гардиши ин бод аз маънии ӯст,

Ҳамчу чархе, к-ӯ асири оби ҷӯст.

Гардишу вазиши бод аз маънои худи бод аст. Дар назди ҳукамо, мурод аз маънои бод, ақли фаъол аст, ки Худои Таъоло ба воситаи он дар вуҷуди аносур тасарруф мекунад. Аммо назди аҳли таҳқиқ (урафо ва сӯфия), Худои Таъолост, ки малакути ҳар чиз дар дасти иродаи ӯст. Пас, малакути бод низ дар дасти Худост… Пас, Худо дар воқеъ маъно ва маншаи аслии бод аст… Ба унвони мисол, бод ҳамонанди чархи осиёст, ки он чарх, дар тасарруфи ҷараёни оби ҷӯйбор аст, яъне ҳар тавр ки об дар чарх тасарруф дорад, маънои бод низ дар бод он гуна тасарруф мекунад. (Иқтибос аз Шарҳи кабири Онқуравӣ, ҷ.3, с.1216) Яъне бод низ бастаи машиатуллоҳ аст ва аз худ ҷунбише надорад.

Ҷарру мадду дахлу харҷи ин нафас

Аз кӣ бошад ҷуз зи ҷони пурҳавас?

Ҷарру мадду тасарруфоти ин нафас, яъне даму боздами одамӣ, аз кист? Мусалламан аз ҷон аст. Ҷон низ ҳар тасарруфу ҳаракате кунад, аз иродаи илоҳист.

Гоҳ “ҷим”-аш мекунад, гаҳ “ҳо”-ву “дол”,

Гоҳ сулҳаш мекунад, гоҳе ҷидол.

Чунонки ин ҷону руҳ аст, ки нафасро гоҳ ба ҳарфи “ҷим” ва гоҳ ба ҳарфи “ҳо” ва гоҳ ба “дол” табдил мекунад. Гоҳ ҳарфи сулҳ мешавад ва гоҳ ҳарфи ситез.

Нукта: Дар ин байт, ба масъалаи “вуҷуди мунбасит” ва ба ё ба қавли урафо, “нафаси раҳмонӣ” ишорат шудааст. Тавзеҳ он ки: ҳукамо ва урафо вуҷудро ба се мартиба тақсим мекунанд: аввал, вуҷуде, ки мутаъаллиқ ба ғайр нест ва муқайяд ба қайди махсусе нест, ва он вуҷуде аст, ки сазовори мабдаъ будани ҳамаи мавҷудот аст, ва онро истилоҳан “вуҷуди ба шарти ло” гӯянд, яъне вуҷуде, ки ба ғайр таъаллуқу тақайюд надошта бошад, ё ба иборате дигар, вуҷуде бошад ба шарти адами таъайюноти имкония, ва истилоҳан онро “вуҷуди маҳз” ҳам гӯянд, ки мабдаи ҳамаи мавҷудот аст.

Дувввум, вуҷуде, ки мутаъаллиқ ба ғайр аст, монанди уқул (ақлҳо) ва нуфус (нафсҳо) ва табойеъ (табиатҳо) ва аҷром ва маводд, ки истилоҳан онро “вуҷуди ба шарти ғайр” гӯянд.

Севвум, вуҷуди мунбасит, ки бар ҳаёкили (ҳайкалҳои) моҳиятҳо ва аъёни собитот мунбаситу ҷорӣ аст, ки онро ҳукамо “вуҷуди мунбасит” гӯянд ва урафо “нафаси раҳмонӣ” номанд. Ин вуҷуд, ҳамон “содири аввал” аст, ки онро “ҳаққи махлуқ” ҳам меноманд. Ва он, асли вуҷуди олам аст ва партаву равшании Ҳақ аст, ки дар ҳамаи мавҷудоту коинот сориву ҷорӣ аст. Ва дар ҳар як ба ҳасби хеш таҷаллӣ дорад, бад-ин гуна ки дар ақл, ба сурати ақл таҷаллӣ карда ва дар нафс, нафс аст ва дар ҷисм, чисм ва дар ҷавҳар, ҷавҳар ва дар араз, араз ва ғайра… Ва истилоҳан онро “вуҷуди ло би шарт” гӯянд. Урафо онро “нафаси раҳмонӣ” номидаанд аз он рӯ, ки шабеҳ ба нафаси инсон аст. Ҳамон гуна ки нафаси инсон савте содда аст, ки дар мақоми зоти худ мутаъайин ба ҳеч таъайюне аз ҳуруфу калимот нест ва дар ҳар мақтаъе аз мақтаъҳои даҳон, ба яке аз ҳуруф мутаъайин ва мутасаввир мешавад, дар мартибае аз ком ба сурати ҳарфи “ҷим” ва дар мартибае ба сурати ҳарфи “дол” ва ғайра.. зоҳир мешавад, “нафаси раҳмонӣ” ва ё “вуҷуди мунбасит” низ бар ҳасби зоти худ “ло би шарт” аст ва таъайюне надорад ва дар ҳар мартиба, айни он мартиба аст. (Машоъир, с.173)

Ҳамчунин ин бодро Яздони мо

Карда буд бар Ъод ҳамчун аждаҳо.

Ҳамчунин ин боди монанди нафасро, ки дар ин олам мевазад, Худованд онро бар қавми Ъод ҳамонанди аждаҳо кардааст.

Боз ҳам он бодро бар мӯъминон

Карда буд сулҳу муроъоту амон,

Вале ҳамон бодро бар мӯъминон мояи сулҳу оромишу амон карда буд.

Нукта: Мавлоно дар байтҳои ахир мутобиқи машраби Ашъарӣ рафтааст ва ҷамиъи мумкинотро бидуни восита мустанад ба иродаи Ҳақ медонад. Мутобиқи назари Ашъариён, ҷамиъи мумкинот бидуни восита мустанад ба Ҳақ аст ва ҳар чӣ дар вуҷуд меояд, таҳти таъсири қудрати Ӯст. Ва Ҳақ Таъоло қодир ва мухтор аст ва ҳеч чиз бар Ӯ воҷиб намешавад ва ҳаводисе, ки пай дар пайи якдигар вуқӯъ мепазирад (мисли ҳодисаи сӯзондан, ки пас аз шӯълавар шудани оташ воқеъ мешавад), барои он аст, ки одат бар он ҷорӣ шуда ва миёни онҳо алоқае вуҷуд надорад. Масалан, сӯхтан, ки аз оташ ба зуҳур мерасад ва ё рафъи ташнагӣ, ки аз хӯрдани об ҳосил мегардад, бад-он сабаб нест, ки оташ ё об ба худии худ месӯзонад ва ё ташнагиро бартараф мекунад, балки Ҳақ Таъоло одат бар ин қарор додааст, ки ин натиҷа аз обу оташ ба зуҳур расад. Ва ҳаргоҳ ирода кунад, оташ ва об ин хоссиятро надоранд… Мавлоно дар ин абёт назар бад-ин ақида дорад ва тамсили оташ ба саги туркман барои он аст, ки саг миёни ошно ва бегона фарқ мегузорад ва аз вай ду феъли мухолиф содир мегардад. (Шарҳи Маснавии Шариф, ч.1, с.320)

Лозим ба ёдоварист, ақидаи Ашоъира ва ба табаъи он, Мавлоно ва бархе аз сӯфия дар ин боб, тибқи бурҳонҳо ва далелҳои мутқани ақлӣ носавоб ва нодуруст аст. Иншоаллоҳ дар ҷойи муносиб роҷеъ ба ин матлаб баҳс хоҳем орост.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: