Перейти к содержимому

Матни комили мусоҳибаи ҳазфшудаи Кабирӣ бо хабаргузории Форс

Ҳамзамон бо сафари вазири хориҷаи Тоҷикистон ба Эрон, хабаргузории Форс мусоҳибае бо Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон сурат дод ва баъд аз нашр, билофосила онро ҳазф кард. Машрӯҳи ин мусоҳиба ба шарҳи зерин аст:

Иттиҳоди токтикии ҳукуматдорон бо ҷараёнҳои тундгарои мазҳабӣ

Форс: Таҳлили шумо аз ҳодисаи зиндони Ваҳдат чист? Шумо кадом ҷараён ё нафаротро муқассири ин ҳодиса медонед? Қусури (кӯтоҳии) давлат? Ҷараёноти идеулужик? Фарди хосс?

Кабирӣ: Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон. Бо истифода аз ин фурсат, бори дигар таслияти худро ба хонаводаи шуҳадои ин ҳодиса баён мекунам. Ин ҳодиса ва ҳамчунин куштори дастаҷамъонаи дигаре, ки 6 моҳ қабл дар яке аз зиндонҳои шимоли кишвар рух дода буд, баёнгари як бӯҳрони фарҳангӣ ва сиёсии амиқе аст, ки ҷомеаи мо ба он фурӯ рафтааст. Хушунате, ки солҳо боз дар зеҳнҳо шакл мегирифт, акнун қадам ба қадам ба хиёбонҳо, мадрасаҳо, хонаводаҳо ва зиндонҳо мекӯчад. Ин ҳодиса намунае аз хушунатмеҳвар шудани ҷомеаи Тоҷикистон аст. Ин раванди шумро ҳукуматдорон, ба хусус шахси раисиҷумҳур оғоз кард ва кам-кам ба ҳамаи сатҳҳои ҷомеа роҳ ёфт.

Пас аз расидан ба сулҳ, ҷомеаи мо як ҷомеаи гуфтугӯмеҳвар буд. Ҳукумат ҳамаи дарҳои гуфтугӯро баст, нерӯҳои мӯътадили динӣ ва дунявиро аз саҳна берун кард ва баръакс, майдонро ба тундравони мазҳабӣ ва секулор вогузошт, ки натиҷааш он чизе аст, ки имрӯз мебинем. Новобаста аз он ки ин ҷиноят ба дасти кӣ анҷом шуд, муқассир раҳбарияти давлат аст.

Бозии токтикӣ бо нерӯҳои тундрави мазҳабӣ ва истифодаи онҳо алайҳи мухолифони сиёсӣ, аз ҷумла алайҳи Ҳизби Наҳзати Исломӣ, як тарҳи хатарноке буд, ки ҳукумат тақрибан 10 сол қабл оғозаш кард. Ҳатто, он замоне, ки банда намояндаи Маҷлис ва раҳбари як ҳизби расмии кишвар будам, боре ҳам имкони сӯҳбат аз тариқи телевизиюни давлатӣ ба мо дода нашуд; дар сурате, ки раҳбарони ҷараёни салафии Тоҷикистон меҳмони пайвастаи шабакаҳои телевизиюни расмӣ буданд ва алайҳи ҳизби мо ва дигар гуногунандешони кишвар ҳарф мезаданд.

Ин иттиҳоди токтикии ҳукуматдорон — ки секулорҳои хашину тунд ҳастанд — бо ҷараёнҳои тундгарои мазҳабӣ, натиҷааш рушди хушунат, нафрат ва аз байн рафтани фарҳанги муколима гаштааст. Вақте ҳукумат майдони таблиғотиро ба як ҷараёни такфирии тунд медиҳад ва баъдан раисиҷумҳур дар як суханронии расмӣ, Наҳзати Исломиро ба “шиъагароӣ” муттаҳам мекунад, оё натиҷаи дигареро ҷуз куштани афроди наздик ба Наҳзат аз тарафи тундравҳо хоҳем дошт? Исми Сайид Қиёмуддини Ғозӣ дар он сӯҳбати расмии раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамчун як фарди “мазҳабфурӯш” дар ивази пулу мол садо дод ва муттаҳам ба пазируфтани мазҳаби шиъа шуд. Ва қарор додани ин нафар дар як зиндон дар канори афроди наздик ба ДОЪИШ, ҷуз ҳукми қатли ин инсон чизи дигаре нест. Дар сурате, ки Наҳзати Исломӣ як ҳаракати исломии суннии мӯътадил аст ва эҷоди фазои нафрат алайҳи Наҳзат ва пайравони он, роҳандозии як фитнаи мазҳабӣ мебошад.

Ҳукумат Наҳзат ва дигар нерӯҳои сиёсӣ ва мӯътадили фикриро ҳамчун рақиб мешиносад ва алайҳи онҳо мубориза мебарад, бе хабар аз он ки дорад ҷавшани идеулужии миллатро аз тан мекашад ва дар баробари ҳуҷуми идеулужик ва фарҳангӣ, миллатро халъи силоҳ кардааст. Надоштани фикри миллии дарозмуддат, қудратталабии номаҳдуд ва исломситезии тунди нухбагони ҳоким боиси пайдоиши ин вазъият гаштааст. Аз ин рӯ, гурӯҳҳои тундравро банда танҳо васила медонам, омили аслӣ сиёсати худи ҳукуматдорон аст.

* * *

Ҳукумат танҳо роҳи боқӣ мондан дар қудратро идомаи хушунат, саркӯбгарӣ ва эҷоди таниш ва ихтилофот байни мардум медонад

Форс: Ҷудо аз мавзӯъоти таблиғотӣ, ки кишварҳо ва бархе шахсиятҳои аршади сиёсӣ дар хусуси хатари ДОЪИШ унвон мекунанд, ба назари шумо хатари ҷараёни ифрот ва ба таври мушаххас ДОЪИШ ба чӣ мизон аст?

Кабирӣ: Хатари ҷараёнҳои ифротӣ дар кишвари мо, билқувва вуҷуд дорад. Худи шароити сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии мавҷуд бистари муносибе барои пайдоиши ҳама гуна ифротгароӣ аст. Дар чунин вазъият, агар ифротгароӣ шакл намегирифт, ҷои тааҷҷуб буд, на он ки ин хатар дар ҳоли ҳозир вуҷуд дорад. Аммо ин хатари билқувва аз тарафи доираҳои манфиатҷӯ, ба вежа доираҳои ҳоким барои баҳрагирии таблиғотӣ ва рӯпӯш кардани тарҳҳои дигари сиёсӣ истифода мешавад. Ҳукуматдорони кунунии Тоҷикистон барои вуҷуди чунин як хатари доим манфиат доранд ва агар он намебуд ҳам, онро эҷод мекарданд. Доштани як хатари мудириятшуда аз тарафи гурӯҳҳои тундрави мазҳабӣ, ҳам дар бозори дохилӣ ва ҳам хориҷӣ харидор дорад. На миллат ва на доираҳои хориҷӣ масоиле чун ҳуқуқи башар, мардумсолорӣ ва озодиҳоро дар баробари хатари ифротгароӣ муҳим намедонанд. Ҳатто мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоии фаровон, ки миллат аз онҳо ранҷ мебаранд, дар баробари амният ва оромиш камранг мешаванд.

Соли гузашта терури чанд гардишгари ғарбӣ рух дод, ки ҳукумат билофосила мухолифони худ, аз ҷумла Наҳзати Исломиро масъули ин амалҳо эълом кард. Ин иттиҳомро касе ҷиддӣ нагирифт ва ҳатто ба тамасхур кашида шуд. Ҳукумат то лаҳзаи охир талош кард исми ДОЪИШ дар робита ба он ҳодиса оварда нашавад, агарчи ДОЪИШ онро эътироф кард. Ин маънии онро дорад, ки ҳатто доъиши мудириятшуда дар кишварро ҳокимони Тоҷикистон хатар намедонанд, балки ба он ҳамчун як фурсат нигоҳ мекунанд, то бо истифода аз ин гуна ҳодисаҳо, ҳам мухолифони худро мавриди ҳуҷум қарор бидиҳанд ва ҳам таҳти пӯшиши “мубориза бо теруризм” фасоди идорӣ ва молӣ ва саркӯбгарии худро идома бидиҳанд.

Бояд ба як нукта таваҷҷӯҳ шавад, ки ҳукумати Тоҷикистон то имрӯз ҳеч далеле барои ҳамкории Наҳзат бо гурӯҳҳои ифротӣ пешниҳод накардааст. Баръакс, таҳдидҳои мустақими гурӯҳҳои ифротӣ ба раҳбарияти Наҳзатро нодида мегирад. Ҳоло агар ривояти ҳукумат дар бораи даст доштани ҷонибдорони ДОЪИШ дар шаҳодати чанд тан аз раҳбарони имрӯз ва ё собиқи Наҳзат дар зиндон рост бошад, пас ин худ ҳамаи иттиҳомоти мақомот дар бора ҳамкории Наҳзат ва ДОЪИШ-ро нобуд мекунад. Вале эҳтимоли даст кашидани ҳукумат аз иттиҳомоти худ алайҳи Наҳзат хеле заъиф аст ва ин худ масъалаи шинохти гурӯҳҳои воқеан ифротгаро дар минтақаро мушкил мекунад.

Ба назари мо, агар ҷилави ин раванд дар ин марҳила гирифта нашавад, хатари ифротгароӣ ба як воқеияти фоҷеабор табдил хоҳад шуд, ки мубориза бо он ҳазинаи бештаре хоҳад дошт. Ҳанӯз ҳам фурсат ҳаст, агарчи хеле имкониятҳоро аз даст додем. Аммо, ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистон омода нест иштибоҳоти худро бипазирад ва ислоҳоте дар рафтор ва сиёсатҳои худ ворид кунад. Танҳо роҳи боқӣ мондан дар қудратро идомаи хушунат, саркӯбгарӣ ва эҷоди таниш ва ихтилофот байни мардум медонад.

Мо мубориза бо ифротгароиро як масъулияти имонӣ ва созмонии худ медонем

Форс: Зарфият ва лузуми ҳузур ва будани ҷараёноти мӯътадили исломӣ ҳамонанди Ҳизби Наҳзати Исломӣ дар мувоҷеҳа бо хатари ифротгароиро тавзеҳ бифармоед.

Кабирӣ: Лузуми вуҷуди чунин як созмони қавии миллӣ бо доштани афкор ва роҳкорҳои мантиқӣ ва мӯътадилро коршиносон ва сиёсатмадорони минтақа ва ҷаҳон аз қабл гуфтаанд ва ин ҳарфи ҷадиде нест. То замоне, ки мо дар кишвар ҳузур доштем, шумори андаке аз тоҷикон дар саффи гурӯҳҳои тундрав, мисли ДОЪИШ ё Алқоъида вуҷуд доштанд. Пас аз мамнӯияти Наҳзат адад ба ҳазорҳо расид. Ин маънои онро дорад, ки мо девори мустаҳками фарҳангӣ дар баробари ҳуҷуми андешаҳои тунд сохта будем ва ҷомеа онро вақте дарк кард, ки он девор бардошта шуд. Ин бо шароите, ки Наҳзат он замон ҳам таҳти фишори ҳукумат буд ва хеле аз нерӯи инсонӣ ва фикрии мо харҷи дифоъ аз худ мешуд, на харҷи мубориза бо ифротгароӣ.

Имрӯз, ки тақрибан ҳамаи нерӯи мо барои дифоъ аз худ, барои озодии маҳбусон ва мубориза алайҳи низоми худкома сарф мешавад, гурӯҳҳои ифротии дигар рақиби идеулужики қавӣ ва муассире надоранд. Доираҳои расмии кишвар ва ба хусус ниҳодҳои динии расмӣ муборизаи идеулужик бо гурӯҳҳои тундравро чӣ дар гузашта ва чӣ имрӯз бохтаанд ва тавони рақобат надоранд. Танҳо нерӯе, ки метавонист ва ҳанӯз ҳам метавонад дар баробари рушди афкори ифротӣ биистад, Наҳзати Исломӣ ва руҳонияти мустақил ва мӯътадили кишвар аст, ки ҳар дуро ҳукуматдорон аз саҳна берун карданд.

Аммо, чӣ ҳукумат бихоҳад ва чӣ нахоҳад, мо мубориза бо ифротгароиро як масъулияти имонӣ ва созмонии худ медонем ва дар ин самт пайкорро идома хоҳем дод. Дуруст аст, ки феълан имконоти мо мисли солҳои қабл нест ва бахше аз имконоти мо харҷи мубориза бо худи ҳукуматдорони золиму фосид мешавад. Мо маҷбурем, ки алайҳи ифротгароии мазҳабӣ ва секулор ҳамзамон мубориза барем. Чун ин ду, такмилкунанда ва ба вуҷуд оварандаи якдигар ҳастанд ва яке бидуни дигаре наметавонад вуҷуд дошта бошад. Ифротгароии секулор ҳамеша ниёз ба як ифротгароии мазҳабӣ дорад ва баръакс. Ҷомеаи моро ин ду гурӯҳ байни худ мехоҳанд тақсим кунанд ва нерӯҳои мӯътадили дунявӣ ва динӣ барои ҳар ду ҷиноҳ рақиб маҳсуб мешавад. Ҳамин аст, ки имрӯз як ҳуҷуми таблиғотии бузург алайҳи шахсиятҳо ва созмонҳои дунявии мӯътадил дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ роҳандозӣ шудааст ва ҳадаф ҳам дур кардани онҳо аз паҳлӯи Наҳзат ва доираҳои мазҳабии мӯътадил аст.

Мо бархе аз корҳои фарҳангӣ ва фикриамонро аз дохили кишвар ба хориҷ, байни муҳоҷирон кӯчондем. Чун раванди ифротишавӣ байни муҳоҷирон ба маротиб қавитар аст. 80 дар сади рафтагон ба саффи ДОЪИШ аз ҳисоби муҳоҷирон будааст. Бино бар ин, Наҳзат ва соири нерӯҳои мӯътадил масъулият доранд дар чанд самт кор кунанд, ки ҳар кадом аҳаммияти худро дорад.

* * *

Эрон ва Тоҷикистон маҳкум ба он ҳастанд, ки ҳамеша бо ҳам наздик бошанд

Форс: Оё метавон умедвор буд, ки наздикии дубораи ду давлати Эрон ва Тоҷикистон, бархе ибҳомоти мавҷуд дар масъалаи Ҳизби Наҳзатро бартараф кунад?

Кабирӣ: Эрон ва Тоҷикистон маҳкум ба он ҳастанд, ки ҳамеша бо ҳам наздик бошанд. Агар касе мухолифи наздикии ин ду кишвар бошад, мухолифи манфиатҳои ҳам Тоҷикистон ва ҳам Эрон мебошад. Ҳоло, ки ишораҳое ба эҳтимоли беҳтар шудани робитаҳо мешавад, мо комилан аз ин раванд пуштибонӣ мекунем. Агар ибҳомоте марбут ба Наҳзат дар байн вуҷуд дорад, ин бармегардад ба иттиҳомоти беасоси ҳукуматдорони Тоҷикистон ва сиёсатҳои иштибоҳии онҳо дар чанд соли охир. Ва барои мо ҳам то ҳол равшан нест, чаро баҳси Наҳзат байни Эрон ва Тоҷикистон то ин ҳадд доғ бошад, дар сурате, ки мо фаъолиятамон дар Урупост, на дар Эрон. Эрон, ҳамчун як кишвари кафили сулҳ ва пуштибон аз Наҳзат дар солҳои муқовимат, ба хотири ҳифзи робита бо Душанбе ҳатто омода нашуд як гурӯҳи кучаке аз намояндагони моро бипазирад. Дар сурате, ки мо дар ҳамаи кишварҳои Урупо ба таври озод ва расмӣ амал мекунем ва Душанбе ҳатто ҷуръат намекунад ин мавзӯъро бо ин кишварҳо матраҳ кунад. Чун, кишварҳои урупоӣ ба касе иҷоза намедиҳанд, ки дар масоили арзишӣ хатти қирмизҳоро убур кунанд.

Дар барқарории сулҳи тоҷикон нақши Эрон хеле бузург аст ва ҳифз ва пуштибонии он бояд як арзише дошта бошад. Ба хусус, ки як тарафи ин сулҳ як нерӯи исломӣ буд ва Эрон ҳам ба таври ошкор аз он ҳимоят мекард. Агар дар вақти ҷанг пуштибонӣ аз як нерӯи исломӣ арзиш ва аҳаммият дорад, анҷоми масъулияти кафилӣ, пуштибонӣ аз сулҳ ва аз тарафи мазлум, арзиши бештаре бояд дошта бошад. На ҳукуматдорони Душанбе, балки Теҳрон бояд даъвогар бошанд, чун Эрон кафили ин сулҳ аст ва Раҳмон аст, ки сулҳро шикаст. Интизории Душанбе ҳам аз Эрон дар бораи Наҳзат, ки бояд ҳамчун як созмони ифротӣ ва теруристӣ шинохта шавад, як интизори беасос аст. Кадом кишвари ҷаҳон ин корро кардааст, ки ҳоло Эрон бикунад?

* * *

Набояд Наҳзат ба унвони як мушкил байни Эрон ва Тоҷикистон бошад

Форс: Чӣ роҳкорҳоеро шумо барои хуруҷ аз бунбасти ҳамкории Эрону Тоҷикистон хусусан дар масъалаи Ҳизби Наҳзат пешниҳод мекунед?

Кабирӣ: Роҳкоре, ки мо пешниҳод мекунем, хеле содда ва равшан аст. Ҳамон роҳкоре, ки ҳамаи кишварҳои ҷаҳон, ба хусус урупоӣ, дар бораи Наҳзат кардаанд; ба Душанбе шаффоф фаҳмонданд, ки ҳеч иддаои онҳоро алайҳи Наҳзат қабул надоранд ва набояд мавзеъи ин кишварҳо дар бораи Наҳзат мавзӯъи гуфтугӯ ва ҳамкориҳои ин кишварҳо бо Душанбе бошад. Чаро сафири Олмон дар Тоҷикистон битавонад бо як сӯҳбати расонаӣ ошкор ин баҳсро дар худи Душанбе на танҳо барои кишвари худ, балки барои ҳамаи Урупо хатм кунад, вале мавзӯъи Наҳзат то Теҳрон ва сатҳи раҳбарони ду кишвар кашонида шавад? Бархе воқеиятҳо вуҷуд доранд, ки ҳама онро бояд бипазиранд ва барои ҳама яксон бошад. Яке аз воқеиятҳо ин як ҳаракати сиёсии мӯътадил будани Наҳзат аст ва ҳамаи ҷаҳон инро эътироф дорад, ҷуз як идда мансабдори Тоҷикистон. Ин мушкилии ҳамон як идда боқӣ бимонад, на мушкилии Эрон ё Урупо. Ва ин воқеият бояд ба таври расмӣ ва ошкор расонида шавад ва ин мавзӯъ набояд ҳамчун як мавзӯъи доғ ҳамеша болои мизи гуфтугӯи ду ҷониб бошад. Эрон то имрӯз мисли як бародар дар баҳси хонаводагӣ аз хештандорӣ истифода кард, ки дар умум хуб буд.

* * *

Мо дар муборизаи худ такя ба Худованд ва миллати мӯъмини тоҷик дорем

Форс: Ба унвони раҳбарияти Ҳизби Наҳзат, чӣ интизороте аз Ҷумҳурии Исломии Эрон доред?

Кабирӣ: Интизори мо аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамон интизоре аст, ки як нерӯи мардумӣ, вале мазлуми як кишвари мусалмон аз як ҷумҳурии исломӣ дорад. На камтар ва на бештар. Наҳзат дар саффи аввали мубориза алайҳи зулму истибдод ва ифротгароӣ дар минтақа қарор дорад, ва ҳанӯз ҳам шаҳид медиҳад. Шароит водор кардааст, ки мо ҳам парчамдори мубориза барои ҳуқуқи башар бошем, ҳам барои расидан ба як ҷомеаи озод ва демукротик талош кунем ва ҳам дар сангари дифоъ аз арзишҳои мӯътадили миллӣ ва мазҳабиамон қарор бигирем. Ин ҳам дар шароити сахти минтақаӣ ва байналмилалӣ, ки барои як нерӯ ба танҳоӣ анҷоми ин ҳама вазифаҳоро тақрибан ғайримумкин гардонидааст. Дар ҳолати бетафовутии кишварҳои исломӣ ва ғайриисломӣ мо маҷбурем бархе масъулиятҳои кишварҳои минтақа ва созмонҳои байналмилалиро ҳам ба дӯш бигирем ва гирифтаем. Мо дар муборизаи худ такя ба Худованд ва миллати мӯъмини тоҷик кардаем, аммо интизор дорем, ки ҳамаи кишварҳо ва миллатҳои озодихоҳ ва зулмситез моро танҳо нахоҳанд гузошт. Табиӣ аст, ки интизороти мо аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчун кишвари кафили сулҳ, бештар аз дигар кишварҳост ва бояд чунин ҳам бошад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: