Перейти к содержимому

Оё фаластиниҳо заминҳои худро фурӯхтанд?

Бештари заминҳое, ки аз рӯзи таъсиси давлати ҷаълии «Исроил» дар ихтиёри саҳюнистҳо қарор гирифт, заминҳое аст, ки аз тариқи қатл, ғорат ва куштор ба дасти саҳюнистҳо афтодааст, на фурӯши заминҳо ба саҳюнистҳо тавассути фаластиниҳо, ки таблиғ мешавад. Тибқи омори расмӣ, танҳо 1.8% заминҳо мустақиман тавассути фаластиниҳо ба саҳюнистҳо фурӯхта шуд ва низ бахше аз заминҳо аз тариқи феодалҳо, ҷараёни мосунӣ ва яҳудиёни қадимии сокини Фаластин дар ихтиёри саҳюнистҳо қарор гирифт, ки фақат шомили камтар аз 7% кулли Фаластин мешавад. Аммо беш аз 92%-и заминҳо, аз роҳи қатли оммҳо, кушторҳо ва ғоратҳо ба дасти саҳюнистҳо қарор гирифтааст.

Ба баҳонаи Рӯзи ҷаҳонии Қудс

Соҳибони андешаи саҳюнизм пеш аз он ки ҷунбише бо ин ном таъсис кунанд, аз қарни 17 мелодӣ дар андешаи эҷоди “ватани қавми яҳуд” будаанд. Ин ашхос, ки дар миёни онҳо шахсиятҳои машҳуре низ мушоҳида мешаванд, яҳудиёнро ба муҳоҷират ба Фаластин ташвиқ мекарданд. Миёнаҳои қарни 19 мелодӣ касе чун Муше Мунтефиуре (Moses Montefiore) ба хариди замин дар Фаластин рӯй оварданд, аммо ин ҷараён як ҷараёни фардӣ буд ва ҳамагир нашуд.

* * *

Таъсиси ҷунбиши саҳюнизм, оғози ишғоли Фаластин

Бо таъсиси ҷунбиши саҳюнизм дар соли 1897, дар нахустин кунгураи ин ҷунбиш дар шаҳри Боли Суис (Швейтсария) ин фикр аз як андешаи маҳз ба як тарҳи омодаи иҷро табдил шуд. 20 сол баъд аз баргузории аввалин кунгураи саҳюнизм, Англистон як санади расмӣ барои яҳудиён ба вуҷуд овард, ки маншаи таъсиси режими саҳюнистӣ шуд. Ин санади расмӣ “Эъломияи Болфур” ном дошт. Дар ин эъломия Англистон расман ӯҳдадор шуд, ки ба яҳудиён барои эҷоди ватани қавми яҳуд кӯмак кунад. Ин санад, иқдомоти махфии Англистонро аланӣ ва расмӣ кард. Се сол баъд, Англистон бо дасисаҳое, ки дар минтақа анҷом дод, бо аҷир кардани бархе муддаиёни қудрат дар миёни арабҳо, онҳоро алайҳи ҳукумати Усмонӣ шӯронд. Соли 1919 Англистон бо он ки бо Фаронса барои тақсими минтақа, тавофуқе ба номи Сойкс-Пику (Соглашение Сайкса—Пико)-ро имзо кард, аммо Фаронсаро дар миёни роҳ ҷо гузошт ва дар Ҷомеаи Милал худро ба унвони сарпарасти Фаластин муаррифӣ кард. Англистон аз соли 1920 сарпарастии Фаластинро бар ӯҳда дошт.

* * *

Сарпарастӣ; муқаддимае барои таъсиси режими саҳюнистӣ

Шавоҳиди таърихии давраи ҳузури Англистон дар Фаластин нишон медиҳад, ки сарпарастии Англистон баҳонае барои муқаддимачинӣ ва заминасозии ташкили режими саҳюнистӣ будааст. Дар тамоми давраи ҳузури англисиҳо иқдомоти фаластиниҳо саркӯб мешуд ва имтиёзоти фаровоне ба саҳюнистҳо дода мешуд. Мизони муҳоҷирати яҳудиён ва имтиёзоте, ки англисиҳо ба яҳудиён медонанд, сабаби қиёмҳо ва эътирозоти мардумии фаровоне шуд. Қиёми Ҷашнвораи Ҳазрати Мӯсо, Қиёми Ёфо, Қиёми Девори Буроқ, Қиёми Нахлистони сабз, Интифозаи октябри 1933, Ҷунбиши Иззуддин Қассом, Инқилоби бузурги 1936 то 1939, Ҷанги Қастал, бахше аз ин қиёмҳо буданд.

Дар ин масир раҳбарони бузурге чун Сайид Козим Алҳусайнӣ, Ҳоҷ Амин Алҳусайнӣ, Абдулқодир Алҳусайнӣ ва Шайх Иззуддин Қассом ба шаҳодат расиданд.

* * *

Хариди замин

Яҳудиён дар давраи сарпарастии Англистон, аз роҳҳои мухталифе иқдом ба хариди замин карданд:

1) Роҳи нахуст, заминҳое, ки мутаъаллиқ ба ақаллияти яҳудии сокин дар Фаластин буд. Ин заминҳо беш аз 65 ҳазор ҳектор мешуд. Дар ин замина ҷараёни фромосунии мавҷуд дар Фаластин, ки тавассути давлати “Иттиҳод ва тараққӣ” дар Туркия ҳидоят мешуд, иқдом ба хариди замин кард, ки заминҳои харидоришуда тавассути ин ҷараёни мосунӣ низ бахше аз ин 65 ҳазор ҳекторро шомил мешуд. Яке аз ин мосунҳо Сайид Зиёуддини Таботабоӣ буд, ки заминҳоро аз фаластиниҳое, ки ба яҳудиён замин намефурӯхтанд харидорӣ карда, ин заминҳоро ба яҳудиён мунтақил мекарданд.

2) Роҳи дуввум, аз тариқи давлати Англистон буд. Ин давлат 66.5 ҳазор ҳектор заминро дар ихтиёри ҷунбиши саҳюнизм қарор дод. Ин заминҳо сохтмонҳои давлатӣ буд, ки аз давраи Усмонӣ маконҳои давлатӣ ва ҳокимиятӣ маҳсуб мешуд ва мебояд дар ихтиёри давлати Фаластин қарор мегирифт.

3) Роҳи севвум, хариди замин аз тариқи заминдорони бузург (феодалҳо)-и лубнонӣ ва сурияӣ буд. Фаластин пеш аз сарпарастии Англистон, бахше аз қаламрави Усмонӣ буд, ки шомили Сурия, Лубнон, Ӯрдун, Фаластин, Туркия ва бахше аз Ироқ мешуд. Феодалҳои заминдор ва сарватманд, ки ба Фаластин таваҷҷӯҳе надоштанд ва ирқи миллӣ дар онҳо вуҷуд надошт, фақат ба дунболи молу сарват буданд. Бо тақсими қаламрави Усмонӣ пас аз фурӯпошӣ, ки ба 3 бахш: Фаластин, Лубнон ва Сурия ва шарқи Ӯрдун тақсим шуда буд, заминҳои бисёре аз ин феодалҳо бо пешниҳодҳои иғвокунандае, ки ҷунбиши саҳюнизм ба онҳо медод, ба роҳатӣ фурӯхта шуданд. Саҳюнистҳо аз ин тариқ 60.6 ҳазор ҳектор замин ба даст оварданд.

4) Роҳи чаҳорум, харид аз худи фаластиниҳое буд, ки бо ангезаҳои мутафовит заминҳои худро ошкоро ба саҳюнистҳо фурӯхтанд. Ин афрод аз сӯи фаластиниҳо хоин муаррифӣ мешуданд ва бисёре аз онҳо аз сӯи миллати Фаластин эъдоми инқилобӣ шуданд. Номҳои хонаводаҳое, ки дар ин бахш ва бахши севвум, яъне феодалҳо, заминҳои худро ба саҳюнистҳо фурӯхтанд, дар асноди таърихии Фаластин сабт шуда ва мавҷуд аст. Саҳюнистҳо аз ин тариқ низ 30 ҳазор ҳектор замин харидорӣ карданд. Яъне, фаластиниҳо фақат 30 ҳазор аз кулли 2.7 милюн ҳектори замини Фаластинро ба яҳудиён фурӯхтанд.

Дар маҷмӯъ, заминҳои харидоришуда аз 4 равиши фавқ, ҳудуди 220 ҳазор ҳектор аз кулли заминҳои Фаластинро шомил мешуд. Маҷмӯъи сарзаминҳои Фаластин 2.7 милюн ҳектор аст, ки рақами фавқ ҳудуди 8% кулли Фаластинро шомил мешавад. Дар китоби “Фурӯши замин; шойеъа ё воқеият?” ин рақам бо каме тафовут ҳудуди 6% кулли Фаластин зикр шудааст.

* * *

Хиёнати Англистон

Замоне, ки Англистон аз сӯи Ҷомеаи Милал ба унвони сарпарасти Фаластин муаррифӣ шуд, дар санаде, ки барои ин сарпарастӣ навишта шуд, муваззаф шуд тайи 10 сол шароитро барои барпоии ҳокимияти фаластинӣ барои фаластиниён фароҳам кунад. Дар ҳақиқат аз сӯи Ҷомеаи Милал ба далели он ки пас аз ҷанги ҷаҳонии аввал ва фурӯпошии имперотурии Усмонӣ, шароити таъсиси давлат ва ҳокимият барои фаластиниҳо фароҳам дида нашуд, ин ниҳоди байналмилалӣ Англистонро муваззаф кард, то ин шароитро тайи як давраи 10-сола фароҳам кунад. Аммо Англистон ҳамон гуна, ки дар “Эъломияи Болфур” ба яҳудиён қавл дода буданд, санади Ҷомеаи Милалро танҳо василае барои ҳокимият қарор доданд ва тайи 28 соли сарпарастӣ, шароитро барои таъсиси ватани қавми яҳуд омода карданд.

Замоне, ки саҳюнистҳо тасмим ба таъсиси як давлати ҷаълӣ дар Фаластин гирифтанд, тайи як иқдоми ҳамоҳангшуда, англисиҳо шабона бо киштиҳои худ Фаластинро тарк карданд ва тамоми имконотеро, ки дар ихтиёр доштанд, дар ихтиёри саҳюнистҳо қарор доданд. Англисиҳо, ки бо таҷҳизоти низомӣ ба Фаластин омада буданд ва ҳокими англисии Фаластин ҳам дар тамоми давраи сарпарастӣ як фармондеҳи низомӣ буд, ҳатто силоҳҳо ва таҷҳизоти ҷангии худро низ бо худ набурданд ва тамоми онҳоро барои саҳюнистҳо боқӣ гузоштанд.

* * *

Қатлу куштор барои ғасби бақияи Фаластин

Аз замоне, ки саҳюнистҳо режими ҷаълии саҳюнистиро расман эълом карданд, раванди ҷадиде барои ба даст овардани бақияи заминҳои Фаластин оғоз шуд. Қатлу ғорату куштори фаластиниҳо равише буд, ки саҳюнистҳо онро пеш гирифтанд. Кушторҳои васеъ мӯҷиб шуд милюнҳо фаластинӣ аз тарси ҷони худ заминҳои худро раҳо кунанд ва аз сарзамини модарии худ ба ҷоҳои дигар паноҳ бибаранд.

* * *

Ҷамъбандӣ

Бар асоси омори мавҷуд, ки ҳамагӣ дар асноди миллии Фаластин мавҷуд буда ва ин омор аз дафтарҳои расмии сабт ба даст омадааст, фаластиниён бо дарки мавқеияте, ки барои онҳо эҷод шуда буд, ҳаргиз заминҳои худро ба яҳудиён нафарӯхтанд. Танҳо 1.8% заминҳо мустақиман тавассути фаластиниҳо ба саҳюнистҳо фурӯхта шуд. Бақияи заминҳое, ки аз тариқи феодалҳо, ҷараёни мосунӣ ва яҳудиёни қадимии сокини Фаластин дар ихтиёри саҳюнистҳо қарор гирифт низ, шомили камтар аз 7% кулли Фаластин мешавад.

Он чи аз он рӯз ба унвони кулли Фаластин дар ихтиёри саҳюнистҳо қарор гирифтааст, заминҳое аст, ки аз тариқи қатл, ғорат ва куштор ба дасти саҳюнистҳо афтодааст.

Ҳол қазоват бо шумост: фаластиниҳо заминҳои худро фурӯхтанд?

Tasnimnews

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: