Перейти к содержимому

Дурӯғ

Ба қалами Зафари Сӯфӣ

Мегӯянд: умри дурӯғ кӯтоҳ аст. Воқеан ин ҳикматро умри дурӯғи мақомоти Тоҷикистон бори дигар собит кард. Ҳамин дурӯғи шохдорашон дар мавриди ошӯб дар зиндонро мегӯям; ҳатто як рӯз накашид умри ин дурӯғ, ки шояд рӯзҳову моҳҳо барояш барномарезӣ карда буданд.

Фақат ду акс аз ҷасади равоншод Махсуми Абдусаттор барои ҳама нишон дод ва далеле раднопазир шуд, ки мақомоти Тоҷикистон дар камоли кавданӣ дурӯғ гуфтаанд. Ҳоло аз тариқи як гурӯҳи гумному бадномаш мехоҳад рӯи ин шармандагияшро бипӯшонад. Ба гумони ботили худашон таҳоҷуми иттилоотиро дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳандозӣ кардаанд. Инҳо ё хабар надоранд, ё огоҳанду пазируфтан намехоҳанд, ки ташти бадномияшон аз бом уфтод. Дигар ҷаҳон огоҳ шудаву огоҳ мешавад, ки зиндониёнро дар камоли бераҳмӣ дар як маҳватаи танг қатли омм кардаанд.

Дурӯғи ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди ошӯб дар зиндон, таи чанд соати пас аз ҳодиса бо чанд бор тағйир кардани ривояти ҳодиса хеле зуд эътимодбахш набуданашро ба намоиш гузошт. Ин ҳам дар ҳоле, ки пас аз нашри акси ҷасади Махсуми Абдусаттор ва ҷои захми тир дар баногӯши ӯ комилан дурӯғ буданаш собит шуд. Ин амр аз як сӯ дурӯғгӯ будани мақомотро, аз сӯи дигар кавданӣ ва бетадбирияшонро нишон дод. Онҳо, ки ин ҳама сол талош доштанд ва шояд миллионҳо доллар харҷ карданд, ки иттиҳоми ба ҲНИТ бастаашон дар мавриди иртиботи ин ҳизб бо гуруҳҳои терористӣ мисли ДОИШро ба афкори умумӣ биқабулонанд, бо ин эъломи худ ҳама талошашонро нақше бар об карданд ва худ нохоста ҲНИТро аз ин иттиҳом табриа намуданд. Эъломи дар зиндон кушта шудани узви собиқи Раёсати ҲНИТ бо дасти ошӯбгарони узви ҳаракати терористии “Давлати исломӣ” дурӯғи чандинсолаи мақомоти Точикистонро ошкор кард.

Ҳоло дигар ҳар чи талош кунанд, ҳар чи онҳоеро, ки ҳарфи ҳақро гуфтанду мегӯянд ва дар баробари зулми ҳукумат эътироз кардаву мекунанд, бад ҷилва доданӣ шаванд ҳам суде ба ҳолашон нахоҳад дошт. Ба ҳарфи дурӯғгӯ ҳеч одами оқил бовар намекунад. Натиҷагирӣ ҳам ҷуз ин нест, ки ошӯби зиндониён тарроҳишуда дар утоқи кории мақмоти Тоҷикистон будааст!

Дар ин миён бе адои намози ҷаноза гӯр кардани бархе аз зиндониёни кушташуда боз ҳам ин тахминро ба яқин бадал мегардонад, ки мақомоти Тоҷикистон барои сарпӯш ниҳодан ба аломатҳои ҷинояткоронаашон нахостанд ҷасади кушташудаҳоро ба хешу наздиконашон нишон диҳанд. Агар тарс аз ошкор шудани ҷинояташон намедоштанд, ҳатман иҷоза медоданд, ки ҷасадҳоро хешу ақрабо бибинанд. Албатта ҳама ҷузъиёти ин ҷиноят ҳатман рӯзе ошкор хоҳад шуд. Агар тарроҳон ва муҷриёни он пештар аз ошкор шудани ҷинояту ба ҷазо расиданашон ба дарак восил шаванд, ҳатман бадномияш дар ин дунё ҷазое барои бозмондагонашон хоҳад буд ва худашон дар он дунё ҷавоб хоҳанд гуфт.

Дар ин ҷо, зикри як нуктаи дигарро лозим медонам. Бо таваҷҷуҳ ба он ки барои амалаш ҷазо гирифта ва ҳатто агар рост будани ҳарфи мақомотро бипазирем, яъне терорист ҳам буда, боз чун кушта шуд, оё ҳамин бе адои намози ҷаноза гӯрондани як мусалмон амали мусалмонӣ ва гузашта аз ин дар чорчӯби ахлоқу инсофи инсонӣ аст? Ҷасад ки дигар таҳдиде ба касе надорад. Ё ҳукумат ҳатто аз ҷасад метарсад? Ман ки бовар надорам! Ин амр фақат барои пинҳон кардани осори ҷиноят метавонад бошад. Агар воқеан тирборонашон накарда бошанд, чаро нагузоштанд хешу табори кушташудаҳо тибқи оини мусалмонӣ онҳоро ба хок супоранд?

Ҳама гуна хушунат ва даҳшатафканӣ бо ҳар тавҷеҳу ҳар дидгоҳе ҳам тарроҳӣ ва анҷом шавад маҳкум аст. Ҳеч инсони дорои ақли солим тероризмро пуштибонӣ ё тавҷеҳ намекунад. Албатта ин амр фақат ба амалҳои терористии ин ё он афрооду гурӯҳ хатм намешавад. Тероризм дар сатҳи давлат хатарноктарин намунаи даҳшатафканӣ мебошад. Дар ростои расидан ба манфиатҳои шахсӣ ва гурӯҳӣ талош барои дар ҳолати тарс нигоҳ доштани миллионҳо инсон ҷиноят алайҳи инсоният ва тероризм аст.

Бо ошкор шудани ҷузъиёти бештари қатли ом дар зиндони “Кирпичний” ҳатман боз ба баррасии ҷанбаҳои дигари ин ҷиноят хоҳем пардохт.

Фейсбук

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: