Перейти к содержимому

Хези ҷараёни популистии ҷиноҳи рост (бахши дуввум)

Ба қалами Ҷон Фефер (John Feffer) дар нашрияи LobeLog

Тағйирдиҳандагони бозӣ

Худкомаҳои имрӯзӣ, дар нигоҳи аввал, як гурӯҳи мутанаввеъ аз бародарон ба назар мерасанд. Дар Филипин, Рудригу Дутерте ба калисои котулик ба далели дифоъаш аз тақаддуси зиндагии инсонӣ ва ба чолиш кашидани кампини қатли омми ғайриқонунии ӯ, ҳамла кардааст.

Ҷон Фефер (John Feffer), дабири LobeLog ва мудири барномаи сиёсати хориҷӣ дар Муассисаи мутолеоти сиёсӣ аст. Аз ҷадидтарин китобҳои ӯ метавон ба “Пас аз шок: сафаре ба руъёҳои нобудшудаи Урупои шарқӣ (A Journey into Eastern Europe’s Broken Dreams) ишора кард. Ӯ мақолаҳое ҳам дар New York Times, Washington Post, нақди китоби Los Angeles ва бисёре аз дигар нашриёт ба интишор расондааст.

Дар Никорогуа, Донил Уртего, ки замоне як инқилобӣ ба шумор мерафт, яке аз сутунҳои ҳукумати ғайридемукротики худро бар эъмоли фишор бар калисои котулик бино кардааст.

Владимир Путин худ ва кишвари худро “наҷотдиҳандаи масеҳият” муаррифӣ карда ва Раҷаб Тайиб Ардуғон дар Туркия ҳамчунон ба таблиғи исломи сиёсии худ идома медиҳад ва Норондро Мудӣ ба лутфи миллигароии ҳиндуҳо, аз қудрат бархӯрдор аст ва Ши Ҷинпинг ҳам мазҳабро ба таври куллӣ ба каноре гузоштааст.

Бархе аз миллигароҳои ҷиноҳи ростӣ монанди Болсонаро, барномаҳои ҷоҳталабонае барои хусусисозии дороиҳои давлатӣ доранд ва бархе дигар монанди раҳбарони кунунии Итолиё, мехоҳанд дороиҳои бузурги хусусиро миллӣ кунанд.

Виктор Урбон дар Маҷористон (Венгрия) нигарони тағйироти иқлимӣ аст, аммо бештари популистҳои ҷиноҳи ростӣ монанди Дунолд Тромп исрор доранд, ки чунин таҳдид (тағйироти иқлимӣ) вуҷуди хориҷӣ надорад ва аз ин рӯ, ба дунболи тавлиди бештари сӯхтҳои фосилӣ ҳастанд.

Аммо гӯли ин тафовутҳоро нахӯред. Агарчи ин раҳбарон мумкин аст ҳамнаво ба назар нарасанд, аммо ҳамаашон бо навои ба ҳам монанд мерақсанд.

Ин сиёсатмадорони ғайрилиберол ҳамагӣ ба шевае мушобеҳ ва бо ҳамла ба ҷаҳонисозӣ рӯи кор омадаанд. Онҳо ҳамаи таҳаввулоти навлибероли ахирро ба далели ин ки ба афзоиши сарвати як иддаи андак аз ҳисоби шумори зиёде аз афрод рух додааст, ба боди интиқод гирифтанд, ва дар айни ҳол, аҳзоби аслии сиёсӣ дар ҳар ду ҷиноҳи чапи миёна ва рости миёнаро ба чолиш кашиданд, ки барои мувоҷеҳа бо чунин иттифоқоте ислоҳоти иқтисодиро ба иҷро даровардаанд. Онҳо фасодеро ҳадаф гирифтаанд, ки дар ҳақиқат ҳамонанди саратон густариш ёфта. Дар замонҳое, ки аз назари сиёсӣ ба нафъи онҳо будааст, муҳоҷирон ва паноҳҷӯёнеро “баду шарур” ҷилва доданд. Онҳо ба арзишҳои пазириши фарҳангҳои мухталиф ва гурӯҳҳои ҳуқуқи башари тарвиҷдиҳандаи онҳо, ҳамла карданд. Онҳо аз расонаҳои иҷтимоӣ монанди Фейсбук ва Твиттер суистифода карданд, то нусхае аз куллиятгароии мушорикатиро таблиғ кунанд, ки дар он, афрод метавонанд расонаҳои хабарии роиҷро канор бигузоранд, то дар иваз, як саре изҳори назарҳои ҷаставу гурехта аз шахси мустабидд ва худкомаро шоҳид бошем.

Натоиҷи интихобот дар пурҷамъияттарин демукросиҳои ҷаҳон нишон медиҳад, ки либеролизм — ба шакли бозори озоди иқтисодӣ ва намунаи сиёсии фарогиртар ва мустақилтари он — дар сатҳи мардумӣ беэътибор шудааст. Нигоҳе сатҳӣ ба унвонҳои бархе аз ҷадидтарин китобҳои мунташиршуда ҳамчун “Чаро либеролизм ноком монд?” (Why Liberalism Failed?), “Ақибнишинии либеролизми ғарбӣ” (The Retreat of Western Liberalism), “Демукросиҳо чӣ гуна мемиранд?” (How Democracies Die) ва “Либеролизм чӣ буд?” (What Was Liberalism) нишон медиҳад, ки табақоти нависандагон низ мутаваҷҷеҳи ин раванди ҷаҳонӣ шудаанд.

Тромп ва амсоли ӯ, дар ҷаҳон хеле зуд мутаваҷҷеҳи ин тағйири асосӣ дар замини бозии сиёсӣ шуданд ва дар садади пур кардани шикофи эҷодшудаи ношӣ аз коҳиши маҳбубияти арзишҳои либерол баромаданд.

Виктор Урбон яке аз аввалин намунаҳои фурсатталабони инчунинӣ буд. Ӯ дар даҳаи 1990 гузаштаи либероли худро раҳо кард ва ба ҷои он, ба ҷиноҳи рости Маҷористон мулҳақ шуд. Пас аз фурӯпошии кумунизм дар Урупои шарқӣ, чапу рост дар садри қудрат ҷобаҷо шуданд, чаро ки раъйдиҳандагон аз ҳар ҳизбе, ки аҳруми контроли давлатро дар даст дошт, мутанаффир шуда буданд. Бо ин ҳол, Урбон тавонист бо муртабит донистани ҳамаи мушкилоти пеши рӯи кишвар бо либеролҳо ва нобихрадии онҳо, худро шахсе муаррифӣ кунад, ки тавоноии эҷоди таҳаввуле ҳақиқӣ дар чашмандози сиёсиро дорад. Ҳизби либероли пешини Урбон мавсум ба “Ҳизби демукротҳои озод” дар соли 2010, ки ӯ ба нахуствазирӣ расид, комилан нопадид шуда буд ва се сол баъд ба таври расмӣ мунҳал шуд. Акнун, ки наздик ба 10 сол аз шурӯъи аввалин давраи нахуствазирии Урбон мегузарад, ҳизби пешини худаш танҳо опозисиюни ҷиддӣ аст, ки ӯро таҳдид мекунад…

Идома дорад

LobeLog

Бахши аввал

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: