Перейти к содержимому

Кабирӣ: “Ба ҷои душмантарошӣ, талош кунем якдигарро дарк кунем”

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони Миллии Тоҷикистон, дар паёми табрикии худ ба муносибати фаро расидани ъиди саъиди Фитр, бо ёдоварии шаҳодати шуморе аз ҳамватанонамон дар зиндонҳои Тоҷикистон ва баёни ин ки “вақти он расидааст, ки ба ҷои душмантарошӣ талош кунем, якдигарро дарк кунем, ба ҷои нафратпароканӣ якдигарро бишнавем ва ба ҷои ихтилофандозӣ талош кунем нуктаҳои муштаракро пайдо ва қавитар кунем” хотирнишон кард: “Ҷуз ин ҳама роҳҳои дигар оқибаташ ҳамон хоҳад буд, ки дар зиндонҳо ва дар кулли ҷомеъаи кившар имрӯзҳо мушоҳида мекунем.”

Ба гузориши сойти Наҳзат, машрӯҳи паёми раиси ПМТ ба шарҳи зерин аст:

Ба номи худованди бахшанда ва меҳрубон

Ҳамватанони гиромӣ!

Фарорасии Ъиди саъиди Фитрро ба якояки Шумо табрик гуфта, дар соатҳои ахирини ин моҳи муборак аз Худованд истидъо мекунам, то ибодатҳо ва аъмоли неки мову шуморо ба даргоҳаш пазируфта бошад. Инчунин, айбҳо ва камбудиҳои моро чи дар ибодатҳо ва чи дар рафтору кирдорамон дар тули моҳи Шариф ва зиндагиамон бо лутфу карами хеш биёмурзад.

Паёмбари акрам (С) дар ҳадиси Шариф мефармояд: ‘’ Ҳар касе рӯзаи рамазонро бо имон ва огоҳӣ дошта бошад, ҳама гуноҳҳои қаблии ӯ бахшида мешаванд”. Ин ҳадис нишон медиҳад, ки моҳи шарифи рамазон чи фурсати нодир барои ҳар як инсон мебошад, то битавонад номаи аъмоли худро аз нуқсҳо пок бисозад. Умедворам, ки ҳамаи шумо, ҳамватанони азиз, ин фурсатро хуб истифода карда бошед.

Ъиди саъиди Фитр ҷашнвораи саросарии мо мусалмонон мебошад, ки тавассути он хурсандии худро барои ибодатҳои қабулгаштаамон ва гуноҳҳои бахшидашудаамон изҳор мекунем. Якдигарро табрик мекунем, дустиву бародариро аз нав эҳё месозем, гуноҳҳои якдигарро мебахшем ва аз камбудиҳои якдигар мегузарем. Ин ҷашни шодӣ барои супурдани як имтиҳони воқеъӣ аст, ки инсон дар он бояд аз худ устуворӣ ва ирода дар баробари хостаҳо ва ҳавасҳои инсонӣ нишон бидихад. Ин иди бахшида шудани гуноҳҳо ва иштибоҳот аст, ки ҳар инсон метавонад ъамдан ё саҳван дар он биафтад. Ва як мусалмон ҳақ дорад, ки бо умеди бахшида шудани гуноҳҳо ва иштибоҳҳояш ин рӯзро ҷашн бигирад.

Ҳамватанони гиромӣ!

Вақте ки мо умеди бахшида шудани иштибоҳоти худро аз Парвардигор дар ин лаҳзаҳо дорем, оё беҳтар он нест, ки худро барои чунин ҳолат аз қабл омода намоем? Оё мо метавонем бидуни бахшидани дигарон умеди зиёде ба бахшида шудани худ дошта бошем? Оё мо ҳама касонеро, ки аз рафторашону гуфторашон нороҳат шудаем, ба хотири ин моҳи Шариф бахшидаем? Чигуна метавон дар дил нисбати касе кина дошт, касеро набахшид ва ҳамзамон мунтазири омурзиши иштибоҳоти худ аз тарафи дигарон буд? Бинобар ин, аз ҳама бародарону хоҳарон хоҳиш мекардам, ки дар ин лаҳзаҳои тиллоӣ, ки ҳамагӣ чанд соате беш фурсат надорем, якдигарро ҳузуран ё ғоибона бибахшем, қалбҳоро аз гумонҳо, шаку шубҳаҳо ва кинаҳои қаблӣ пок бисозем ва робитаҳои пас аз рамазонро аз саҳфаи нав оғоз намоем. Дар қатори анҷоми ибодатҳо, рӯзадориҳо ва хайру садақот ин яке аз беҳтарин фурсатҳо барои омода кардани заминаи бахшида шудан аз тарафи дигарон, ба хусус аз тарафи Парвардигори бахшандаи меҳрубон мебошад.

Вақте, ки ба ин суҳбат омода мешудам, дар ҳамин мавзуъ фикр кардам ва ба худ гуфтам, ки оё воқеъан ҳақ дорам аз дигарон чунин хоҳишеро карда бошам, дар сурате, ки шояд дар қалби худам нисбати дигарон гумоне е нороҳатие вуҷуд дошта бошад? Ё шояд аз тарафи ман дар ин муддат нисбати дигарон амале содир гаштааст, ки боиси ранҷишу нороҳатии онҳо гашта бошад? Ҳамон лаҳза аз Парвардигор ин дуъоро кардам, ва ҳоло ҳам такрор мекунам, ки Бор Илоҳо, ҳар амале, ки аз мо саҳван ва ё ъамдан содир шуда бошад, ба шарофати ин моҳи муборак онро биёмурз! Ва аз ҳама бародарону хоҳароне, ки Худо нахоста аз мо ранҷида бошанд, илтиҷо дорем, ки бо бузурговриашон моро бубахшанд ва ин айбҳои моро дар номаи аъмоламон ба марҳалаи баъди рамазон нагузоранд. Ва ҳамзамон аз Худованд дуъо мекунам, ки ҳар нафаре, ки саҳван ё ъамдан алайҳи ман шахсан дар ин муддат кореро анҷом дода бошад, бо лутфу карами хеш аввал бандаи камина ва баъдан ун бародар ё хоҳарро мавриди омурзиш ва Раҳмати хеш қарор дода бошад. Умедворам, ки Худованди маннон ин дуъои оҷизонаи моро ба даргоҳаш пазируфта бошад.

Ба хусус, мо муҳоҷирин ниёзи бештаре барои ҳамдигарфахмӣ ва ҳамдигарбахшӣ дорем.

Парокандагӣ, гурӯҳбозӣ ва нигаҳ доштани буғзу кина дар худ мушкилот ва монеъаҳои мо муҳоҷиринро бештар месозанд. Мо бояд аз ҳар фурсат ва имконият барои наздиктар будан ва ҳамроҳ будан истифода намоем. Беҳтар аз иди саъиди Фитр фурсате пайдо кардан душвор аст. Бо истифода аз ин фурсат, ба ҳама бародарону хоҳарони муҳоҷири тоҷик муроҷиат мекунам, ки новобаста аз мансубиятҳои сиёсӣ, мазҳабӣ ва гурӯҳӣ, дари муколамаро ба рӯи якдигар набанданд ва баръакс, дарҳои бастаро ба руи якдигар боз кунанд. Банда бар ин боварам, ки ҳама мушкилиро бо роҳи гуфтугӯ, ҳамдигарбахшӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ метавон ҳал кард, агар чунин ирода вуҷуд дошта бошад. Дар аксари муҳоҷирин чунин омодагӣ вуҷуд дорад ва вақти он расидааст, ки як раванди бидуни қайду шарт барои гуфтугӯ ва ҳамдигарфаҳмии ҳамагонӣ оғоз гардад.

Бояд бо таъассуф зикр кард, ки дар ин моҳи муборак як ҳодисаи мудҳише дар яке аз зиндонҳои кившар рух дод, ки бештар аз 30 нафар, аз ҷумла, шахистҳое мисли Махдуми Абудсаттор, Эшони Сайид Қиёмиддини Ғозӣ ва шайх Темур ва дигарон ба шаҳодат расиданд. Аз худованд дуъо мекунем, ки шаҳодати ишонро ба даргоҳаш пазируфта бошад ва бори дигар ба бозмондагони ин шуҳадо сабри ҷамил таманно дорам. Ин ҳодиса нишон дод, ки душмантарошӣ, нафратпароканӣ ва ихтилофандозӣ оқибаташ чунин ҳодисаҳост. Вақти он расидааст, ки ба ҷои душмантарошӣ талош кунем, якдигарро дарк кунем, ба ҷои нафратпароканӣ якдигарро бишнавем ва ба ҷои ихтилофандозӣ талош кунем нуктаҳои муштаракро пайдо ва қавитар кунем. Ҷуз ин ҳама роҳҳои дигар оқибаташ ҳамон хоҳад буд, ки дар зиндонҳо ва дар кулли ҷомеъаи кившар имрӯзҳо мушоҳида мекунем.

Худовандро дуъо мекунам, ки ба шарофати ин рузҳои муборакаш муҳоҷирини моро дар саросари олам дар паноҳи худ бигирад, зиндониҳои моро ҳарчи зудтар ба озодӣ бирасонад ва миллату кишвари моро сарбаланду озод созад!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: