Перейти к содержимому

Диранге бар мақолаи Нуриддин Шаҳобиддинов таҳти унвони “Мазҳаб ва инкишоф”

Фикр мекардам, “ҷоҳилу нодону кавдан” пиндоштани дигарон, ба хусус диндорон, фақат махсуси “донишмандони” даврони Шӯравист – зеро пиндорашон ин буд, ки мулло ҷамоат чизе намефаҳмад – аммо шӯрбахтона, мебинем, ки ин одати зишт ҳанӯз ҳам дар миёни олимнамоҳои Тоҷикистон, лоақал дар миёни порае аз онҳо, пойбарҷо будааст. Аҷиб одамоне ҳастанд! Ҳар чи дар зеҳнашон омад, бидуни кучактарин таъаммулу эҳсоси масъулият, рӯи коғаз мекоранд.

Мақолаи ҷаноби Нуриддин Шаҳобиддинов (таҳти унвони “Мазҳаб ва инкишоф”), як намунаи боризи он аст. Чанд мулоҳиза ҳаст, ки лозим дидам дар иртибот бо ин мақола ёдовар бишавам. Номашро нақд ҳам намегузорам, зеро нақд, ғолибан бар матолиби илмӣ ва дар хӯри таваҷҷӯҳ навишта мешавад, на бар ҳар чаранде.

Ҳоло, ин мулоҳизот:

а) Нуктаи аввал ва калидӣ дар ин мақола он аст, ки муаллиф, дину тавсиъа (ва ба қавли худаш, “мазҳаб ва инкишоф”)-ро ду падидаи мунтаноқиз, ки бо ҳам қобили ҷамъ нестанд ва душмананд, қаламдод мекунад; мегӯяд:

Мазҳаб ва инкишоф бо ҳамдигар ҳеҷ гуна хешовандӣ надоранд. Онҳо дар қутбҳои мухолиф қарор мегиранд…

Мепурсем: чаро? Мегӯяд:

Мазҳаб ин мафҳуми хоси биниши метафизика ва инкишоф бошад ин ҷавҳари биниши диалектикиро ташкил медиҳад. Ду тарзи бинише, ки комилан бо ҳам созгор нестанд. Биниши асили диалектикӣ ҳеҷгуна чизи пойдорро на дар табиат, на дар ҷамъият ва на дар тафаккур қабул надорад. Ҳама чиз дар ҳолати таҳаввули ҳамешагӣ қарор дорад.”

Гӯем: ин ҳамон дидгоҳе аст, ки фалосифаи материалист матраҳ кардаанд, ки ҷаноби Шаҳобиддинов тӯтивор онро такрор кардааст. Аз назари материалистҳо, дин яъне як мушт мафоҳими “шахшуда, ҷомид ва сокин”. Ва дар муқобил, дидгоҳҳои онҳо (дидгоҳи материалистҳо) “пӯё ва мутаҳаррик” аст. Аз ин рӯ, ин ҷамоат фалсафаи худро “фалсафаи илмӣ” ҳам меноманд; ба ин маъно, ки гӯё, дидгоҳҳои фалсафии онҳо, бо хориҷи зеҳн ҳамоҳанг аст, яъне, ҳамон тавр ки хориҷи зеҳн, дар тағйиру таҳаввули доимӣ аст, оро ва назариёти онҳо низ — ки он ҳам ҷузъе аз олами табиат аст – дар тағйиру таҳаввули доимӣ аст.

Ин пиндор, ҷавҳари ин тарзи тафаккур аст, ки вақте бепоя будани он собит мегардад, он гоҳ тамоми андешаву афкоре, ки бар он устувор аст, бепоя буданаш собит хоҳад шуд.

Шоиста аст ёдовар бишавем, ки бар ин дидгоҳи бепоя, пеш аз фалосифаи исломӣ, худи фалосифаи ғарбӣ посухҳои дандоншикане додаанд, ки зоҳиран Шаҳобиддинов ва амсоли ӯ, аз он дидгоҳҳо бехабаранд. Хулосаи он дидгоҳҳо чунин аст:

1) Он чи дар тағйиру таҳаввули доимӣ аст, ин “модда” аст. Дар ин шакке нест. Ва ин дидгоҳ, дидгоҳе ҷадид ҳам нест. Дар Юнони бостон ҳам матраҳ буд. 500 сол пеш, Мулло Садрои Шерозӣ, ориф ва файласуфи шаҳири исломӣ, бо бурҳону далелҳои муҳками ақлӣ собит кард, ки дар олами модда, на танҳо аъроз, балки ҷавоҳир низ дар ҳаракату такопӯи доимӣ ҳастанд; дар олами табиат, мо чизе “сокин” ва “исто” надорем. (Руҷӯъ шавад ба: “Ҳикмати мутаъолия”, фасли “Ҳаракати ҷавҳарӣ”) Бино бар назари Мулло Садро, олами табиат, олами “шудан” аст, на “будан”, яъне ҳеч чизе дар олами табиат вуҷуд надорад, ки битавон рӯи он даст гузошт ва гуфт, ин, ҳамин аст! Ҳама чиз лаҳза ба лаҳза дар тағйиру таҳаввул аст.

Асосан, фалосифаи материалист ин дидгоҳро мадюни Ҳегел ҳастанд, дар воқеъ аз мантиқи ӯ онро баргирифта ва чизҳое – ба гумони худашон — бар он афзуда ва номашро гузоштаанд “материализми илмӣ”.

Бинобар ин, он чи Шаҳобиддинов мегӯяд, ки: “Биниши асили диалектикӣ ҳеҷгуна чизи пойдорро на дар табиат, на дар ҷамъият ва на дар тафаккур қабул надорад”, дар мавриди “табиат” ҳарфаш дуруст аст ва аҳаде — аз ҷумла фалосифа ва донишмандон ва мутакаллимони исломӣ онро на танҳо қабул, балки бурҳонҳои ақлие бар он барпо доштаанд (Руҷӯъ шавад ба: “Шарҳи Мақосиди Тафтозонӣ) — ва дар робита бо “ҷомеа” ҳам дуруст мегӯяд ва касе мункири он нест, аммо дар шиққи севвум, яъне дар “тафаккур”, материалистҳо муртакиби як иштибоҳи фоҳиш шудаанд ва худашон ҳам мутаваҷҷеҳ нестанд.

Тавзеҳ он ки: зеҳни инсон — ки ҷойгоҳи тафаккуроту андешаҳои ӯст – аз ду ҷиҳат ба он нигоҳ мешавад: аз як нигоҳ, зеҳн, ба унвони як падида, аз мақулаи “кайф” аст ва дар ҳоли ҳаракату такопӯи доимӣ аст, аммо аз нигоҳе дигар, мунъакискунандаи ашё аст; аз ин нигоҳ, кораш фақат нақшпазирӣ ва инъикос асту бас. Дуруст мисли ойина. Шумо, як вақт ба ойина ба унвони як падидае, ки аз санг ё ашёи дигар сохта шудааст нигоҳ мекунед ва нигоҳатон фақат ба ҳамин ҷанбаи ойина аст. Аммо як вақти дигар, ба ойина ба унвони шаъйе, ки сурати ашё дар он мунъакис мешавад, нигоҳ мекунед.

Зеҳни инсон ҳам ҳамин гуна аст. Он чи дар тағйиру таҳаввули доимӣ аст, ҷанбаи аввали зеҳн аст, на ҷанбаи дуввуми он. Материалистҳо гумон кардаанд, ки зеҳн, чун ҷузъе аз олами табиат аст, пас ҳар чи дар зеҳн мунъакис мешавад низ, мебоист дар тағйиру таҳаввул бошад. Ва ин, иштибоҳ аст.

Ҳол он ки: зеҳн, аз ҷанбаи дуввум, яъне ҷанбаи инъикос ва нақшпазирӣ, асосан тағйиру таҳаввул дар он маъно надорад. Балки кораш фақат нақшпазирӣ аз хориҷ асту бас. Он чи дар тағйиру таҳаввули доимӣ аст, мисдоқи шаъй аст, ки дар хориҷ вуҷуд дорад, на сурати он шаъй дар зеҳн. (Диққат шавад!) Масалан, ин гузораҳо, ки: “Арасту шогирди Афлотун аст” ё “Душанбе пойтахти Тоҷикистон аст” ва ё “Исмоил поягузори давлати Сомониён аст”, ин гузораҳо, ба унвони андешаҳои зеҳнӣ, ё рост ҳастанд ё дурӯғ, яъне, ё мутобиқ бо мисдоқи хориҷии худ ҳастанд ва ё нестанд. Агар мутобиқ ҳастанд, пас, ин татобуқ ҳамеша ва доимӣ аст, ва агар мутобиқ нестанд, ҳамеша ва доиман дурӯғ ҳастанд.

Асосан, агар ин тасаввуроти зеҳнӣ, дар тағйиру таҳаввули доимӣ мебуданд, пас, ба унвони ҷузъе аз воқеият, коре ба мо ва тарзи тафаккури мо надоштанд; ва мо ҳам наметавонистем ба сурате дигар онҳоро тасаввур намоем. Ва дар ин сурат, тақсими афрод ба афроде бо андешаҳои ҷомиду шахшуда, ва афроде бо андешаҳои пӯё ва мутаҳаррик – чунонки материалистҳо мекунанд — маъно надошт.

2) Ҳоло яке ду мисол мезанам ва аз ҷаноби Шаҳобиддинов мепурсам, ки оё дар ин маворид, эшон шахшуда ва ҷомид меандешанд ва ё пӯё ва мутаҳаррик?

Қатъан ин андешаҳо дар зеҳни шумо вуҷуд доранд: “Ҳар маълуле иллате дорад”, “5 зарби дар 5, 25 аст”, “Замин дар гирди хуршед мечархад” ва ғайра… ва шумо ба дурустии ин андешаҳо яқин доред, ба ин маъно, ки шумо ин андешаҳоро мутобиқ бо воқеъ (мутобиқ бо мисдоқи хориҷии онҳо) мешуморед. Хуб, ҳоло ин андешаҳо (ба унвони андеша ва тафаккур, на мисдоқи хориҷии онҳо), оё мутаҳаррик ва дар тағйиру таҳаввуланд, ё ин ки собит ҳастанд? Такрор мекунам, худи ин андешаҳо ва тасаввуроти зеҳнӣ, на мисдоқи хориҷии онҳо?

Агар гуфтед, тасаввури зеҳнии “5 зарби дар 5, 25” масалан, тасаввуре мутағайир аст, яъне ин тасаввури зеҳнӣ, дар натиҷаи тағйиру таҳаввули доимӣ, рӯзе шояд ба “5 зарби дар 5, 26” табдил ёбад, ҳар шунавандаеро ба ханда водоштаед. Аммо агар гуфтед, ин андешаҳои зеҳнӣ, ба ҳамин шакл буданд ва ба ҳамин шакл боқӣ хоҳанд монд, пас шумо ҳам “ҷомиду шахшуда” меандешидаед.

Бинобар ин, инсон бояд байни мисдоқҳои хориҷии ашё — ки ҳамеша ва доиман дар тағйиру таҳаввул ҳастанд — ва байни мафҳуми зеҳнии онҳо (яъне сурати онҳо дар зеҳн) фарқ гузорад. Дар мартибаи зеҳн, тасаввуроти зеҳнӣ ё рост ҳастанд ва ё дурӯғ; ки агар рост буданд (яъне мутобиқ бо мисдоқ ва воқеи хориҷии худ буданд), ҳамеша ва доиман рост ҳастанд, ва агар дурӯғ ҳастанд (яъне бо воқеъ ва мисдоқи хориҷии худ мутобиқ набуданд), ҳамеша ва доиман дурӯғ ҳастанд, на ин ки масалан дар як замон рост буда ва бо мурури замон дурӯғ гардида бошанд.

Фикр мекунам, масъала равшантар аз он аст, ки ниёз ба шарҳу тавзеҳ дошта бошад.

Албатта, як баҳси дигар дар робита бо ҳамин мавзӯъ вуҷуд дорад, ки феълан вориди он намешавам, зеро мақола гунҷоиши онро надорад. Хулосаи он ин аст, ки фалосифа, ба хусус фалосифаи исломӣ — аз Кендӣ ва Форобӣ ва Ибни Сино то Мулло Садро ва ғайра – ба таваҷҷӯҳ ба ин ки мафоҳими зеҳнӣ чун хусусиёти моддаро надоранд (мисли ин ки тақсимпазир нестанд ва ғайра…), онҳоро аз синхи модда намедонанд, балки онҳоро муҷаррад мешуморанд, ки баҳсаш тӯлонист ва феълан вориди ҷузъиёти он намешавам.

* * *

б) Нуктаи дигар он ки: мафоҳими динӣ (манзурам, мафоҳими исломӣ аст, феълан коре ба соири адён надорам) — ки Шаҳобиддинов ва амсоли вай, онро “шахшуда ва собит” дониста ва гумон мекунанд, ки пойбандӣ ба ин мафоҳим, бо пешрафт ва ба қавли худашон, “инкишоф” душман ҳастанд — ин мафоҳим ба ин далел собит ҳастанд, ки нозир ба ҷанбаи собити “ҷомеа” ва “инсон” ҳастанд; ва ҳеч оқиле то кунун нагуфтааст, ки эътиқод ба ин мафоҳим ва пойбандӣ ба онҳо, монеъи пешрафт будааст. Ҳам “инсон” ва ҳам “ҷомеа”, агар ниёзҳои мутағайире доранд, ниёзҳои собите ҳам доранд, ки ҳаргиз дастхуши тағйиру таҳаввул набудаанд.

Масалан, ислом мегӯяд, “рост бигӯед”. Ин мафҳум (ва дастур), як мафҳуми собит аст. Ё мегӯяд, “ба адлу дод қиём кунед”. Ин мафҳум (ва дастур) низ собит аст. Башар, аз оғоз то кунун, ин мафоҳимро мафоҳиме собит донистааст. Яъне чунин набудааст, ки рост гуфтан, замоне, нописанд ва замоне дигар писандида дониста шавад. Ё қиёми ба адлу дод, замоне писандида ва замоне дигар нописанд дониста шавад. Шахшуда яъне чӣ? Ва ё ислом мегӯяд, бояд Офаридгорро парастиш (ибодат) кард. Оё ин дастур, кӯҳнаву нав дорад? Шояд шакли ибодатҳо мутағйир бошанд, аммо асли парастиш, ба унвони як ниёзи фитрии инсон (ба ақидаи мо, мусалмонҳо) ниёзе собит аст.

Асосан, ин чизҳо ва эътиқод ба онҳо, рабте ба “пешрафт” ва ба қавли Шаҳобиддинов, “инкишоф” ва ё адами пешрафт надоранд. Яъне, чунин нест, ки агар як одам – чӣ мусалмон аст вай ва чӣ атеист – агар мӯътақид бошад, ки “бояд ростгӯ буд”, “набояд дурӯғ гуфт”, “набояд ғайбат кард”, “бояд Худоро парастид” ва ба ин дастурот пойбанд бошад, ақибафтодагӣ домангири вай гардад. Чунин нест. Ин чӣ натиҷагирии масхара аст, ки мегӯяд: “Агар нафаре, ки инкишофро мепазирад, пеш аз ҳама бояд аз имон ва эътиқод ба чизҳое, ки дар гузашта таъйин гардидаанд, даст бардорад. Инкишоф ҳеҷгуна арзиш ва маънии пойдор ва устуворро намешиносад, он рӯ ба оянда дорад, аммо имон ва эътиқод ин пойбандӣ ба маъниҳои гузашта ва исрор бар сари онҳоро ифода менамоянд. Имон ва эътиқод ин исрорварзӣ ба мазмун ва ё сифати мавҷуда мебошанд ва инкишоф бошад айнан зидди он.”

Асосан бовар ба Худо — ки гавҳари ҳар динеро ташкил медиҳад — ва адами бовар ба ӯ, рабте ба “инкишоф” надорад. Ва болотар аз ин, ҳатто агар касе мӯътақид ба хурофа бошад ҳам, ин бовари вай, ҳеч рабте ба пешрафту “инкишоф” ва адами он надорад. Як бор, як филми мустанаде дар бораи як донишманди ҳиндӣ, ки дар NASA кор мекардааст, дар телевизиюн пахш шуд, филми ҷолибе буд. Дар бораи ҳаёт ва зиндагии ин донишманди муваффақи ҳиндӣ буд. Як ҷойи ҷолибаш ин буд, ки ин донишманд, шадидан боварманд ба дини худаш – яке аз адёни роиҷи ҳинду, ки маймунро тақдис мекунанд – будааст, ки аз назари мо, мусалмонҳо, хурофа аст. Дар ин филм, саҳнаҳое аз ҳаёти ӯ нишон дода мешуд, ки дар рӯзҳои таътилӣ, ба як маъбад, ки пур аз муҷассамаҳои маймун аст меравад ва ба маросими ибодии худ мепардозад; ва ҷолиб ин ки мегӯяд, ҳар чи дорам, ба баракати эътиқодам аст!

* * *

в) Бовар ва пойбандӣ ба ислом, ба унвони як ойини хотам, на танҳо монеъ аз пешрафт нест, балки бо таваҷҷӯҳ ба оятҳо ва ривоятҳои исломӣ ва ба гувоҳии таърих, муҳаррик ва мушаввиқи башарият ба сӯи пешрафт ва “инкишоф” (ба қавли Шаҳобиддинов) будааст. Чаро? Ба ин далел, ки пешрафт ё адами пешрафт, марбут ба донишандӯзӣ аст. Вақте Паёмбари ислом (с) мегӯяд: “Аз гаҳвора то ба гӯр илм биомӯзед”, “Донишро ҳатто аз дасти як мушрик ҳам бошад, фаро бигиред”, “Илмро ҳарчанд дар Чин бошад, биомӯзед” ва ғайра – аз даҳҳо ва садҳо ривоёт, ки дар манобеи исломӣ ворид омаданд – хуб, ин ташвиқу тарғибҳо ба донишандӯзӣ, пеш аз ҳар чизи дигар, боиси пешрафту тараққии инсон ва ҷомеа буданд. Ва ба гувоҳии таърих, пас аз зуҳури ислом, як ҷаҳиши васфнопазире дар ҷаҳони ислом дар заминаи пешрафт рух дод, ки таърих бароямон нақл мекунад. Ин ташвиқҳои ислом буд ва ин ташвиқҳои ҳазрати Паёмбар (с) ба донишандӯзӣ буд, ки ин ҷаҳиш рух дод. Инҷо фақат тавсия мекунам, таърихи ислом дар қуруни вусторо мутолеа бифармоед, ки дар замоне ки Мағрибзамин дар ҷаҳолат фурӯ рафта буд, ҷаҳони ислом машъалдори пешрафту тараққӣ буд. Ин ҳақоиқро фақат як кӯру нобино ва ё як муғризи мутаъассиб метавонад инкор кунад.

* * *

г) Нуктаи ахир он, ки: ду се сол пеш дар яке ду мақола – дар радди навиштаи Ҳафиз Бобоёров дар робита бо “миёнаравӣ” – барояш гӯшзад карда будам, ки агар мехоҳед роҷеъ ба маорифи исломӣ чизе бинависед ё изҳори назар кунед, аввал хуб мутолеа кунед, вагарна худатонро шарманда кардаед. Ҳамин тазаккурро ба шумо, ҷаноби Шаҳобиддинов низ медиҳам.

Ин чӣ чаранде аст, ки мегӯед: “Бузургтарин ва дурандештарин файласуфи мазҳабӣ Муҳаммади Ғаззолӣ дар ин маврид то андозае ҳассосият нишон медод, ки ҳатто дар назари муътадили Ибни Сино, ки муносибати Худо ва ҷаҳонро ҳамчун муносибати сабаб ва натиҷа қаламдод карда буд, як навъ хатар барои дини Ислом шинохт ва ба радди он бархост ва ин муносибатро ҳамчун муносибати холиқ ва махлуқ тафсир намуд.”?

Ин ёваро аз куҷо пайдо кардед? Чӣ касе гуфтааст, ки мухолифати Имом Ғаззолӣ бо Ибни Сино, дар ин маврид будааст? Мухолифати Имом Ғаззолӣ бо Бӯалӣ, яке дар мавриди “қидмати олам” ва дигар, дар мавриди “маъоди руҳонӣ” аст. Асосан, Ғаззолӣ дар ҳеч ҷое аз осораш, дар робита бо бурҳони Бӯалӣ бар “вуҷуди Офаридгор” (ки “бурҳони сиддиқин” ном дорад, на “сабаб ва натиҷа”, ки намедонам ин истилоҳотро аз куҷо меёбед) ҳарфе назада.

* * *

Феълан, ба ҳамин андоза иктифо мекунам. Агар зарурат пеш омад, боз бармегардем.

Саломат бошед!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: