Перейти к содержимому

“Боғбонҳо”

Акс аз Родию Озодӣ

Фоҷеаи зиндони “Кирпичный” ҳамаро – бидуни истисно, чӣ мухолиф аст вай ва чӣ мувофиқ — такон дод. Ва фикр мекунам, дар 10 соли гузашта, ҳеч руходе ба андозаи ин рухдоди ғамангез, тоҷикҳоро такон надодааст. Бешак, ин ҳодиса суолҳо ва пурсишҳои зиёдеро пеши ҳар як аз мо барангехтааст, ки: чаро чунин шуд? Чаро як тоҷик ҳозир шудааст даст ба якчунин ҷинояте бизанад? Чаро як тоҷик ҳозир шудааст сари як ҳамватани худро аз тан ҷудо бисозад? Оё кина ва адоват то ба ин ҳадд дар вуҷуди мо реша давонида, ки дигар ҳеч хатти қирмизе намешиносем?.. Ва даҳҳо пурсишҳои дигар, ки ҳамаи онҳо ниёз ба посух доранд.

Ҳоло, дар робита бо ин фоҷеа, чӣ ривояти расмии ҳукуматро бипазирем ва бигӯем тавассути пайравони ДОЪИШ сурат гирифта ва чӣ ин ки онро кори дасти худи ҳукумат бидонем, дар ҳар ду сурат, воқеияти талху инкорнопазир он аст, ки шуморе аз зиндониён, бо шумули зиндониёни сиёсӣ, тавассути ҳаммиҳанони худ сарашон аз тан ҷудо ва тирборон шуданд.

Ва ҳунар, дар ин гуна мавоқеъ ва дар ин марҳила аз ҳаёти ҷомеаамон, ин нест, ки ҳар як аз мо, ба хусус коршиносон ва огоҳон, гузоришгари ҳодиса бошем ва бо нақли воқеа ва бо ба намоиш гузоштани тасвирҳои ваҳшатовар аз он, эҳсосоту авотифро барангезем ва таассуф бихӯрем. Ин ҳунар нест. Балки ҳунар он аст, ки бо решаёбӣ ва пайдо кардани иллатҳо ва сабабҳои аслии ин гуна ҳаводиси талх, ба хушконидани он решаҳо ва аз байн бурдани он иллату сабабҳо бароем, то дигар такрор нашаванд. Ҳунар ин аст.

* * *

Дар ин навиштор, нигоранда, ба баёни яке аз аслитарин иллати вуқӯи ин фоҷеа мепардозад. Сабаб ва иллате, ки бо камоли таассуф, дар бештари мо мушоҳида мешавад. Сабаб ва иллате, ки соҳибаш, ба шиддат сиёсатзада ва танҳо ба фикри “бақои худ” дар ҷомеа мебошад. Хуб, ҳоло ин сабаб кадом аст?

Барои донистани ин сабаб, ночорам ҳикояте аз Маснавиро нақл бикунам. Ҳикояте бисёр дарсомӯз. Ҳикояте, ки ҳар як аз мо, пеш аз он ки қаҳрамонҳои онро дар вуҷуди дигарон муҷассам бисозем, аввал бояд дар вуҷуди худамон муҷассамашон намоем.

Ҳикоят аз ин қарор аст, ки: рӯзе се рафиқ, ки ҳар як, гаройиши хоссу мутафовите дошт; яке фақеҳ буд, дигаре шариф (яъне сайид) ва севвуме сӯфӣ, бо ҳам вориди боғе мешаванд ва дар онҷо саргарми гуфтугӯ мегарданд. Боғбон, ки намедонист ин се рафиқ бо чӣ ангезае вориди боғ шудаанд, ин гумон бар ӯ падид омад, ки инҳо барои дуздӣ омадаанд. Пеши худ гуфт, ҳол бояд коре бикунам ва инҳоро аз байн бибарам:

Гуфт: бо инҳо маро сад ҳуҷҷат аст,

Лек ҷамъанду ҷамоат қувват аст.

Мани боғбон, барои бархӯрд ва муқобила бо ин се нафар, бояд байни онҳо ихтилоф андозам ва аз якдигар ҷудояшон созам; ва замоне ки ҳар як, танҳо монданд, як-як аз байн бибарамашон. Зеро инҳо феълан бо ҳаманд ва ман ба танҳоӣ наметавонам аз паси ин ҷамъ бароям.

Ҳила карду кард сӯфиро ба роҳ,

То кунад ёрон-шро бо ӯ табоҳ.

Хулоса, боғбон найранге ба кор баст ва ҳар як аз ин се нафарро дар муқобили ҳам қарор дод. Аввал сӯфиро аз ду рафиқаш ҷудо кард, ва чун сӯфӣ танҳо шуд, ӯро аз байн бурд. Сипас шариф (сайид)-ро алайҳи фақеҳ барангехт, вақте танҳо шуд, ӯро ҳам нобуд кард. Ва саранҷом, вақте фақеҳ танҳо монд, ӯро ҳам аз миён бардошт:

Шуд аз ӯ фориғ, биёмад, к-эй фақеҳ!

Чӣ фақеҳӣ? Эй ту нанги ҳар сафеҳ.

Фатвият ин аст, эй бубридадаст,

К-андаройиву нагӯйӣ амр ҳаст?

Инчунин рухсат бихондӣ дар “Васит”?

Ё будаст ин масъала андар “Муҳит”?

Гуфт: ҳаққ астат, бизан, дастат расид,

Ин сазои он ки аз ёрон бурид.

* * *

Нигоранда, бо нақли ин достон аз Маснавӣ, намехоҳад бигӯяд, ки иллати вуқӯи ҳодисаи хунини зиндони “Кирпичный” он аст, ки яке аз мо “сӯфӣ” будааст, дигаре “шариф” ва севвуме “фақеҳ” ва он гоҳ як дасти бегона (боғбон) моро ба ҷони ҳам афканда. На. Балки мехоҳам бигӯям, иллати аслии вуқӯи ин фоҷеа дар ин аст, ки ҳар як аз мо, “боғбон” гардидаем. “Боғбоне”, ки тамоми дағдағааш “бақои” худаш дар ҷомеа аст, ва мутаассифона “бақо” дар ҷомеаро дар ҳазфи рақибон мебинад. Ва он гоҳ, барои аз байн бурдани рақибони худ ва ҳазфи онҳо, ҳозир аст ба ҳар василаи номашрӯъе даст биёзад.

Агар ривояти расмии ҳукуматро бипазирем ва бигӯем, ин ҷиноят кори дасти доъишиҳо будааст, хуб, чӣ чизе ва чӣ касе он доъишиҳои аблаҳро водор ба ин кор намуда? Оё на ин ки дар кишвар “боғбоне” дорем ба номи Эмомалӣ Раҳмон – ки раисиҷумҳури кишвар аст – ки барои “бақо” дар курсии риёсати ҷумҳурӣ, ҳозир шуд шаҳрвандони Тоҷикистонро алайҳи ҳам бишӯронад? Чӣ касе буд, ки дар таърихи 12 майи соли 2018 дар як суханронӣ дар остонаи моҳи мубораки Рамазон, як ҳизби решадор дар Тоҷикистонро яъне ҲНИТ-ро ба “шиъа будан” муттаҳам намуда гуфт, ки онҳо “пурра шиъа шудагианд”? Оё ғайр аз Эмомалӣ Раҳмон?! Ҳадафи ӯ аз ин кор чӣ буд? Оё ғамхори ба аҳли суннат ва мазҳаби ҳанафӣ? Ҳаргиз! Балки ҳадаф, шӯрондани қишре аз мардум алайҳи қишри дигаре аз он буд.

Раҳмон, дар ҳамин мулоқот, дар бораи Эшони Қиёмуддин, ки дар рухдоди хунини зиндони “Кирпичный” сараш аз тан ҷудо гардид, гуфт: “Ду моҳ пештар ба ном “генерал” Қиёмиддин, эшони Қиёмиддини Ғозималик, ки яке аз сабабгорони бадбахтиҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои 90 буд, дастгир карда шуда, ҷайбҳо пури доллари кишвари дар нохунак “дӯст”-и мо боз барои ҳамон амалҳои нопоку ғаразноки худ. Пурра, ҳоло худаш иқрор мекунад, ки пурра мазҳаби шиаро ҳамин қадар сол қабул кардааст, пурра бо супориши сохтори ҷосусии ин кишвар зидди миллати тоҷик кор бурда истодааст.”

Ин “боғбон”, аз ҳамон оғози кораш дар соли 1992, ба ҷойи он ки ҳамчун раисиҷумҳури кишвар ва як “падар”, шаҳрвандонро ба ҳам оварад ва дар кишвар як ҳамдилӣ ва якпорчагӣ миёни афроди ҷомеа эҷод намояд, ба ҷойи ин, кораш ҳамеша шӯрондани қишре аз ҷомеа алайҳи як қишри дигари он будааст. Оё бақо дар курсӣ, ин қадр барои ӯ муҳим аст, ки шаҳрвандон ба ҷони ҳам биафтанд ва кор ба ҷойе бирасад, ки ҳодисае мисли ҳодисаи зиндони “Кирпичный” ба вуқӯъ бипайвандад?!

Ва ё қабл аз ин ҳодиса, дастгоҳҳо ва ниҳодҳои ҳукуматӣ ба вежа КДАМ ва Вазорати дохила, дар хилоли солҳои 2012 то 2015 ва то кунун, корашон фақат коштани базри кинаву нафрат дар дили шаҳрвандон нисбат ба як қишри дигари ҷомеа бо таҳияи филмҳое аз муллоҳо ва мухолифони сиёсӣ ва пахши густурдаи он филмҳо дар бозорҳо ва ҳатто ба намоиш гузоштан дар расонаҳои вобаста ба давлат будааст. Оё ин амалҳои нобихрадона, ки бешак ба дастури “боғбон” сурат мегирифтанд, яке аз заминаҳои ба вуқӯъ пайвастани ҳодисае чун ҳодисаи хунини зиндони “Кирпичный” нестанд?

Албатта, дар мақоми “боғбон” будан ва барои “бақо”, ба ҳар василае даст ёзидан, махсуси Раҳмон ҳам нест. Балки мутаассифона, ин хӯю хислати зишту нописандро метавон дар гуфтору рафтори баъзе аз афроде низ мушоҳида кард, ки дар айни он ки иддао доранд мухолифи ҳукумати кунунӣ ҳастанд, вале корашон ҷуз сангандозӣ дар баробари мухолифон намебошад. Онҳо низ бо нодида гирифтани қишре азим аз ҷомеа ва ақидаву афкору мавозеи сиёсии онҳо, ҳамвора корашон бо нигоштани мақолоту ёддоштҳои мухталиф, даъват ба ҳазфи ҳизбе аз ҷомеа ҳастанд, ки он қишри азим онро баргузида. Ин амал низ кучактарин фарқе бо амалкардҳои Раҳмон надорад. Ин тоифа низ бо ворид сохтани иттиҳомҳои бепоя ва беасос ба ин ҳизб — аз қабили ин ки ин ҳизб фикру зикраш Ғазза аст ва ба як кишвари бегона вобаста аст ва ғайра – ҳамвора дар садади ҳазфи он ва рахт барбастани он аз арсаи сиёсии Тоҷикистон ҳастанд. Ба сухани дигар, ин гурӯҳ низ ҳамон “боғбон”-ро мемонанд, ки тамоми дағдағааш “бақои” худаш дар ҷомеа аст, ва “бақо” дар ҷомеаро дар ҳазфи рақибонаш мебинад.

Тоҷикистон, ҳамин аст, ки мебинем, ва ҳеч касе – на раисиҷумҳур ва на як мақоми давлатӣ ва на як мухолиф ва на як муддаии илму маърифат – ҳаққи даъват ба сӯи ҳазфи гурӯҳе, ки бо ӯ дар ақоид ва ё дар гаройишҳо ва мавозеи сиёсӣ ихтилофи назар дорад, надорад. Ҳеч кас. Балки танҳо роҳи мантиқӣ он аст, ки ҳама якдигарро таҳаммул кунанд; ҳам раисиҷумҳур мухолифони сиёсии худро таҳаммул кунад ва ҳам он муддаиёни мухолифат таъаддуд ва чандгунагиро бипазиранд ва таҳаммул кунанд. Роҳи дигаре вуҷуд надорад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: