Перейти к содержимому

Наҳзат ҳаргиз ба фикри “наҳзатисозии муборизахоҳӣ” набудааст ва нахоҳад буд

Ба қалами Бобоҷон Қаюмзод, сухангӯи ҲНИТ

Бобоҷон Қаюмзод, мутаваллиди 10 июни соли 1975 дар Кӯлоб, фориғуттаҳсили риштаи равоншиносии Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад, узви Риёсати Олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), корманди бахши фарҳангии ҲНИТ (2007-2009), раиси бахши таҳлил ва барномарезии ҲНИТ (2009-2011), мудири сомонаи Nahzat.tj (2011-2012), масъули Тв Сафо (2012-2015), масъули бахши Ховари Миёнаи ҲНИТ ва раиси Ҷамъияти фарҳангии тоҷикон дар Туркия (2015-2017), масъули дафтари ҲНИТ ва Паймони Миллӣ дар Литва (2018), равоншинос, алоқаманд ба масоили фалсафаи сиёсӣ ва андешаҳои донишмандони муосир.

Пас аз хондани фикри баъзе шахсиятҳо ва шунидани сӯҳбати бархе ҳамватанони азизамон дар бораи озодихоҳӣ, мубориза ва ҷойгоҳи ҲНИТ, лозим донистам, ки чанд нуктаро ба самъи ҳамватанони азиз бирасонам ва мақеъи худро дар ин бора равшан намоям.

1) Аввалан: ҲНИТ аз ибтидо ҳатто аз рӯзҳои аввали бедории миллӣ дар солҳои 90-уми асри гузашта бо ҳама неруҳои солим ва озодихоҳ ҳамкорӣ кардааст. Намунаи ин ҳамкориҳоро метавонем дар ташкили ҳукумати муросои миллӣ ба вузӯҳ бибинем. Ҳукумате, ки пуштибонии мардумиашро аз ҲНИТ дошт, вале риштаи умур дар дасти технократҳо буд. Шоҳидон ва фаъолони он ҳукумат ҳам то ҳол ҳастанд ва дар сурати фароҳам шудани шароити муносиб ҳатман воқеиятҳоро хоҳанд гуфт.

Ҳамчунин дар интихоботи президентии соли 1991 ҲНИТ дар як эътилоф бо ҳизбу созмонҳои озодихоҳ номзадии Давлат Худоназаровро ба мансаби раисҷумҳурӣ пешбарӣ намуда то охир аз ӯ ҳимоят кард. Дар ин эътилофҳо боз ҳам ҲНИТ неруи аслӣ буд, вале дар канори Ҳизби демократ, Созмони Растохез, Созмони Лаъли Бадахшон ва дигар неруҳои озодихоҳ ба таври комил ҳамкорӣ намуд.

Баъдан дар замони ҳиҷрат ба Афғонистон ва ташкили Иттиҳоди Неруҳои Опозитсиюни Тоҷик ҳам ҲНИТ меҳвари ин иттиҳод буд ва тавонист мардуми муҳоҷиру овораро бо сари баланд ба Ватан баргардонад. Эътилоф, ҳамкорӣ ва эҳтиром гузоштан ба хоставу андешаву раъйи дигарон аз ибтидо аз усулҳои муҳимми ҲНИТ будааст ва ҳоло ҳам ҳаст. Агарчӣ он замон риштаи умур дар дасти дигарон ва неруи аслӣ ҲНИТ буд, аммо тамоми иштибоҳот ва мушкилоти он замонро то ҳол ҳам ба пои ҲНИТ менависанд, ки мунсифона нест.

2) Дуввуман: Дар замони интихоботи президентии соли 2013 ҲНИТ бо машварати чанд тан аз шахсиятҳои матраҳ ва маъруфи кишварамон Иттиҳоди Неруҳои Ислоҳотхоҳи Тоҷикистонро ташкил намуданд. Агарчӣ ин иттиҳод дер напоид ва зуд аз ҳам пошид, аммо бархе аз шахсиятҳое, ки имрӯз иддаои иттиҳоду эътилоф доранд, дар ташкил ва шикасти он иттиҳод ҳам нақш доштанд.
Пас ҲНИТ таҷрибаи талхи шикасти он иттиҳодро ҳам дар корномааш дорад ва ҳамеша бо эҳтиёт пеш меравад, то бори дигар ба чунин сарнавишт дучор нашавад ва ҳама нокомиҳояшонро ба болои он бор накунанд.

3) Севвуман: ҲНИТ дар тули муборизааш дар дохил ва хориҷи кишвар ба ҳеҷ гурӯҳ ё шахсияти сиёсии мухолиф душмание надошта ва ҳеч кадомро таҳқир накардааст. Агар имкони ҳамкорӣ ва ё эътилоф барояш муяссар набудааст, ҳадди ақал дар муқобили онҳо ҳам қарор нагирифтааст. Ҳаргиз ба раҳбарон ва пайравони ҳизб ё созмоне беодобиву беиффатиро сазовор надониста аст. Балки ба хотири манфиатҳои миллату кишвар, ҳамеша дар муқобили бадтарин таҳқирҳо ва пасттарин дашномҳои дигарон гузашт кардааст. Тамоми корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ худ шоҳиди ин гуфтаҳо ва гузаштҳо ҳастанд. Мо агар интиқод кардаем бидуни таҳқир будааст ва он ҳам аз ҳукумат ва шахсони масъул, на аз дигар ҳизбу созмонҳо ва шахсиятҳо.

4) Чаҳорум: ҲНИТ пас аз ҳиҷрати маҷбурӣ дар соли 2015 ниёз ба замон дошт то аз шок берун шавад ва неруҳояшро сомондеҳӣ кунад. Агар дар он замон ҲНИТ неруҳои худашро аз нав созмондеҳӣ ва ҷобаҷогузорӣ намекард, наметавонист фаъолияташро дубора аз сар бигирад. Бинобар ин пас аз созмондеҳии дубораи худ ҲНИТ омодагиашро барои ташкили эътилоф эълон намуд. Ҳоло агар дар ин муддат бархе созмонҳову эътилофҳо дучори мушкил шуданду аз ҳам пошиданд, ин ба ҲНИТ ҳеч рабте надошт, зеро ҲНИТ дар ин муддат саргарми сомондеҳии вазъияти дохилии худаш буд.

5) Панҷум: Бар хилофи бовар ва таҳлили бархе афрод, наҳзат ҳаргиз ба фикри “наҳзатисозии муборизахоҳӣ” набудааст ва нахоҳад буд. Зеро озодихоҳӣ ва мубориза ҳаққи ҳар як тоҷик ва тоҷикистонӣ ҳаст ва то абад хоҳад буд. Аз ҷумла ҳаққи наҳзат ҳам ҳаст, ки барои озодии ватану миллат мубориза кунад. Наҳзат аз ибтидо ҳадафашро гум накардааст ва онро пайгирӣ мекунад. Ба фикри аз байн бурдани кадом созмону гурӯҳе ҳам набуду нест. Аммо бархеҳо фикр мекунанд, ки бо вуҷуди наҳзат дигар ягон нерӯ шакл гирифта наметавонад. Бинобарин бояд наҳзат ҳам аз байн биравад то неруи нав ва ҷадиде шакл бигирад.

Фикр мекунам ин нишонаи заъфи эътимод ба нафси онҳост, зеро ягон инсони оқил ба хотири як чизи набуда доштаҳои худашро аз байн намебарад.

Ба иборати дигар ин дӯстон дониста ё надониста бо ин роҳ ба фикри тавҷеҳи нотавонии худашон ҳастанд. Агар ҳар касе тавони роҳандозии як созмони муназзам ва мунсаҷимро дошта бошад, ҳаргиз ба фикри будан ё набудани ин ё он гурӯҳ намешавад, балки созмонашро месозад ва сохтору барномаашро тавре ба роҳ мемонад, ки беҳтар аз ҲНИТ ва дигар гурӯҳҳо бошад, то ҷавонон ба он ҷалб шаванд. Агар як неруи дунявии солим ва муваффақ шакл бигирад ва барои озодиву ободии кишвар мубориза кунад, мо аз он истиқбол мекунем ва мисли ҳамеша барои ҳамкорӣ омода ҳастем. Аммо ин фикр, ки шарти аслии шаклгирии неруи нав набудани ҲНИТ бошад, аслан ба хотири тавҷеҳи нотавонии худи афрод аст. Чун онҳо наметавонанд як гурӯҳи муназзам ва мунсаҷим ташкил кунанд ҲНИТ ҳам, ки каму беш назму тартиб дорад бояд аз байн биравад. То дар оянда далел дошта бошанду миллатро гунаҳкор кунанду бигуянд, ки: “бо ин мардум намешавад”!
Аммо оё беҳтар нест ба ҷои машғул шудан ба наҳзат ва ингуна барномаҳо вақти қиммати худро сарфи ташкили як гурӯҳи дунявӣ ва неруе кунанд, ки муборизахоҳияш наҳзатӣ набошад? Чаро далеле барои ин иддаои худашон пешниҳод намекунанд ва дар муқобил роҳи ҳалли алтернативие матраҳ намекунанд, то ҳамагон онро бинанд ва аз он пайравӣ кунанд?

6) Нуктаи шашум: ин аст, ки ҲНИТ аз ибтидо барои ҳамкорӣ бо ҳар гурӯҳе изҳори омодагӣ карда буд. Дар ҳамин росто ҲНИТ ҳамроҳ бо Анҷумани Озодандешон, Ҷунбиши Ислоҳот ва Рушд, ва Ассосиатсияи муҳоҷирони Осиёи миёна эътилоферо бо номи Паймони Миллӣ ташкил намуданд ва эълон намуданд, ки ҳар гурӯҳе агар хоста бошад метавонад вориди ин эътилоф шавад. Ҳоло дӯстоне, ки дар бораи ваҳдату якпорчагиву ҳамкорӣ сухан мегӯянд, бояд бидонанд, ки тӯб дар майдони онҳост. Зеро инҷо як неруе ҳаст, ки дар канори ҳам истодаанд ва фаъолият мекунанд. Натиҷаи фаъолияти ин неру ҳам барои касе пушида нест. Дар айни ҳол Паймони Миллӣ расман эълон кардааст, ки ба мавқеъ ва афкори гурӯҳҳое ҳам, ки ба ин эътилоф напайвастаанд эҳтиром мегузорад ва ҳақи онҳост, ки дар алоҳидагӣ мубориза баранд.

7) Нуктаи ҳафтум: Ҳар инсоне мароҳили мухталифи рушдро аз сар мегузаронад ва таи мароҳил аз тҷоруби фаровони худ ва дигарон истифода мекунад. Созмонҳо ва гурӯҳҳо низ аз ин қоида мустасно нестанд. ҲНИТ дар муддати 40 сол мароҳили мухталиферо пушти сар гузоштааст, ки даврони муқовиматҳои мусаллаҳона ва ҳам даврони сулҳ ҷузъи он мароҳил аст. Дӯстоне амдан мехоҳанд вақте дар бораи ҲНИТ сухан мегӯянд танҳо аз марҳалаи даврони муқовимати он сухан бигӯянд. Аммо бояд бидонанд, ки ҲНИТ дар таи ин мароҳил ба таври мусбат мутаҳаввил шудааст. Шояд дар замони гузашта масъалае барои ҲНИТ аз аҳамияти зиёд бархурдор буда ва дар авлавият қарор доштааст, аммо бо гузашти замон он масъала аҳамияти худашро аз даст дода ва мавзӯъи дигаре дар авлавият қарор гирифтааст. Бо таваҷҷӯҳ ба шароити замонӣ ва маконӣ ва бо дар назар гирифтани омилҳои таъсиргузор дар ҳар марҳила ин як раванди табиӣ дар таҳаввули як созмон ё як ҳизб аст. ҲНИТ ҳам тайи ин мароҳил шояд дар ҷое иштибоҳ карда бошад, ки ин ҳам як амри табиист ва бояд руи он иштибоҳоташ кор кунад ва аз онҳо дарс бигирад. Аммо ҳаргиз як созмони рокид ва шахшуда набудааст, балки дар ҳар замоне кушидааст худашро ба руз кунад.

Хулоса инк и ҲНИТ на муборизаро танҳо моли худаш медонад ва на худашро соҳиби миллату кишвар мешуморад. Балки худашро ҷузъе аз ин ҷомеа ва ин миллат медонад, ки баробари дигарон дар таъйини сарнавишти ояндаи кишвар саҳм гузоштан мехоҳад. Озодӣ ва адолат арзишҳое ҳастанд, ки вобаста ба ҳеҷ гурӯҳ, ҷараён, ҳукумат ва шахсияте нестанд. Дар айни ҳол ин арзишҳо ба ҳадде муҳимм ҳастанд, ки дар ҳар ҷомеае, ки ҳоким шудаанд заминаи рушду пешрафти онро фароҳам кардаанд. Барои ҲНИТ озодӣ, адолат ва мушорикати мардум аз аҳамияти зиёде бархурдоранд ва дар авлавият қарор доранд. Ба хотири пиёда кардани ин се асл дар ҷомеа ҲНИТ бо ҳар неруву гурӯҳе омодаи ҳамкорӣ буда ва ҳаст. Аммо ба хотири хостаҳову ормонҳои мубҳаму норавшани ҳеҷ шахсу гурӯҳе ҳозир нест майдони муборизаро холӣ ва умеди мардумро заиф ё нобуд созад. Агар барои амалӣ шудани ин се асл ҳар касе барнома ва ё пешниҳоде дошта бошад ҳам ҲНИТ бо оғуши боз аз он истиқбол мекунад ва дар сурати имкон аз паси амалӣ карданаш хоҳад шуд.
Бинобарин аз тамоми шахсиятҳо ва гурӯҳҳое, ки имрӯз бо ҳар далеле бо ҲНИТ мухолифат доранд хоҳиш дорем, ки мавқеъи моро аз сомонаи расмии ҳизб ва аз навиштаҳову гуфтаҳои шахсиятҳои расмии ҲНИТ бардошт намоед, на аз навиштаву бардоштҳои фейкҳо ё шахсиятҳое, ки ба раиси ҲНИТ ё яке аз масъулони ҳизб нисбати хешутаборӣ доранд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: