Перейти к содержимому

Вақте хабаргузории Форс рафторе берун аз усули мутаъораф аз худ ба намоиш мегузорад

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ду рӯз пеш, хабаргузории Форси Эрон, дархосте мабнӣ бар иҷрои мусоҳиба бо раиси Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) ва раҳбари ҲНИТ, Муҳиддин Кабирӣ намуд. Ва бо ин ки ҷаноби Кабирӣ фурсате кофӣ барои иҷрои мусоҳиба дар ин вақт надошт ва хост ин мусоҳиба ба замоне дигар мавкул гардад, аммо исрори ин хабаргузорӣ барои иҷрои ин гуфтугӯ дар ҳамин замон, боис шуд, аз раиси ПМТ хоҳиш бикунем, ки дигар корҳояшро ба таъхир андозад ва ин гуфтугӯро анҷом бидиҳад. Эшон пазируфт ва мусоҳиба сурат гирифт.

Аммо, бо камоли таассуф, ин мусоҳиба баъд аз чанд соат аз нашр, аз сафҳаи интернетии ин хабаргузорӣ бардошта шуд. Мо намедонем, иллати ҳазфи ин мусоҳиба чист? Оё ин аст, ки вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар он замон дар Эрон қарор дошт ва мақомоти эронӣ аз ин хабаргузорӣ дархост карданд ин мусоҳиба бардошта шавад, то барои меҳмонашон асбоби нороҳатӣ фароҳам наёяд, ё иллате дигар дар миён аст? Ин, барои мо маълум нест ва асосан бароямон муҳим ҳам нест чаро ин гуна рафтору бархӯрд намуда. Вале ҳар чи ҳаст, ин рафтор, эътибор ва ҷойгоҳи ин хабаргузориро ба унвони як хабаргузории мустақил (ки чунон иддао мешавад), зери суол мебарад.

Агар шумо, масъулони мӯҳтарами хабаргузории Форс, як расонаи вобаста будаед – ки рафторатон нишон медиҳад чунин будаед – пас чаро дархости мусоҳиба намудед?! Оё фикр накардед, ин коратон навъе иҳонат ва тавҳин ба раҳбари опозисиюни Тоҷикистон аст?!

Расонаи мустақил ҳаргиз чунин рафторе аз худ ба намоиш намегузорад. Дар ҳар кишваре, расонаҳо барои худ “хатти қирмизҳое” доранд ва аз он тахаттӣ намекунанд; аз ҷумла ин ки на матолибе, ки мунташир мекунанд, “суфоришӣ” ҳастанд; ва на матолиберо, ки мунташир кардаанд, бо дархосту фишору ину он, аз сафаҳоташон бармедоранд. Ин як асли мутаъораф ва пазируфташуда дар назди ҳар расонае аст, ки иддао дорад мустақил аст.

Ҷиҳати иттилоъ бароятон ёдовар бишавам, пеш аз сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав дар яке ду моҳи гузашта (на вазири хориҷаи Тоҷикистон, балки шахси шумораи аввали Тоҷикистон), яке аз расонаҳои русӣ – кишваре, ки ба унвони шарики истротежики ҳукумати кунунии Тоҷикистон ва аз ҳомиёни пару поқурси ин режим маҳсуб мешавад – бо раҳбари ПМТ, ҷаноби Кабирӣ мусоҳиба анҷом дод; дар аснои сафари Раҳмон, аммо ин мусоҳиба, ки дар қиёс бо гуфтугӯи Кабирӣ бо хабаргузории Форс, бисёр тунду тез ҳам буд, бардошта нашуд. Намедонем, шояд рӯи ин хабаргузорӣ ҳам фишор сурат гирифта бошад, аммо мисли хабаргузории Форс рафтор накард.

* * *

Мухотаби роқими ин сатрҳо, масъулони хабаргузории Форс аст, на мақомоти ҳукумати Эрон. Ман коре ба мақомоти Эрон ва сиёсатҳои онҳо надорам ва аз мо ҳам намепурсанд ва вазифа ҳам надоранд бипурсанд, ва ба ман иртиботе ҳам надорад.

Асосан, сиёсати ПМТ дар ин росто – яъне дар ростои равобити Эрону Тоҷикистон — ҳаргиз мубтанӣ бар ин набудааст, ки ин равобит тираву тор бошад. ПМТ, бо ин ки зери анвоъи иттиҳомоти бепояву асоси ҳукумати кунунӣ қарор дорад, вале ҳамеша ошкоро ва ба вузуҳ баён доштааст, ки равобити ҳасанаи ду кишвар, ба маслиҳати миллати ду кишвар аст. Давлатҳо мераванд, аммо мардум боқӣ мемонанд. Раиси ПМТ дар ҳамин мусоҳибаи ахираш, ки шумо бардоштед ва ҳазфаш намудед, ба вузуҳ баён дошта, ки: “Эрон ва Тоҷикистон маҳкум ба он ҳастанд, ки ҳамеша бо ҳам наздик бошанд. Агар касе мухолифи наздикии ин ду кишвар бошад, мухолифи манфиатҳои ҳам Тоҷикистон ва ҳам Эрон мебошад. Ҳоло, ки ишораҳое ба эҳтимоли беҳтар шудани робитаҳо мешавад, мо комилан аз ин раванд пуштибонӣ мекунем.”

Вай афзуд: “Агар ибҳомоте марбут ба Наҳзат дар байн вуҷуд дорад, ин бармегардад ба иттиҳомоти беасоси ҳукуматдорони Тоҷикистон ва сиёсатҳои иштибоҳии онҳо дар чанд соли ахир. Ва барои мо ҳам, то ҳол равшан нест, чаро баҳси Наҳзат байни Эрон ва Тоҷикистон то ин ҳадд доғ бошад, дар сурате, ки мо фаъолиятамон дар Урупост, на дар Эрон.”

Кабирӣ идома дод: “Эрон, ҳамчун як кишвари кафили сулҳ ва пуштибон аз Наҳзат дар солҳои муқовимат, ба хотири ҳифзи робита бо Душанбе ҳатто омода нашуд як гурӯҳи кучаке аз намояндагони моро бипазирад. Дар сурате, ки мо дар ҳамаи кишварҳои Урупо ба таври озод ва расмӣ амал мекунем ва Душанбе ҳатто ҷуръат намекунад ин мавзӯъро бо ин кишварҳо матраҳ кунад. Чун, кишварҳои урупоӣ ба касе иҷозат намедиҳанд, ки дар масоили арзишӣ “хатти қирмизҳо”-ро убур кунанд. Дар барқарории сулҳи тоҷикон нақши Эрон хеле бузург аст, ва ҳифз ва пуштибонии он бояд як арзише дошта бошад. Ба хусус, ки як тарафи ин сулҳ як нерӯи исломӣ буд ва Эрон ҳам ба таври ошкор аз он ҳимоят мекард. Агар дар вақти ҷанг пуштибонӣ аз як нерӯи исломӣ арзиш ва аҳаммият дорад, анҷоми масъулияти кафилӣ, пуштибонӣ аз сулҳ ва аз тарафи мазлум арзиши бештаре бояд дошта бошад.”

* * *

Ба ҳар сурат, рафтори хабаргузории Форс ба унвони як расонаи мустақил, аз назари мо, берун аз усул ва урфи мутаъораф ва пазируфташудаи як расонаи мустақил аст. Аз ин рӯ, роқими ин сатрҳо, ки худаш масъули навиштаҳои фавқ аст, аз ин хабаргузорӣ тақозо дорад, расман ва дар як баёния дар ин хабаргузорӣ, аз Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) ва раҳбари он узрхоҳӣ намояд. Дар ин сурат, ин хабаргузорӣ собит хоҳад намуд, ки як хабаргузории мустақил аст, на вобаста.

Лозим ба ёдоварист, ҳар расонае, чӣ урупоӣ бошад ё русӣ, агар якчунин рафторе бо ПМТ мекард, аз ӯ дархости узрхоҳӣ мешуд. Саломат бошед!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: