Перейти к содержимому

Назари Шерзамонов дар бораи сафари ғайримунтазираи вазири хориҷаи Тоҷикистон ба Эрон

Назари коршиносон дар бораи иллати сафари ғайримунтазираи Сироҷиддин Мӯҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ба Эрон пас аз тирагии равобит дар чанд соли гузашта ва иттиҳомоти пай дар пайи мақомоти тоҷик ба давлати Эрон мабнӣ бар пуштибонии ин кишвар аз мухолифони сиёсии Раҳмон, мухталиф аст.

Зафари Сӯфӣ, рӯзноманигори тоҷик, дар ёддоште, бо баёни ин ки ҳанӯз зуд аст дар бораи иллатии аслии чархиши сиёсати Тоҷикистон дар баробари Эрон чизе гуфт, аммо чанд эҳтимолро дар ин хусус матраҳ кардааст. Ӯ мепурсад, оё иллати ин чархиш “дарки ин мавзӯъ будааст, ки Саудӣ ва ҳампаймонҳояш алайҳи Эрон ҳеч ғалате наметавонанд бикунанд?! Ё, беэътиноии кишварҳои урупоӣ ба сиёсатҳои якҷониба ва тандгароёнаи Дунолд Тромп будааст?” Ва ё мақомоти тоҷик фаҳмиданд, ки “далелҳояшон барои душман хондани Эрон кӯдакона будааст? Ё шикасти афрод ва женеролҳое дар ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон будааст, ки дар тасмимгириҳо асаргузор буданд ва нисбати Эрон ва эроният ҳисси нафрат ва бадбинӣ доранд?

Ва ин дар ҳоле аст, ки Алим Шерзамонов, муовини раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ), қатли Эшони Қиёмуддинро ба унвони иллати эҳтимолии ин чархиш матраҳ карда ва мегӯяд: “Бо қатли Эшони Қиёмиддин, ки Раҳмон шахсан он марҳумро ба “шиъагароӣ” муттаҳам карда ва бо ин кор ба навъе фатвои қатлашро содир карда буд, ин ҳодиса дар Эрон ҳассосият эҷод кард, аз ин рӯ, яке аз сабабҳои мулоим шудани Душанбе нисбати Теҳронро аз ҷумла ин ҳодиса низ метавон донист.”

Шерзамонов дар ёддоште ихтисосӣ барои Кимиёи саодат дидгоҳи худро дар робита бо ин чархиш баён дошт, ки машрӯҳи онро дар идома мехонед:

* * *

Ҳаракоту саканоти ин ҳукумат ва он ҷанобашон (Раҳмон) дар арсаи сиёсати хориҷӣ, ба қадре аз мантиқ дур аст, ки ҳатто наметавон мавриди таҳлилу арзёбии дуруст қарор дод. Шояд Ши Ҷинпин битавонад таҳлилашон кунад! Банда талош мекунам, баъзе фарзияҳои наздик ба воқеияти рӯзи ин режимро дар чанд ҷумла хулоса кунам.

Агар ба собиқаи сиёсати хориҷии Раҳмон дар тӯли ҳукуматаш диққат кунем, мебинем саршор аз чархишҳои номуназзам ба чапу рост ва пасу пеш аст, ва дар ин пайроҳаи пуртаззод, дигар шарму ҳаё ҳам фаромӯш мешавад; ва аҷиб он ки онҳо такрор мешаванд. Як замон бо Ғарбу лаҳзае дигар бо Шарқ, гоҳе бо арабу гоҳе бо аҷам. Ва ҳар бор ҳам, аз ҳампаймонҳои ҷадидаш таваққӯот ва интизориҳое дорад, ки аз доираи ақл берун аст. Ва замоне ҳам, ки таваққӯоташ бароварда намешавад, мисли як кӯдак инҷиқӣ мекунад ва он гоҳ рӯй ба рақиби он ҳампаймон меоварад.

Як вақт мебинӣ, зодрӯзи Абӯҳанифаро бо дабдаба ҷашн мегирад; ва замоне, ки интизороташ аз маблағгузорони давлатҳои араб бароварда намешавад, шурӯъ ба масҷидбандӣ ва мубориза бо зуҳуроти исломӣ мекунад.

Дар мавриди тира шудани равобит бо Эрон низ, агар аз як сӯ масъалаи ду миллиарди Бобаки Занҷониро иллати он бидонем, аз тарафи дигар, аз чанд ангезаи дигар ҳам наметавон сарфи назар кард. Ва он ин ки: чун зиддияти Арабистони Саудӣ ва ҳампаймони абарқудраташ Амрико бо Эрон ба авҷи аълои худ расид, Раҳмон мехост аз ин фурсат суде ба даст оварад; аз ин рӯ дидем, ки ҳар лаҳза вазъияти байни ду давлат бӯҳронитар мешуд.

Ахиран ба назар мерасад, ки чӣ Оли Сауд ва чӣ Трамп, ба ҳампаймоне чун Раҳмон ниёзе надоштаанд ва зоҳиран Раҳмон ҳам натавонист маблағе аз ин ду ба даст оварад. Аз тарафи дигар, бо қатли Эшони Қиёмиддин, ки Раҳмон шахсан он марҳумро ба “шиъагароӣ” муттаҳам карда ва бо ин кор ба навъе фатвои қатлашро содир карда буд, ин ҳодиса дар Эрон ҳассосият эҷод кард, аз ин рӯ, яке аз сабабҳои мулоим шудани Душанбе нисбати Теҳронро аз ҷумла ин ҳодиса низ метавон донист. (Поёни ёддошти Алим Шерзамонов)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: