Перейти к содержимому

Чаро оқил кунад коре….

Ба қалами Зафари Сӯфӣ

Ман ба ҳайси як шахсе, ки Эронро ватани торихии худ медонад, ҳамеша ҷонибдори равобити танготанги Тоҷикистон бо Эрон будаму ҳастам. Ман тоҷику эрониро бародари ҳам медонистаму медонам. Ҳамеша муқобили дастхуши бозиҳои сиёсӣ ва ноӯҳдабароии як идда шудани равобити Тоҷикистону Эрон будаму ҳастам ва то зиндаам муқобил хоҳам буд.

Намегӯям, равобити ду кишвар ҳеч мушкиле надорад. Ҳатман дорад ва ин табиист. Аммо фирефтаи фитнаи бадхоҳон шудан ва бар пояи иттилооти дурӯғ тасмимҳои аҷулона гирифтани сардамдорони Тоҷикистон ҳамеша боиси хиҷолат будаву ҳаст. Таваққӯи бехуд ва беҷиҳати онҳо аз ҷониби Эрон ва фикри кӯдаконаи асар гузоштан бар сиёсату тасмимгириҳои Эрон ҳамеша хандадор ва боиси шармсорӣ будаву ҳаст.

Ҳоло пас аз панҷ-шаш сол талоши вонамуд кардани қаҳру итоб ҳамакнун вазири хориҷаи Тоҷикистон ба Теҳрон сафар карда. Дар шароити имрӯзи ҷаҳон, ки бар асари зиёдахоҳиҳо ва зиёдаравиҳои раисиҷумҳури Амрико то дирӯз вазъият хеле ташаннуҷ дошта ва эҳтимоли ҷанг алайҳи Эрон хеле зиёд буд, тағйири сиёсати Тоҷикистон нисбати Эрон воқеан ғайримунтазира ва чархиш буд.

Ин чархиш ҳарчанд аввали кор, вале дар зоти худ ҷолиб аст. То дирӯз табли шодӣ мезаданд, ки кори Эрон сохтааст ва рӯзгори ба қавли худашон «пуштибони наҳзат» ва «хоҷагони хориҷӣ»-и ину он, ки зулми ҳукумати Тоҷикистонро интиқод мекунад, ба поён расид.

То дирӯз дар камоли осемасарӣ тамоми ҷурму ҷиноятро ба номи Эрон баста ва Эронро душман эълом карда буданд. Аз ҷанги шаҳрвандӣ сар карда то ҳамаи нотавониҳои ҳукумат дар ростои таъмини рифоҳ ва зиндагии осудаву фаровон барои мардуми тоҷикро бори дӯши Эрон карда буданд.

Имрӯз бо кадом рӯ дасти дӯстӣ дароз мекарда бошанд? Оё ин ибрате, дарсе барояшон мешуда бошад, то аз ин ба баъд каме мулоҳиза кунанд?

Ҳоло иллати ин наздик шуданашон ба Теҳрон чист? Дарки ин мавзӯъ, ки Саудӣ ва ҳампаймонҳояш алайҳи Эрон ғалате наметавонанд анҷом диҳанд? Беэътиноии кишварҳои урупоӣ ба сиёсатҳои якҷониба ва тандгароёнаи Доналд Тромп? Далелҳояшонро барои душман хондани Эрон кӯдакона донистану напазируфтани Русия? Шикасти афрод ва генералҳое дар ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, ки дар қабули қарорҳо асаргузор буданду нисбати Эрон ва эроният ҳисси нафрат ва бадбинӣ доранд?

Намедонам, ҳоло барои натиҷагирӣ каме зуд аст. Ҳатман асроре нуҳуфтааст, вагарна шикасти худ ва комилан ҳисобнашуда будани сиёсати худ нисбати Эронро пазируфтанашон ғайримумкин буд.

Албатта иқдомҳои баъдӣ боз асрори дигарро ошкор хоҳад кард. Дар ҳар сурат бомулоҳиза будан ва қабл аз эъломи душманӣ андеша кардан аз манфиат холӣ нест. Мо ҳамтаборем, ҳамзабонем, ҳамфарҳангем. Торихи муштарак дорем. Ҳукуматҳо меоянду мераванд. Мардум мондагоранд. Набояд фирефтаи ваъдаву маблағи ину он кишвари душману бадхоҳи Эрон ва эроният шуд. Набояд дунболи душманӣ ва андохтани ихтилоф буд. Сиёсате, ки бар поя нафрат ва душманӣ тарҳрезӣ шавад, оқибате ҷуз харобӣ ва бадномӣ нахоҳад дошт.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: