Перейти к содержимому

ПМТ байни баҳсҳои маҷозӣ ва воқеияти фазои ҳақиқӣ

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Яке ду нукта дар робита бо фаъолияти Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) дар ин марҳила аз фаъолияташ ҳаст, ки роқими ин сатрҳо бо ин ки узви ин паймон аст, дар ин навиштор аммо саъй мекунад дидгоҳи шахсии худро дар ин мавзӯъ иброз бидорад. Яъне, ин дидгоҳ рабте ба мавзеъи расмии ПМТ надорад, балки назари шахсии инҷониб буда ва худаш масъули ин навиштаҳост:

1) Нуктаи аввал дар бораи баёнияи Вазорати хориҷаи Тоҷикистон мабнӣ бар имзои тафоҳум байни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки бар асоси он, Эрон гӯё мутаъаҳҳид шуда “дар қаламрави худ” аз фаъолияти яке аз аъзои ПМТ, ки Ҳизби наҳзати исломӣ бошад, “пешгирӣ хоҳад кард.”

Дар ҳоле, ки ҳанӯз назари расмии Эрон дар хусуси ин банд аз тафоҳум эълон нашудааст — ва қатъан дар асно ва ё баъд аз сафари Руҳонӣ ба Душанбе (15 июн) ҳақиқат дар ин хусус равшан хоҳад шуд — бо ин ҳама аммо агар фарзро бар сиҳҳат бигузорем ва бигӯем, Эрон воқеан якчунин таъаҳҳуде дода будааст, ин хабар, барои ПМТ – ки ҲНИТ ҷузъе аз он ба шумор меояд — як хабари хушҳолкунанда аст. Чаро?

Далелаш ин аст, ки аввалан, баъд аз эълони имзои ин тафоҳум, дигар аҳаде наметавонад иддао кунад, ки ПМТ ё ҲНИТ аз тарафи Эрон ҳимоят мешавад ва ин кишвар “хоҷаи хориҷӣ”-и опозисиюни тоҷик будааст ва ғайра аз ин навъ тӯҳматҳои беасос. Ва бар фарз агар мақомоти Тоҷикистон ва ё “фермааш” боз нағмасароӣ бикунанд ва ин хузаъбалотро такрор намоянд, дар он сурат, ҳам худашонро масхара кардаанд ва ҳам мавриди тамасхури ҷомеа қарор гирифтаанд. Билохира, ҷомеа аз мақомот хоҳад пурсид, ки агар ин рост аст, ки Эрон бароятон мутаъаҳҳид шуда, пас чаро боз иттиҳом?! Оё Эрон саратон кулоҳ гузошта, ки агар чунин бошад, пас, бо арзи пӯзиш, дарозгӯше беш набудаед!

Ин нукта ҳам шоистаи ёдоварӣ аст, ки ин хабар чизи тозаеро дарбар надорад. Зеро баъд аз манъи фаъолияти расмии ҲНИТ дар қаламрави Тоҷикистон ва муҳоҷирати фаъолонаш ба Урупо ва соири кишварҳо, Эрон аз ҷумлаи кишварҳое буд, ки иҷоза надод аъзои ҲНИТ дар ҳудудаш ҳузур дошта бошанд, ва амалан, аз чанд тан аз фаъолони он хоҳиш кард замини Эронро тарк кунанд, ва чунин ҳам шуд. Ва мақомоти эронӣ аз ҳамон таърих — ва ба хусус баъд аз ширкати Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ дар конфронси Ваҳдат дар Теҳрон — борҳо эълон карданд, ки ин ҳизб дар хоки Эрон ҳеч фаъолияте надорад. Пас, бинобар ин, ин банд аз тафоҳум “таҳсили ҳосил” аст, яъне чизеро, ки буд ва амалан вуҷуд дошт, рӯи коғаз оварда, на чизе дигар.

Бале, шояд “эълон”-и он, барои ҳукумат дар арсаи ҷанги нарм як “дастовард” маҳсуб бишавад, ва лекин бояд донист ин “дастовард” қаламраваш фақат “фазои маҷозӣ” аст, на олами воқеият ва фазои ҳақиқӣ. Дар фазои ҳақиқӣ, ҳеч чиз тағйир накарда ва ҳама чиз дар ҷойи худаш қарор дорад. Боризтарин далели ин муддао он аст, ки ПМТ камокон ҳаст, ҲНИТ ҳаст, фаъолонаш ҳастанд, ва онҳо на танҳо дар фазои маҷозӣ, ки дар фазои ҳақиқӣ низ машғули фаъолияти худ ҳастанд, ва фаъолияташон дар ин чанд моҳи ахир агар нагӯем бештар шуда, камранг ҳам нашудааст. Ва дар ояндаи наздик ҳам, барои ҳамагон собит хоҳад шуд, ки эълони имзои ин тафоҳум ва сару садо роҳ андохтан дар бораи он, чизе ҷуз касби як “дастовард” ва “касби муваффақият” дар арсаи ҷанги равонӣ набудааст.

Сониян, далели аслии манъи фаъолияти ҲНИТ дар кишвар аз назари ҷаноби Раҳмон ва ҳукумати кунунии Тоҷикистон чӣ буд? Оё ҷуз кӯшиши “кудето” аз сӯи шаҳид Ҳоҷӣ Ҳалим ва ҲНИТ бо таҳрик ва кӯмак ва пуштибонии Эрон?

Ҳол, агар ин иттиҳом дуруст мебуд, дар ин сурат, асосан маҳол аст Раҳмон бо ин кишвар – ки мехоста ӯро сарнагун бикунад – муҷаддадан робита барқарор намояд. Пас, маълум мешавад ин иттиҳом аз беху бун кизбу дурӯғ будааст. Ва лозимаи ин иттиҳоми беасос ҳам, яке ин аст, ки ҲНИТ бе ҳеч далеле фаъолияташ аз сӯи ҳукумат манъ ва раҳбаронаш зиндонӣ ва аҳёнан кушта шуда будаанд. Ва ин, қатъан ҷавоб дорад; дар ҳамин дунё қабл аз охират.

* * *

2) Нуктаи дигар, дар бораи таҳоҷуми бесобиқаи иддае рӯзноманигору файласуфнамои тоҷики муқими хориҷи кишвар – ки ҷуз худашон дигар аҳадеро намояндагӣ намекунанд – ба Паймони Миллӣ ва ба хусус ҲНИТ аст; ҳизбе, ки узви боризи ПМТ маҳсуб мешавад. Ва ҳарчанд ин таҳоҷум аз яке ду соли қабл шурӯъ шудааст, вале ин рӯзҳо шиддат ёфта ва ҳатто корашон ба ҷойе расида, ки ба сурати ошкор эълон мекунанд, ки тамоми талошашон ин аст, ки бар сари роҳи ПМТ мавонеъ эҷод кунанд. Ва аҷиб он, ки “ваъда” додаанд, ки то яке ду моҳи оянда, ин эътилоф аз ҳам хоҳад пошид.

Ҳақиқат ин аст, ки ин мавзеъгириҳо ва душманиҳо низ, мисли мавзӯи аввал, ҷуз мояи хушҳолӣ барои Паймон дигар чизе нест. Зеро, ин душманиҳо нишон медиҳад, амалкарди ПМТ то ин ҷойи кор, бисёр муваффақиятомез будаааст. Чун, агар муваффақиятомез набуд, ҳаргиз мавриди таҳоҷум қарор намегирифт. Араб масале дорад, мегӯяд:

من صنف فقد استهدف

Яъне, “Ҳар кӣ тасниф кард (эҷод кард), ба дурустӣ мавриди таҳоҷум қарор хоҳад гирифт.” Киноя аз ин, ки вақте шумо коре мекунед ва дар коратон комёб мешавед, тардид накунед, ки ба сӯятон сангҳо партоб ва сари роҳатон мавонеъ эҷод хоҳад шуд. Балки одам бояд аз замоне битарсад, ки мавриди таҳоҷум қарор нагирад. Яъне, вақте дидед, касе коре ба кори шумо надорад, бояд дар амалкарди худ таҷдиди назар кунед ва бибинед, ишколи коратон куҷост. Аммо агар мавриди таҳоҷум – он ҳам аз ҷиҳоти мутаъаддид – ҳастед, бояд хушҳол бошед.

Бовар кунед, ПМТ аз ин ки дар чанд соли ахир мавриди таҳоҷуми бисёр шадиди “ферма” қарор гирифта – фермае, ки ҳукумат роҳандозӣ карда ва ҳазорон нафарро барои ин кор гуморда ва барояшон пул ҳам медиҳад – бисёр хушҳол аст. Зеро, агар ПМТ муваффақ набуд ва ҳукумат ҳеч эҳсоси хатаре аз сӯи он бар худ намекард, ҳаргиз ин фермаро роҳ намеандохт. Модом, ки ин ферма ҳаст, пас ин нишонаи “зинда” будани туст ва нишонаи ин аст, ки ту дорӣ кор мекунӣ ва корат таъсиргузор будааст. Ва замоне, ки “ферма” таътил бишавад, бояд он замон воқеан тарсид.

Албатта, инро ҳам бояд арз кунам, ки ҳанӯз барои шахси нигоранда ангезаи адовату душманиҳои ин файласуфнамоҳо ва рӯзноманигорон равшан нест. Намедонам, оё силие аз сӯи яке аз аъзои ПМТ ё ҲНИТ хӯрдаанд, ё як ҳисобу китоби хусусие дар миён аст, ки тараф дар садади интиқомҷӯӣ баромада ва ё мавзӯи ҳасодат дар васат аст?! Ангезаашон бароям маълум нест. Аммо ҳақ дорем ин эҳтимолро (фақат ба сурати эҳтимол) матраҳ кунем, ки ин кор барномарезишуда ва дар доираи як тарҳи куллии мақомоти амниятии Тоҷикистон сурат мегирад; хусусан бо таваҷҷӯҳ ба изҳороти як сол пеши Муҳаммадалӣ Расулов, корманди фирории КДАМ, ки гуфта буд, мақомоти амниятӣ дар садади эҷоди рахна дар суфуфи мухолифон ва таъсиси як опозисиюни ҷойгузин (алтернатив) дар баробари ПМТ ҳастанд. Расулов дар ин изҳорот тасреҳ карда буд, ки худи ӯ ҷузъи ин тим (команда) буда ва ин тим аз сӯи мақомоти амниятии тоҷик дар Маскав идора мешавад.

Бо ин ҳисоб, бале, мо ҳақ дорем ин эҳтимолро матраҳ бикунем; зеро, бо таваҷҷӯҳ ба вазъи бисёр риққатбори мухолифони сиёсии тоҷик дар имрӯз — ба хусус наҳзатиҳо, ки аъзои боризи он дар зиндонҳои Тоҷикистон бо бадтарин фишорҳо рӯ ба рӯ буда ва анвоъи таҳқирҳо ба онҳо мешавад ва хонаводаҳояшон ба бадтарин шакл мавриди таъқибу фишори мақомоти амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон ҳастанд – ки муқтазои ин вазъи ногувор он аст, ки одамҳои бовиҷдон агар дар канорат нестанд, лоақал намак бар захмат напошанд, бо таваҷҷӯҳ ба ин, бисёр баъид ба назар мерасад, ки як рӯзноманигори бовиҷдони тоҷик биёяд ва дар садади ҳазфи ту бароят. Ин бисёр баъид аст. Нагӯед, ин интиқод аст ва бояд интиқодро таҳаммул кард; зеро, мунтақид интиқод мекунад, на ин ки дар садади ҳазфи ту барояд. Барои ҳамин аст, ки мо эҳтимол медиҳем, ин таҳоҷум аз сӯи мақомоти амниятии Тоҷикистон ва дар доираи як тарҳи барномарезишуда дар ҳоли рух додан аст, ки албатта тарроҳони ин тавтиа ва низ муҷриёни он бидонанд ва мутмаин бошанд, ки ин бор ҳам ҳеч ғалате наметавонанд бикунанд ва тамоми шайтанатҳояшон нақши бар об хоҳад шуд. Дар ин, тардиде нест.

Аммо агар хушбин бошем ва ин таҳоҷумҳоро ношӣ аз “тавтиа” надонем, дар ин сурат, ду нукта ҳаст, ки бояд барояшон ёдовар шуд; зеро, зоҳиран, ин азизон аз ин ду нукта ғофиланд:

а) Нуктаи аввал (ки борҳо ёдовар шудаам ва боз такрор мекунам) ин аст, ки: агар ту мехоҳӣ коре бикунӣ – масалан, мехоҳӣ ба унвони мухолиф созмоне роҳ биандозӣ ва муваффақ шавӣ – роҳаш “исботи худ” аст, на “нафйи дигарон”. Ба ин маъно, ки бояд камар бибандӣ ва созмонатро роҳ биандозӣ ва сипас бидуни таваҷҷӯҳ ба дигарон, шурӯъ ба фаъолият намоӣ. Инро мегӯянд “исботи худ”, ки агар муваффақ шудӣ, дар ин сурат, бе он ки худат ҳам бихоҳӣ, дигарон перомунат гирд хоҳанд омад. Аммо агар фикр кунӣ, ки бурузу зуҳури ту фақат замоне таҳаққуқпазир аст, ки аввал дигарон бояд “нафй” бишаванд яъне аз арса берун бираванд — ва барои ин кор, ба ину он занг бизанӣ ва шайтанат бикунӣ ва дар садади маъюс кардани онҳо аз идомаи роҳашон бароӣ — бидон, ки ҳаргиз муваффақ нахоҳӣ шуд. Ин як қоъидаи куллӣ аст, ки ҳатто дар арсаи иқтисод ҳам ҷорист, ва балки дар арсаи иқтисод бештар ҷараён дорад. Як ширкати муваффақи тиҷорӣ, барои он ки бихоҳад колояш дар бозор ба фурӯш бирасад, дар садади ҳазфи ширкатҳои рақиб барнамеояд, балки тамоми саъю талоши худро равонаи иртиқо ва боло бурдани кайфияти колояш мекунад, ки вақте колояш бокайфияттар аз колои ширкатҳои рақиб буд, дар ин сурат, бе он ки худаш бихоҳад, мардум колои ӯро харидорӣ хоҳанд намуд.

Бинобар ин, агар воқеан шумо мехоҳед коре бикунед, пас бисмиллоҳ! Майдон, ба истилоҳ, аз далер аст! Ва ПМТ ҳам, бе тардид, аз шумо истиқбол хоҳад намуд.

б) Нуктаи дуввум ин ки: агар қасди шумо воқеан фаъолият дар ҷомеаи Тоҷикистон аст, пас бидонед, шумо бо ин иқдомҳои носанҷидаи худ, дар ҳамин оғози роҳ ва ибтидои коратон худро бо нокомӣ рӯ ба рӯ кардаед. Чаро?

Ба ин далел, ки: муқаддимаи фаъолият дар як ҷомеа, шинохти дурусти он ҷомеа ва табиати он аст. Оё медонед, ҷомеаи Тоҷикистон чӣ ҷомеае аст? Шумо, ки дар ҳамин ибтидои роҳ ва оғози коратон, бо ҲНИТ дарафтода ва дар садади ҳазфи он шудед – ки албатта ин орзуро ба гӯр хоҳед бурд – нишон медиҳад, шумо кучактарин тасаввуре аз ҷомеаи худ ва табиати он надоштаед ва дар ҳамин оғози роҳ худро бо нокомӣ мувоҷеҳ сохтаед. Оё ин маъқул аст, ки дар Тоҷикистон касе бихоҳад ба унвони мухолиф дар арсаи сиёсӣ фаъолият кунад ва он гоҳ нахустин гомаш ҳам, талош дар ҷиҳати ҳазфи як ҳизби ариқу решадор дар ҷомеа — ки беш аз 40 сол аст ба унвони нерӯмантарин ҳизби мухолиф шинохта шудааст – аз арса бошад? Оё ин дар Тоҷикистон маъқул аст? Оё боре ҳам шуда шумо дар ин воқеият таъаммулу тафаккур карда бошед, ки ҳамин ҳукумати кунунӣ 25 сол аст талош мекунад, то ҲНИТ-ро аз арсаи сиёсии Тоҷикистон ҳазф бикунад (на ҳазфи физикӣ, балки ҳазфи маънавӣ, ҳазфи физикӣ бисёр осон аст) ва дар ин роҳ тамоми имконоти худро ба харҷ дод ва ҳатто кораш ба ҷойе расид, ки ба манзури таҳаққуқи ин ҳадаф, ҳозир шуд садҳо филми “сексӣ” аз муллоҳо ва аъзои ҲНИТ таҳия кунад ва дар маърази диду тамошои шаҳрвандон қарор бидиҳад, аммо муқаффақ нашуд ва натавонист коре дар ин ҷиҳат анҷом бидиҳад ва аз алоқа ва муҳаббати мардум ба ин ҳизб бикоҳад. Медонед, сирри ин дар чист? Агар намедонед, алъон бароятон шарҳу тавзеҳ медиҳам. Албатта, ин розу сирр танҳо ихтисос ба ҷомеаи Тоҷикистон надорад, балки табиати ҳар ҷомеаи исломӣ ҳамин аст, чӣ дар шарқи ҷаҳони ислом ва чӣ дар ғарбаш.

Ва қабл аз баёни ин сирру роз, лозим аст ба як матлаби бисёр муҳим ишора бикунам. Ва он ин ки: тасвири воқеии ҷомеаи Тоҷикистон, танҳо ин тасвир, ки дар расонаҳо ба намоиш гузошта мешавад нест. Ин тасвир, танҳо ҷузъе аз тасвири комили ин ҷомеа аст ва балки як ҷузъи бисёр кучаки он аст. Барои фаҳму дарки дурусти ин ҷомеа, бояд байни мардуми он қадам зад, бо ҷавононаш, ба хусус муҳоҷирони кориаш, омаду шуд дошт ва бо андешаву афкору боварҳову гароишҳову алоқаҳои онҳо ошно шуд. Ман фикр мекунам, мушкили умдаи амсоли шумо ҳамеша ин будааст, ки ҷомеаро танҳо аз равзанаи гузоришҳо ва таҳлилҳо дидаед ва қисмати азъами ҷомеа, ки аслан барои гузоришгарону муҳаллилон пӯшида мондааст, аз нигоҳатон ба дур афтода.

Ва аммо сирру рози ин ки чаро ҳизбе монанди ҲНИТ, аз пойгоҳи мардумӣ бархӯрдор аст ва касе тавони ҳазфи онро надорад, сирраш дар ин аст, ки ҷомеаи Тоҷикистон (ва ҳамчунин бештари ҷомеаҳои исломӣ), чӣ касе бихоҳад ё нахоҳад як ҷомеаи мазҳабӣ аст ва мазҳаб, бо рагу пӯсту хуни онҳо омехта аст. Мардум агар ба ҲНИТ алоқаманданд, далелаш ин нест, ки ошиқи чашму абрӯи шахси Кабирӣ, ва қабл аз ӯ марҳуми Устод Нурӣ бошанд. На. Балки ба ин ҷиҳат аст, ки мардум ин ҳизбро бо боварҳои худ ва бо гароишҳои дарунии худ созгору ҳамоҳанг мебинанд. Онҳо мебинанд, ки раиси ин ҳизб, мисли худашон ба Худову Паёмбар (с)-у ислом на танҳо имони холӣ, ки пойбанд ба анҷоми дастуроти шаръӣ аст. Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки ҳатто замоне ҳам, ки мегӯяд, ҲНИТ ҳадафаш барпоии ҳукумати исломӣ дар Тоҷикистон нест ва пойбанд ба руҳи қонуни асосии феълӣ мебошад, ҳарфи ӯро мепазиранд.

Дар ҳамин Тунис – ки ҷомеааш шабоҳатҳои зиёде бо ҷомеаи Тоҷикистон дорад – Ҳаракати Наҳзати ин кишвар вақте эълон кард, мо дигар дар садади барпоии ҳукумати исломӣ нестем, ва дар ҳарфаш содиқ ҳам буд, хеле аз мухолифони ин ҳаракат пойкӯбӣ намуданд, ки ин ҳаракат дигар кораш тамом шудааст ва ҷомеа ба ӯ пушт мекунад. Аммо дидем, дар интихоботи ахир, ин ҳаракат бештар аз интихоботҳои пешин раъй овард. Чаро? Ба хотири он, ки ҷомеаи мусалмони Тунис, дар мавзеъу гуфтору кирдори раҳбарони ин ҳаракат садоқатро ламс мекунанд ва аз ин рӯ ҳар мавзеъеро, ки иттихоз менамояд, онро аз назари исломӣ дуруст мешуморанд.

Инро бо итминони комил бароятон арз мекунам, ки агар рӯзе раиси ҲНИТ бигӯяд, ман дигар коре ба ислом надорам ва воқеан биёяд ва бо зийи исломии худ падруд бигӯяд, аҳаде дар канораш нахоҳад монд. Аммо бо ҳифзи зийи исломӣ агар бигӯяд, мо дар садади барпоии ҳукумати исломӣ нестем, роҳат ҳарфашро мепазиранд. Чаро? Ба ин далел, ки табиати як ҷомеаи исломӣ дар қарни ҳозир ин аст, ки беш аз ин ки хоҳони барпоии як ҳукумати динӣ бошад, хоҳони ин аст, ки ҳокимаш одаме мисли худашон мусалмони пойбанд ба анҷоми дастуроти шаръӣ бошад.

Инро бе таъоруф арз мекунам, то ҳамагон бидонанд, ки агар имрӯз ПМТ муваффақ аст, ба ин далел аст, ки ҲНИТ ҷузъе аз он аст, ки агар намебуд, ноил ба ин комёбиҳо намешуд. Ин нукта ҳам шоистаи ёдоварӣ аст, ва содиқона арз мекунам, ки то ин ҷойи кор, ҲНИТ ба унвони як узви ПМТ, ҳаргиз ва абадан мавзеъи худро бар аҳаде аз аъзои ПМТ таҳмил накардааст. Инро содиқона арз мекунам, чӣ касе бипазирад ва чӣ напазирад. Ва Худоро шукр, ки ҳамаи аъзои ПМТ – ки секулору мазҳабиву ғайримазҳабиро дар худ ҷой додааст ва дар воқеъ намоёнгари воқеияти ҷомеаи Тоҷикистон аст – ин ҳақиқатро ламс кардаанд ва медонанд, ки Тоҷикистон ҷомеае аст, ки ҳама дар он бояд озод бошанд, чӣ диндор ва чӣ бедин, ва аҳаде ҳаққи таҳмили раъю назару мавзеъи худ бар дигариро надорад. Инро тамоми аъзо ламс кардаанд.

Ва аз ин рӯ, дар поён инро арз кунам ва ароизамро хотима бахшам, ки агар касе мехоҳад Тоҷикистони озоду ободро бибинад — ҷомеае, ки дар он, ҳама аз ҳуқуқу имтиёзоти баробар бархӯрдор бошанд – чорае ҷуз ин надорад, ки шабеҳи ҳамин роҳ ва сиёсате, ки ПМТ баргузидааст ихтиёр хоҳад кард; роҳу сиёсате, ки аҳаде ҳаққи ҳазфи гурӯҳ ва ҷараёне хоссеро, чӣ афкори он мавриди писанди ӯст ва чӣ нест, надорад.

Саломат бошед!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: