Перейти к содержимому

Баргузории иқдомҳои эътирозии тоҷикон дар ду шаҳри Урупо (филм ва тасовир)

Имрӯз (4 июн) дар шаҳрҳои Вилнюс ва Бон иқдоми эътирозӣ (пикет) аз сӯи шуморе аз тоҷикони муқими Урупо дар эътироз ба ҳодисаи куштори зиндони Ваҳдат, ки дар пайи он, теъдоде аз зиндониён аз ҷумла зиндониёни сиёсӣ ба шаҳодат расида ва шуморе ҳам захмӣ шуданд, баргузор гардид.

Ба гузориши сойти Паём, дар таҷаммӯъи тоҷикони муқими Литвонӣ, Бобоҷони Қаюмзод, фаъоли сиёсӣ ва сухангӯи ҲНИТ суханронӣ кард. Ӯ баён дошт: “Чӣ хеле, ки медонем, дар зиндони шаҳри Ваҳдат боз як қатли ом суръат гирифт. Аммо то имрӯз ҳеч кас намедонад, ки дар зиндон чӣ гузашт. Мақомот то ба ҳол намехоҳанд ин қазияро шарҳ диҳанд. Мо мехоҳем бипурсем, ки чаро бо онҳое, ки қасди гаравгонгирӣ карданд, кӯшиш ба музокира нашуд?

Ӯ афзуд: “Чаро ҳукумат намехоҳад бо касе музокира кунад, чаро аз дасти ҳукумат фақат қатлу куштор меояд. Чаро мақомоти низомии кишвар чанд нафареро, ки танҳо силоҳи сард доранд, кӯшиш накарданд зинда дастгир намоянд ва асли қазияро ба мардум шарҳ бидиҳанд. Оё ин ҳукумат ба ҷуз қатлу куштор ба кори дигаре балад нест?

Бобоҷони Қаюмзод дар идомаи суханонаш, бо тарҳи ин пурсиш, ки чаро ҳукумат аз мардум мегурезад ва бо мардум сӯҳбат намекунад, баён дошт: “Ҳукумат бо ин қулдурӣ то ба куҷо хоҳад рафт?! Ҳамаи ин ҷои савол дорад. Мо мехоҳем дар ин бора бидонем. Бинобар, мо имрӯз дар ин ҷо ҷамъ омадем. Мо амалӣ намудани тасмими пикети саросарӣ дар кишварҳои аврупоиро аз инҷо оғоз кардем. Ингуна тазоҳурот рӯзҳои баъдӣ дар кишварҳои аврупоӣ идома хоҳад ёфт.

* * *

Иқдоми эътирозӣ дар Бонни Олмон

Ҳамзамон бо иқдоми эътирозӣ дар Вилнюс, дар шаҳри Бонни Олмон ҳам якчунин иқдоме баргузор гардид. Дар ин шаҳр, се тан аз тоҷикони муқими Олмон дар назди дафтари намояндагии Кумисиюни Урупо таҷаммӯъ намуданд.

Ба гузориши сойти Озодандешон, Сулаймон Орзуев, фаъоли сиёсии тоҷик, дар суханоне дар назди бинои намояндагии Кумисиюни Урупо дар Бонн, бо тарҳи ин дархост, ки “бояд як комиссияи мустақил ҷиҳати таҳқиқ дар ҳодисаи зиндони Ваҳдат ташкил шавад” гуфт: “Мо бо намояндаи Урупо мулоқот кардем ва қазияро барояшон шарҳ додем. Онҳо ваъда доданд, ки дар кӯтоҳтарин замон, ин қазияро дида мебароянд.”

Сулаймон Орзуев дар идома, аз ҳамаи шаҳрвандони тоҷики муқими Урупо ва дигар кишварҳо хост, ки бо баргузории иқдомҳои эътирозӣ (пикетҳо) садои мазлумияти мардуми тоҷик ва вазъи вахими зиндониён ба хусус зиндониёни сиёсиро ба гӯши ҷаҳониён бирасонанд.

Ин фаъоли сиёсии тоҷик дар як гуфтугӯи кӯтоҳ бо сомонаи Озодандешон дар тавзеҳи иқдоми эътирозии худ ва дӯстонаш гуфтааст: “Мо 3 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар шаҳри Бонни Олмон гирди ҳам омадем ва мақсад аз ин гирдиҳамоӣ ин буд, ки ба намояндаи Комисияи Иттиҳодияи Аврупо расонем ки он чизе, ки дар зиндони Кирпичнии Ваҳдат гузашт, ин террори маҳбусони сиёсӣ буд аз тарафи режими диктатории Эмомалӣ Раҳмон.”

Вай, дар тавзеҳи дидор ва гуфтугӯяш бо намояндаи Иттиҳодияи Аврупо баён доштааст: “Мо ҳудуди 40 дақиқа бо намояндаи ин иттиҳодия мулоқот доштем. Вақте ки ман дар бораи қатлу куштори ваҳшиёнаи Қиёмуддини Ғозӣ ва Махсуми Абдусаттор нақл мекардам, аз ман хоҳиш кард, ки аксе аз ин шаҳидон барояш биёварам. Ман рафтам ва сурати ин ду нафарро овардам. Вақте аксро дид, бовар кунед, гуфт, ин чи гап аст? Посбонҳои зиндон куҷоро назорат мекунанд? Наход инҳоро ин гуна бикушанд?!

Орзуев афзуд: “Ман барои ӯ тавзеҳ додам, ки ҳозир ҷони дигар маҳбусони сиёсӣ низ дар хатар аст. Агар маҳбусони сиёсиро озод накунанд, имкони зиёд аст, ки онҳоро низ бикушанд.”

Ӯ ёдовар шуд: “Дар охир ба ман гуфт, чаро аз дигар нафарон акс надоред, ман гуфтам дигаронро шояд аз ин дида бадтар кушта бошанд, ки ҳатто ба соҳибонашон ҷасади онҳоро нишон надода бурда гӯр карданд. Намояндаи ин иттиҳодия ба ман ваъда дод, ки дар кӯтоҳтарин муддат ин масъалаи шуморо мебинем, ба шумо хабар мерасонем.”

Гуфтанист, Вайсиддин Одинаев, фаъоли сиёсӣ ва иҷтимоии тоҷик дар саҳифаи фейсбукии худ навишта буд: “Мо, гурӯҳе аз шаҳрвандони тоҷикистонии муқими Аврупо, дар эътироз ба сиёсатҳои саркӯбгаронаи режими Эмомалӣ Раҳмон дар куштори ваҳшиёнаи зиндониёни Ваҳдат маъруф ба “Кирпичный”, шурӯъ аз 4 июни соли ҷорӣ, дар шаҳрҳои гуногуни Иттиҳодияи Аврупо даст ба иқдомоти эътирозӣ хоҳем зад, то мазлумияти миллати тоҷикро ҳам ба гӯши ҷаҳониён бирасонем ва ҳам садои худро баланд кунем, ки: Раҳмон! Даст аз куштани зиндониён махсусан зиндониёни сиёсӣ бардор!

Имрӯз (4 июн) ҳам Одинаве бо изҳори ташаккур аз иқдоми тоҷикони муқими Вилнбс ва Бонн, дар эълоне навишт: “Дар ростои баргузории иқдомҳои эътирозӣ (пикетҳо) дар шаҳрҳои мухталифи Аврупо, фардо (чоршанбе, 5 июн) тасмим дорем дар шаҳри Варшава, пойтахти Лаҳистон ва низ яке аз шаҳрҳои Австрия низ иқдоми эътирозӣ баргузор намоем.”

Вай афзуд: “Аз дӯстоне, ки имкон дошта бошанд, хоҳиш мешавад ба мо бипайванданд. Албатта, инро бояд бигӯем, ки иқдоми эътирозӣ (пикет) ин тазоҳурот нест, балки ҳатто тавассути як нафар ҳам баргузор мешавад. Аз ин рӯ, дӯстон, метавонанд дар ҳар куҷое набошанд, дар назди бинои намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар ҳамон шаҳр ин иқдомро баргузор намоянд.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: