Перейти к содержимому

Ба баҳонаи зодрӯзи Акои Темур Варқӣ

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Имрӯз зодрӯзи Акои Темур Варқӣ аст. Бо эшон ҳанӯз рӯ дар рӯ нашудаам, аммо эҳсос мекунам, гӯӣ солҳо бо ҳам дӯсту рафиқу ҳамнишинем. Он чи бештар аз Акои Темур бароям ҷолиб аст ва эшонро пешам бисёр мӯҳтарам гардонида, ду вежагии ӯст, ки дар ин ёддошти кӯтоҳ, мехоҳам дар бораи ин ду хусусияти эшон бинависам; ду хислате, ки имрӯзҳо фарҳехтаҳои тоҷик, беш аз ҳар замони дигаре, ниёз ба ороста будан ба ин ду вежагӣ доранд:

1) Яке, хокӣ будан ва хоксору мутавозеъ будани эшон аст. Зикри ин вежагии Акои Темур ба хусус аз ин ҷиҳат ҳоизи аҳаммият аст, ки дар миёни зиёиёни тоҷики бузургшуда дар замони Шӯравӣ, шумо ба нудрат касеро пайдо мекунед, ки хоксору мутавозеъ бошад. Инро бе ҳеч таъоруфе мегӯям. Бештари онҳо – лоақал касоне аз онҳо, ки мешиносамашон – гирифтори як навъ таваҳҳуми худбузургбинӣ ва худбартарбинӣ ҳастанд, мутаассифона. Фикр мекунанд, ки дигарон, ба хусус авомм, пеши онҳо ададе нестанд, бояд ҳар он чиро, ки мегӯянд, бе чуну чаро бипазиранд, чун – ба гумони инон – мардум бесаводанд ва онҳо дорои савод. Як вақт агар ба онҳо эътирозаке сурат бигирад ва ҳарфашон, ба истилоҳ, “ба замин” бимонад, чунон нороҳатӣ эшонро фаро мегирад, ки мисли як духтари бокира қаҳр мекунанд ва мунтазиранд, то ҳама аз онҳо узрхоҳӣ бикунад. Хулоса, худро як тоифаи ҷудобофта мепиндоранд.

Вале Акои Темур, ба унвони як таҳсилдида ва зиёии бузургшуда дар замони Шӯравӣ ва касе, ки воқеан аз саводи кофӣ ва лозим бархӯрдор аст, гирифтори якчунин мараз ва беморӣ нест. Одами бисёр хоксор, бо ҳама баробар; фарде, ки вақте касе пеши ӯ изҳори назаре кунад – ҳар ки ҳаст вай, чӣ босавод бошад ё бесавод, чӣ таҳсилдида бошад ё таҳсилнодида – бо диққат ба ҳарфҳояш гӯш фаро медиҳад, ҳаргиз ҳарфи касеро бе далел рад намекунад.

Ба илова, як инсони бисёр самимӣ аст. Дар корҳои марбут ба ПМТ (ва қабл аз он, АОТ) вақте ниёз ба анҷоми коре пайдо бишавад, ки бисёре аз ба истилоҳ, фарҳехтаҳо, анҷоми он корро дар “шаъни” худ намедонанд ва фикр мекунанд, ин кор кори афроде “поинтар” аз онҳост – мисли бознашри матолиби муҳим дар гурӯҳҳои фаъол дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ғайра… — Акои Темур аммо бе ҳеч мулоҳизае камар ба анҷоми он кор мебандад ва ҳаргиз ва абадан дида нашуд, ки гуфта бошад, ин кор, дар “шаъни” ман нест! Ҳатто агар эътирозе ҳам ба эшон шавад, ки ин корро шумо анҷом надиҳед, балки фалон ҷавон ё навҷавон анҷом хоҳад дод, Акои Темур ба ин гуна эътирозҳо ва мулоҳизаҳо кучактарин аҳаммияте намедиҳад.

Аз қазо, фикр мекунам, бузургии эшон ва мавриди эҳтиром будани эшон, яке, дар ҳамин самимият ва хоксорӣ ва тавозуъи эшон аст.

* * *

2) Яке дигар аз вежагии Акои Темур, ки ҳоизи аҳаммият аст – ва бояд гуфта шавад — ин аст, ки ӯ, ба унвони фарде бо гароиши секулор, Тоҷикистон ва ҷомеаи онро хуб шинохтааст, ба иборате дигар, ӯ фарде воқеънигар аст. Албатта, афроде дигар мисли ӯ – ҳарчанд андак — дар ҷомеаи мо ҳастанд, вале, бо камоли таассуф, бештари онҳо — яъне аксари онҳое, ки гароиши секулор доранд (секулор на ба маънои бедин, на, балки афроде, ки ҳисоби динро аз ҳисоби сиёсат ҷудо медонанд) — ё аслан шинохте аз ҷомеаи Тоҷикистон надоранд, ё агар ошноӣ ҳам дошта бошанд, аммо рафторашон тавре аст, ки гӯӣ аз Миррих фуруд омада бошанд.

Тавзеҳ ин ки: ҷомеаи Тоҷикистон, ҳамин аст, ки мебинем. Ҷомеае, ки дар арсаи сиёсии он, агар аҳзоби сусиёлист, сусиёл-демукрот, кумунист, демукрот ва ҳамчунин донишмандон ва шахсиятҳо ва рӯзноманигорон ва ҳунармандон бо гароише секулор фаъоланд (феълан коре ба бархӯрд ва рафтори мутақобили ин аҳзоб ва шахсиятҳо ва ҳукумати кунунӣ надорам, балки аз воқеият дорам мегӯям, ва воқеият ин аст, ки якчунин аҳзоб ва афроде бо инчунин гароишҳое вуҷуд доранд), дар канори онҳо, касоне низ ҳастанд, ки дидгоҳҳои ба истилоҳ исломӣ доранд ва андак ҳам нестанд, асосан ҳизбе ҳаст ба номи “Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон”, ки аз қазо, ҳизбе ариқу бореша ва бархӯрдор аз пойгоҳи мардумӣ аст. Ин як воқеият аст, ва аҳаде ҳам наметавонад мункири ин воқеият бошад.

Аммо ҷои таассуф ин аст, ки афроди бисёре ва ҳатто ҳизбҳое ҳастанд, ки ин воқеиятро намебинанд, ё намехоҳанд бибинанд. Ҳарфашон ин аст, ки ҲНИТ ва афроде бо гароишҳои исломӣ, аслан дар Тоҷикистон набояд вуҷуд дошта бошад. Инон, ба ҷои он ки биёянд ва бо тамаркуз рӯи мавориди муштарак – ки ин маворид аз қазо бисёр зиёданд – ба ҷои ин, ҳамеша дар орзуи ҳазф шудани ҲНИТ аз арсаи сиёсии Тоҷикистон ҳастанд. Аслан, тасреҳ мекунанд, ки ҲНИТ набояд вуҷуд дошта бошад. Ва ин, ҷои таассуф дорад.

Акои Темур аз ҷумлаи он афроде аст, ки ин воқеиятро мешиносад. Ӯ, бар хилофи он афрод, ки бо нодида гирифтани воқеияти мавҷуд, сангар бигирад ва бигӯяд, “ҳар ки бо ман нест, зидди ман аст”, ба ҷои ин, рӯи масоили муштарак тамаркуз кардааст ва ҳамаро дар канори худ ба ҳам овардааст. Бале, ӯ ҳамаро дар канори худ ҷамъ кардааст, на баръакс. Ва ин, воқеан ҳунар аст ва аз дасти камтар касе бармеояд.

Хуб, ҳаминҷо ёддоштамро ба поён мерасонам, каме тӯлонӣ шуд.

Акои Темур зодрӯзатон хуҷаста бошад!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: