Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (373)

Эътимод кардани Ҳорут ва Морут бар исмати хеш ва омезии аҳли дунё хостан ва дар фитна афтодан (3)

* * *

Гуфт: “Ал-маънӣ ҳуваллаҳ” шайхи дин,

Баҳри маъниҳои раббулъоламин.

Шайхи дин, ки дарёи маъонии ҳазрати парвардигори ҷаҳониён аст гуфт: маъно, ҳамон Худост.

Нукта: Дар ин ки мақсуд аз шайхи дин кист, бархе аз шореҳон бе он ки далеле хосс дошта бошанд, онро ба Шайх Садруддини Қунавӣ тахсис кардаанд. Ва бархе манзур аз онро Шайхи Кабир, Ибни Арабӣ донистаанд. (Шарҳи кабири Онқуравӣ, ҷ.3, с.1218) Бархе низ шайхи динро бар ҳазрати Хатмимартибат (с) интибоқ додаанд. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.960)

Ҷумла атбоқи замину осмон

Ҳамчу хошоке дар он баҳри равон.

Тамоми табақаҳои замину осмон дар он дарёи равон, монанди хошоке аст.

Атбоқ: ҷамъи табақ ба маънии лоя, табақа.

Нукта: Дар мутуни ирфонӣ, зоти Ҳақ Таъолоро аз ҳайси азамату ҷалол, ба дарё ташбеҳ кардаанд. (Шарҳи Гулшани роз, с.450)

Ҳамлаҳову рақси хошок андар об,

Ҳам зи об омад ба вақти изтироб.

Ба унвони мисол, ҳаракату ҷанбиши хошок дар об низ аз худи об аст, ки ҳангоми ҳаракати он пайдо мешавад, зеро хасу хошок наметавонанд дар зоти худ ба ҳаракат дароянд, балки ин ҳаракоту ҷунбишҳо ҳама ношӣ аз об аст. (Ҳамин тавр мавҷудоту мумкинот ҳамонанди хошоке дар дарёи таҷаллиёти илоҳӣ ҳастанд. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.960))

Чунки сокин хоҳадаш кард аз миро,

Сӯйи соҳил афганад хошокро.

Агар об бихоҳад хошокро аз ситезу ҷидол бираҳонад ва оромиш диҳад, хошокро ба сӯи соҳил мекашонад.

Миро: ситезу ҷидол.

Нукта: Агар Худои Таъоло бихоҳад аз суратҳои коинот суратеро сокин кунад, он суратро аз дарёи ҳаёт ихроҷ мекунад ва ба соҳили фанову мамот меафканад. (Шарҳи кабири Онқуравӣ, ҷ.3, с.1219)

Чун кашад аз соҳилаш дар мавҷгоҳ,

Он кунад бо ӯ, ки оташ бо гиёҳ.

Агар об он хошокро аз соҳил дубора ба ҷойгоҳи мавҷ бикашонад, дар ҳаққаш ҳамон корро мекунад, ки тундбод бо гиёҳон дорад. (Пас, ҳаракату сукуни мавҷудот, баста ба иродаи Ҳақ аст. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.961))

Ин ҳадис охир надорад боз рон,

Ҷониби Ҳоруту Морут, эй ҷавон!

Ин гуфтор ва баёни асрор поёне надорад, пас, эй ҷавон, ба сӯи достони Ҳоруту Морут баргард.

* * *

Боқии қиссаи Ҳоруту Морут ва наколу уқубати эшон ҳам дар дунё ба чоҳи Бобил

* * *

Чун гуноҳу фисқи халқони ҷаҳон

Мешуд аз шуббока бар ҳар ду аён.

Даст хойидан гирифтандӣ зи хашм,

Лек айби худ надидандӣ ба чашм.

Хеш дар ойина дид он зиштмард,

Рӯ бигардонид аз ону хашм кард.

Ҳар гоҳ гуноҳи мардумони ҷаҳон аз равзанаҳои дунё барои он ду ошкору аён мешуд, аз рӯи хашм шурӯъ мекарданд дасти худро газидан, вале айбу нақси худро намедиданд, монанди он шахси зиште, ки чеҳраи худро дар ойина мебинад ва бо хашму асабоният аз ойина рӯй мегардонад.

Фисқ: берун рафтан аз роҳи ҳаққу савоб. Шуббока: яке аз сӯрохҳои ҳасир, панҷара, сӯрохи панҷара. Аён: ошкор.

Хешбин чун аз касе ҷурме бидид,

Оташе дар вай зи дӯзах шуд падид.

Шахси худбин агар дар касе айбу лағзише мушоҳида кунад, ончунон хашмгину оташин мешавад, ки гӯӣ шарораи дӯзаху лаҳиби ҷаҳаннам бар ҷонаш афтодааст.

Ҳамяти дин хонад ӯ он кибрро,

Нангарад дар хеш нафси кибриё.

Он худбин кибру ғурури худро ҳамияту ғайртаи дин ном мениҳад, ва нафси худбину мағрур дар хеш нигоҳ намекунад, ки навоқиси худро бозшиносад.

Ҳамяти динро нишони дигар аст,

Ки аз он оташ ҷаҳоне ахзар аст.

Дар ҳоле, ки ғайрату ҳамият дар дин нишоне дигар дорад, ончунон ки аз оташи он ҳамият, ҳамаи дунё сабзу хуррам мегардад.

Ахзар: сабз.

Нукта: Бисёре аз одамиён таъассуби ҷоҳилӣ ва қавмӣ ва тарбиятии худро бо эҳсоси поки динӣ иштибоҳ мегиранд. Ба иборате, уқдаро бо ақида дармеомезанд. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.962)

Гуфт Ҳақшон: гар шумо равшангаред,

Дар сияҳкорони муғфал мангаред.

Ҳазрати Ҳақ Таъоло ба Ҳоруту Морут ва дигар фариштагон гуфт: агар шумо дорои замири равшану нуронӣ ҳастед, ба сиёҳкорони ғафлатзада таваҷҷӯҳ накунед. Яъне инсонҳоро ба хотири он ки мағлуби шаҳавот мешаванд накӯҳиш макунед, чаро ки шумо низ агар дар вазъияти онон будед, эй басо мелағзидед.

Сияҳкор: гунаҳкор, табоҳкор, ситмагар. Муғфал: он ки дучори ғафлат бошад.

Шукр гӯед, эй сипоҳу чокарон, 

Растаед аз шаҳвату аз чоки рон.

Шукур сано бигӯед эй сипоҳиёни мартибаи малакут ва хидматкорони ман, ки аз каманди шаҳавоту дилбастагӣ ба амёли ҷинсӣ раҳо шудаед.

Чоки рон: шармгоҳи занон.

Гар аз он маънӣ ниҳам ман бар шумо,

Мар шуморо беш напзирад само.

Агар аз он ғариза, ки дар вуҷуди одамист, ба шумо низ диҳам, мусалламан дигар осмон шуморо намепазирад.

Нукта: Ин байтҳо ҳама дар нақди худбиноне аст, ки бечорагони ҷомеаро ба хотири гуноҳҳое, ки муртакиб мешаванд, ба боди масхара мегиранд. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.963)

Исмате, ки мар шуморо дар тан аст,

Он зи акси исмату ҳифзи ман аст.

Он исмату покӣ, ки дар вуҷуди шумост, аз акси исмату қадосати ман аст. Яъне манам, ки ба шумо фариштагон покӣ ва қадосат додаам.

Он зи ман бинед, на-з худ ҳину ҳин!

То начарбад бар шумо деви лаъин.

Он исмату таҳорати худро аз ман бидонед. Огоҳ бошед, огоҳ бошед, ки мабод шайтони малъун бар шумо густохӣ кунад ва бар шумо ғолиб гардад!

Чарбидан: ғалаба кардан.

Ончунон ки котиби ваҳйи Расул

Дид ҳикмат дар худу нури усул,

Чунонки котиби ваҳйи ҳазрати Расуллоҳ хаёл кард, ки он ҳикмату нури усул (ваҳйи илоҳӣ) аз ҷониби ӯст ва мағрур шуд.

Хешро ҳамлаҳни мурғони Худо

Мешумурд, он буд сафире чун садо.

Он котиби ваҳй худро ҳамнавои мурғони илоҳӣ мешумурд, дар ҳоле ки ӯ монанди сайёдон садои мурғонро дармеовард, то дигар мурғонро ба дом афканад. Дар воқеъ, анбиёву авлиё мурғони равзаи илоҳӣ ҳастанд, ва он котиб овози он мурғонро тақлид мекард ба қасди гумроҳ сохтани дигарон.

Лаҳн: овоз. Сафир: бонг ва овози мурғон.

Лаҳни мурғонро агар восиф шавӣ,

Бар муроди мурғ кай воқиф шавӣ?

Гирам, ки лаҳну навои мурғонро ёд бигирӣ, вале кай метавонӣ аз мақсуди мурғон воқиф шавӣ?

Восиф: васфкунанда.

Гар биёмӯзӣ сафири булбуле,

Ту чӣ донӣ, к-ӯ чӣ дорад бо гуле?

Агар фаразан навои булбулро ёд бигирӣ, ту чӣ донӣ, ки булбул бо гул чӣ кор дорад ва аз он чӣ манзуре дорӣ?

В-ар бидонӣ, аз қиёсу аз гумон,

Чун зи лаб ҷунбон гумонҳои карон.

Ва тоза, агар мақсуди булбулро ҳам, ки бидонӣ, он донистани ту дар ҳудуди занну гумон аст ва на бештар; дуруст монанди афроди ношунаво, ки аз ҳаракати лабҳои дигарон аз рӯи ҳадсу гумон тахмин мезананд, ки мақсуди онон чист.

Нукта: Аҳди қилу қол ба мартибаи мушоҳида ва яқин намерасанд, зеро афроде, ки аз маърифату яқин, фақат дил ба алфоз бастаанд, ҳаргиз ба шуҳуди яқин роҳ намеёбанд. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.964) Достони баъдӣ дар баёни ҳамин мақсуд аст.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: