Перейти к содержимому

Муовини ПМТ: “Далелҳое аз созмондиҳишуда будани шӯриши зиндон тавассути мақомоти давлатӣ, вуҷуд дорад”

Алим Шерзамонов, муовини Паймони Миллии Тоҷикистон, дар як мусоҳиба, дар робита бо фоҷеаи зиндони Ваҳдат, бо баёни ин ки “далелҳое аз созмондиҳишуда будани шӯриши зиндон тавассути мақомоти давлатӣ, вуҷуд дорад”, гуфт: “Чӣ ангезае ва кадом бозии паси пардае дар он нуҳуфтааст, шояд ҳафтаҳои наздик мушаххас шавад. Яке аз ин фарзияҳо, ки банда намехоҳам худам онро бовар кунам, поксозии мухолифини сиёсӣ аст.”

Ба гузориши хабаргузории Тасним, машрӯҳи ин мусоҳиба ба шарҳи зерин аст:

Тасним: Ин дуввумин шӯриши зиндонҳо дар 7 моҳи ахир дар Тоҷикистон аст. Чӣ шабоҳатҳо ва тафовутҳое миёни шӯриши зиндони Хуҷанд ва зиндони Ваҳдат вуҷуд дорад?

Шерзамонов: Бале, ин дуввумин боре аст, ки тайи як соли ахир дар зиндонҳои Тоҷикистон чунин иттифоқе меафтад ва банда бар онам, ки намешавад ин ҳар дуро шӯриш ба тамоми маънояш гуфт. Ҳар шӯрише хоҳ дар зиндоне бошад ва хоҳ дар озодӣ, ангезае дорад ва он ангеза дар ҳолати ин зиндон метавонист он тавр, ки мақомот ин фарзро гуфтанд, ки талаби озодӣ аз зиндон бошад, ки боварпазир нест. Чун мусаллам аст, ки гаравгононе монанди зиндониёни наҳзатӣ чунин шахсиятҳое нестанд, ки ба хотири наҷоти ҷони онҳо мақомоти зиндон ё дигар мақомот бо ин гаравгонгирон ҳатто сӯҳбат кунанд. Ин гаравгонгирон, ки гуфта мешавад чаҳор нафар буданд, мефаҳмиданд, ки мақомоти зиндон ва ё гурӯҳи вежае, ки аз Вазорати дохилӣ барои ҳалли ин муноқиша меоянд, ҳам гаравгонҳо ва ҳам гаравгонгиронро нишона хоҳанд гирифт ва ҳеч шонсе барои наҷот аз марг нест, чӣ расад ба озод шудан. Манзурам ин аст, ки чӣ дар Хуҷанд ва чӣ дар Ваҳдат, барои зиндониён ин як иттифоқ буд, вале барои мақомот як тарҳ буд, ки ҳатто зиндониёни “фаъол” дар ин “ошӯб”, беихтиёр ҷузъи он шуданд.

Тасним: ДОЪИШ ҳанӯз масъулияти ин фоҷеаро бар ӯҳда нагирифтааст, аммо давлат мегӯяд кори ДОЪИШ аст. Иллати ин амр чист? Ба назари шумо фарзияи нисбат додани ин мавзӯъ ба ДОЪИШ мантиқӣ аст?

Шерзамонов: Бале, ҳамон тавр, ки ба дурустӣ қайд кардед, ДОЪИШ масъулияти ин ба истилоҳ ошӯбро бар ӯҳда нагирифт, чун собиқаи ин гурӯҳ нишон медиҳад, ки дар чунин ҳолатҳо ин гурӯҳ ҳатто агар дар он даст ҳам надошта бошад, ба хотири нишон додани худ, ҳар чизеро ба гардан мегирад ва мутмаиннам, ки агар мақомот дар ин қазия наздикони Гулмурод Ҳалимовро ворид намекарданд, сарфи назар аз он ки дар он даст доштанд ё хайр, ДОЪИШ ҳатман масъулиятро бар ӯҳда мегирифт. Бубинед, Ожонси иттилоотии “Ховар” дар таърихи вуҷудаш шурӯъ аз собиқаи даврони Шӯравӣ то ба имрӯз, бори аввал чунин оҷил ва бо “ҷузъиёт” ин қадр сареъ ва дар аввалин лаҳазот аз вуқӯи чунин воқеае хабар медиҳад; ва ҳамчунин хадамоти матбуотии Вазорати адлия. Ин ғайриқобили тасаввур аст, ки бидуни иҷозаи Раҳмон ё ҳаддиақал Ятимов дар лаҳзаҳои аввали воқеа, ҷузъиёти онро пешкаши мардум кунанд. Мутаваҷҷеҳ шудед, чӣ мехоҳам бигӯям? Вазорати адлия вазорате нест ва шахси вазири он чеҳрае нест, ки иҷоза дошта бошад бидуни мувофиқати боло чунин коре кунад. Барои ин вазорат ва ин вазир шахсиятҳое монанди Ятимов, Умаров ва додситони кулл ва чандин шахсияти матраҳи дигар дар ин давлати хонаводагӣ то худи Раҳмон, “боло” ҳастанд. Аз ин рӯ, худи вазир ҳам наметавонад бидуни ҳамоҳангӣ чунин мавзӯеро матраҳ кунад, чӣ расад ба хадамоти матбуотиаш. Бинобар ин, маълум аст дар сатҳи болотаре ва чанд рӯз қабл тасмим гирифта шуда, ки ин афсонаро аз ин воҳиди расонаӣ эълом кунанд.

Аз гуфтаҳои боло мешавад бо итминон зикр кард, ки фарзияи иттифоқӣ дар ин “ошӯб” аз эътибор меафтад. Чӣ ангезае ва кадом бозии паси пардае дар он нуҳуфтааст, шояд ҳафтаҳои наздик мушаххас шавад. Яке аз ин фарзияҳо, ки банда намехоҳам худам онро бовар кунам, поксозии мухолифини сиёсӣ аст. Дар ин воқеа ҳаддиақал се узви ҳизби наҳзати исломӣ, ки бо иттиҳомоти сохтагӣ зиндонӣ буданд, ба таври махсусан ваҳшатноке ба қатл расиданд. Банда ҳаргиз бовар нахоҳам кард, ки ин қатл аз ҷониби зиндониён ва ба вежа ба дасти ин ҷавон, ки мақомот ӯро ба унвони раҳбари ошӯб муаррифӣ мекунанд, манзурам писари Гулмурод Ҳалимов аст, бошад. Фарде, ки пас аз итмоми мадрасааш дар 18-солагӣ ба зиндон афтода ва танҳо ҷурмаш шояд фарзанди як доъишӣ буданаш бошад. Ман ҳаддиақал бовар намекунам ӯ дар муддате кӯтоҳ тавониста бошад чунин гурӯҳе ташкил дода ва чунин иқдоми ваҳшатнокеро сурат диҳад.

Бибинед, ин ҷавононе, ки ҳеч кадомашон дар ҳеч ҷанге ширкат накардаанд ва аксарашон бо иттиҳомоти сохтагӣ зиндонӣ шудаанд, чунин таҷрибаи одамкушӣ дар куҷо касб кардаанд? Агар фарзияи худи мақомотро бовар кунем, ин чаҳор нафар гаравгонгир аз ибтидо мутмаин буданд, ки дар соат ва замони шӯриш, раҳбари зиндон дар утоқаш хоҳад буд, вале бо амре “тасодуф” ин шахс дар соате, ки бояд дар утоқаш бошад, набуд. Ӯ соате пештар аз кор рафта буда ва се нафар қурбониро, ки тарроҳони ин “ошӯб” дар ихтиёри ин ҷаллодон қарор дода буд, боқӣ монда буданд.

Агар воқеан раҳбари зиндон ҷузъи ин тарҳ набошад, ҳамон вақт бояд раҳбари зиндон дар зиндон бошад ва тавре аз таҷрибаи бозҷӯиҳо дар Тоҷикистон медонем, зери фишору шиканҷа аз ҷузъиёти тамоми фаъолияташ, ки боиси чунин обрӯрезии давлат ва шахси Раҳмон шуда, посух диҳад. Вале аз расонаҳои хабарӣ ҳанӯз дар бораи боздошти ҳеч масъуле нашунидаем; ва чунин ба назар мерасад, ки тамоми мақомот аз Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) то додситон ва намояндаи ҳуқуқи башар то худи раисиҷумҳур бо ин ҳаракатҳо ва вокунишашон мехоҳанд бигӯянд, ки ин табиати зиндон аст ва ин воқеаи аввал нест ва охирин ҳам нахоҳад буд. Ин масъала хеле ваҳшатнок хоҳад буд агар мардум низ ба ин одат кунанд.

Тасним: Давлат аз интишори филмҳои дурбинҳои зиндон ва ё ҳатто таҳвил додани ҷанозаҳо ба хонаводаҳо худдорӣ карда. Иллати ин мавзӯъ чист?

Шерзамонов: Чун дар зиндонҳо шиканҷа ва таҳқир ба таври густурда ва мудовим анҷом мешавад, банда бовар надорам, ки дар ин зиндонҳо дурбинҳое насб шуда бошанд ва агар ҳам ба дархости созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар ин дурбинҳо насб шуда бошанд, банда бар он боварам, ки аксари вақтҳо онҳо ба далоили “фаннӣ” кор нахоҳанд кард.

Албатта нуктаи дигар барои шубҳанок будани фарзияи давлат ҳамин мавзӯъ аст, ки аксари ҷанозаҳоро ба хонаводаҳояшон надоданд, то ҷинояташон фош шавад. Метарсам, ки ҷинояти зидди башарӣ, ки мақомот муртакиби он шуданд, ваҳшатноктар аз тасаввури инсон бошад ва аз ин хотир иҷоза надоданд, ки ин мурдаҳоро наздиконашон шустушӯ ва дафн кунанд.

Албатта бояд таваҷҷӯҳ дошт аксари ин ҷавононе, ки ба далели моддаи 401 зиндонӣ шудаанд, бо иттиҳомоти сохтагӣ ба зиндон рафтаанд ва мо шоҳиди чандин маврид аз чунин парвандасозиҳое будаем, ки қаблтар расонаӣ шудаанд. Монанди парвандаи Ҷунайдулло Худоёров, ки ба иттиҳоми сохтагии салафӣ будан, танҳо ба хотири ҳолати дастҳояш дар ҳангоми намоз хондан дар масҷид сурат гирифта ё як пизишк аз вилояти Хуҷанд, ки ба хотири ширкат кардан дар маросими оши “гап”, ки баъдан мақомот гуфтанд, ки салафӣ буда, парвандаҳои инчунинӣ сохтанд.

Албатта наметавон кетмон кард, ки теъдоди муайяне аз гурӯҳҳои ифротӣ дар зиндон ҳастанд, ки ҷудо аз ин афроданд ва ҳанӯз ҳам таҳти афкори ифротиашон дар шароити сахти зиндонҳои Тоҷикистон мондаанд ва теъдодашон ҳам мумкин аст андак набошад. Аммо ба ҳар ҳол бисёре аз аъзои Ҳизби наҳзати исломӣ низ дар зиндонҳо вуҷуд доранд, ки баъзан қабл ва умдатан баъд аз “ошӯб”-и генерал Назарзода зиндонӣ шуданд.

Албатта инҳо омори мақомоти амниятӣ аст ва агар шахсе як вақт ҳатто бо як фаъоли ҳизб ошноӣ ҳам дошта бошад ё худ узви ҳизб ҳам бошад, бо иштибоҳи кучаке ба монанди “авбош будан”, ба дасти мақомот меафтад ва зиндонӣ мешавад ва дар парвандаҳояшон ҳам ин маврид зикр мешавад. Аз инҳо хабар надорам, ки чӣ теъдод ҳастанд. Тақрибан дар ҳамаи зиндонҳои Тоҷикистон саффи чунин ҳизбиёне, ки дар инҷо ҳанӯз онҳоро “ҳизбӣ” гурӯҳбандӣ кардаанд, ҳузур доранд ва аз раисиҷумҳур то зиндонбон салафиҳо ва дигар гурӯҳҳои ифротиро бар зидди ин гурӯҳ таҳрик мекунанд, ки дар ҳолати хеле хавфнок аз нигоҳи амниятӣ қарор доранд.

Ҳамаи мо медонем, ки фатвои куштани Эшони Қиёмуддин дар соли гузашта аз минбари худи Раҳмон баланд шуда буд. Агар дар хотир дошта бошед, он вақт Раҳмон гуфт, ки Эшони Қиёмуддин “хоин” аст, чун ба мазҳаби шиъа гаравидааст; ва ҳамон тавр, ки ҳамаамон шоҳидем, мақомоти амниятии Тоҷикистон аз тамоми минбарҳо ва ба вежа Ожонси иттилоотии давлатии “Ховар” борҳо аъзои Ҳизби наҳзати исломиро ба шиъагарӣ ва пул гирифтан аз тарафи Эрон муттаҳам кардаанд ва мекунанд.

Имрӯз худашон ҳам бовар кардаанд, ки ин доъишиҳо буданд, ки аъзои Ҳизби наҳзати исломиро бо чунин бераҳмӣ ба қатл расонда ва ба иддаои онҳо иллаташ фақат бадбинии ақидатӣ нисбат ин шахсиятҳо будааст. Бо чунин ранг гирифтани қазия, вазъият басо нигаронкунанда аст ва вазъи амниятии тамоми зиндониёни сиёсӣ ва ба вежа аъзои Ҳизби наҳзати исломӣ имрӯз дар зиндонҳо хеле нигаронкунандатар аст ва ин тарҳи поксозии гурӯҳӣ тоза шурӯъ шудааст.

Ин иттиҳоми шиъагарӣ нисбат ба ин ҳизб аз ибтидо ҷузъи нақшаи шуми мақомот аст бо истифода аз таҷрибаи солҳои 90 ба “вовчик” ва “юрчик” тақсим кунанд, то Тоҷикистонро ба хоку хун бикашанд.

Аз таҷрибаи ДОЪИШ мебинем, ки ДОЪИШ душмани асосии худро дар чеҳраи ниҳодҳои мазҳабӣ мебинад. Табиӣ аст агар ДОЪИШ воқеан ҳам дар Тоҷикистон нерӯ пайдо кунад, аввалин душманаш Ҳизби наҳзати исломӣ хоҳад буд ва баъд аз он чеҳраҳои матраҳ монанди Тӯраҷонзодаҳо, Ҳоҷӣ Мирзо ва дигар лидерҳои суннатии мусалмонони тоҷик хоҳанд буд; ва агар ба тасмимгириҳо ва сиёсатҳои даҳ соли ахири режими Раҳмон назар кунем, ба назар чунин мерасад, ки дар долонҳои тасмимгирии мақомоти Тоҷикистон, ДОЪИШ ё салафиҳо нуфуз пайдо кардаанд.

Тасним: Баъд аз зиндони Хуҷанд шоҳиди он будем, ки раиси созмони зиндонҳо, ки аз наздикони раисиҷумҳур ҳам буд барканор шуд ва ба ҷои ӯ Мансурҷон Умаров — муовини Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро гузошт ба ин симат. Аммо бо ин тағйир ҳам мебинем ҳанӯз мушкил ҳал нашуда. Иллат чист? Оё боз ҳам тағйиреро шоҳид хоҳем буд?

Шерзамонов: Шояд худи барканории раҳбари собиқи зиндонҳои Тоҷикистон, ки ба лақаби “Зорро” машҳур буд, яке аз ангезаҳои аслии “ошӯб”-и зиндони Хуҷанд бошад, чун тибқи баъзе хабарҳое, ки дар даст дорем, дар ибтидои интиқоли қудрат дар Тоҷикистон, мубориза дар дохили худи хонавода хеле шадид шудааст.

Шояд ин “ошӯб” низ идомаи ин мубориза бошад ва дар муқобили яке аз чеҳраҳои матраҳ, ки ҷузъе аз ин бозиҳо ҳастанд монанди Ятимов ё вазири умури дохилӣ ё худи раҳбари тозатаъйиншудаи зиндонҳо, Умаров, ки низ яке аз чеҳраҳои матраҳ дар долонҳои тасмимгирӣ аст, бошад. Гузари замон нишон хоҳад дод ва банда аз он метарсам, ки то соли 2020 ин гурӯҳҳо боз ба чӣ иқдомоти дигаре даст хоҳанд зад.

Тасним: Давлат то кунун Ҳизби наҳзати исломиро теруристӣ ва ҳамдасти ДОЪИШ ва дигар гурӯҳҳои мусаллаҳ муаррифӣ мекард. Аммо мебинем, ки акнун нерӯҳои ба истилоҳ доъишӣ аввал наҳзатиҳоро мекушанд. Оё ин метавонад далеле барои радди иддаои давлати Тоҷикистон бошад?

Шерзамонов: Ин иттиҳомот нисбат ба рақибони сиёсӣ аввалин ва охирин набуда ва боз ҳам иттиҳомоти ҷадиди дигаре пайдо хоҳанд шуд. Ҳамон тавр, ки пештар ҳам зикр кардам, мақомоти Тоҷикистон ва аз ҷумла худи шахси Раҳмон, ба рақибони сиёсӣ ҳар иттиҳомеро нисбат медиҳанд.

Агар қарор бошад пайғоме ба Ғарб дода шавад, ки мухолифон аз тарафи Эрон маблағгузорӣ мешаванд ва бо Ихвон ҳаммаслаканд, агар ҳам пайғомро бихоҳанд ба Кремлин бидиҳанд, ки мухолифон ба бозигарони дасти Ғарб ва ДОЪИШ табдил мешаванд ва барояшон муҳим нест, ки то чӣ андоза ин иттиҳомот метавонад аҷибу ғариб бошад. Муҳим он аст, ки паём расонда шавад ва то ҷое ҳам муваффақ шуданд. Бибинед, имрӯз агар бо пӯшиши хабарии расонаҳои ҷаҳонӣ аз ин воқеа ва таҳлили коршиносон таваҷҷӯҳ карда бошед, онҳо афсонаи мақомотро қабул доранд ва дар ин қазия мақомот тавонистанд аз номи Гулмурод Ҳалимов хеле моҳирона суистифода кунанд ва афкори умумии ҷаҳонро ба хости худ шакл диҳанд.

Тасним: Шӯриши қаблӣ даҳҳо кушта бар ҷой гузошт ва давлати Тоҷикистон бо ҳеч фишоре мувоҷеҳ нашуд. Ба назари шумо иллати ин, ки фишорҳо зиёд намешавад чист?

Шерзамонов: Хуб, кишварҳои ғарбӣ чӣ фишоре метавонанд бар рӯи давлати Раҳмон оваранд, ки дар қиболи ин фишорҳо осебпазир бошад? Амалан аз тарафи Ғарб дар Тоҷикистон ҳеч тарҳе пиёда нашудааст ва ҳеч маблағгузорӣ ҳам сурат нагирифта, ки ба хотири ҳимоят аз маблағгузориаш Ғарб таҳримҳоеро мутаваҷҷеҳи давлат кунад.

Илова бар ин, Тоҷикистон иқтисод надорад ё колоҳои ҳимоятӣ монанди нафту гоз надорад, ки содироти онро мамнӯъ кунанд ва бар зарари Тоҷикистон тамом шавад. Танҳо манбаъи содиротии иқтисоди Тоҷикистон ин нерӯи корӣ аст, ки аз ин аҳрум Русия ҳамеша хеле моҳирона истифода мекунад. Танҳо таҳримҳое, ки Ғарб метавонад дар муқобили ин режим истифода кунад, таҳримҳои инфиродӣ бар зидди шахсиятҳо аст, вале барои эълони ин таҳримҳо бояд асноди порлумони Урупо ва ё сенои Омрико дар даст бошад.

Тасним: Паймони Миллӣ чӣ мавзеъе дар ин масъала дорад ва чӣ пайгириҳое анҷом хоҳад дод?

Шерзамонов: Паймони Миллӣ аз рӯзи таъсисаш саъй карда ва идома хоҳад дод, ки ниҳодҳои байналмилалиро ба ин бовар бирасонад, ки дар Тоҷикистон ҷиноятҳои зиддибашарӣ густариш меёбанд ва ҷомеаи байналмилалӣ бояд ба ин ҷиноят вокуниш нишон диҳад ва муваффақ ҳам шуд.

Мутаассифона Тоҷикистон давлате нест, ки ҷомеаи Ғарб ба он зиёд таваҷҷӯҳ дошта бошад, ва дар аксари маворид ҳатто бисёре аз вуҷуди чунин давлате баъди ошноӣ бо мухолифини тоҷик ошно мешаванд. Бале, хуб мебуд аз тариқи аҳрумҳои байналмилалӣ то ҳадде ба режимҳои худкома фишор оварда шавад, вале ин ниҳодҳои байналмилалӣ наметавонанд бо ҷои худи ин миллатҳо биёянд ва онҳоро аз чанги ин заҳҳокҳои асри 21 бираҳонанд.

Аз ин ҷиҳат мухотаби аслии мо дар Паймони Миллӣ худи миллат аст ва қобили зикр аст, ки ҳарчанд мақомот дар пайи ин қазияи ваҳшатнок то ҳадде тавонистанд дар кӯтоҳмуддат афкори умумии хориҷиро ба суди худ шакл диҳанд, вале дар дохили Тоҷикистон дар солҳои ахир рӯз ба рӯз мақомот эътимоди мардумро аз даст дода ва ба вежа худи Раҳмон имрӯз он эътимодеро, ки мардум ба ӯ ҳатто се сол пеш доштанд аз даст додааст. Фаъолияти як солаи Паймони Миллӣ дар ташкили ин афкори миллӣ нақш дорад ва андак ҳам нест.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: