Перейти к содержимому

Узви Шӯрои олии фарҳангии Эрон: “Дар фоҷеаи зиндони Ваҳдат, ҳукумати Тоҷикистон масъул аст”

Оятуллоҳ Аърофӣ, узви Шӯрои олии фарҳангии Эрон ва мудири ҳавзаҳои илмияи ин кишвар, бо ишора ба фоҷеаи зиндони Ваҳдат ва шаҳодати Эшони Қиёмуддин ва шуморе дигар аз зиндониён дар ин ҳодиса, ҳукумати Тоҷикистонро масъули он донист.

Ба гузориши Abna, Оятуллоҳ Алиризо Аърофӣ, мудири ҳавзаҳои илмияи Эрон ва узви Шӯрои олии фарҳангии ин кишвар, дар хутбаҳои намози ҷумъаи гузашта (24 май), ба муаррифии шаҳид Эшони Қиёмуддин пардохт ва гуфт: “Мо дар байни шаҳидони байналмилал, шаҳидоне дорем, ки хеле мазлумона ба шаҳодат расиданд ва ба эшон кам таваҷҷӯҳ шуд.”

Вай афзуд: “Ман аз миёни ин силсилаи шуҳадои байналмилали ислом, ба ду намунаи муҳим ишора хоҳам кард. Яке, шаҳид шайх Муҳаммад Абдулғанӣ Атийя, аз уламои бисёр муҳим ва бузурги Арабистони Саудӣ, ки ҳамроҳи 30-ю чанд нафари дигар, дар зиндон гардан зада шуданд ва ба шаҳодат расиданд. Эшонро ман мешиносам, як чеҳраи фозил, дарсхонда ва бисёр ҳам мӯътадил ва аҳли тақриби байни мазоҳиб буд. Дар Донишгоҳи Ҷадда (дар Арабистони Саудӣ) тадрис мекард.”

Аърофӣ дар идома ба шаҳид Эшони Қиёмуддин ишора кард ва гуфт: “Намунаи дуввум, дар Тоҷикистон аст. Олими бисёр фарзона Аллома Қиёмуддин Ғозӣ. Ӯ аз уламое буд, ки чанд соле дар Эрон буд, аз муҳиббони Аҳли байт буд, аз инсонҳое буд, ки ҳам босавод, бофазл ва огоҳ ва аз давраи кумунистҳо ва ҳокимияти кумунизм бар Шӯравии собиқ худаш ва аҷдодаш ва падараш ҳамроҳ бо олимони зиёде аз аҳли суннат дар муқобили кумунизм ва ҷараёнҳои фосид ва давлатҳои фосид истод.”

Ин марҷаъи динии эронӣ дар идома ёдовар шуд: “Эшон ҳам чанд шаби қабл тайи як даргирии сохтагӣ дар зиндон шаҳид гардид. Қоъидааш ин аст, ки давлати Тоҷикистон муқобили ин амр масъул аст. Дар зиндон даргирӣ эҷод карданд ва бархе аз ин доъишиҳо ба ҷони эшон (-и Қиёмуддин) афтоданд ва эшонро ҳамроҳи ҷамъе дигар аз мусалмонон ба вазъи бисёр фаҷеъе ба шаҳодат расонданд.”

Аърофӣ хотирнишон кард: “Табъан дар ин қисса, давлати Тоҷикистон масъул аст. Барои эшон ва ҳамаи шуҳадои он минтақа талаби ъулувви дараҷот дорем!

 

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: