Перейти к содержимому

Кабирӣ: “Гунаҳкори аслии фоҷеаи зиндони Ваҳдат, шахси Раҳмон аст”

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон, бо қатли омм хондани ҳодисаи хунини зиндони “Кирпичний”-и ноҳияи Ваҳдат ва бор кардани тамоми масъулияти ин фоҷеа бар гардани мақомот ба хусус шахси Эмомалӣ Раҳмон, гуфт: “Ба ин далел шахси президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро гунаҳкори аслии ин ҳодиса медонам, ки новобаста аз он, ки бо дасти киҳо ин қатли омм иҷро шуд, аммо фазое, ки имрӯз дар Тоҷикистон ба вуҷуд омадааст, ин фазо бевосита аз ҷониби худи Эмомалӣ Раҳмон тарҳрезӣ ва шакл гирифтааст.”

Муҳиддин Кабирӣ дар суханронии онлойни дирӯзи худ (22 май), ки аз тариқи коноли “Паймон” ба сурати зинда пахш шуд, гуфт: “Вақте, ки мо дар бораи омилҳо ва сабабҳои ин қатли омм сӯҳбат мекунем, бояд чанд нуктаро ба назар гирем. Пеш аз ҳама ман бо дарки масъулият ин ҳодисаро қатли омми тоҷикон ё худ шаҳрвандони Тоҷикистон дар зиндони ба истилоҳ “Кирпичний”-и Ваҳдат медонам.”

Ба гузориши сойти Паём, Кабирӣ афзуд: “Новобаста аз он ки иҷрокунандаи аслии ин қатли омм ҳукумати Тоҷикистон буд ё мақомдорони зиндон ё аз рӯи версияе, ки мақомдорони Тоҷикистон эълон карданд, ДОИШ буд, ва новобаста аз он ки силоҳ дар дасти кӣ буд, бидуни шак ва бе ягон дудилагӣ, масъули асосии ин казияро ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба хусус президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон медонам.”

Раҳбари Паймони Миллӣ ба гузинаи ироакардаи ҳукумат шубҳа кард ва гуфт: “Ҳоло намехоҳам гузинаеро, ки мо ба он бовар дорем эълон кунам, зеро бисёр мехостам, ки мақомот таҳқиқоти худро анҷом бидиҳанд; ҳамон тавре, ки мо қаблан ҳам эълон ва талаб кардем, ки бояд як коммиссияи мустақил аз ҳисоби созмонҳои ҳуқуқи башари байналмилалӣ ва маҳаллӣ, Салиби сурх ва аз ҳисоби пайвандони зиндониён ташкил карда шавад.”

Кабирӣ афзуд: “Ва на фақат қазияи зиндони Ваҳдат, балки зиндони Хуҷанд ҳам таҳқиқ шавад. Ҷомеа ҳақ дорад талаб кунад, ки ҳукумат гузориш ва шарҳ диҳад, ки дар зиндони Хуҷанд ва Вахдат чӣ гузашт.”

Ӯ идома дод: “Ин маҳбусон ҷавонҳое буданд, ки синни аксарияташон аз 20 то 30-сола буд. Онҳо ягон мева ва ё сабзавот набуданд, ки тавон дар як рӯз онҳоро аз байн бурд. Ҳар кадоми онҳо даҳҳо ва садҳо хешу табор доранд, ки имрӯз дар таъзия нишастаанд ва мотам доранд. Онҳо ҳама шаҳрванди Тоҷикистон ҳастанд. Ҳукумат вазифадор аст, ки ба саволи онҳо ва ҷомеа ҷавоб диҳад.”

Муҳиддин Кабирӣ дар идома афзуд: “Ба ин далел шахси президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро гунаҳкори аслии ин ҳодиса медонам, ки новобаста аз он, ки бо дасти киҳо ин қатли омм иҷро шуд, аммо фазое, ки имрӯз дар Тоҷикистон ба вуҷуд омадааст, ин фазо бевосита аз ҷониби худи Эмомалӣ Раҳмон тарҳрезӣ ва шакл гирифтааст. Зиндон ҳам як ҷузъи ҷомеаи Тоҷикистон аст.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: