Перейти к содержимому

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар Теҳрон чӣ кор мекунад?

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба манзури гуфтугӯ ва ройзанӣ бо ҳамтои эронии худ вориди Теҳрон шудааст, дар ҷамъи хабарнигорон гуфт: “Дар ин нишаст (нишаст бо вазири нерӯи Эрон) мушкилотро баррасӣ кардем ва дар мавриди роҳи ҳаллҳо сӯҳбат кардем. Дар ин масир бояд ҳамкорӣ байни дастгоҳҳои давлатӣ ва ширкатҳои бахши хусусии ду кишвар қавитар шавад. Фардо бо Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон дидор хоҳем дошт ва дар моҳҳои оянда низ 13-умин нишасти Кумисиюни ҳамкориҳои иқтисодии ду кишварро дар Теҳрон баргузор хоҳем кард.”

Ба  гузориши хабаргузории Ирно, Ризо Ардакониён, вазири нерӯи Эрон, пас аз дидору гуфтугӯ бо Сироҷуддин Мӯҳриддин, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикисгон, гуфт: “Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар садад ҳастанд равобити худ дар заминаи обу энержиро густариш диҳанд; зимни ин ки ду кишвар метавонанд дар заминаҳое ҳамчун кишоварзӣ, тронзит ва сармоягузории муштарак низ равобити иқтисодии худро тавсиъа диҳанд.”

Бар асоси ин гузориш, Ардакониён шомгоҳи ҷумъа (31 май) дар ҳошияи дидори вазири умури хориҷаи Ҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷамъи хабарнигорон афзуд: “Тоҷикистон кишваре сарватманд аз ҳайси манобеи обӣ дар Осиёи Миёна аст ва Ҷумҳурии Исломии Эрон аз солиёни дур равобити хубе бо ин кишвар дар заминаи об доштааст.

Вай изҳори умедворӣ кард, бо ҳузури Сироҷуддин Мӯҳриддин дар раъси дастгоҳи диплумосии Тоҷикистон, имкони бештаре барои истифода аз зарфияти ҳамкории иқтисодӣ байни ду кишвар фароҳам шавад.

Ардакониён, ки масъулияти Кумисиюни муштараки иқтисодии Эрону Тоҷикистонро ба ӯҳда дорад, изофа кард: “Ширкатҳои эронӣ дар бахшҳои мухталиф ба вежа дар эҳдоси садд ва нерӯгоҳ дар Тоҷикистон фаъол ҳастанд, ки ин фаъолият бо таваҷҷӯҳ ба заминаҳои васеъи кор метавонад тавсиъа ёбад.”

Вай изҳор дошт: “Акнун дар пружаҳои тавлиди энержии Тоҷикистон фаъолият дорем ва ин пружаҳо метавонад бо ҷалби сармояи ширкатҳои бахши хусусӣ тавсиъа ёбад.”

Вазири нерӯи Эрон ба дигар зарфиятҳои тавсиъаи ҳамкории дуҷониба ишора кард ва гуфт: “Имкони тронзит ва иртибот бо обҳои озод барои Тоҷикистон аз тариқи Эрон фароҳам аст. Илова бар ин, бо  таваҷҷӯҳ ба манобеи обу хоки Тоҷикистон, имкони ҳамкорӣ дар бахшҳои мутанаввеъи дигар вуҷуд дорад.”

Сироҷуддин Мӯҳриддин, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ҷамъи хабарнигорон гуфт: “Дар мулоқот бо вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар бораи масоили иқтисодӣ ва тиҷории дуҷониба гуфтугӯ кардем.”

Вай изофа кард: “Дар ин нишаст мушкилотро баррасӣ кардем ва дар мавриди роҳи ҳаллҳо сӯҳбат кардем. Дар ин масир бояд ҳамкорӣ байни дастгоҳҳои давлатӣ ва ширкатҳои бахши хусусии ду кишвар қавитар шавад.”

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон гуфт: “Фардо бо Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон дидор хоҳем дошт ва дар моҳҳои оянда низ 13-умин нишасти Кумисиюни ҳамкориҳои иқтисодии ду кишварро дар Теҳрон баргузор хоҳем кард.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: