Перейти к содержимому

На ба ин шӯрии шӯрӣ…

Ба қалами Зафари Сӯфӣ

Ба назар мерасад зимистони наздик ба панҷсолаи муносибати Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯ ба поён аст. Дар ин фазо нафаси баҳор медамад. Умед аст, ки ин нафаси баҳор оғози шугуфтанҳо ва болиданҳо мешавад. Зеро барои ҳар шахсе, ки дидгоҳҳояш мардуммеҳвар ва миллӣ аст, беҳбуди равобити ин ду кишвари ҳамзабону ҳамтабор боиси хушҳолӣ будаву ҳаст.

Дар ин миён вокуниши дастгоҳи таблиғотии ҳукумати Тоҷикистон воқеан диданӣ ва ҳайратангез аст. Навиштаҳо дар мавриди равобити кишвар бо Ҷумҳурии Исломии Эрон пас аз сафари вазири хориҷаи Тоҷикистон ба Теҳронро мехонаму ғайриихтиёр ин зарбулмасал ба ёдам меояд; На ба ин талхии талхӣ, на ба ин шӯрии шӯрӣ! Яъне аз ин гӯша ба он гӯша, аз ифрот ба тафрит…

Воқеан ифрот дар ҳама кор зишт ва нафратангез аст. Як инсони озода ҳеч гоҳ ба худ иҷоза намедиҳад, ки афкору гуфтору корҳояш дар қолаби ифрот ва ё тафрит бошад. Агар касеро таъриф мекунад ҳатман бар асоси далелу амалҳои мушаххас ва агар гунаҳкор мекунад, ҳатман бар асоси далелу санади мувассақ хоҳад буд. Бар пояи овозаву эҳсосоту пешдовариҳо дар мавриди шахсе ё гурӯҳе ё кишваре изҳори назар кардан ва бадтар аз ин ҳукм содир намудан комилан кори ифротиён аст. Ҳоло фарқе намекунад ин ифротӣ ба чи дидгоҳе, ба чи кешу ҷаҳонбиние муътақид бошад.
Таи чаҳор соли ахир ҳукумати Тоҷикистон борҳо ҶИ Эронро дар пуштибонӣ аз ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки аз соли 2015 фаъолияташ дар ҳудуди кишвар мамнуъ эълон шуда, гунаҳкор мекард. Ин иттиҳом ҳам аз ҷониби Эрон ва ҳам аз ҷониби масъулони ҲНИТ инкор мешуд. Ҳоло ин ҳама хушҳолии масъулони ҳукумати Тоҷикистон ва дастгоҳҳои таблиғотияш ба чи далел аст?

Амалҳои шитобзада ва насанҷидаи ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша ба ёди ман як ривоятро меорад. Насриддин ҳар вақт аз кор барои сарфи ғизои нисфирӯзӣ ба хонааш меомад. Ҳамеша кудакони маҳалла назди хонааш бозӣ мекардаанду барои истироҳати ӯ халал мерасондаанд. Ин бор ҳам аз кор бармегашта, ки ҳамон вазъ. Фикр карда, бояд чорае ёфт. Хоста бо фиреб кудакҳоро аз назди дарвозаи хонааш дуртар фиристад. Гуфта; ҳей, бачаҳо! Чи кор мекунед ин ҷо беҳуда вақт гузаронда. Биравед сари кӯча, ки чормағзи фулонӣ рехтаву касе нест ҷамъ оварад.

Кудакон нобоварона ба ӯ нигаристаанд, ки Насриддин ҷиддитар ин гапро такрор кардаву гуфта;

— Ҳар кӣ тезтар равад чормағзи бештар насибаш мешавад.

Бачаҳо ҳама бо сару садо ба самти нишон додаи Насриддин давидаанд. Насриддин каме аз паси онҳо нигоҳ кардаву аз шавқу завқи бачаҳо мутаассир шуда ба худ гуфта; яке рост бошада? Ва рафта хонаву занашро гуфта, ки як халтае диҳад, то биравад, ки шояд сари кӯча чормағзи ҳамсоя рехта бошад..

Мисли Насриддин дар хеле аз маворид ҳукуматиҳои кишвари мо нисбати ин ё он шахс, гуруҳ, созмон ё кишваре худашон иттиҳомро баста худашон ба он афсона бовар кардаанд. Ҳамин ҳол дар мавриди муносибат ба Эрон ҳам сидқ мекунад. Дирӯз иттиҳом мебастанд, имрӯз хушҳолӣ доранд. Яъне тарафи муқобил афсонаи инҳоро ба лаҳни диплумосӣ гӯё таъид кардаву ҳарферо, ки солҳост такрор мекунад, бори дигар гуфтааст. Воқеан Эрон ҳамеша ин иттиҳомро инкор мекард. Ҳамеша таъкид карда, ки аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон пуштибонӣ намекунад ва барои фаъолияти ин ҳизб дар ҳудуди Эрон иҷоза намедиҳад. Аз сӯи дигар масъулони ҲНИТ ҳам ҳамеша гуфта ва таъкид мекунанд, ки онҳо пас аз дар кишвар аз сӯи додгоҳ мамнуъ шудани фаъолияти ҳизб дар ҳудуди собиқ шӯравӣ ва бархе кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Эрон намояндагие надоранд ва фаъолият намекунанд. Тибқи эълони онҳо раёсат ва намояндагиҳои ҲНИТ дар ҳоли ҳозир асосан дар кишварҳои аврупоӣ фаъолият доранд. Ҳоло бо ин вазъ, ин ҳама табли хушҳолӣ кӯфтани дастгоҳҳои таблиғотии ҳукумати Тоҷикистон ва ёддошти тафоҳум бо вазорати хориҷаи ҶИ Эронро фоҷеа барои ҲНИТ тавсиф карданашон магар амале шитобзада ва чанги пеш аз подаро намемонад?

Аз сӯи дигар ҳамеша дастгоҳҳои таблиғотии ҳукумат таъкид мекунанд, ки мухолифони ҳукумат ва аз ҷумла ҲНИТ чанд тан ё як гурӯҳи фиребхӯрда, хиёнаткор ва душман ҳастанд, ки мардуми Тоҷикистон аз онҳо безор аст. Ҳоло мегӯем ин ҳарф дуруст бошад. Пас, чиро ин қадар дар тарсу таҳлука афтодаед? Чаро ин қадар энерживу маблағ сарф мекунед ва ҳазорҳо муаллиму журналисту муҳандису милисаву… хуллас ҳазорон шаҳрвандро басич кардаед, ки бар зидди мухолифон ва дигарандешон ёддоште бинависанд ва онҳоро ба гуноҳҳои нокарда иттиҳом банданд? Чиро ин қадар мардумро мехоҳед ҳушдор диҳед, ки аз ин афроду гурӯҳҳо бипарҳезанд ва агар касе ба навиштаи ин афрод ё гурӯҳҳо дар шабакаи иҷтимоӣ лайк монад, ӯро чанд сол зиндонӣ мекунед? Вақте ба ҳарфи худатон бовар доред, вақте медонед ин афроду гурӯҳ таъсире дар ҷомеа надоранд ва кори ҳукумат дар ростои манфиати мардум ва барои рифоҳи мардум аст, чиро нигаронед? Агар ҳукумат хонаводагӣ нест, агар манфиати домодҳои Эмомалӣ Раҳмон болотар аз манфиати тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон нест, агар хешу табори Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи мансабу бахшҳои калидӣ ва даромадзоро дар инҳосори худ нагирифта бошанд, чаро аз суҳбати мухолифон ва дигарандешон дар ин маврид ин қадар ба шӯр меоед? Шумо киро мехоҳед фиреб диҳед? Ё гумон доред мардум нафаҳманд? Аз ҳич чи хабар надоранд? Чиро тоҷикон ва умуман ҳамаи шаҳрвандони кишварро таҳқир мекунед? То кай ба онҳо дурӯғ мегӯед ва интизор доред ба ин дурӯғҳоятон бовар кунанд?

Тоҷикро ҳукумати Тоҷикистон дар кишварҳои дигар ба ҳайси терорист ва ифротгаро муаррифӣ кард. Дар тамоми мулоқот ва ҷаласаҳои намояндаҳои ҳукумати Тоҷикистон, аз раиси ҷумҳур сар карда то вазиру ҷонишини вазир, раису муовини кумитаҳо бо ҳамтоёни худ аз дигар кишварҳои ҷаҳон мавзӯъи асосӣ ва меҳварӣ ҳамин тероризм ва ифротгароист. Ҳоло рӯи сухани ман ба ин фаъолони дастгоҳи таблиғотии ҳукумат аст, агар ин иддаоятон, ки ғуломи ҳукумати хонаводагии Эмомалӣ Раҳмонов нестед ва бароятон обрӯи тоҷику тоҷикистонӣ ва шарафи ватандорӣ болотар аз ҳама чиз аст, биёед, як бор ёддоштҳои ҳамаи ҷаласоти масъулони ҳукумати Тоҷикистон дар сафарҳои расмиву давлатияшон ба кишварҳои дигар ё сафарҳои раҳбарону масъулони кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалиро ба Тоҷикистон аз назар гузаронед. Ҳеч як мулоқоте набуда, ки мавзӯъи тероризм ва ифротгароӣ дар меҳвари гуфтугӯ қарор нагирифта бошад. Магар нисфи тоҷику тоҷикистонӣ ба гурӯҳҳои терористиву ифротӣ иртибот дорад? Магар тоҷику тоҷикистонӣ поягузори кадом созмони терористӣ аст? Ба ҳадде ҳукумати ношоиста ва хонаводагӣ барои пинҳон кардани мушкилоте, ки аз нотавонии мудирияти худаш ба бор омада, ин мавзӯъро доғ кард, ки дигар наздик аст номи тоҷик ва тоҷикистонӣ бо тероризм ва ифротгароӣ тавъам шавад. Азбас дар Русия садҳо шаҳрванди кишварро, ки дар асл ҳеч иртиботе ба ҳеч гурӯҳи терористӣ надошта ва аксаран бо иттиҳоми сохта ва бархеро ба хотири интиқоди ҳукумат чунин туҳмат карда бо кумаки неруҳои қудратии Русия боздошт ва ба кишвар овардаву зиндонӣ карданд, дигар дасти неруҳои амниятии Русия дар боздошт ва шикору куштори бепуштупаноҳтарин муҳоҷирон дар ин кишвар, яъне тоҷику тоҷикистонӣ, беш аз ҳар вақт бозтар шудааст.

Мушкилоти тоҷику тоҷикистониро бояд худи тоҷику тоҷикистонӣ ҳал кунад. Агар мухолифон ва дигарандешон бар ин назаранд, ки кишваре ё созмонҳое аз ҷаҳон меоянду дар барканор кардани ҳукумати Тоҷикистон ба ҷойи онҳо иқдом мекунанд, сахт иштибоҳ кардаанд ва ин аслан имкон надорад. Агар ҳукумати Тоҷикистон бар ин бовар аст, ки бо бузургнамоии мавзӯъи тероризм ва ифротгароӣ ва бадном сохтани мухолифонаш мехоҳад бақои худро тазмин кунад, иштибоҳи азиме кардааст. Ин амр, яъне ба такя ба бозӯи дигарон зӯри худро нишон додан ва бо нерӯи дигарон талоши ба ҳадаф расидан доштан, як худфиребие беш нест. Шояд дар кутоҳмуддат ба нафъи ин ё он тараф бошад. Вале дар дарозмуддат ба манфиати ҳеч як аз ин тарафҳо ва муҳимтар аз ҳама ба манфиати мардум нест. Мардуми тоҷик дӯстдоштанитарин, беозортарин ва сабуртарин мардуми дунёст. Аммо ин ба он маънӣ нест, ки билахира ҳамеша чунин мемонад. Як рӯз ба поёни хат мерасад ва онҳоеро, ки манфиати шахсиву гурӯҳияшонро болотар аз манфиати мардум мондаанд, муҷозот мекунад.

Ҳоло агар хеле рӯшантар бигӯям, агар мухолифон ва дигарандешон бо пуштибонии дигар кишварҳо ҳукуматро барканор кунанд, табиист аз он кишварҳо забонкутоҳанд. Ҳамин ҳолате, ки ҳукумати имрӯз назди Ислом Каримов дошту назди Русия дорад. Пас, як рӯз ҳатман ин амр ошкор мешаваду мардум эътироз хоҳад кард ва умри он ҳукумат ба сар хоҳад омад. Ҳоло ҳукумати Тоҷикистон бо бар дӯши мухолифон бор кардани ҳамаи гуноҳҳо ва таблиғоти густарда зоҳиран то имрӯз бақои худро дар қудрат нигоҳ дошта, вале ҳатман рӯзе охири хат мерасад.

Аз сӯи дигар ҳукумат иддаои мардумӣ будан дораду дурӯғ ва асосе надоштани ин иддаояшро дар ҳар қадам борҳо исбот мекунад. Дар як ҳукумати мардумӣ доштани пешво ва имтиёзҳои зиёде барои ӯ қоил шудан ва ин ҳама имтиёзро аз тариқи тасвиби қонун дар порлумони интисобӣ “қонунӣ” кардан, як далели рушантарин барои ғайримардумӣ ва диктотурӣ будани ҳукумат аст. 27 сол дар сари қудрат мондани як шахс ва талош барои меросӣ кардани ҳокимият як исботи дигари номардумӣ будани ҳукумат аст. Фикр мекунам ҳамин ду мисол кофист, ҳол он ки агар ҳама мисолҳо барои собит кардани авторитарӣ, диктотурӣ ва номардумӣ будани ҳукуматро зикр кунам, чанд сафҳа мешаваду суҳбат ба дарозо мекашад. Аммо зикри як нуктаро лозим медонам. Як ҳукумати мардумӣ дар амал ходими мардуми худ аст. Як ҳукумати номардумӣ худро махдуми мардуми худ медонад. Оё ҳукумати Тоҷикистон ходими мардуми кишвар ҳаст? Агар ҳаст чиро ин ҳама барои худаш имтиёз қоил шуда? Чиро аз мардум ин ҳама метарсад? Чиро мардумро бо иттиҳом ба зиндон меандозад? Чиро мардумро фиреб медиҳад? Чиро пули мардумро дар роҳи Душанбе – Чаноқ мегираду ба мардум намегӯяд, ки соҳиби ин ширкат кист ва миллионҳо доллар маблағи ин ширкати ғоратгар ба куҷо меравад? Агар ҳукумат ходими мардум аст ва кормандонаш мардумро ғорат намекунанд аз кадом ҳисоб аст, ки пас аз чанд рӯзе такя задан ба мансабе соҳиби мошину хонаву қасру сармояи ҳангуфт мешавад? Агар ходими мардум бошад чиро раиси ҷумҳур вақте ба ин ё он гӯшаи кишвар сафар меравад ин қадар мардумро азият мекунанду дар зимистону баҳор духтари мардумро атласу чакан ба тан ва даст ба бар рост мемонанд, ки дар васфи Эмомалӣ мадҳия хонаду хушомад гӯяд? Агар ин ходими мардум аст чи зарурате дорад, ки ҳатто дар дохили замини шудгор ва ё говдорӣ ва ё боғ ҳам зери пояш фарш паҳн кунанд? Магар гаҳвораи ин аз осмон уфтода? Магар ин ходими мардум нест? Агар ҳаст, пас чиро ин ҳама воҳимаву сохтакорӣ? Чиро музди моҳонааш эълом намешавад, то ҳама бидонанд, ки ӯ болотарин маошро мегирад ва ҳеч кораш набояд боиси миннат гузоштан ба мардум бошад. Бояд ӯ ва атрофиёнаш бори миннати мардумро бикашанд.
Куштани шахсиятҳо шинохтаи кишвар мисли Осимӣ, Исҳоқӣ, Минҳоҷ Ғуломов, Отахон Латифӣ, Сафаралӣ Кенҷаев ва чанд тани дигарро кори дасти Эрон эълом карда буданд. Ин иддаои пуч ва беасос дар расонаҳои давлатӣ матраҳ шуд. Наворе барои матраҳ кардани ин иттиҳом сабт ва аз тариқи шабакаҳои телевизиони ҳукуматӣ пахш шуд. Эронро борҳо хоҷа ва пуштибони гурӯҳҳои терористӣ эълом карданд. Ҳоло ҳукумат омада бо ин бадтарини бадтаринҳо як ёддошти тафоҳум имзо карда ва дастгоҳи таблиғотияш, ки ин ҳама иттиҳомро матраҳ мекарданд, нидои дӯстӣ ва барродархондагӣ сар медиҳад. Ҷолиб, ки ҳатто ному фомили ҳамонҳое, ки то дирӯз тамоми бадиҳоро ба Эрон нисбат медоданду сабабгори тамоми мушкилоти Тоҷикистонро дасисаҳои Эрон мехонданд, имрӯз зери матлабҳое, ки ҶИ Эронро бародар мехонанд, гузошта шудааст. Аз барои Худо, шарматон намеояд? Ҳадди ақалл як ному фомили дигар мегузоштед. Шумо, ки фейкед, ақаллан бо иваз кардани ному фомили сохта заминаро барои шармсорӣ ва ба ёд овардани навиштаҳои пештараатон фароҳам намекардед…

Тарафи ҳукумат иддао дорад, ки ҲНИТ ҳизби терористӣ ва омили ҳамаи мушкилот дар Тоҷикистон аст. Аммо барои исботи ин иддаояш то ҳол ҳеч як далел ва санади маҳкамаписанд ироа накардааст. Ҳеч як додгоҳи аъзо ва раҳбарони ин ҳизб ошкор ва бо риояи қонунҳо доир нашудааст. Ҳатто ба хотири дифоъ аз аъзои маҳкумшудаи ҲНИТ дар додгоҳҳо ва розӣ нашудан ба тавтеаи ҳукумат алайҳи онҳо вакили дифоъи шинохта Бузургмеҳр Ёров ва ҳамкораш Нуриддин Маҳкамов ба зиндон маҳкум карда шуданд. Иддаоҳои беасос ва иттиҳоме бесанаду мадракро ҳеч касе напазируфтаву намепазирад. Агар воқеан санаду далеле доранд чиро ироа намедиҳанд? Чиро ошкор намекунанд, ки то ҳама худ натиҷа гирад, ки ин ҳизб ё гурӯҳ терористиву хатарнок аст ва аз ӯ бипарҳезад? Бо суханҳои бепоя, мақолагунаҳои бедалелу бо услуби солҳои тройкаи столинӣ навишта шуда магар метавон дигаронро мутақоид кард? Бовар кунед, ба ин ё он рӯзноманигор шароит барои тиҷораташ фароҳам овардан ва ӯро бар зидди мухолифон шӯрондан ҳеч манфиате барои шумо надораду ҳеч зарбае ҳам ба ҷойгоҳи мухолифон ҳам нахоҳад буд. Далели маҳкамаписанд биоред! Албатта маҳкамаҳои Тоҷикистонро дар назар надорам. Манзур додгоҳҳои озод аст! Додгоҳе, ки фармонбардори ҳокимияти иҷроия бошад, кирои суҳбат кардан намекунад.

Ҳамин ҷо ба як нуктаи дигар ҳам лозим медонам ишорае шавад. Ба назар мерасад дар амалӣ кардани назарияи тавтеа ё фитна, ки маъмулан бар пояи барангехтани нафрат ва душманӣ шакл дода мешавад, бархе ниҳодҳои ҳукумати Тоҷикистон муаваффақ шудаанд. Ҳарчанд ман комилан мухолифи нифоқ ангехтан дар миёни тоҷикон ва умуман инсонҳо ҳастам, аммо бо таваҷҷӯҳ ба вазифаашон масъулони ин ниҳодҳоро бояд табрик гуфт. Онҳо тавонистанд дар миёни мухолифон ва озодандешони тоҷик нуфуз кунанд ва тарҳи тавтеаро роҳ андозанд. Ҳоло дар дили бархе аз мухолифин ва дигарандешон нисбат ба ҳамдигар шак ва шубҳа вуҷуд дорад. Шояд дар кутоҳмуддат ин теории тавтеа корсоз бошад. Вале дар дарозмуддат онҳоеро, ки аз ин теори ё назария кор гирифтаанд, шарманда хоҳад кард. Мухолифон ва дигарандешон ҳам билахира як рӯз аз асли қазия ва пушти парда огоҳ мешаванд ва гузашта аз ин ҳама умри инсон садҳо сол нест ва бархе бо ҳамон шакку шубҳа ба дигарон аз олам мегузаранд. Аммо вазъият тағйир нахоҳад кард. Яъне мухолифу дигарандеш аз байн намеравад. Наслҳои нав ба дидгоҳҳои нав ба майдон ворид мешаванд. Ягона роҳи заъиф кардан ва ҳатто аз саҳна берун рондани мухолифон ин дар амал хидматгори мардум шудани ҳукумат асту бас! Боқӣ ҳама теориву иқдомҳояш маҳкум ба шикаст мебошад. Ҳукумати мардумӣ, мардумсолор, ходими мардум, талошгар барои рифоҳ ва фаровонии мардум, ходими риоя шудани ҳуқуқҳои мардум дар ҳама ришта, ҳимоя шудани мардум дар дохилу хориҷи кишвар ва бо хидмати содиқона ба даст овардани ризояти мардум аст, ки бақои ҳукуматро тазмин мекунаду зарурати гаравидан ба гуруҳу аҳзоби мухолифро аз дилҳояшон пок мегардонад. Мухолифонро гунаҳкор кардан, талош барои Эронро сабабгори ҳама мушкилоти кишвар ҷилва додан ва бо камтарин нармиш нидои дӯстиву бародархондагӣ сар додан, гоҳ ба наълу гоҳ ба пошна заданҳо, байни мухолифону дигарандешон бар пояи теории тавтеа талоши нифоқу ихтилоф андохтан, хуллас барномарезиҳои ғалат фақат шармсорӣ ба бор меораду бас!

Муҳимтар аз ин ҳама, агар мухолифон ба кишварҳои дигар такя кунанд ва ба кумаки кишварҳои дигар талоши сари қудрат омадан доранд, маҳкум ба шикастанд ва дар сурати сари қудрат омадан ҳам дер нахоҳанд поид! Такягоҳи мухолифон бояд мардуми кишвар бошанд. Ҳамчунин агар ҳукумат бар ин бовар бошад, ки бо ёргирии ин ё он ҳукумат ва ё созмонҳои минтақаӣ ва анҷоми теории тавтеа метавонад мухолифонашро аз байн барад, комилан иштибоҳ мекунад. Ягона роҳи дуруст барои тазъифи мухолифон дар амал ходими мардум шудани ҳукумат аст. Ниёзҳои мардумро бароварда созед, манфиати мардумро аз манфиати худу хонаводаатон амалан боло гузоред, вазифаи хидматгори мардум буданатонро содиқона анҷом диҳед, қонуни асосии кишварро зери по накунед, ҳукуматро меросӣ насозеду аз худ бут натарошед, хуллас, усулу меъёри як ҳукумати демократӣ ва мардуммеҳварро амалан риоя намоед, мухолифон ҳеч таҳдиде нахоҳанд буд.

Фейсбук

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: