Перейти к содержимому

Достони подшоҳи варшикаста

Рӯзе подшоҳе хазонаро холӣ дид, пас, ба вазири зираки худ дастур дод, ки тарҳе барои будҷаи соли баъд ироа кунад.

Вазир пас аз машварат бо “иқтисоддонон”, барои ҷуброни касрии будҷа тарҳе ироа кард, ки шомили се банд буд:

1) Молиёт ду баробар шавад;

2) Ниме аз гову гӯсфандҳо ба нафъи давлат мусодира шавад;

3) Касе ҳақ надорад оруғ бизанад.

Подшоҳ тарҳро, ки дид, бо пӯзханде ба вазир гуфт:

— Банди аввал ва дуввум қабул, аммо севвумӣ яъне чӣ? Чаро мардум набояд оруғ бизананд?

Вазири зирак гуфт:

— Қисмати севвум кафили иҷрои ду қисмати қабл аст. Яъне, банди севвум барои андармон кардани мардум аз эътирози эҳтимолӣ аст. Мо бо истифода аз ҷорчиҳо (дастгоҳи таблиғотӣ) “оруғ назадан”-ро ба муҳимтарин масъалаи мардум табдил мекунем. Мардум ҳам ба ҷойи пардохтан ба бандҳои аввал ва дуввум, ба қисмати севвум хоҳанд пардохт.

Дар ниҳоят, пас аз норизоятии умумӣ, ба нишонаи эҳтиром ба хости мардум, бо дастури шумо, Ҷаноби Олӣ, банди севвумро лағв мекунем ва мардум ҳам хушҳол ба хона мераванд ва дарди иҷрои ду банди қаблиро таҳаммул мекунанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: