Перейти к содержимому

Хези ҷараёни популистии ҷиноҳи рост (бахши аввал)

Ба қалами Ҷон Фефер (John Feffer) дар нашрияи LobeLog

Суномии Тромп ва “ҷараёни суратӣ” (pink tide = розовая волна), ҳама ҷой дар Омрикои шимолӣ ва ҷанубӣ, ба истиснои нимаи ҷанубиро дарнавардидааст. Дар Урупо ба истиснои Испониё, ҷиноҳи чап ба куллӣ ба ҳошияи сиёсат ронда шудааст. Дар Офриқо ва дар Осиё сусиёлизм ҷойи худро ба миллигароӣ, иқтидоргароӣ ё фасод додааст. Ховари Миёна ҳам, ки аслан ҷойи баҳс надорад.

Ҷон Фефер (John Feffer), дабири LobeLog ва мудири барномаи сиёсати хориҷӣ дар Муассисаи мутолеоти сиёсӣ аст. Аз ҷадидтарин китобҳои ӯ метавон ба “Пас аз шок: сафаре ба руъёҳои нобудшудаи Урупои шарқӣ (A Journey into Eastern Europe’s Broken Dreams) ишора кард. Ӯ мақолаҳое ҳам дар New York Times, Washington Post, нақди китоби Los Angeles ва бисёре аз дигар нашриёт ба интишор расондааст.

Дар ин миён, чапи либерол танҳо бар як саре ҷазоири кучаки азҳамгусехта аз ҷумла Исланд, Мексик, Нюзеланд (Зеландияи нав), Куреи ҷанубӣ, Испониё ва Уругвай контрол дорад. Дар бисёре аз дигар нуқоти ҷаҳон, ба таври фазоянда, раҳбарони ғайрилиберол контроли кишварҳоро дар даст мегиранд. Шумори фазояндае аз кишварҳо ва беш аз ниме аз ҷамъияти ҷаҳон дар ҳоли ҳозир таҳти контроли навъе аз популизми ҷиноҳи ростӣ ё ҳукумати иқтидоргароёна зиндагӣ мекунанд, ки ба унвони боризтарини намунаҳо метавон ба Дунолд Тромп дар Иёлоти Муттаҳида, Ҷойр Болсонаро дар Бразил, Норондро Мудӣ дар Ҳинд, Раҷаб Тайиб Ардуғон дар Туркия, Владимир Путин дар Русия ва Ши Ҷинпин дар Чин ишора кард.

Афроди хушбин, ба ин назария ва теурӣ дар улуми сиёсӣ дил хуш кардаанд, ки: муҳофизакорон акнун таваҷҷӯҳҳоро ба худ ҷалб кардаанд, аммо рӯзе мерасад, ки ҷиноҳи рост ногузир ба замин мехӯрад ва ҷиноҳи чап аз нав рӯи кор меояд; намунаи ин раванд ҳам натоиҷи интихоботи миёндавраии Кунгура (Конгресс) дар Иёлоти Муттаҳидаи Омрико дар соли 2018 аст.

Маслиҳатгароён ҳам ба ин масъала ишора мекунанд, ки бисёре аз иқтидоргароён ба рағми ҳамаи тамоюлоти ғайри демукротики худ, аз тариқи интихобот рӯи кор омадаанд. Бале онҳо аз замони рӯи кор омадан, дар садади тағйири қонуни асосӣ, султа бар додгоҳҳо, сарзаниши расонаҳо ва мубориза бо ҷомеаи шаҳрвандӣ баромадаанд, аммо ҳамчунон дар чорчӯби низомҳои сиёсии каму беш либероле, ки вуҷуд доштааст, амал кардаанд. Афроде, ки ин тафаккурро доранд, мӯътақиданд, ки дар ниҳоят демукросӣ пирӯз хоҳад шуд. Намунаҳое аз исботи ин тафаккур ҳам, метавонад коҳиши нуфуз ва қудрати популистҳои ҷиноҳи рост дар Эслувокӣ (Словакия — шикасти Владимир Мечяр дар интихобот), Перу (барканории Олберто Фуҷимури дар пайи фасод) ва Итолиё (истеъфои иҷбории Берлусконӣ) бошад.

Афроди хушбин ва маслиҳатгаро ба таври муштарак мӯътақиданд, ки демукросиҳо ҳамонанди экосистеми ҷаҳонӣ, созандаҳои худтанзимкунанда ҳастанд. Ҷаҳон тавониста шумори зиёде аз ҳуҷуми шиҳобсангҳо, ашиъаи хуршедӣ ва шароити шадиди обуҳавоӣ (тағйироти ҷаввӣ)-ро давом оварад. Демукросӣ ҳам дар шевае мушобеҳ метавонад тӯфони Дунолд ва дигар намунаҳои обуҳавоии шадиди сиёсиро давом оварад ва шароит дер ё зуд ба лутфи раъйдиҳандагон ва созу корҳои муқовими контролу тавозун, тағйир хоҳад кард.

Мутаассифона, ин қиёс чандон итминондиҳанда нест. Танҳо афроди бехаёл метавонанд чунин тасаввур кунанд. Башарият ба вузуҳ як чархаро ба ҳаракат дароварда ва акнун агар на бо ояндаи фаҷеъ, бо ояндаи душвор мувоҷеҳ аст. Ҳамон тавр, ки башарият сайёраи заминро ба таври ғайриқобили бозгаште дучори таҳаввулу тағйир кард, ба назар мерасад ҷараёни интихобот дар тарафи акс гир карда ва насли ҷадиди популистҳои ҷиноҳи ростиро дар мавқеияте қарор дода, ки тавоноии тағйири замини бозии сиёсиро доранд.

Дар ҳақиқат, метавон Болсонаро, Ардуғон, Путин, Тромп ва афроди монанди онҳоро ба манзилаи гармоиши замин донист. Ба ҷойи диоксиди карбони муҳлик, онҳо нафрату нороҳатиро пахш мекунанд ва иродаи росихе дар тахриби як вазъияти мавҷуди матлуб нишон медиҳанд. Ба илова, онҳо натиҷаи нохостаи боди меъда ё иттифоқоти хориҷ аз урф нестанд, балки натиҷаи иқдомоти худписандонаи инсонҳои ноогоҳ ҳастанд. Либеролҳо ва тараққихоҳон дар фазои сиёсие, ки ба таври фазоянда маҳдудтар мешавад, бештар шабеҳ ба хирсҳои қутбӣ ба назар мерасанд, ки дар гузари замон яхҳои камтаре барои истодан рӯи онҳо ва маневр додан доранд.

Наметавон мисли ҳамеша рӯи сиёсат шарт баст ва мунтазири коҳиши дамо монд ва бояд дар ҳамин лаҳза дар баробари зуҳури ҷараёнҳои зишти ғайриқобили таҳаммул истод. Аз он ҷое, ки моҳияти бозӣ тағйир кардааст, касоне, ки бо қонуни ҷадиди ҷаҳонӣ мухолиф ҳастанд, бояд ба як тафаккури дубораи истротежик биандешанд; дар ғайри ин сурат, ҳамаи мо дар обҳои хурӯшон ғарқ хоҳем шуд…

Идома дорад

LobeLog

Бахши дуввум

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: