Перейти к содержимому

Баёнияи ПМТ дар остонаи сафари Раиси Шӯрои Урупо ба Тоҷикистон

Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ), бо интишори баёнияе дар бораи сафари Дунолд Туск, Раиси Шӯрои Урупо ба Тоҷикистон, ибрози умедворӣ кардааст, ки “зимни сафари Раиси Шӯрои Урупо ба Тоҷикистон, дар қатори масоиле чун робитаҳои иқтисодӣ, амнияти минтақавӣ, мубориза бо ифротгароӣ ва ғайра, масоили марбут ба поймолшавии ҳуқуқи башар ва маҳдудсозии озодиҳои умумӣ аз тарафи мақомоти Тоҷикистон низ ба сурати ҷиддӣ матраҳ хоҳанд шуд.”

Ба гузориши сойти АОТ, матни ин баёния ба шарҳи зерин аст:

Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) аз сафари Раиси Шӯрои Урупо ҷаноби Дунолд Туск ба Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, истиқбол намуда, онро як фурсати муносиб барои тақвияти ҳамкориҳои ИА ва ОМ дар чорчӯби стратегияи нави ИА нисбати ин минтақа медонад.

ПМТ умедвор аст, ки зимни сафари Раиси Шӯрои Урупо ба Тоҷикистон, дар қатори масоиле чун робитаҳои иқтисодӣ, амнияти минтақавӣ, мубориза бо ифротгароӣ ва ғайра, масоили марбут ба поймолшавии ҳуқуқи башар ва маҳдудсозии озодиҳои умумӣ аз тарафи мақомоти Тоҷикистон низ ба сурати ҷиддӣ матраҳ хоҳанд шуд. Агарчи, ин мавзӯъҳо ҳамеша дар рӯзномаи мулоқотҳо ва гуфтугӯҳои масъулини ИА бо Тоҷикистон будааст, вале то имрӯз натиҷаи чашмрасе надодаанд.

Баръакс, Тоҷикистон дар 10 соли охир аз як кишвари умеддиҳанда ба яке аз ақибмондатарин кишварҳои ҷаҳон дар масоили озодиҳои умумӣ ва риояти ҳуқуқи башар табдил ёфтааст. Ва дар ҳоле, ки танҳо ИА садҳо миллион евро барои барномаҳои гуногуни рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ба Тоҷикистон кӯмакҳои бебозгашт намудааст, аммо фасоди саросарӣ, мудирияти бади давлатӣ, камбуди шаффофият ва вуҷуди як низоми авторитарӣ тамоми талошҳои дохилӣ ва хориҷиро барои беҳтар намудани вазъ дар кишвари мо беасар кардааст. Бо вуҷуди ин ҳама талошҳо, Тоҷикистон дар тамоми нишондодҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва озодиҳо рӯ ба ақаб мебошад, ки бояд боиси нигаронии амиқи шарикони кишвари мо, мисли ИА бошад.

Президенти Тоҷикистон Эмомали Раҳмон шурӯъ аз соли 2010, пас аз тасмими тамдиди қудрати хеш ва ба мерос гузоштани он ба фарзандон, ки ба талаботи Созишномаи Сулҳи байни тоҷикон мухолифат дошта ва хилофи меъёрҳои пазируфташуда барои интиқоли қудрат дар ҷомеаҳои демократӣ мебошад, қадам ба қадам заминаи сиёсӣ ва ҳуқуқиро барои ин нақшаи худ фароҳам сохт. Фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои оппозитсиониро мамнӯъ сохта, роҳбарони онро ба муддати тулонӣ зиндонӣ намуд. Маҳмадрузӣ Искандаров — роҳбари Ҳизби Демократи Тоҷикистон (23 сол), Зайд Саидов — роҳбари Ҳизби “Тоҷикистони Нав’’ (29 сол), Сайидумар Ҳусайнӣ ва Муҳаммадалӣ Ҳаит — Муовинони Роҳбари Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҳукми абад) ва даҳҳо тани дигар аз фаъолони ин ҳизб ба муддатҳои тулонӣ ҳабс шуданд. Адвокатҳои маъруф Бузургмеҳр Ёров (29 сол) ва Нуриддин Маҳкамов (21 сол) танҳо барои кӯмаки ҳуқуқӣ ба ин зиндониҳои сиёсӣ ба муддати тӯлонӣ маҳкум ба зиндон гаштанд.

Дар ин муддат даҳҳо расонаҳои мустақили хабарӣ ва сайтҳо баста ва ё масдуд гаштанд. Тоҷикистон дар радабандии озодии баён, якбора ба даҳҳо зина поён рафт.

Дар масъалаи маҳдуд кардани озодиҳои динӣ, Тоҷикистон яке аз бадтарин кишварҳо дар сатҳи ҷаҳон маҳсуб мешавад. Зери пӯшиши мубориза бо терроризм ҳазорҳо диндор мавриди таъқибу фишор қарор мегиранд, ки худ заминаи рушди ифротгароиро бештар кардааст. Бастани масоҷид ва мадориси динӣ, мубориза бо рамзҳои зоҳирии мазҳабӣ, мисли риш ва либос , манъи воридшавии ҷавонон ва занҳо ба муассисаҳои динӣ аз ҷумлаи сиёсатҳоест, ки чанд соли охир пайваста амалӣ мешаванд.

ПМТ умедвор аст, ки Раиси Шӯрои Урупо зимни сафари худ, вазъи бади зиндониҳо, ба хусус зиндониҳои сиёсиро ба миён хоҳад гузошт. Дар 6 моҳи ахир ду ҳодисаи пурқурбонӣ дар зиндонҳои кишвар рух дод, ки ҷони даҳҳо нафарро гирифт. Азобу шиканҷа, фасоди молӣ ва идорӣ дар низоми зиндонҳои кишвар заминаро барои сар задани чунин ҳолатҳо ба вуҷуд овардааст.

Таи се соли охир ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар натиҷаи саркӯбгариҳои ҳукумати кишвар ба ИА муҳоҷир шуданд ва аксари онҳо мақоми паноҳандаи сиёсиро дарёфтанд. Шумораи паноҳандагони сиёсӣ ба кишварҳои ИА рӯз ба рӯз меафзояд ва ин баёнгари бадтар шудани вазъият дар масъалаи ҳуқуқи башар мебошад.

ПМТ бовар дорад, ки роҳбарияти ИА ин сафарро ҳамчун фурсати хуб на танҳо барои тақвияти робитаҳои дуҷониба, балки барои ҳимоят аз арзишҳои умумибашарӣ ва озодиҳои инсонӣ истифода хоҳад кард.

Паймони Миллии Тоҷикистон

28 майи 2019

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: