Перейти к содержимому

Чомски: “Ҳанӯз дер нашуда, мо бояд ҷилави ин ҷангро бигирем!”

Назарияпардоз ва андешаманди матраҳи омрикоӣ мегӯяд, далели фишорҳои Вошингтун ба Эрон ин аст, ки ин кишвар тавониста ба наҳве муваффақиятомез дар баробари Омрико муқовимат кунад.

Нуом Чомски (Noam Chomsky), назарияпардоз ва андешаманди матраҳи омрикоӣ, тайи ёддоште дар нашрияи омрикоии Inthesetimes, ба иқдомоти таҳрикомези ахири Вошингтун алайҳи Эрон ишора кард ва навишт: “Давлати Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, ба раҳбарии Ҷон Болтон — мушовири амнияти миллии Кохи сафед, барои ҳифзи нуфузи Омрико, ба дунболи фишор ба Эрон аст.”

Вай идома дод: “Намунаҳои зиёде дар таърих дорем, ки нишон медиҳад, баҳона тарошидан барои ҳамла ба як кишвар, дигар содда аст ва имрӯз низ давлати Тромп ба раҳбарии Болтон, дар ҳоли даст ба даст кардани достонҳое аз суирафторҳои Эрон аст.”

Бино ба эътиқоди Чомски, Омрико ба дунболи поён додан ба “муқовимати муваффақиятомез”-и кишварҳои дигар дар муқобили Омрико будааст, ва аз назари вай, фишор ба Эрон яке аз аносури барномаи байналмилалӣ барои ба рух кашидани қудрати Омрико барои поён додан ба “муқовимати муваффақиятомез” дар муқобили арбоби ҷаҳон мебошад ва ба ҳамин далел ҳам буда, ки Омрико ба муддати 60 сол Куборо мавриди танбеҳи худ қарор додааст.

Чомски дар ин ёдошт тасреҳ кард: “Аз инқилоби 1979 то кунун, ҷурми Эрон муқовимати муваффақиятомез дар муқобили Омрико будааст.”

Тибқи гуфтаи Чомски, дар замони ҳукумати охирин подшоҳи Эрон, ин кишвар ба ҳамроҳи Арабистон ва режими саҳюнистӣ, ба яке аз сутунҳои Омрико барои контроли ғарби Осиё (Ховари Миёна) табдил шуда буд.

Вай афзуд, Омрико баъд аз ҷанги ҷаҳонии дуввум, ки ҷойгоҳи қудрати ҷаҳониро ба даст овард, контроли роҳбурдии минтақаи муҳимми ғарби Осиёро, ки дорои захоири нафтии густурда аст, дар маркази сиёсатҳои худ қарор додааст.

Чомски сипас ба изҳороти Том Cтивенсон (Tom Stevenson), хабарнигори умури ғарби Осиё ишора кард, ки таъкид карда буд, ки тасаллути Омрико бар халиҷи Форс то ҳудуде аҳрумеро барои Омрико дар муқобили душманон ва ҳампаймононаш ба вуҷуд овардааст ва наметавон нақши халиҷи Форсро дар идораи кунунии ҷаҳон, нодида гирифт.

Чомски сипас идома дод, ки ҳамакнун қобили фаҳм мешавад, ки ба чӣ далел Омрико тоби муқовимати муваффақиятомези кишварҳоро дар минтақа надорад.

Вай тасреҳ кард: “Пас аз суқути шоҳ, Омрико мустақиман аз ҳамлаи Саддом Ҳусайн, раисиҷумҳури маъдуми Ироқ ба Эрон ҳимоят кард ва ба таври зимнӣ, истифодаи вай аз силоҳҳои шимиёиро нодида гирифт ва дар ниҳоят низ бо муҳофизат аз киштиҳои ироқӣ дар халиҷи Форс, вориди мудохилаи мустақим дар ҷанги Эрон ва Ироқ шуд.”

Чомски тасреҳ кард, ки баъд аз поёни ҷанг, дар даврони риёсати ҷумҳурии Ҷорҷ Буши писар, Пентогун ва Вазорати энержии Омрико, муҳандисони ироқиро ба Омрико даъват карданд, то онҳоро таҳти омӯзишҳои пешрафтаи тавлиди силоҳ қарор диҳанд ва аз он замон, таҳримҳои сахт ва ҳамалоти сойберӣ барои муҷозоти Эрон мавриди истифода қарор гирифт.

Нуом Чомски бо ишора ба ин маворид идома дод: “Бар хилофи маншури Созмони Милал, ки таҳдид ё истифода аз зӯрро мамнӯъ эълом мекунад, раҳбарони сиёсии Омрико ҳушдор додаанд, ки тамомии гузинаҳои ҳамла ба Эрон, рӯи миз қарор дорад.”

Он тавр, ки Чомски дар ёддошти худ баён кардааст: “Омрико ба таври мудовим Эронро таҳдиде барои сулҳи ҷаҳон талаққӣ мекунад, ва ин дар ҳоле аст, ки манобеи иттилоотии Омрико гузориш додаанд, ки дуктурини низомии Эрон дифоӣ аст ва барои кунд кардани ҳамла ва пешбурди як роҳи ҳалли диплумотик барои душманиҳо тарроҳӣ шудааст.” Ба гуфтаи Чомски, “Эрон талош мекунад дар баробари тарафҳои хориҷии мутахосим, боздорандагӣ эҷод кунад.”

Чомски сипас идома дод: “Созмонҳои иттилоотии Омрико дар соли 2007 ва 2012, эътироф карданд, ки Эрон дар ҳоли ҳозир як барномаи таслиҳотии атомӣ надорад ва бинобар ин, барои онҳое, ки мехоҳанд озодона дар минтақа ваҳшигарӣ ва эъмоли хушунат кунанд, “боздорандагӣ” як таҳдиди ғайриқобили таҳаммул ва ҳатто бадтар аз “муқовимати муваффақиятомез” аст.”

Ин назарияпардози омрикоӣ тасреҳ кард: “Алорағми он ки Барҷом як тавофуқи мавриди таъйиди Шӯрои амният буд ва пойбандии Эрон ба таъаҳҳудоташ таъйид шуда буд, давлати Тромп аз он хориҷ шуд ва ҷангталабон муддаӣ шуданд, ки ин тавофуқ кофӣ набудааст ва бо вуҷуди он ки роҳҳои соддае ҳамчун ҳаракат ба сӯи минтақаи орӣ аз силоҳҳои атоми (NWFZ) дар ғарби Осиё низ вуҷуд дорад ва кишварҳои арабӣ, Эрон ва G-77 (кишварҳои собиқи адами таъаҳҳуд) аз он ҳимоят кардаанд, Омрико ин тарҳро дар конфронси 2015 (конфронсе ҷиҳати манъи густариши силоҳҳои атомӣ) вето кард ва далели аслии он ҳамон тавр, ки ҳама медонанд, ин буд, ки ин тарҳ, Омрикоро мулзам мекунад, то расман эътироф кунад, ки Исроил силоҳҳои атомӣ дорад ва ҳатто бозбинӣ аз зарродхонаҳои онро муҷоз мекунад, ки ин қазия низ барои Омрико ғайриқобили таҳаммул аст.”

Чомски идома дод: “Наметавон фаромӯш кард, ки Омрико ба ҳамроҳи Ангилис, масъулияти мунҳасир ба фарде дар эҷоди Ховари Миёнаи орӣ аз силоҳҳои ҳастаӣ доштанд ва он замоне буд, ки мехостанд аз ин амр ба унвони як пӯшиши қонунӣ барои ҳамла ба Ироқ истифода кунанд. Дар он замон ин ду кишвари муҳоҷим муддаӣ шуданд, ки Саддом дар таноқуз бо қатъномаҳои 687 ва 1991-и Шӯрои амнияти Созмони Милал, дар ҳоли тавсиъаи силоҳҳои шимиёӣ аст, вале баъд аз ҷанги халиҷи Форс, ки Саддомро муваззаф ба поён додан ба чунин барномаҳое карданд, таваҷҷӯҳи андаке ба моддаи 14 шуд, ки хостори “бардошта шудани гомҳое дар ҷиҳати эҷоди минтақаи орӣ аз силоҳҳои куштори ҷамъӣ дар Ховари Миёна” мешавад.”

Чомски дар бораи рӯйкардҳои мутаноқизи Омрико тавзеҳ дод: “Қобили таваҷҷӯҳ аст, ки дар замони ҳукумати шоҳ дар Эрон, нигаронии андаке дар бораи қасди Эрон барои тавсиъаи силоҳҳои ҳастаӣ дошт.”

Вай идома дод, ки шоҳи Эрон ба вузуҳ ба хабарнигорони хориҷӣ гуфта буд, ки Эрон “қатъан ва зудтар аз он чи, ки гумон мешавад, силоҳҳои ҳастаӣ тавлид мекунад ва раиси Созмони энержии атомии Эрон итминон дошт, ки подшоҳи Эрон қасди сохти бомби атомро дорад.”

Бино ба гуфтаи Чомски, Дик Чени, Дунолд Ромсфелд, Ҳенри Кисинҷер, бо эъмоли фишор ба донишгоҳҳои Омрико, хостори тасҳили барномаи ҳастаии Эрон дар замони шоҳ шуданд ва Кисинҷер дар посух ба ин ки ба чӣ далел иҷозаи пешбурди барномаи ҳастаии Эронро дода буд, гуфт, ки ҳамин кофӣ буд, ки Эрон ҳампаймони Омрико буд.

Чомски сипас бо ишора ба ин маворид таъкид кард, ки “иштибоҳ аст, ки бихоҳем ба дунболи як тафаккури бузурги жеупулитикӣ дар пушти амалкардҳои Тромп бошем. Тромп дорои марази худбузургбинӣ аст, ки дуктурини вай, ҳифзи қудрати шахсӣ аст.”

Ин назарияпардози омрикоӣ дар поён бо ишора ба иқдомоти таҳрикомези Вошингтун алайҳи Эрон навишт: “Қатъан роҳҳои дигаре низ вуҷуд дорад, ки метавон онҳоро дунбол кард ва бояд ҳар чи сареътар бо таҳдиди ҳамла ба Эрон, ки эҳтимолан паёмадҳои фоҷеаборе ба дунбол хоҳад дошт, ба шиддат мухолифат шавад.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: